Дар чанд ҷумла
Халифае, ки дар Хоруғ ҷанозаи Маҳмадбоқирро хонд, зиндонӣ шуд
Додгоҳи вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон Музаффар Давлатмиров, як халифаи пайравони мазҳаби исмоилияро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.
Музаффар Давлатмирови 58-сола, ки халифаи маҳаллаи “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ буд, ба гуфтаи наздиконаш, рӯзи 26-уми июл аз ҷониби мақомоти интизомӣ ба суҳбат давъат ва боздошт шудааст.
Масъулони додгоҳи Бадахшон ҳозир нашуданд, то ҳукми ӯро шарҳ диҳанд, вале наздикони ӯ гуфтанд, додгоҳ шитобзада ҳукмро содир кард ва ҳеч далеле нишон надод.
Як тан аз наздиконаш, ки нахост номаш зикр шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, касе намедонад, халифаро дақиқан ба содир кардани кадом ҷурм гунаҳкор донистаанд. Ба гуфтаи ӯ, Музаффар Давлатмиров дар амри маъруфҳои худ бештар мардумро ба оромӣ даъват мекард ва ҳам қонуншиканиҳои мақомотро танқид менамуд.
“Адлхоҳии халифа ва бештар эҳтиром шуданаш дар назди сокинону лидерони ғайрирасмӣ ба мақомоти интизомӣ хуш намеомад,”—гуфт ҳамсуҳбати мо.
Як сокини дигари шаҳри Хоруғ гуфт, халифа Музаффар дар ҷомеаи исмоилиҳои Бадахшон, мақомдорон ва лидерони ғайрирасмӣ нуфузи зиёд дошт.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, чун мақомот расман сабаби боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд, дар Хоруғ овоза аст, ки гуё як сабаби боздошти ӯ хондани ҷанозаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазориев, се лидери ғайрирасмӣ будааст. Ин се лидери ғайрирасмӣ охири моҳи май ва июн дар Хоруғ кушта шуданд.
Соли 2014 дар протоколе, ки ҳукумат бо фаъолони ҷомеаи Бадахшон барои ҳали бӯҳрони амниятӣ имзо карда буд, исми Музаффар Давлатмиров ҷой дошт.
Дар чанд моҳи ахир беш аз 200 сокини Бадахшон бо иттиҳоми узвият дар “гурӯҳи ҷиноятӣ” боздошт шуданд. Наздиконашон мегӯянд, гуноҳе надоштанд. Наздик ба 10 фаъоли бадахшонӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
Дар амалиёти моҳи май дар Рӯшон ва Хоруғ наздик ба 40 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, онҳо муқобилияти мусаллаҳона карданд, вале наздиконашон инро дуруғ дониста, мегӯянд, онҳо силоҳ надоштанд ва танҳо ба эътирози осоишта баромада буданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Аксари эълонҳои кор дар Британия метавонанд дурӯғ бошанд." Ҳушдори Созмони муҳоҷират
Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ҳама эълону даъватҳо барои кор дар Британия бовар накунанд.
Ин созмон 9-уми январ дар хабарномае навишт, даъватҳо ба кор дар Британия, ки тариқи паёмрасонҳои Вотсап ва Телеграм ирсол мешаванд, дуруғанд, чун "корфармоёни воқеӣ ҳеҷ гоҳ барои муошират аз паёмрасонҳо истифода намебаранд".
Мутахассисони созмон ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир "танҳо дар сомонаҳои расмии ширкатҳо сабтином кунед".
"Ҳамчунин, ба таблиғҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед, аксари ин эълонҳо метавонанд бардурӯғ бошанд. Ҳар иттилоъро ҳатман дубора санҷед. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британияи Кабир ба ҷуз аз Барномаи коргарони мавсимӣ дигар имкони кор вуҷуд надорад," - омадааст хабарномаи Созмони байналмилалии муҳоҷират.
Солҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд барои корҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ ба Британияи Кабир раванд. Дар ин миён даҳҳо нафар аз фиреб хӯрданашон шикоят карданд.
Ҳукумати Венесуэла як гуруҳ маҳбусони сиёсиро озод кард
Ҳукумати Венесуэла як гуруҳ аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла чанд тан аз сиёсатмадорони мухолиф, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигоронро озод кард. Дар ин бора хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гузориш додааст.
Раҳоии ин афрод як ҳафта баъд аз амалиёти неруҳои амрикоӣ сурат мегирад, ки дар ҷараёни он раиси ҷумҳури пешини Венесуэла Николас Мадуро боздошт ва ба ИМА интиқол ёфт.
Президенти Амрико Доналд Трамп дар суҳбат бо шабакаи Fox News гуфт, озодии зиндониёни сиёсӣ бо дархости ИМА анҷом шуд. Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, Венесуэла "бо нишони наздик шудан ба сулҳ, маҳбусони сиёсиро озод мекунад".
Мақомоти Венесуэла гуфтанд, бидуни зикри шумораи мушаххас танҳо гуфтанд, "теъдоди назаррас"-и шаҳрвандони ин кишвар ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷиро озод кардаанд.
Нашрияи El Nacional бо такя ба ҳомиёни ҳуқуқ хабар дод, ки дар миёни зиндониёни озодшуда собиқ номзад ба мақоми президентии Венесуэла Энрике Маркес, як додраси пешини Додгоҳи олӣ ва хабарнигор Мигел Морено Дапена ҳастанд. Ҳамчунин панҷ шаҳрванди Испания ҳам раҳо шудаанд.
Дар Душанбе 163 касро барои фолбинӣ ҷазо додаанд
Пулиси Душанбе мегӯяд, соли гузашта дар пойтахт 163 касро барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо додаанд.
Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии Душанбе, аксари онҳое, ки ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул буданд, бо қарори додгоҳ ҷарима ё то 15 шабонарӯз ҳабс шуданд.
Аммо ба гуфтаи мақомот, нисбати 14 нафари дигар, ки такроран ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ даст заданд, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Назари ин афроде, ки ба фолбинӣ гунаҳкор шудаанд маълум нест. Пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба сокинон ҳам ҳушдор додааст, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд, дар акси ҳол аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима хоҳанд шуд. Тағйирот ба қонун дар ин бора моҳи декабр аз сӯи ҳарду палатаи порлумон қабул шуд.
Мақомоти Тоҷикистон аз аввали имсол як маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз карданд.
Созмони милал хостори қатъи хушунат алайҳи эътирозгарон дар Эрон шуд
Комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал рӯзи ҷумъаи 9-уми январ дар баёнияе аз гузоришҳо дар бораи истифода аз хушунат алайҳи эътирозгарон дар Эрон ва қатъи сартосарии интернет дар ин кишвар ибрози нигаронии амиқ кард.
Фолкер Турк гуфт, "тамоми мавридҳои маргумир бояд ба сурати фаврӣ, мустақил ва шаффоф таҳқиқ ва баррасӣ шаванд. Омилони ҳаргуна нақзи ҳуқуқи башар бояд мутобиқ ба қонунҳои байнулмилалӣ посухгӯ бошанд".
Комиссари СММ ҳамчунин қатъи сартосарии интернетро дар Эрон поймол кардани озодии баён ва ва дастрасӣ ба иттилоъ хонд.
Аз шоми панҷшанбеи 8-уми январ интернет ва роҳҳои иртибот бо Эрон ба таври сартосарӣ қатъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол Созмони афви байнулмилал ва Дидбони ҳуқуқи башар низ рӯзи ҷумъаи 9-уми январ хостори поён додан ба хушунат алайҳи норозиён шуданд.
Имрӯз чордаҳумин рӯзи эътирозҳоест, ки аз масъалаҳои иқтисодӣ: беқурбшавии пули миллӣ дар баробари доллар, гаронӣ ва бӯҳрони энержӣ сар шуда, зуд оҳанги сиёсӣ ва зиддиҳукуматӣ гирифтанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, беш аз сӣ нафар дар эътирозҳои ду ҳафтаи ахир кушта шудаанд. Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам тасдиқ кардааст, ки “бархе харобкорон” ва “бархе кормандони пулис” дар задухӯрдҳои чанд рӯзи ахир ҷон бохтаанд.
Аксари роҳбарони сохторҳои ВКД иваз шудаанд
Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 9-уми январ хабар додааст, ки аксари раҳбарони сохторҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар дигар шудаанд.
Бар асоси қарори Эмомалӣ Раҳмон, Акбар Насимзода, муовини вазири корҳои дохилӣ ба нафақа гусел шудааст ва Баҳодур Холиқзода ҷойгузини ӯ шудааст.
Тибқи ин хабар,
- роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ,
- сардорони раёсати амнияти дохилӣ,
- раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир,
- воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб,
- ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия,
- сардори бюрои миллии маркази Интерпол,
- сардорони шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бустон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе,
- сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хатти фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар хатти роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд дигар шудаанд.
Далели тағйири сартосарӣ дар ВКД шарҳ дода нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба афроде, ки тоза мансаб гирифтаанд, гуфтааст, ки бо ҷинояткорӣ ҷиддӣ мубориза кунанд ва “манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон”-ро дар ҷойи аввал гузоранд.
ВКД, бузургтарин ниҳод дар Тоҷикистон аст, ки таъмини тартибот, додани шиноснома, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти муҳофизати корхонаҳои давлатӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар кишварро бар душ дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ кормандони ВКД-ро борҳо барои шиканҷаи боздоштшудаҳо танқид кардаанд.
Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта аз эҳтимоли шиканҷа ва бадрафторӣ дар мақомоти қудратӣ 7 шикоят сабт кардааст. Ба гузориши Эътилоф, ба мисли солҳои гузашта аксари шикоятҳо аз шиканҷа ба сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ рост меояд.
ВКД шиканҷа шудани боздоштшудаҳоро аз ҷониби кормандонаш борҳо рад кардааст.
Файзи Олӣ, вакили дифои тоҷик аз зиндон озод шудааст
Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудофеи тоҷик аз зиндон раҳо шуд. Ин вакили мудофеи 75-сола моҳи ноябри соли 2024 бо гуноҳи "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандони додситонӣ" ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо ӯро пеш аз муҳлат озод кардаанд.
Файзи Олӣ чор рӯз пеш аз эълони ҳукм гуфта буд, ки танҳо дар бораи "ришвахории чанд маъмури додситонӣ" ба мақомот нома навишт, вале онҳо ба ҷойи санҷишу ҳалли масъала нисбат ба худи ӯ парванда боз карданд.
Худи Файзи Олӣ 9-уми январ дар суҳбати катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамин рӯз ба озодӣ баромад. Аммо ин вакили дифоъ ва наздиконаш шарҳ надоданд, ки Файзи Олӣ бо чӣ шарт пеш аз муҳлат озод шуд.
Яке аз наздикони ин вакили дифоъ дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, "Файзи Олӣ дар хона аст".
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.
Мутахассиси испанӣ сармураббии як дастаи футболи Тоҷикистон шуд
Жуан Кортез, мутахассиси 42-солаи испанӣ, сармураббии дастаи футболи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе таъйин гардид.
Кортез дар ин вазифа мутахассиси футболи тоҷик Тоҳирҷон Муъминовро, ки аз охири моҳи октябри соли гузашта сармураббии дастаи КМВА-ро ба зимма дошт, иваз кард. Бояд зикр намуд, КМВА соли гузашта барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи лигаи олии Тоҷикистон шудааст.
Жуан Кортез таҷрибаи корӣ дар бошгоҳҳои футболи Салвадор, Гватемала, Гондурас, Боливияро дорад. Охирин ҷойи кори ӯ бошгоҳи «Реал Томаяпо»-и Боливия буд.
Зери раҳбарии Кортез дастаи «Онсе Депортиво»-и Салвадор бори аввал ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуда, ин мутахассиси ҷавон беҳтарин мураббии лига эътироф гаштааст.
Сипас вай бошгоҳи “Алянса”-ро машқ додааст. Гарчанде Кортезро як моҳ пеш аз анҷоми мавсим аз вазифа сабукдӯш карданд, даста дар ниҳоят қаҳрамон шуд.
Ҳамчунин Кортез дар мусобиқоти қаҳрамонии Гватемала ва Гондурас фаъолият кардааст. Баъдан ӯ ба Салвадор баргашта, тими “Платенсе”-ро аз хориҷшавӣ аз лигаи бартар наҷот додааст.
Соли 2024 Кортез сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Салвадор (U-20) таъйин шуд. Ҳамзамон ӯ ёвари сармураббии тими миллии Салвадор буд. Дастаи мунтахаб ба Gold Cup-2025 роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Лигаи A-и Лигаи миллатҳои КОНКАКАФ гардид.
Дар оғози соли 2025 Кортез сармураббии бошгоҳи “Реал Томаяпо”-и Боливия шуд. Вазифаи ӯ ҳифзи мавқеи даста дар лигаи олӣ буд, ки муваффақона иҷро гардид. Бо вуҷуди ин, моҳи январи имсол мутахассиси испанӣ аз вазифааш истеъфо дод, ки ин тасмими ӯ барои расонаҳои Боливия ғайричашмдошт буд.
Бояд гуфт, ки дар оғози фаъолияти мураббигии худ Кортез ҳамчун ёвари мураббӣ дар лигаи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии Тайланд кор кардааст. Мутахассиси испанӣ боз ба қораи Осиё баргашт ва ин дафъа фаъолияташро дар мақоми сармураббии тими КМВА-и Душанбе идома медиҳад.
Эълони Сафорати Амрико: "Грин корт" мавқуф гузошта шуд
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки барномаи "Корти Сабз" ё "Грин корт" (DV) "аз ҳамин рӯз ба таваққуф гузошта шуд".
Дар эъломияи Сафорат аз рӯзи 8-уми январ омадааст, "таъини мусоҳиба барои аризадиҳандагони барнома идома хоҳад дод, лекин ягон раводид (виза) дар чаҳорчӯбаи ин барнома судур нахоҳад шуд".
Сафорат ҷузъиёти бештар аз ин надодааст.
Пеш аз ин дар моҳи декабри соли 2025 Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико фармон дод, ки додани раводид дар доираи барномаи "Корти сабз" боздошта шавад. Ин дастур пас аз он содир шуд, ки 13-уми декабр дар пайи як тирпарронӣ дар Донишгоҳи Брауни шаҳри Провиденс ду кас кушта ва 18 тани дигар маҷруҳ шуданд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, муҳоҷим тариқи барномаи "Корти сабз" аз Португалия вориди ИМА шуда буд.
Лотереяи "Гринкорт" ё "Корти сабз" соли 1990 ҷорӣ шуд ва ҳар сол аз роҳи интихоби тасодуфӣ барои 50 ҳазор нафар ҳаққи гирифтани иқомати расмӣ дар ИМА-ро фароҳам мекунад. Соли гузашта аз Тоҷикистон наздик ба се ҳазор нафар барандаи лотерея шуда буданд.
Раддияи Бонки миллӣ: мо ба касе қарзи якфоиза намедиҳем
Бонки миллии Тоҷикистон бо пахши раддия гуфтааст, хабари додани қарзҳои якфоиза ба сокинони кишвар дурӯғ аст. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълоне паҳн шуд, ки гӯё ин ниҳод ба сокинон қарзи якфоиза медиҳад.
Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, бар асоси қонун Бонки миллӣ ба шаҳрвандон қарз намедиҳад ва танҳо фаъолияти назорату танзимкунандагӣ дорад.
“Қарзҳо танҳо тавассути бонкҳо ва ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шарту меъёрҳои худи онҳо пешниҳод мегарданд",- омадааст дар хабарномаи БМТ.
Зиёд будани баҳра ё фоизи қарзҳои бонкӣ ва мушкили дастрасӣ ба онҳо ҳамеша мояи нигаронии муштариёну корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ будааст. Аз ҷумла, ба навиштаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, "фоизи ҳамаи бонкҳо миёншикан аст”.
Мақомот аз шаҳрвандон хостанд, шири хушки "NAN"-ро истифода набаранд
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостанд, ки аз истифодаи шири хоми кӯдаконаи тамғаи "NAN" худдорӣ кунанд. Ин маҳсулот аз сӯи ширкати Nestle тавлид шуда, ба гузориши расонаҳо дар таркибаш моддаи зарарнок кашф шудааст.
Оҷонсии "Тоҷикстандарт" 8-уми январ дар хабарномае гуфт, "бинобар номутобиқатии маҳсулоти мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ фурӯш ва истеъмоли партияи маҳсулоти зикршуда фавран қатъ карда шуда, аз муомилот гирифта мешавад".
Ин ниҳод аз шаҳрвандон хост, агар ин намуд шири хушкро харида бошанд, онро бозпас гардонанд.
Эълон дар бораи манъи харидории ин маҳсулот дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ширкати Nestle маҳсулоти ахири худро аз Қазоқистон, Узбекистон, Русия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ бозхонд кард. Баъзе расонаҳо аз ошкор шудани моддаи зарарнок дар таркиби “NAN” хабар доданд. Мустақилона тасдиқ кардани ин иддао феълан ғайриимкон аст.
Шири хушки навъи “NAN” аз маҳсулотҳои серистифода дар Тоҷикистон аст.
Заминларза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон
Шаби 8 ба 9-уми январ заминларза Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро такон дод.
Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон навиштааст, заминларза соати 02:14-и 9-уми январ ба қайд гирифта шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, маркази зилзила дар 61 километрии ноҳияи Мурғоб буд ва қувваи заминларза дар марказ 5,3 балл гузориш шудааст.
Сокинони шаҳри Душанбе ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ҷунбидани заминро эҳсос кардаанд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Сафари тими миллии футзали Тоҷикистон ба Индонезия
Тими миллии футзали Тоҷикистон 14-уми январ тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Дубай - Ҷакарта ба Индонезия сафар мекунад ва дар онҷо омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оғоз менамояд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби футзали кишвар дар доираи омодагиҳои худ дар Индонезия машқҳои дастаҷамъии даҳрӯза баргузор мекунад. Дар ҷараёни ҷамъомад мунтахаби Тоҷикистон се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст – се дарвозабон ва 13 бозигар. Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 14 бозигарро дарбар хоҳад гирифт.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) бозӣ хоҳад кард.
Ҳайати васеи тими миллии футзали Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Сипар», Хуҷанд), Нуриддин Ҷабборов («Соро компания», Душанбе), Фирӯз Бозмамадов («Сомон», Душанбе);
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов, Муҳаммад Раҷабов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Иқбол Воситзода (ҳарду аз «Сипар»), Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров, Некрӯз Идиев (ҳарчор аз «Истиқлол», Душанбе), Идрис Ёров, Баҳодур Хоҷаев (ҳарду аз «Ойл Стар», Узбекистон), Умед Қузиев («Амонатбанк», Душанбе).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Дар Миннеаполис чӣ гузашт? Тафсири мухталифи ҳодисаи кушта шудани зане дар ИМА
Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Миннеаполис як корманди Хадамоти муҳоҷират ва назорати гумруки ИМА (ICE) занеро аз тири туфанг ба ҳалокат расонид. Мақомоти федеролии ИМА мегӯянд, ки ин як амали худдифоӣ буд, чун ин зан талош кард корманди идораи муҳоҷиратро бо мошинаш пахш шуд. Шаҳрдори Миннеаполис инро рад мекунад.
Зани даргузашта Рене Никол Гуди 37-сола, шаҳрванди ИМА мебошад, ки фарзанди шашсола дорад. Гуд худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чун «шоир, нависанда, ҳамсар ва модар» муаррифӣ мекард.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии ҳодиса нашр шудааст ва дар он дида мешавад, ки як корманди ICE ба мошине, ки дар миёни роҳ истодааст, наздик шуда талаб мекунад, ки дарро боз кунад ва аз дастаи дар мекашад. Мошин ба ҳаракат медарояд ва баъди ин, корманди дигари ICE, ки аз пеши мошин истодааст, силоҳро берун кашида аз масофаи наздик ба сӯи мошин дастикам се тир холӣ мекунаду ба қафо мепадарад. Дар видео дида намешавад, ки оё мошин бо афсар бархӯрдааст ё на. Баъди ин мошин бо суръати калон ба ду мошини дигаре, ки дар канори роҳ қарор доштанд, бархӯрда якбора меистад.
Вазири амнияти дохилии ИМА Кристи Ноэм мегӯяд, Гуд бо мошинаш пеши роҳи кормандони ICE-ро гирифт ва нахост роҳро боз кунад. “Баъди ин ӯ хост, ки корманди ҳифзи қонунро пахш кунад”, гуфт Ноэм дар нишасти хабарӣ. Вазир инчунин гуфт, ки мошин корманди ICE-ро пахш кард. Вазир гуфт, ин ҳодисаи “терроризми дохилӣ” буд ва аз Бюрои федеролии тафтишот талаб кард, ки тафтиш барпо кунанд.
Президент Доналд Трамп ҳам ба ин ҳодиса вокуниш кард ва занро “як таблиғгари касбӣ” номид, ки “дар сари чанбари мошин беназм ҳаракат карда муқобилият нишон медод” ва баъди ин “афсари идорати ICE-ро махсус пахш кард”. Ӯ дар шабакаи иҷтимоиаш навишт: “Бино ба видеое, ки дида мешавад, ба зинда мондани он бовар кардан душвор аст, вале ӯ дар беморхона барқарор мешавад”. Вале дар наворҳои дигари видео дида мешавад, ки афсар то охири ҳодиса сарипо будааст.
Шаҳрдори Миннеаполис Ҷейкоб Фрей изҳороти мақомоти ICE-ро дар бораи он ки ходими ин идора ба нишонаи ҳимоят аз худ тир холӣ кардааст, қотеона рад кард. Ӯ гуфт, ки навори видеоии ин ҳодиса баёнгари ҳолати комилан дигар аст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Онҳо дар кӯчаҳои мо беназмӣ ҷорӣ карда, дар ин ҳолати мушаххас, инсонро куштаанд. Ба ҳамин хотир ҳам мехоҳанд ҳодисаро чун ҳимоят аз худ намоиш диҳанд. Ин корманд беандешона аз зӯр истифода кард ва дар натиҷа як нафар ҷон дод”, гуфт Фрей.
Волии аёлати Миннесота Тим Уолтс баъди ин ҳодиса гуфт, ки имрӯз мо “оқибатҳои мудириятеро мебинем, ки ба паҳн кардани тарсу ҳарос равона шудааст”.
Уолтс дар нишасти матбуотӣ гуфт, “давоми чандин ҳафта мо огоҳ карда будем, ки амалиёти хатарноки маъмурияти Трамп ба амнияти ҷамъиятии мо хатар дорад ва касе метавонад осеб бинад”. Манзури волии демократи Миннесота рейдҳои идораи ICE аст, ки мегӯяд, ҳадафаш мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ мебошад. Фаъолони норозӣ бо сиёсати Трамп зидди чунин рейдҳо эътироз мекунанд.
Ба навиштаи хабаргузории Reuters, шоми чоршанбе дар ҷои тирандозӣ дар Миннеаполис як лавҳаи хотира пайдо ва чанд ҳазор нафар ҷамъ шуданд. Ҳодисаи Миннеаполис боиси эътирозҳо дар беш аз даҳ шаҳри дигари Амрико шуд.
Аз ин пеш вазорати амнияти дохилӣ гуфт, ки дар Миннесота “амалиёти азимтарини таърихӣ” ҷараён дорад, ки дар он ду ҳазор корманди ICE иштирок мекунад. Ноэм гуфт, дар давоми ҳафтаҳои ахир мақомот 1500 касро боздошт кардаанд. Ин тадбирҳо баъди он роҳандозӣ шуд, ки ба қавли мақомот, ҳолатҳои зиёди тақаллуб бо истифода аз ёрипулиҳои иҷтимоиро ошкор карданд, ки дар он муҳоҷирони Сомалӣ даст доштаанд.
ИМА аз даҳҳо созмони байналмилалӣ берун шуд
Президенти ИМА Доналд Трамп шоми 7 январ қарореро имзо кард, ки бар асоси он кишвараш аз узвият дар 66 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла, 31 сохтори СММ хориҷ мешавад. Дар матни қарор, ки дар сомонаи Кохи Сафед нашр шуд, гуфта мешавад, ки иштироки ИМА дар ин созмонҳо бар хилофи манфиатҳои ин кишвар мебошад. Қарори мазкур дар паи машваратҳо бо котиби давлатӣ ва аъзои ҳукумат бар асоси қарори моҳи феврали соли 2025 қабул шудааст. Маълум нест оё аъзои Конгресс ба ин қарор чӣ вокунише хоҳанд кард.
