Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкори Иззат Амон аз боздоштгоҳи Курск “нопадид” шудааст


Эмомалӣ Холов ва Иззат Амон. Аксро наздиконаш фиристоданд
Эмомалӣ Холов ва Иззат Амон. Аксро наздиконаш фиристоданд

Пайвандони Эмомалӣ Холов, ҳамкори пешини Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирон, гуфтанд, ки ӯ аз боздоштгоҳи муваққатии (СИЗО)-и Курски Русия “нопадид” шудааст.

Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, рӯзи 1 уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, субҳи панҷшанбе вакили мудофеъи Эмомалӣ гуфт, ки масъулони боздоштгоҳ ӯро озод кардаанд, вале куҷост намедонанд.

“Вакили мудофеъ занг зада гуфт, ки чаҳор соат дар даромадгоҳи боздоштгоҳ мунтазири мулоқот нишастааст. Баъд масъулони СИЗО омада гуфтанд, ки раҳо шудааст. Ба ӯ занг мезанад, ҷавоб намедиҳад ва то ҳол даракаш нест. Ба ман ҳам тамос нагирифтааст.”--мегӯяд ӯ

Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди пешини "Маркази тоҷикон", рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, Вакили мудофеъ ба вай гуфтааст, ба Раёсати пулиси Курск ва ба додситонӣ шикоят хоҳад бурд, ки дар нисбат ба зерҳимояаш амалҳои ғайриқонунӣ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, вакили мудофеъ тахмин мезанад, ки эҳтимол ӯро ба Тоҷикистон истирдод карда бошанд.

Эмомалӣ Холовро як моҳ қабл бо дархости Тоҷикистон дар вилояти Курски Русия дастгир кардаанд.

Эмомалӣ Холови 30-сола зодаи ноҳияи Данғара буда, чанд сол боз дар Русия кору зиндагӣ дорад. Ӯ дар "Маркази тоҷикон"-и зери раҳбарии Иззат Амон ба ҳайси ихтиёрӣ ё ризокор фаъолият дошта, дар аҳди пандемияи коронавирус ба муҳоҷирони дармонда мадад кардааст.

Сӯҳроби Ҷаҳон, корманди пешини "Маркази тоҷикон" 29-уми июн гуфта буд, «аз вакили мудофеяш хабардор шудем, ки ӯро Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара ба гумони тундгароӣ ба ҷустуҷӯ додааст," -- афзуд ӯ.

Дар номаи Шуъбаи корҳои дохилии Горшеченский ба додситонии ҳамин ноҳия низ гуфтаанд, "Эмомалӣ Холов бар асоси муроҷиати сардори ШКД-и Данғара Ҳафиззода П.Х. аз 3 юми марти соли 2021 дар пайгард аст". Нусхаи нома дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст.

Ба нақли Дилором Боймуҳаммедова, ҳамсари Эмомалӣ Холов, маъмурони пулис ӯро 26-уми майи имсол дар истгоҳи мусофирбарҳо дар Горшеченский дастгир кардаанд.

Пайвандонаш мегӯянд, дар сурати таслим шуданаш ба Душанбе эҳтимол ӯро шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон интизор аст.

Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25-уми марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз қаламрави ин кишвар ронда шуд.

Аз замони боздошт ва ҳабси Иззат Амон то ин дам "Маркази тоҷикон"-и зери раҳбарии ӯ баста ва чанде аз ҳамкоронаш дар Русия мавриди таъқибу таҳдид қарор гирифтаанд. Муҳаммадхон Эгамов, яке аз ҳамкорони собиқи Иззат Амон, дар Русия дастгир шуда, Бахтовар Ҷумъаев, Сӯҳроби Ҷаҳон ва Ҳусейн Ишанқулов аз афзоиши фишор ба худу наздиконашон дар дохили кишвар шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG