Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияи зери таҳримҳои Ғарб "ба бузургтарин таъминкунандаи нафти Чин табдил шуд"


Омори нави гумруки Чин баёнгари он аст, ки Пекин дар моҳи май аз Русия ҳудуди 8 миллиону 420 ҳазор тонна (баробар ба ду миллион бушка) нафти хом харидааст.

Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 55 дарсад бештар аст. Бар асоси гузорише, ки сомонаи гумруки Чин нашр кард, арзиши нафти воридотӣ аз Русия дар моҳи май тақрибан 7,5 миллиард доллар будааст.

Ба ин тартиб, бори аввал дар 19 моҳи гузашта Русия ба бузургтарин таъминкунандаи нафт ба Чин табдил шуд. Ин ҷойгоҳ пештар дар ихтиёри Арабистони Саудӣ буд. Саудӣ низ моҳи гузашта фурӯши нафтро ба Чин ба 91 дарсад афзоиш дод ва ба 1 миллиону 840 бушка дар рӯз расонд.

Хабаргузории "Рейтерс" қаблан гузориш дода буд, ки Русия барои ҳар бушка нафт 30 доллар тахфиф (сабукӣ, арзонӣ) ба Чин ва Ҳинд медиҳад ва ба суръат дар ҳоли гирифтани ҷойгоҳи Эрон ва Венесуэла дар бозори нафти Чин аст.

Ҳинд дар моҳи гузашта ба харидори дувуми калони нафти Русия табдил шуд, дар ҳоле ки соли гузашта Олмон ин ҷойгоҳро дошт. Ҳинд хариди нафтро аз Русия тақрибан 24 баробар ва хариди ангиштро шаш баробар бештар кардааст. Чин ҳамчунин хариди гази моеъро аз Русия дар моҳи гузашта 24 дарсад афзоиш дода, ба 397 ҳазор тонна расонидааст.

Қабл аз ҳамлаи Русия ба Украина, ниме аз нафт ва маҳсулоти нафтии содиротии ин кишвар ба Ғарб мерафт. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои сахте алайҳи Маскав ҷорӣ карда, хариди нафти Русияро коҳиш доданд ё бас карданд.

Омори хабаргузории "Рейтерс" ва Оҷонси байнулмилалии энержӣ нишон медиҳад, ки тавлиди рӯзонаи нафти Русия ба хотири таҳримҳо ду миллион бушка кам шудааст.

Русия кӯшиш дорад, бо тахфифҳои чашмгир ба муштариёни осиёӣ, ҳамчунин, ҷойгузин кардани нафти худ ба ҷойи нафти Эрон ва Венесуэла, коҳиши содироти нафтро ба Ғарб ҷуброн кунад.

Омори гумруки Чин нишон медиҳад, ки ин кишвар моҳи гузашта рӯзона аз Эрон 62 ҳазор бушка нафти хом харида, ҳеч нафте аз Венесуэла наовардааст.

Чин маъмулан бинобар таҳримҳои Амрико, нафти Эрон ва Венесуэларо ба воситаи миёнаравҳо, хусусан Малайзия, дарёфт мекунад. Омори Чин нишон медиҳад, ин кишвар хариди нафтро аз Малайзия дар моҳи май беш аз ду баробар карда, ба 2,2 миллион тонна расондааст ва он 520 ҳазор бушка дар як рӯз мебошад.

Чин танҳо муштарии расмии нафти Венесуэла ва Эрон аст. Омори гумрукии Чин нишон медиҳад, ки кулли воридоти нафти ин кишвар дар моҳи май 12 дарсад афзоиш ёфта, дар як рӯз 10 миллиону 400 ҳазор бушка будааст.

XS
SM
MD
LG