Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Долларро бо халта мебароранд»


Дар панҷ моҳи ҷанг дар Украина ва таҳримҳои Ғарб ба зидди Русия, ба назар мерасад, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манбаи асосии дарёфти доллар ба Маскав табдил шудаанд. Дар ин давра фиристодану гирифтани пул аз Русия ба Осиёи Марказӣ ва баръакс ба маротиб бештар шудааст.

ҚИРҒИЗИСТОН

Танҳо дар моҳи майи имсол аз сӯйи шахсони алоҳида аз Қирғизистон 85 миллион доллар бароварда шудааст, ки 80 миллиони онро ба Русия бурдаанд. Ба иттилои Бонки миллии он кишвар, ин омор дар ҳабдаҳ соли охир баландтарин аст.

УЗБЕКИСТОН

Ин тамоюл дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, аз моҳи январ то июни имсол ба Узбекистон беш аз шаш миллиард доллар ворид шудааст, ки ба фарқ аз соли гузашта беш аз 90 дар сад зиёд аст. Ҳамчунин, дар Узбекистон харидани доллар аз сӯйи шахсони алоҳида афзудааст. Дар ин кишвар 5,66 миллиард доллар харидаанд, ки ба фарқ аз соле пеш беш аз 2 миллиард доллар зиёдтар мебошад.

ҚАЗОҚИСТОН

Нашрияи русии “Коммерсант” менависад, моҳи марти имсол ба Қазоқистон аз Русия 9,5 миллион доллар фиристодаанд. Дар моҳи май ин рақам даҳ баробар зиёд шуда, то ба 94,6 миллион расид.

ТОҶИКИСТОНУ ТУРКМАНИСТОН

Ба ин тартиб, Бонки миллии аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз афзоиши рекордии интиқолу гирифтани пул аз Русия ва баръакс иттилоъ медиҳанд. Ба ҷуз аз Тоҷикистону Туркманистон, ки дар ин бора аз овардани ягон рақам худдорӣ мекунанд.

Чанд моҳ пеш дар Тоҷикистон ҳам мардум аз камчин шудани доллар ва навбатпойӣ дар назди банкоматҳо шикоят мекарданд. Тайи як моҳи охир қурби доллар дар Тоҷикистон андаке поин омад. Ба қавли сокинон, дарёфташ ҳам мушкил нест. Мақомот як сабаби онро ба додугирифт бо Русия ва он ҳам бо рубл пайванд медиҳанд.

САБАБҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

Муовини пешини вазири иқтисоди Қирғизистон, Элдар Абакиров, ин вазъро ба ҷанги Русия дар Украина пайванд дод.

Ӯ гуфт: “Ба ҷуз пуле, ки муҳоҷирон мефиристанд, русҳо тавассути кишварҳои мо доллар мебаранд ё долларро нақд мехаранд. Ба фикри ман, ягона сабаби афзоиши хариду интиқоли доллар ҳамин аст. Дар Русия ширкатҳое ҳастанд, ки ашёи хомро аз хориҷ мехаранд. Онҳо ба доллар ниёз доранд. Бинобар ин, доллару евро меҷӯянд. Дувум, одамоне ҳастанд, ки аз Русия мекӯчанд. Онҳо дар ин кишвар хонаву мошинҳои худро фурӯхта, дар кишварҳои мо пули худро ба доллар табдил медиҳанд.”

Ҳукумати Қирғизистон чанд бор таъкид кард, ки доллари нақдро аз Қирғизистон ба Русия мебаранд. Намояндаи Бонки миллии Қирғизистон, Кубаничбек Боконтаев, дар як ҷаласаи порлумон аз он нигаронӣ кард, ки "доллар бо халта аз Қирғизистон бароварда мешавад".

Сипас вакилон дар ин кишвар бо ҳадафи рафъи вазъ, лоиҳаи қарорро дар бораи маҳдуд кардани интиқоли доллари нақд таҳия карданд. Бар асоси ин тарҳ, шаҳрвандони хориҷӣ на бештар аз 5 ҳазор доллар ва шаҳрвандони Қирғизистон на бештар аз 10 ҳазор доллар бароварда метавонанд. Тарҳ то ҳол қабул нашудааст.

Оқилбек Ҷабборов, раиси Девони вазирони Қирғизистон, гуфт, “мутаассифона, ба далели вазъ дар Украина дар Русия доллар ду қурб дорад. Қурби расмӣ ва бозори сиёҳ. Барои ҳамин, ба мо рубл мефиристанд. Онро ба сом табдил медиҳанд ва баъдан доллар кардаву мебаранд. Ин масъаларо дар ҳукумат баррасӣ кардем ва барои мубориза бо онҳо пешниҳодҳо ироа намудем. Ба шаҳрвандон ва соҳибкорон бе ягон маҳдудият доллари ғайринақдӣ медиҳем. Маҳдудият фақат ба пули нақд рабт дорад.”

ШУБҲА БА ШАРҲИ РАСМӢ

Бахши узбекии Радиои Озодӣ аз камчин шудани асъори нақди хориҷӣ дар Узбекистон хабар дод. Дар баъзе аз минтақаҳо шаҳрвандон барои гирифтани пули худ дар назди банкоматҳо навбат меистанд. Ба гуфтаи баъзе аз сокинон, бонкҳо пешниҳоди пули нақдро маҳдуд кардаанд.

Маҳмадризо Нурмуратов, раиси Бонки миллии Узбекистон, дар нишасти хабарии худ вазъро чунин шарҳ дод: “Мо таҳлил карда, ба ин хулоса омадем, ки сабаби якуми болоравии босуръати интиқоли пул фарқи 20-30 дарсадӣ байни қурби пули нақд ва ғайринақд аст. Дар Русия харидории пули нақд дар бонкҳо мушкил аст. Пештар ҳамватанони мо пулро тавассти шиносҳояшон ба кишвар мефиристоданд. Ҳоло ин корро тавассути шабакаҳои расмӣ анҷом медиҳанд."

Отабек Боқиров, иқтисодшиноси узбекистонӣ, ба ин изҳороти Бонки миллӣ бовар надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолат дар пайи фишор ба рубли русӣ пеш омадааст.

“Вазъ баёнгари он аст, ин нишондодҳо ба пули интиқолшуда аз сӯйи муҳоҷирон вобаста нест. Шумори муҳоҷирони узбек дар Русия зиёд нашудааст, даромади онҳо ҳам 3 баробар афзоиш наёфтааст. Вазъияти феълӣ имкон медиҳад, ки интиқоли пул танҳо ба мақсадҳои дигар истифода шавад. Мутаассифона, ҳукумат чора намеандешад ва маҳдудияте ҳам ворид накардааст. Камчин шудани доллар ва пули нақд маҳз ба ҳамин далел пеш омада,” – хулоса кард ӯ.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG