Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукми гумонбарон дар қатли чор узви як хонаводаро эълон кард. ВИДЕО


Маҳкумшудагон ҳангоми эълони ҳукми додгоҳ. Акс аз "Азия-Плюс".

Додгоҳи вилояти Хатлон ду нафареро, ки дар қатли чор узви як оила дар ноҳияи Ҷайҳун айбдор мешуданд, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Хабаргузории “Азия-Плюс” навиштааст, ки ҳукм рӯзи 4-уми август содир шуд.

Рӯзи 12-уми июни соли гузашта Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки шахсони ношинос ба хонаи Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола даромада, қасди куштори 6 нафар аъзои оиларо карданд. Онҳо бо табар ба чор фарзанд, худи Аҳлиддин Маҳмадову ҳамсараш дарафтоданд ва баъди ҳамла хонаро оташ зада, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд. Ҳамсар ва як писари Маҳмадов зинда монданд, вале худи ӯ бо се фарзандаш аз зарби табар ҳалок шуданд.

Додгоҳ Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев, ду сокини Ҷайҳунро дар ҳамла ва қатли чор нафар гунаҳкор дониста, нисбаташон ҳукми абад содир кард. Гумонбари сеюм, Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов, ки ба гуфтаи мақомот, дар ин ҷиноят шарики шавҳараш буд, барои 28 сол равонаи зиндон шуд.

Адолат Шерматова, қабл аз боздошташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки шавҳараш он шаб дар хона буд ва онҳо ҳеҷ нақше дар ин ҷиноят надоранд. Ӯ мегуфт, ки зери фишор қарор дорад, то дар қатли чор узви як хонавода худро гунаҳкор донад.

Видеоро аз бойгонии Радиои Озодӣ инҷо тамошо кунед:

Шикояти наздикони гумонбарон ба куштори чаҳор кас дар Ҷайҳун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:23 0:00

Ба гуфтаи хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар ин мурофиа ширкат доштааст, ин се нафар худро бегуноҳ донистаанд ва гуфтаанд, ки зери шиканҷа ба ҳодисаи куштори пурсарусадо эътироф кардаанд.

Наздикони онҳо гуфтаанд, ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Ҳодисаи ҳамла ба хонаводаи Маҳмадовҳо дар тобистони соли гузашта овозаҳои гуногунро ба бор овард. Пас аз ду моҳи ҳодиса мақомот эълон карданд, ки гумонбаронро боздошт кардаанд. Ба иттилои расмӣ, Аҳлиддин Маҳмадов, ки кишоварзӣ мекард, гуё бо ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов робитаҳои ошиқона доштааст. Ангезаи ҳамларо мақомот “қасос бар пояи рашк” номиданд. Ҳамсари Маҳмадов, ки чанд моҳ дар ҳолати беҳӯшӣ буд, пас аз ба ҳуш омадан, ба гуфтаи мақомот, яке аз маҳкумшудагонро шинохтааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG