Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон содироти пиёзро ба Русия манъ кардааст. ВИДЕО


Растаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар яке аз бозорҳои шаҳри Душанбе

Мақомоти тоҷик дар пайи чор баробар боло рафтани нархи пиёз дар бозорҳо содироти ин навъи маҳсулоти кишоварзиро ба Русия манъ карданд.

Дар Хадамоти гумруки вилояти Суғд гуфтанд, ки ин амр аз сӯйи ҳукумат содир гаштааст. Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аз роҳи заминӣ ва тариқи вилояти Суғд аксаран ба Русия интиқол меёбад.

Дар нишасти хабарии Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар ним сол 66 ҳазор тонна пиёз ба хориҷ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазор тонна камтар аст.

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, гуфт, ки ба хотири коҳиши нархи пиёз дар бозорҳои дохилӣ ва захираи ин навъи маҳсулот содироташ манъ шуд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Тоҷикистон содироти пиёзро манъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Қарор аз охири моҳи июл амал мекунад, вале нархи пиёз дар бозорҳо тағйир накардааст. Дар гузашта нархи пиёз аз 1,5 то 3 сомонӣ арзиш дошт, вале имсол нархи он ба 5-7 сомонӣ расидааст.

Раёсати кишоварзии Суғд гуфта буд, ки имсол содироти пиёз аз шимоли Тоҷикистон назар ба солҳои пеш ду баробар зиёд шудааст.

Кишоварзон мегӯянд, сабаби асосии гаронии пиёз ба нархи доруву сӯзишворӣ ҳам рабт мегирад. Ҳамчунин майдони кишти он кам шуда, обуҳаво низ номусоид дониста мешавад. Деҳқонону тоҷирон дар суҳбатҳои бидуни сабт ба мо гуфтанд, солҳои қаблӣ кишти пиёз зиёд буд ва нархаш ҳам хеле поин рафт.

Маъруф Шарифиён, сардори Раёсати кишоварзии Суғд гуфт, кишти пиёз нисбат ба соли гузашта 1000 гектар кам шуд. “4-5 соли ахир нархи ин навъи сабзавот паст рафта буд ва ба сабаби болоравии арзиши сӯзишвориву доруҳои минералӣ нархи он боло гардид. Ҳоло дар майдонҳои Суғд 2,5 ҳазор кишти пиёз мавҷуд аст ва аз 10-уми август кишти нави пиёзро меканем. Баъди он нархҳо поён мераванд,”—гуфт ӯ.

Дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд харидорони пиёз кам ба назар мерасанд. Сокинон то ба ин ҳад баланд шудани нархи пиёзро дар чанд соли ахир мушоҳида накарда буданд ва аз давом кардани гарониҳо нигарон ҳастанд.

Чанде пеш Созмони Миллали Мутаҳид гуфт, ки нархи пиёз, ки ғизои тоҷиконро бе он тасаввур кардан сахт аст, бештар аз 192 дар сад ва боло рафтааст.

Ҷамъияти "Тоҷикматлубот", ки қарор аст, ба нархҳои баланди бозор таъсир расонад гуфтааст, ки поинравии нархи пиёз дар Тоҷикистон эҳтимол наздиктар ба зимистони соли ҷорӣ сурат гирад. Кишоварзону тоҷирони Суғд ҳам бовар доранд, кишти тирамоҳии пиёз нархро поин хоҳад овард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG