Шикояти раиси Шоҳмансур зидди Далери Имомалӣ
Ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур дар Душанбе ба зидди Далери Имомалӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик, ба Додситонӣ шикоят кардааст. Раиси ноҳия, Билол Иброҳим, рӯзи 20-уми июл ӯро ба бозтоби, ба гуфтааш, нодурусти тахриби хонаҳо ва монеъ шудан ба кори намояндагони ҳукумат муттаҳам донист. Далери Имомалиро рӯзи 4-уми июн бозпурсӣ карда, ба гуфтааш, чанд шаппотиву мушт заданд ва 15-уми июн дастгиру ба ду моҳ ҳабсӣ пешакӣ гирифтанд. Ӯро бар асоси се банди қонуни ҷиноӣ гумонбар медонанд, аммо худашу наздиконаш бахши асосии иттиҳомотро рад карда, созмонҳои байнулмилалӣ озодияшро хостаанд.
Порчаҳо
-
апрел 03, 2023
Пайомади сел дар Тоҷикистон. Шарҳи Умеда Юсуфӣ
-
март 29, 2023
Чаро зилзила дар Осиё бештар аст?
-
март 25, 2023
Шарҳи муфаттиш Абдуҳаким Шафиев
-
март 21, 2023
Шарҳи Умеда Юсуфӣ дар бораи заминларза
-
март 20, 2023
Тоҷикони Узбекистон чӣ мушкил доранд?
-
март 15, 2023
Падари Ҳувайдо мегӯяд, бо ҳукм розӣ нест