Дар миёни созмонҳое, ки ИМА бар асоси қарори Трамп аз онҳо хориҷ мешавад, ташкилоте ҳастанд, ки бо тағйироти иқлим мубориза мебаранд ва арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро ҳимоят мекунанд. Яке аз онҳо Комиссиюни Венетсиягии Шӯрои Аврупо мебошад, ки таҳқиқи қонунгузорӣ дар бахши волоияти қонун, адолати конститутсионӣ ва қонунмандӣ дар бахши ҳуқуқи башарро мавриди санҷиш қарор медиҳад. Масалан, кишвари номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо, мисли Украина бар пояи санҷишҳои ҳамин комиссиюн амал мекунанд.
Инчунин ИМА аз эъломияи СММ оид ба тағйироти иқлим ҳам берун мешавад, дар ҳоле, ки ин созишномаи калидии байналмилалӣ дар ин соҳа дониста мешавад. ИМА аввалин кишваре мебошад, ки гуфт, аз ин эъломия хориҷ мешавад.
Дар миёни дигар сохторҳои СММ, ки ИМА ҳузурашро дар он қатъ мекунад, ин идораҳои мубориза бо табъйизи занон, Бунёди нуфусшумории СММ, Бунёди демократия, Эътилофи тамаддунҳо ва дигар сохторҳои СММ мебошанд.
Маъмурияти Трамп ба ин бовар аст, ки бисёр сохторҳои зери назари СММ афкори ҷаҳонгароёна ва чапгароро пеш мебаранд ва ин чиз хилоф бо мавзеъгирии сиёсии маъмурияти амалкунандаи ИМА мебошад. Пеш аз ин Трамп маблағгузории бисёр бахшҳои СММ-ро қатъ ва худи созмонро интиқод карда буд. Дар СММ ҳанӯз ба ин қарори Кохи Сафед ҳеҷ вокунише накардаанд.
Трамп барои назорат бар Гренландия роҳҳои гуногунро пешбинӣ мекунад
Президенти ИМА Доналд Трамп гузинаҳои гуногунро барои назорат бар ҷазираи Гренландия баррасӣ дорад, ки яке аз онҳо истифода аз нерӯ аст. Дар ин бора телевизиони CNN аз қавли сухангӯи Кохи Сафед гузориш додааст.
Ба гуфтаи Кэролайн Левитт, Трамп возеҳ гуфтааст, ки назорат бар Гренландия "барои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида ва барои боздоштани рақибони мо дар минтақаи Арктика муҳим аст".
Дар ҳамин ҳол нашрияи The Wall Street Journal навиштааст, Котиби давлатӣ Марко Рубио дар нишасти пӯшида барои аъзои Конгресс гуфтааст, ҳушдорҳо дар бораи Гренландия маънои ҳамлаи ногузирро надоранд ва ҳадафи маъмурияти Трамп харидани ҷазира аз Дания аст. Манобеи ин расона гуфтаанд, ки дар пасманзари танқидҳои ахир Рубио талош кард, ки қонунгузоронро ором кунад.
Рӯзи 4-уми январ Доналд Трамп бори дигар эълон кард, ки Гренландия барои ИМА "муҳим" аст. Трамп аз он норозигӣ кард, ки атрофи ҷазираро "киштиҳои Русия ва Чин иҳота кардаанд.
"Барои мо Гренландия муҳим аст, Дания наметавонад аз уҳдаи ин кор барояд,"- гуфтааст Трамп.
Изҳороти раиси ҷумҳури Амрико дар бораи Гренландия вокуниши тунди Аврупоро ба дунбол дошт. Нахуствазири Дания Йенс-Фредерик Нилсен изҳор дошт, ки ҷазира солҳо мутаҳҳиди наздики ИМА буд ва интиқоди ахири Вашингтон ғайриқобили қабул аст. Нилсен ҳамчунин гуфт, ҳарфҳои Трамп дар бораи Гренландияро бояд ҷиддӣ гирифт.
Чанд тан аз роҳбарони Аврупо ҳушдор додаанд, ки ҳамлаи эҳтимолии ИМА ба Гренландия, ки ба ҳайати Дания шомил аст, мухолифи асосномаи НАТО аст ва метавонад ба поёни кори ин паймон сабаб шавад.
Гренландия, бузургтарин ҷазира дар дунё дар шимолу шарқи қораи Амрико ҷойгир аст ва он аз ҷониби Дания, як кишвари аврупоӣ идора мешавад.