Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳрванди Узбекистон мехоҳад хонаашро дар Душанбе ба ӯ баргардонанд. ВИДЕО


Нарзулло Тӯраев санадҳои бешумори мансубияти хонаро варақгардон мекунад

Як шаҳрванди Узбекистон мехоҳад хонаашро дар Душанбе ба ӯ баргардонанд.

Нарзулло Тураеви 77-сола аз шаҳри Бойсун иддао дорад, ки солҳои 1990-ум манзили зисташро дар маҳаллаи Заҳматободи пойтахти Тоҷикистон шахсе бо номи Исломиддин Насриддинов ба “зӯрӣ” гирифтааст. Ҷониби дигар мегӯяд, хона аз онҳост ва Нарзулло Тӯраев танҳо як муддат дар он иҷора менишаст.

Нарзулло Тӯраев ҳамроҳи хонаводааш даҳ сол боз дар вагоне дар назди як хоҷагии деҳқонӣ дар маҳаллаи Пахтакор, канори Душанбе зиндагӣ дорад.

Ӯ мегуяд, дар ивази зиндагӣ дар инҷо заминҳои гандум ва чорвои соҳиби хоҷагии деҳқониро нигоҳубин мекунанд. Ба нақлаш, соли 1963 аз Узбекистон ба Тоҷикистон омада, баъд аз хатми донишгоҳ оиладор шуд ва 13 сол дар идораи Роҳи оҳан кор карду сипас омӯзгор шуд.

“Соли 1971 дар кӯчаи Заҳматобод манзилеро аз Ғиёсиддин Қурбонов ба 1000 сӯми шӯравӣ харидам. Соли 1988 аз тарафи Вазорати маориф ду сол ба Узбекистон рафтам. Нооромиҳо сар шуд ва ҳамсарам хонаро барои нигоҳубини як хешамон монду ба назди ман рафтанд. Охири соли 1993 манзили маро бо зӯр аз худ карданд. Ҳамин тавр аз соли 1996, ки ба Тоҷикистон баргаштем, то ҳоло наметавонем манзили худро бозпас гирем,” – нақл кард ӯ ба Радиои Озодӣ.

Нарзулло Тӯраев сертификати истифодаи замин, шиносномаи техникиии ҳавлӣ ва баъзе аз ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба номи ӯ будани ҳавлиро собит мекунад, нишон дод.

“Ман ҳатто то соли 2016 пули обу барқро додаам. Расидҳои ҳамаи онро дорам,” -- афзуд ӯ.

Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт ки соли 2008 додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ғайриқонунӣ зиндагӣ кардани Исломиддин Насриддинов, сокини имрӯза ин хонаро дар манзили баҳсӣ тасдиқ кардааст.

Хонаводаи Исломиддин Насриддинов санадеро дар даст доранд, ки дар он гуфта шудааст, ин манзил туҳфа аз падар ба писар аст ва ин санадро натариуси давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2009 ба онҳо додааст. Дар ин санад, ки нусхаи он дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст, таъкид шудааст, ки “шахсияти тарафҳо муйян шуда ба ҳадякунанда тааллуқ доштани хонаи ҳадяшаванда тафтиш шудааст”.

Аммо Идигул Тағоева, ҳамсари Исломиддин Насриддинов, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ чанд санади расмӣ, аз ҷумла сертификати истифодаи замин, шиносномаи техникии ҳавлӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандае, ки аз падар ба писараш туҳфа шудааст, нишон дод, ки ба қавли худаш, бо ин ҳуҷҷатҳо соҳибмулк буданаш пурра собит мешавад.

Ӯ мегӯяд, 29 сол боз дар ин хона зиндагӣ дорад ва тамоми ҳуҷҷатҳои хонаро дар даст дорад. “Ман аз соли 1989 келин шуда ба ин ҷо омадам ва онҳоро (Нарзулло Тӯраев) надидам. Онҳо пеш аз ҷанг рафта буданд ва ин гапҳоро дар ҳаққи мо туҳмат карданд, ки гӯё шавҳари ман онҳоро тарсонда бошад. Ман охирон бор гуфтам: "ака, ҳуҷҷатҳоятонро биёред". Дар ҳақиқат, ба ман ҳуҷҷати соли 1971-ро оварда нишон доданд. Вақте дар бойгонӣ ҳуҷҷатҳоро бардоштам, замин замини хусурам буд. Мо ҳатто санади татбиқи авфи моликиятро дар даст дорем”.

Маълум нест ҳарду тараф санадҳои якхеларо чӣ гуна аз идораҳои давлатӣ ба даст овардаанд. Ҳарду ҷониб мегӯянд, баҳсашон инак 25 сол боз давом дорад ва соли 2011 додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар зинаи кассатсионӣ баҳсро бо “сабаби гузаштани вақт” бе баррасӣ гузоштааст.

Абдураҳмон Шарипов, ҳуқуқшиноси “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки бо санадҳои пешниҳодкардаи Нарзулло Тӯраев шинос шуд, мегӯяд: «Онҳо тамоми мӯҳлатҳои шикоятро аз даст доданд. Қарори судеро, ки ба фоидаи Насриддиновҳо қабул шудааст, аз бойгонии додгоҳ дастрас кардан имкон дорад. Баъдан қарори кумитаи иҷроияи ноҳияи Октябр (ҳозира Исмоили Сомонӣ) дар соли 1971-ро тафтиш кардан лозим аст, ки оё он то ҳол эътибор дорад ё аз тарафи раисони ноҳия бекор карда шудааст. Агар қарори кумитаи иҷроияи ноҳияи Октябр бекор карда нашуда бошад, он эътибор дорад.”

Дар ҳамин ҳол аз бойгонии ҷумҳурӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳар касе, ки баҳси додгоҳӣ бевосита ба ӯ тааллуқ дорад, метавонад ба онҳо муроҷиат карда санадҳоро бубинад.

Нарзулло Тӯраев мегӯяд, розӣ аст, бо ҷуброни маблағ ё додани манзиле дар як гӯшаи шаҳр, аз ин даъво даст кашад, аммо ҷониби дигар мегӯянд, хона қонунӣ аз онҳост.

Баҳсу даъвои ин ду тараф сари хона ва соҳибмулкӣ дар Тоҷикистон мероси ҷанги дохилии солҳои 1992 то 1997 аст. Ба иллати ҷанг садҳо нафар ба кишварҳои дигар кӯчида ё паноҳанда шуданд ва маскани онҳоро дигарон гирифтанд. Бархе аз онҳо солҳои баъд тавонистанд хонаҳои худро пас гиранд, аммо шумори онҳое низ кам нест, ки гирифтори баҳсҳои дарози додгоҳӣ шудаанд.

Ҳоло Нарзулло Тураев ва аҳли оилааш аз сабаби надоштани манзили зист аз ҳам парешон дар хонаҳои иҷора ба сар мебаранд. Ӯ мегӯяд, ҳамроҳ бо ҳамсараш нафақхӯр ҳастанд ва писарашон наметавонад бо маоши омузгорӣ манзили зист бихарад. Ӯ гуфт, умеди охиринаш ба президенти Узбекистон аст ва бовар дорад мақомоти дахлдори он ба ӯ, ҳамчун шаҳрванди ин кишвар кӯмак мекунанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG