Дар чанд ҷумла
Мария шаҳрванди Тоҷикистон шуд. Даъвои волидони наву кӯҳна давом дорад
Кӯдаки тоҷике, ки баъд аз панҷ сол дар Русия ба волидонаш баргардонида шуд, соҳиби шаҳрвандии Тоҷикистон шуд. Як манбаи огоҳ аз қазия ва наздик ба мақомоти тоҷик дар вилояти Иркутски Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, бо Марияи хурдсол ҳамчунин равоншиносон сӯҳбат доштанд. Вай гуфтааст, бо модараш ба Тоҷикистон меравад.
Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, кӯдак ҳоло ҳамроҳ бо модари тоҷики худ аст ва бо ӯ унс гирифтааст. Марияи панҷсоларо ҳанӯз баъд аз таваллуд бидуни иҷозаи модари биологияш мақомот дар Иркутск ба як оилаи бурятӣ ба фарзандохонӣ дода буданд. Баъд аз чандин сол додгоҳ даъвои волидони тоҷики ӯро қонеъ кард ва кӯдак ба онҳо баргардонида шуд, аммо қазия ҳамоно ниҳоӣ нашудааст.
Хонаводае, ки Марияро ба воя расонд, талош дорад кӯдакро пас бигиранд. Онҳо ба мақомоти болоӣ шикоят бурдаанд. Дар мурофиаи навбатии додгоҳи, ки рӯзи 17-уми август баргузор мешавад, додгоҳ тасмим хоҳад грифт, ки кӯдак ба Тоҷикистон бурда мешавад ё на.
Қарор буд, Мария бо волидонаш охири моҳи июл ба Душанбе биравад, аммо мақомоти Русия ба онҳо иҷозаи берун шудан надоданд. Бархе аз расонаҳои Русия мегӯянд, Кумитаи тафтишотӣ барои бе иҷоза ба фарзандхонӣ додани духтари 5-солаи муҳоҷирони тоҷик нисбати мақомоти парастори Иркутск парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Теъдоди бузи морхӯр дар Тоҷикистон ба 7 ҳазор расидааст
Кумитаи ҳифзи муҳити зист гуфтааст, саршумори бузи морхӯр ё пармашох, гаронтарини бузи кӯҳӣ дар Тоҷикистон ба 7 ҳазор расид.
Ин ниҳод рӯзи 4-уми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, дар солҳои 1990 ҳамагӣ наздик ба 500 сар морхӯр ҳисоб шуда буд.
Нархи шикори як сар чунин буз дар Тоҷикистон зиёда аз 400 ҳазор сомонист.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист талошҳоро барои пешгирӣ аз шикори ғайриқонунӣ як далели афзоиши саршумори ҷонвари нодир донистааст.
Бузи морхӯр ё пармашох дар Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) ва ҳудуди ноҳияи Дарвози Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.
Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон иҷозаи шикори 20 сари онро дода буд.
Маъмулан иҷозатномаро барои шикори Морхӯр хориҷиён мехаранд.
Таҳрими Амрико ба зидди як зодаи дигари Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида ба зидди Алишер Домуллоҷонов, зодаи шаҳри Душанбе, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро доштааст, таҳрим ҷорӣ кард.
Департаменти давлатии Амрико рӯзи 4-уми ноябр ӯро ба мусоидат дар талошҳо барои хариди маҷмааи сайёри мушакии зиддиҳавоӣ барои Эрон муттаҳам донист.
Дар рӯйхати таҳримҳо нишонии Алишер Домуллоҷонов вилояти Маскави Русия оварда шудааст.
Ҳамзамон Муҳаммад Алӣ Толибов, роҳбари ширкати Armory Alliance, ки дар Беларус сабти ном шудааст ва ширкати Vanguard Tactical Supply Limited аз Нигерия низ таҳти таҳрим қарор гирифтанд.
Ба навиштаи Департаменти давлатӣ, Armory Alliance ҳамчун миёнарав байни ширкатҳои чинӣ ва Эрон кор мекард ва дар талошҳои ташкили хариди садҳо маҷмааи сайёри мушакии зиддиҳавоӣ иштирок дошт.
Vanguard Tactical Supply, тавре ки ин ниҳод изҳор кардааст, барои ташкили интиқоли маҷмааҳои чинӣ ба Эрон мусоидат мекард.
Департаменти давлатии Амрико изҳор доштааст, ки таҳримҳои нав барои пешгирӣ аз шабакаҳое равона шудаанд, ки Теҳрон ба воситаи онҳо кӯшиш мекунад захираи низомии худро барқарор намояд.
Аз ин пеш, Сӯҳроб Оймаҳмадов, шаҳрванди Тоҷикистон ва раиси ширкати “Zedx DMCC” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, барои фаъолият ба нафъи шабакаи молии миллиардери эронӣ, Бобаки Занҷонӣ, ба рӯйхати таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ворид шуда буд.
Мақомоти амрикоӣ ин ширкатро узви шабакаи молие номбар карданд, ки зери раҳбарии Занҷонӣ бо давр задани таҳримҳо ва интиқоли пул ба ниҳодҳои вобаста аз Эрон, аз ҷумла Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, муттаҳам аст.
