Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навзоди азимҷусса дар Тоҷикистон 5-сола шуд. ВИДЕО


Рустам бо вазни рекордӣ таваллуд шуда буд.
Рустам бо вазни рекордӣ таваллуд шуда буд.

Тифле, ки бо гаронтарин вазн дар Тоҷикистон таваллуд шуда буд, панҷсола шуд.

Соли 2018 дар Кӯлоб тифле ба дунё омад, ки ҳашт килло вазн дошт. Пизишкон гуфтанд, дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бо чунин вазн тифле ба дунё наомадааст. Ӯро Рустам ном гузоштанд, чун бино бар достони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ Рустами Дастон ҳамин гуна бузургҷусса ба дунё омада будааст. Қаду қомати ӯ аз ҳамсолонаш фарқ мекунад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Рустами 8-килоӣ 5 сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Назира Имомназарова, бибии Рустам гуфт, барои бузург кардани ӯ азоб кашиданд ва касе ҳам барояшон кумак накард. "Модараш шири зиёд надошт ва мо барои кӯдак шири хушк мехаридем. Се чор бор Душанбе бурдем, ки саломатиаш бад нашавад.",--гуфт ӯ.

Ба Рустам ду модар шир додааст, вале шири ду модар ҳам ба ӯ басандагӣ намекардааст. Барояш шири гову буз ҳам медодаанд.

Пизишкон ё табибон ҳануз замони зода шуданаш гуфтанд, чунин тифл бо ин вазн дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба қайд гирифта мешавад. Рухсорамоҳ Муродова, табиби навзодони таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб гуфта буд, ки "вазни миёнаи навзодон то 4 килограм ҳисоб мешавад. Аз 4 килограм зиёд калонҷусса ҳисоб мешаваду аз 5 зиёд азимҷусса ҳисоб карда мешавад, аммо 8 килограмро бори аввал мебинем.”

Искандаршоҳ Худойназаров, падари Рустам, баъди се моҳи таваллуди ӯ ба Русия барои кор рафтааст. Чаҳор зодрӯзи писари паҳлавонаш бе падар мегузарад.

Хонаводааш мегӯянд, агар падар кор намекарду пул намефиристод, эҳтимол Рустам гурусна мемонду барои табобаташ пул намеёфтанд.

Аҳолии Тоҷикистон моҳи август ба 10 миллион мерасад. Пизишкон мегӯянд, ҳанӯз модаре ба андозаи Рустам тифл назодааст.

XS
SM
MD
LG