Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Ғурбатӣ гуфтааст, "фаромӯш накунед"


Абдуллоҳ Ғурбатӣ
Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори дастгиршудаи тоҷик, бо ӯ дар Боздоштгоҳи муваққатӣ вохӯрдааст. Муборак, ҳамсари ӯ, рӯзи 6-уми июл ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, баъди муроҷиати батакрор иҷоза додаанд, як соат бо ҳам гап зананд.

Ба нақли ӯ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ бовар дорад, ки озодаш мекунанд. Вай аз наздикону дӯстон хостааст, фаромӯшаш накунанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамроҳи рӯзноманигор Далери Имомалӣ дар бораи мушкилоти иҷтимоии сокинон дар Ютуб гузориш медоданд. Ҳарду пас аз нашри гузориш дар бораи тахриби хонаҳо дар як маҳаллаи Душанбе зери фишор қарор гирифтанд.

Далери Имомалиро ба иттиҳоми "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "расонидани хабари дурӯғ" ва Абдуллоҳ Ғурбатиро ба зӯроварӣ ба корманди милиса рӯзи 15-уми июн дастгир кардаанд.

Пайвандонашон иттиҳомҳоро беасос ва раҳоии онҳоро хостаанд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомии хабарнигорон низ аз мақомот хостанд, Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро озод кунанд.

XS
SM
MD
LG