Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархе ниҳодҳои байналхалқӣ ва кишварҳо хостори кӯмак ба зилзилазадагони Афғонистон шуданд


Рамиз Алиакбаров, ҳамоҳангкунандаи умури башардӯстонаи СММ гуфтааст, ки ба бовари онҳо наздик ба 2 ҳазор хона бар асари зилзилаи рӯзи гузашта дар Афғонистон вайрон шудааст. Ӯ ки муовини намояндаи вижаи СММ барои Афғонистон низ ҳаст, шаби гузашта аз дар як нишасти хабарии видеоӣ аз Кобул ба хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфт, шумораи қурбониёни ин зилзила шояд зиёдтар бошад.

Алиакбаров афзуд, ки СММ таҷҳизоти махсус барои берун овардани афрод аз зери вайронаҳоро надорад ва ин корро Толибон мекунанд, аммо ба гуфтааш, онҳо ҳам дар ин бахш бо маҳдудиятҳое рӯбарӯ ҳастанд. Ӯ афзуд, ки ҳукумати Толибон ба минтақаи зилзилазада 50 мошини ёрии таъҷилӣ ва 4 ё 5 чархбол фиристода, ваъдаи кӯмаки пулӣ ҳам кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Сандуқи кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ гуфтааст, ки дар пайи зилзилаи маргбор, ҳазорон кӯдак ба хатар рӯбарӯ ҳастанд.

Раиси иртибототи СММ дар тамос тариқи Ватсапп ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо ҳанӯз ҳаҷми дақиқи ин вайрониро намедонем. Аммо бовар дорем, ки садҳо тан, ба шумули кӯдакон ва занон ҷон бохтаанд. Бисёре аз афроди дигар захмӣ шудаанд ва шумораи зиёди хонаҳо вайрон шудааст. Бо расидани гузоришҳо, интизор меравад, ки ин омор бештар шавад. ЮНИСЕФ тимҳои сайёри худро фиристодааст, то ба захмиён кӯмакҳои аввалия фароҳам кунанд".

Бар асоси омори расмӣ, бар асари зилзилаи ду шаб пеш дар вилоятҳои Пактико, Хуст ва Нангарҳор ҳади ақал 1000 тан ҷон бохтанд ва ҳудуди 1500 тан захмӣ шуданд. СММ ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфтаанд, ки интизор меравад шумораи талафот афзоиш ёбад.

Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаии СММ гуфтааст, ки ба минтақаҳои зилзилазада маводи ғизоӣ ва хайма мерасонад. Ин идора дар хабарномае гуфтааст, ки мардум фавран ба дору, сарпаноҳ, маводи хӯрокворӣ ниёз доранд. Ба гуфта ин ниҳод, бинобар сардӣ ва бориш, мардум бештар аз ҳар чизи дигар ба сарпаноҳ зарурат доранд.

Ин ниҳод ва низ Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва шуморе аз кишварҳо хоҳони кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ зилзилазадагони дар Афғонистон шудаанд. Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх рӯзи чаҳоршанбе дар хабарномае гуфт, ки ба ҳимояти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон ва дигар муассисаҳо, ризокорон ё довталабонро барои кӯмак ба зарардидагон омода кардааст.

Ин кумита меафзояд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳамари Афғонистон ба шумули Пактико ва Хуст, ки бештарин зиёнро аз зилзила дидаанд, дар 34 вилоят беш аз се ҳазор довталаб дорад ва тимашон машғули расонидани кӯмакҳо ба осебдидагонанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG