Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи озод:"Магар дар Рӯшон ба ғайр аз амалиёт дигар роҳи ҳал набуд." ВИДЕО


Магар ҳукумат дар Бадахшон илоҷе ба ғайр аз ба гуфтаи худаш анҷоми “амалиёти зиддитерористӣ” надошт? Магар роҳи дигаре набуд, ки мушкил ва тазоҳурот дар Рӯшон ва умуман вилоят бе хунрезӣ рафъ шавад ва зиндагӣ ба маҷрои худ баргардад. Мушкилоти Бадахшон чӣ буд, гуруҳҳои саркашу ҷинояткорӣ ва ё мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ. Мавзуи барномаи Гапи Озод дар ҳамин бор аст ва Сайфулло Сафаров, сиёсатштинос ва устоди донишгоҳ ва Маҳдӣ Собир коршиноси муқими Русия ҳастанд.

Иқтибосҳое аз барнома:

Сайфулло Сафаров: “Ба назарам, президент вазъро дақиқ ва аниқ шарҳ дод. Яъне ба муқобили қувваҳои ҳукуматӣ, ки бояд аз ҳаминҷо мегузаштанд, якум роҳҳоро бастанд, дуюм тир заданд, як нафар талаф ва 13 нафар захмӣ шуд. Пас чӣ илоҷе мемонад? Вақте ки дар шаш минтақа дар муқобили ҳокимияти давлатӣ сангар мегиранд. Ман дар ин бора зиёд ҳарф намезанам, модоме президент мегӯяд, ки илоҷе нест, пас илоҷ нест”.

Маҳдӣ Собир: “Ман бовар дорам, агар афроди мутасаддӣ мехостанд, бидуни хунрезӣ масъаларо ҳал мекарданд. Бо роҳи музокира, гуфтушунид мешуд, оҳиста оҳиста афроди таҳти назарро боздошт кунанду ба хунрезиву нооромӣ роҳ надиҳанд. Барои мардуми тоҷик сулҳу субот бисёр муҳим аст”.

Сайфулло Сафаров: “Ман ҳам ин мавқеъро дастгирӣ мекунам, вале бубинед, тавре шоир Ато Мирхоҷа навишта буд, баъзан хешу таборию наздикию якдигарро дастгирӣ кардани гуруҳҳо ба он оварда мерасонад, ки мавқеи ҳукумат танг карда мешавад ва умуман ҳукуматро эътироф намекунанд ва эҳтиром намекунанд. Албатта аз роҳи ҷосусию роҳҳои дигар ҳал кардани масъала мумкин аст, вале вақте масъулони идораҳои маҳаллӣ аз уҳдаи ҳамин кор намебароянд, дар чунин ҳолат ҳукумати марказӣ нишон медиҳад, ки ҳокимияташ раво аст ва дар ҳамаи нуқтаҳо амнияти мардумашро метавонад таъмин кунад.”

Маҳдӣ Собир: “Аз таҷрибаи солҳои ҷанги дохилӣ медонам, ки агар ман дар ҳалли ин масъала коре мекардам, ҳамон силоҳбадастонро, масалан Маҳмадбоқирро бо афродаш ба Хоҷааълои Исфара мебурдам ва дар ҳамонҷо ҷобаҷо мекардам, ки аз сарҳадро назорат кунанд ва амнияташро таъмин кунанд.”

Барномаро худатон инҷо бубинед ва назаратонро бинависед:

Магар дар Рӯшон роҳи ҳалле ба ғайр аз амалиёт набуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:31 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG