Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро боз ба бозпурсӣ бурда, "то ҳол ҷавоб надодаанд"


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода се моҳ пеш эълон карда буд, ки гузоришдиҳиро дар Ютюб бас мекунад
Абдусаттор Пирмуҳаммадзода се моҳ пеш эълон карда буд, ки гузоришдиҳиро дар Ютюб бас мекунад

Маъмурони интизомӣ дар шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, рӯзноманигори мунтақид Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро рӯзи 9-уми июл дигарбора ба бозпурсӣ даъват карда, ба қавли яке аз шахсони наздикаш, "то ҳанӯз ҷавоб надодаанд". Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи мақомот бенатиҷа аст. Шахсони наздик ба Пирмуҳаммадзода гуфтанд, дар бораи дар куҷо буданаш чизе намедонанд.

Маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 7-уми июл Пирмуҳаммадзодаро "чанд соат" бозпурсӣ ва сипас хонаашро кофтукобу телефонашро мусодира кардаанд. Худаш рӯзи 8-уми июл нахост, дар ин бора гап занад.

Шахсони наздик ба ӯ гуфтанд, мақомот бори охир ҳушдор додаанд, ки танҳо дар масоили сайёҳӣ ва таърихӣ нависад. "Шаби 8-уми июл, пас аз нашри хабари бозпурсияш, ӯро боз даъват карданд. Гуфтаанд, чаро забонхат додӣ ва чаро бо Радиои Озодӣ суҳбат кардӣ? Ӯ гуфтааст, суҳбат накардам. Ҷавоб доданд," – нақл кард ҳамсуҳбати мо.

Вале вай афзуд, субҳи 9-уми июл дигарбора барои суҳбат даъват карда, то ҳанӯз ҷавоб надодаанд. "Гуфтаанд, биё, телефонатро медиҳем. Рафт, бо ҳамин дигар барнагашт. Ҳоло касе ба мо чизе намегӯяд, ки ӯ дар куҷост. Намояндагони мақомот ҳам худро муаррифӣ накарданд, кӣ ҳастанд," – гуфт яке аз шахсони наздик ба Пирмуҳаммадзода, ки нахост номаш бурда шавад.

Ин иттифоқ дар ҳоле уфтодааст, ки шоми 8-уми июл рӯзноманигор ва фаъоли дигари шабакаҳои иҷтимоӣ, Завқибек Саидаминӣ, дастгир шудааст. Мақомот сабаби тасмимро нагуфтаанд.

Ба иттилои шахсони наздик ба хонаводаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, фишор ба ӯ дар се ҳафтаи охир ва баъди наворҳояш дар бораи хабарнигорони боздоштшуда – Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ – афзудааст. Мақомот онҳоро рӯзи 15-уми июни имсол дастгир карданд. Аз ин пеш, 24-уми июн, муфаттишони Додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе корманди хабаргузории "Азия-Плюс" ва дӯсти наздики Абдуллоҳ Ғурбатӣ Эмомалӣ Сайидзодро чанд соат бозпурсӣ карда буданд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори собиқи радиои “Садои Душанбе”, моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президент маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва баҳудаву беҳудаи нозирони роҳ ба дод омадааст.

Пирмуҳаммадзода баъди он дар Ютуб ҳаводорони зиёде ёфт, вале ду моҳ пештар гуфт, блогериро бас мекунад. Далелаш ҳам ин буд, ки ҷонибдорони ҳукумат ӯро “хоин” мегӯянд, вале мухолифин “одами амният мешиносанд. Баъди боздошти хабарнигорон Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар саҳифааш дар Ютюб чанд навори дигар гузошт ва амалкарди мақомотро нодуруст шумурд.

Танҳо дар моҳи май ва июни имсол дар Тоҷикистон камаш панҷ рӯзноманигору блогер дастгир шудаанд. “Бунёди Бузургмеҳр”, созмони мустақар дар Аврупо, аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Мамадсултон Мавлоназаров (Муҳаммади Султон) ва Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) ном бурдааст. Улфатхоним Мамадшоева, фаъоли ҷомеаи мадании Бадахшон, ки 17-уми майи имсол дар Душанбе дастгир шуд, низ рӯзноманигор аст.

Дар ин муддат ба чаҳор хабарнигору наворбардори Радиои Озодӣ ва телевизиони “Настояшее Время” дар пойтахт ҳамла шуда, телефону дастгоҳҳои забти онҳо рабуда шуд.

Созмонҳои байнулмилалӣ фишор ба хабарнигорону фаъолони иҷтимоиро дар Тоҷикистон сахт танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора боздошту бозпурсии ҳадафмандонаи хабарнигоронро рад карда, онҳоро ба ҷиноятҳои гуногун гумонбар донистаанд.

XS
SM
MD
LG