Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони таҳқирпазирии мо чӣ қадр аст?


Душанбе, Боғи парчам, яке аз маконҳои фароғатии сокинон аст.
Душанбе, Боғи парчам, яке аз маконҳои фароғатии сокинон аст.

|Зеварбону Рауфӣ, хабарнигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳани азиз,

Чӣ ҳол дорӣ? На, фикр накун ин суол аз ҷумлае онҳоест, ки фақат барои адои эҳтиром гуфта шудаву ниёзе ба посух надорад. Воқеъан дилам мехоҳад бидонам чӣ ҳол дорӣ? Банди чӣ кору афкоре ҳастӣ? Оё ту ҳам пайгири иттифоқоте, ки дар меҳанамон рӯй медиҳанд, ҳастӣ? Ҳайф, ки наметавонам ин лаҳза зеҳнатро бихонам ва бибинам онҷо чӣ мегузарад. Аммо кош ҳамин ҳоло ту метавонистӣ ба нишемангоҳи хотири ман сар бизанӣ ва худат бибинӣ онҷо чӣ мегузарад. Вале беҳтар аз ҳамаи инҳо шояд он мебуд, ки ёд мегирифтем, ба ҳарфи дили ҳам гӯш диҳем ва ба ҳамдигар бовар кунем.

Имрӯз мехоҳам аз мавзӯъе бароят бигӯям, ки чандест фикру зикрамро банди худаш кардааст. Он таҳқирпазирист. На-на иштибоҳ нахондӣ. Медонам азбас дар расонаҳо, аз радио гирифта то телевизиону матбуот, калимаи “таҳаммулпазирӣ” муд шуда, шояд пеши худат фикр карда бошӣ, ки манзури ман низ ҳамон будааст. Лек ин тавр нест. Ман дақиқан аз таҳқирпазирӣ мегӯям. Агар иҷоза диҳӣ манзурамро бароят равшан хоҳам кард.

Равоншиносон бар ин назаранд, ки дар ҳар иҷтимоъе “таҳқир” дар ашколи мухталифе аз тарафи ашхоси “иқтидорталаб” бар сари ашхоси “истибдодзада” амалӣ мешавад. Дар ин раванд аз рӯи муҳлате, ки шахси истибдодзада таҳқирҳои шахси иқтидорталабро таҳаммул мекунад ва вокунише аз худ нишон намедиҳад, мизони таҳқирпазирии ӯро ҳисоб мекунанд.

Ҳаммеҳанам, бешак ту ҳам аз он чӣ имрӯзҳо дар кишварамон иттифоқ меуфтад, хабардорӣ. Фоҷеъаи Рӯшон, мавриди азият қарор гирифтани рӯзноманигорон, боздошт шудани гузоришгарон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ, гаронии нархҳо дар бозор, мушкилоти муҳоҷирин ва ғайраву ғайра... Ҳамаи он мушкилоте, ки ҳар як ҳаммеҳани ману ту ҳар рӯз маҷбур аст бо онҳо дасту панҷа нарм кунад, аммо иҷозаи ҳарф задан дар бораашонро надорад. Зеро, агар рафту чунин саҳлангорие аз ӯ сар зад, ангуштҳои сокит бош, хоини миллат, терорист ва амсоли инҳо ба самташ гирифта мешаванд.

Пас, биё аз ин мавзӯъҳо чизе нагӯем. На ман муҳри хиёнат бихурам ва на сари бебалои ту дар бало монад. Биё фақат аз таҳқирпазирӣ бигӯем. На ин, ки бихоҳем мабодо ҳарфе хориҷ аз доираи “таъин кардаи ҳукумат” зада бошем. Ин суҳбатест мутакӣ бар илми равоншиносӣ ва фарзияҳое, ки мо дар бораашон бо ҳам ҳарф мезанем, ҳамин.

Фарз кун мо зиндагии як кӯдакро зери назар дорем, то мизони таҳқирпазирии ӯро ҳисоб кунем.

Ин кӯдак як рӯз имтиҳон мекунад назарашро пеши хонаводааш баён кунад. Падараш мегӯяд: -дамта бигир кӯдак! Модараш мегӯяд: - туро кӣ гап задан мондаст? Хоҳару бародаронаш масхараомез мегӯянд: - кӯдак гап зан шудаст! Кӯдак аввалин дарси зиндагияшро меомӯзад, ӯ дар хона иҷозаи “назар додан”-ро надорад, чун хурдтар аз ҳама аст.

Кӯдак ба мактаб меравад. Ӯ ҳоло вориди ҷомеъае мешавад, ки атрофиёнаш ҳамсинну солонаш ҳастанд. Пас ба ӯ дубора иҷозаи ибрози назар дода мешавад. Аммо ӯ хеле вақт аст, дигар дар бораи чизе назар надодааст, ҳақи интихобе надоштааст. Ҳоло дар мактаб аз ӯ интизор доранд фикрашро баён кунад. Ӯ сокит мемонад, чун мутмаин нест, ки битавонад ду ҷумларо сари ҳам кунад ва ба суолҳои омӯзгораш посух бидиҳад. Муаллим асабонӣ мешавад ва ӯро пеши рӯи ҳамдарсонаш танбеҳ мекунад. Ба хона, ки баргашт қазияро ба хонаводааш таъриф мекунад. Падараш мегӯяд: - Айби худат аст, бояд ба дарс тайёр шуда мерафтӣ, ноӯҳдабаро! Модараш мегӯяд: - Муҳим ба муаллим гапгардонӣ накарда бошӣ, ӯ чанд соли дигар роҳбари синфат аст, барои мо проблема насоз! Бародару хоҳаронаш чизе намегӯянд, вале лабхандҳои тамасхуромезашон кофист, ки ин кӯдак дигар ҳеч гоҳ дар бораи мушкилоте, ки барояш пеш меояд, ба хонаводааш иттилоъе надиҳад.

