Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Додситонии кулли Русия дар бораи ҲНИТ ва вокуниши Кабирӣ


Эмомалӣ Раҳмон ва Игор Краснов, Душанбе, 26-уми июли 2022
Эмомалӣ Раҳмон ва Игор Краснов, Душанбе, 26-уми июли 2022

Додситонии кулли Русия аз Додгоҳи олии он кишвар хостааст, ки Ҳизби наҳзати исломиро "террористӣ" эътироф кунад. Мақомоти Тоҷикистон аз соли 2015 боз аз кишварҳои шарики худ дар қаламрави Шӯравии собиқ чунин дархостро карда, дар ин муддат акси садое нагирифта буданд. Раиси ҲНИТ мегӯяд, эҳтимол Русия ин шабу рӯз дархости Тоҷикистонро бипазирад, вале афзуд, ба онҳо хатари иловагие нахоҳад дошт.

Игор Краснов, додситони кулли Русия, рӯзи 26-уми июл дар Душанбе ва дар мулоқот бо президент Раҳмон гуфтааст, "додситони кулли Тоҷикистонро дар бораи баррасии дархосташ барои террористӣ эътироф кардани баъзе созмонҳо дар Русия хабардор мекунам."

Вай афзудааст, "мо аллакай алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят бурдем." Сомонаи расмии Додситонии кулли Русия навишт, Краснов бо даъвати ҳамтои тоҷикистонияш, Юсуф Раҳмон, ба Душанбе рафт.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мушаххас нагуфтааст, ки оё дар суҳбатҳо масъалаи ҲНИТ матраҳ буд ё не. Манбаъ танҳо навиштааст: "Ҷонибҳо аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки бо ... тундгароии динӣ ва гурӯҳҳои "хуфта"-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд."

Бо вуҷуди дархостҳои Тоҷикистон дар ҳафт соли гузашта кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Русия, дар мавриди ҲНИТ тасмиме нагирифта буданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 26-уми июл гуфт, дар ин шабу рӯз, ки Русия дучори мушкил ва дар ҷустуҷӯи шарик ҳаст, эҳтимол зери фишор дархости Душанберо бипазирад.

Аммо ҳамзамон гуфт, "амалан ҳеч хатари иловагие ба мо нахоҳад дошт. Зеро мо дар паҳнои собиқ Шӯравӣ ҳузур надорем. Дар гузашта, бе онки Русия ҳизби моро террористӣ эътироф кунад, чандин фаъолони моро истирдод кард, ки дар зиндон ҳастанд. Боқимондаҳо дигар фаъолият надоранд. Аммо ҳукумати Тоҷикистон аз нигоҳи таблиғотӣ метавонад, як миқдор аз он истифода кунад ва онро дастоварди бузург дар минтақа бишуморад."

Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз нерӯҳои асосии мухолифи ҳукумат дар дохили кишвар буд. Мақомот соли 2015 ин ҳизбро ба ҳамдастӣ ба "ошӯб"-и Ҳоҷӣ Ҳалим гунаҳкор дониста, террористӣ эълон карданд. Масъулони ҳизб ҳамеша даст доштани худро дар ин ҳодиса рад кардаанд.

То кунун даҳҳо узви ҳизб дар Тоҷикистон боздошт ва ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуда, гуруҳе дигар дар Аврупо паноҳанда ҳастанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ин дам тақрибан бист созмонро террористиву ифротгаро ва мамнуъ донистааст, ки аз "Ал-Қоида"-ву “Толибон”, “Ҷамоати Таблиғ” то "Гурӯҳи 24" ва Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷаро дар бар мегирад.

Раҳбарони баъзе аз ин созмонҳои сиёсӣ қарорро ноодилона ва талоше барои аз саҳнаи сиёсати кишвар дур кардани худ медонанд. Мақомот тасмими худро мубориза бо тунгароӣ тавсиф кардаанд.

XS
SM
MD
LG