Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот гуфтанд, дар як моҳ дар Бадахшон "16 касро нобуд карданд"


Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, дар ҷараёни амалиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "16 касро нобуд ва 220 нафарро дастгир" кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи мустақил танҳо дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ беш аз сӣ кас кушта шудаанд. Ба сабаби набудани интернету мушкили иртиботи телефонӣ дарёфти иттилоъ ва аксу навори бештар аз минтақа мушкил аст.

Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ шоми 17-уми июн гуфт, ин афрод ҳангоми муборизаи мусаллаҳона нобуд карда шуданд, аммо баъзе шахсони наздик ба онҳо ин фарзияро намепазиранд.

Амалиёти махсуси мақомот дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшон 18-уми майи имсол ва пас аз тазоҳуроти сокинон оғоз шуд.

Мардум мегӯянд, ин афрод ба ҳимояти ҳуқуқи худ ва иҷрои чанд талабашон, аз ҷумла таҳқиқи мӯшикофонаи қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ба кӯчаҳо баромада буданд. Намояндагони ҳукумат бовар доранд, онҳо бо аслиҳа таъмин буданду барои ташкили бетартибӣ аз хориҷа дастур гирифта буданд.

"Дар рафти амалиёти махсус дар умум нисбат ба 53 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид," -- гуфта шудааст дар эъломияи Ситод.

Мақомот нагуфтаанд, ки амалиёт дар Бадахшон хотима ёфт не, аммо эълон кардаанд, ки “ҳамин тариқ... фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили террористӣ дар қаламрави вилояти Бадахшон ба пуррагӣ қатъ карда шуд.”

Фаъолон дар дохилу хориҷ истифодаи истилоҳи "гуруҳҳои террористӣ"-ро дар ин маврид дуруст намешуморанд, балки онҳоро бештар "афроди норозӣ" меноманд. Мақомот дар як моҳи охир дар бораи кашфу мусодираи даҳҳо силоҳ ва ҳамлаи ба гуфтаашон мусаллаҳона дар ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғ хабар доданд. Тасдиқи мустақилони иттилоъ аз манобеи дигар ғайриимкон аст.

Рӯзи 15-уми июн чанд сокини ноҳияи Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки даҳҳо мошини низомӣ ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро тарк кардаанд.

Танишҳо дар Бадахшон моҳи ноябри соли гузашта ва баъди он авҷ гирифт, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои амниятӣ Гулбиддин Зиёбеков, сокини Роштқалъа, кушта шуд. Дар ҷараёни тазоҳуроте, ки баъди он бархост, ду нафари дигар ба ҳалокат расиданд ва 17 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Чандин созмони ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ дар пайванд ба ҳодисаҳои Бадахшон ибрози нигаронӣ карда, аз ҷонибҳо хоста буданд, оштӣ кунанд ва аз мақомот талаб намуданд, ки аз истифодаи зиёди нерӯву силоҳ худдорӣ варзанд.

XS
SM
MD
LG