Фарз кардем, ӯ пас аз хатми мактаб ба донишгоҳ меравад. Пас аз хатми донишгоҳ корманд мешавад. Вале ҳамчунон ба далоиле мухталифе кам гирифта мешавад, ҳисси ҳақораташ афзоиш меёбад, ҳарчанд ҳеч аксуламале нишон намедиҳад. Ҳоло тасаввур кун, билохира ӯ раис мешавад. Ман мегӯям раис, ту худат интихоб кун, ки ӯ раиси идорае, корхонае, ноҳияе, шаҳре, устоне ва ё ҷумҳуриест. Хулоса, ӯ ки раис шуд, ба назарат чӣ иттифоқе меуфтад? Дуруст ҳадс задӣ.

Масалан ӯ метавонад танҳо онҳоеро ба кор бигирад, ки аз назари донишу идрок дар сатҳи поинтаре аз ӯ қарор доранд, то бо ин роҳ ба атрофиён бифаҳмонад, ки чӣ қадр оқилу фаҳмидатар аз онҳост.

Ё даст ба велхарҷиҳое бизанад, ки қабл аз раис шудан имконашро надошт. Лек акнун метавонад ҳатто ҳақи мардумро аз даҳонашон биситонад ва касе чизе нахоҳад гуфт, зеро ӯ раис аст.

Шояд ӯ ба ин хотир, ки дар гузашта танҳо суханҳои ҳақоратомез нисбати худаш шунидааст, роҳро барои рушди афроде боз кунад, ки ҳамеша дар пайи мадҳу санои ӯ ҳастанд, онҳо ки метавонанд бо чоплусияшон меголумониёи (яъне ҳазёни худбузургбинӣ) ӯро ирзо кунанд.

Чун ба ин кӯдак қаблан ҳақи интихоб дода намешуд, ӯ низ бо даст овардани қудрат мекӯшад ҳақи интихобро аз ҳама бигирад. Ҳамон гуна, ки замоне ба ҷои ӯ бузургтарҳо интихоб мекарданд, ҳоло ӯ ба ҷои ҳама интихоб ва таъину таклиф хоҳад кард. Мепурсӣ чиро? Чун акнун ӯ раис аст!

Ҳаммеҳанам он чӣ инҷо ману ту мисол задем, танҳо як ду маврид аз ҳама он корҳоест, ки як шахсияти уқдаӣ метавонад дар як ҷомеъа амалӣ созад. Вақте афроде аз ин қабил ба қудрат мерасанд, ҳисси ҳамакора ва ҳаматавонӣ ба онҳо даст медиҳад ва ин раванд мунҷар ба синдроми худшефтагӣ дар онҳо мегардад. Ҳоло намехоҳам бо шарҳи худшефтагӣ, чӣ гуна рушд ёфтани ону роҳҳои ташхисаш фурсататро беш аз ин бигирам, шояд рӯзи дигар дар ин бора бо ҳам ҳарф бизанем.

Аммо он чӣ имрӯз ҷо дорад ба он бияндешем, таҳқирпазирист. Ҳаммеҳани азизам, акнун ту худат низ қодир ба он ҳастӣ ки натоиҷи ин амалкардро тахмин бизанӣ. Фикр намекунӣ ҳар яки мо бо дарки ин нукта муваззаф ҳастем ҷилави чунин равандеро бигирем? Оё ту ҳам ба ин фикр мекунӣ, ки инсонҳои таҳқиршуда, ба эҷоди заминаи таҳқирпазирӣ дар ҷомеа ва падид омадани дигар инсонҳои таҳқиршуда машғул мешаванд? Оё ҷомеаи таҳқирпазир ва бар арикаи қудрат такя задани уқдаиҳо фоҷеа ба бор намеорад? Ба назарат чӣ чизе ва чӣ касе боиси мутаваққиф шудани занҷираи ин иттифоқоти фоҷеъабор мешавад? Ба гумонам ғайр аз худамон ҳеч кас қодир ба эҷоди тағйире нест. Назари ту чист?

Магар ғайр аз ин аст, то замоне ки мо иҷоза медиҳем, касе моро таҳқир кунад, ҳақи моро аз кафамон бистонад, бар сарамон зулм кунад, дар машақату азоб хоҳем монд. Ба назарат мизони таҳқирпазирии мо чӣ қадр аст? То куҷову то ба кай метавонем зиллатеро, ки бар сарамон мешавад, таҳаммул кунем? Оё мо оҷизтар аз он ҳастем, ки дар муқобили афроде чун ҳамин кӯдаке, ки мисолашро бо ҳам задем, биистем ва бигӯем: НА! На, ба тамоми ҳуқуқвайронкуниҳо, таҳқирҳо, ҳақимардумхуриҳо, арҷ нагузоштанҳо ба каромату шарофати инсонӣ!

Оё мо воқеъан ҳамон ҷомеъаи “истибдодзада” ва “таҳқирпазир” ҳастем, ки тавони гуфтани як “на”-ро ба инсонҳои иқтидорталаб надорад? Ту чӣ фикр мекунӣ, ҳаммеҳанам?

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.
XS
SM
MD
LG