"Баҳси оилавӣ." Барканории Парвиз Шодмонзода, раиси "Тоҷик Эйр"
Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр", аз мақоми худ ронда шудааст.
Фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора рӯзи 4-уми ноябр содир шуд, аммо дар он сабаби барканорӣ ошкор нест.
Як манбаи огоҳ дар ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи панҷуми ноябр бо шарти фош нашудани номаш далели барканории Парвиз Шодмонзодаро “ҷанҷоли оилавӣ” донист.
Ӯ дар соли 2022 ба ин вазифа таъйин шуда буд.
Ин иттифоқ дар ҳоле рӯй додааст, ки чанде пеш дар як навори савтӣ ё садоӣ зане худро ҳамсари Парвиз Шодмонзода муаррифӣ карда, аз раисҷумҳури Тоҷикистон додхоҳӣ намуда буд.
Вай иддао дошт, ки “муносибати шавҳарам бо ман хуб нест, доимо ҷангу ҷанҷол мекунад...”
Дертар навори дигаре пайдо шуд, ки ин зан мегуфт, ҳарфҳояшро дар ҳолати нохуби рӯҳӣ гуфтааст ва ӯ бо шавҳараш ягон мушкил надорад. Навори дувум бо тегҳо ё ишораи саҳифаҳои мақомоти интизомии Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шудааст.
Парвиз Шодмонзода ин наворҳоро шарҳ надодааст. Дар навори дувум дида мешавад, ки зан аз рӯйи коғаз матни омодаро мехонад.
Навор дар Инстаграм:
“Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон аст, ки чанд раҳбари собиқаш ба фасоди молӣ муттаҳам шуда буданд.
Радиои Озодӣ дар як таҳқиқот дар соли 2021 муайян кард, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи молиёт (андоз), бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.
Раисони 11 шаҳру ноҳияро дар Тоҷикистон дигар кардаанд
Раисони ёздаҳ шаҳру ноҳияро дар вилоятҳои Бадахшону Хатлон ва минтақаи Рашт дигар кардаанд.
Ин тағйирот рӯзи 4-уми ноябр бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Дафтари матбуоти президент дар як паёми бидуни тафсилот навишт, ки дар ин рӯз раҳбарони шаҳри Хоруғу ноҳияҳои Дарвоз, Ҳамадонӣ, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Муъминобод, Дӯстӣ ва Сангвор нав шуданд.
Кӣ таъйин шуд:
- Тоҷиддин Нурмаҳмадзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор;
- Муслиҳиддин Маҳмудзода – раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;
- Даврон Нишонзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён;
- Дилшоди Давлаталӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор;
- Зафар Гулзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
- Дилшод Ризозода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод;
- Қурбоналӣ Юсуфзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён;
- Шералӣ Собирзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дӯстӣ;
- Қурбон Вализода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш;
- Ҳабибулло Амирбекзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз;
- Амид Комилбек – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғ.
Тибқи ин тағйирот, Ризо Назарзода, ки то ин дам раиси шаҳри Хоруғ буд, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гаштааст. Ӯ дар гузашта дар мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонону варзиш низ кор кардааст. Мӯсо Мирзозода муовини аввал ва Диловаршо Насулобекзода ва Некрӯз Нуриддинзода муовинони дигари раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шудаанд.
Мақомот сабаби дигаргунии кадриро дар ҳукуматҳои 11 шаҳру ноҳия шарҳ надодаанд.
Вале дафтари матбуоти президент рӯзи чоршанбе аз қавли раисҷумҳур навишт, ки “барои кадрҳои навтаъйин вазифаи аз ҳама муҳим бо фарҳанги баланди муошират кор кардан бо мардум аст.”
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора аз таъйини, ба гуфтааш, “кадрҳои ҷавону болаёқат” ситоиш мекунад. Баъзе аз намояндагони мухолифини ҳукумат дар хориҷа мегӯянд, ин таъйинот бештар на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бар асоси хидмату вафодорӣ ба режим сурат мегирад.
Даргирии баъзе сокинон бо пулису сарбозон дар канораи Киев
Гурӯҳе аз сокинон дар канораи шаҳри Киев бо пулис ва сарбозони Горди миллии Украина даргир шудаанд.
Ин ҳодиса рӯзи 2-юми ноябр ва пас аз он сар зад, ки сокинон ба сарусадо дар бораи дар як таҳхона нигоҳ доштани чанд мард, аз ҷумла бархе аъзои Горди миллӣ, вокуниш нишон доданд.
Норозиён талаб карданд, ки онҳоро ба дохили хона роҳ диҳанд ва фарёд мезаданд, ки “мардумро шиканҷа мекунанд”.
Бархе ба болои мошини пулис баромада, чароғҳояшро шикастанд ва талош карданд, ки онро чаппа кунанд.
Пулиси зиддиошӯби Украина дар посух гази ашковар пошид.
Кирило Буданов, мушовири аршади президенти Украина, ки пештар раҳбарии ниҳоди истихбороти низомии Украинаро бар уҳда дошт, аз эҳтимоли як тавтеаи густурдатаре сухан гуфт, вале ҷузъиёти онро ошкор накард.
"Ман дақиқ намедонам, ки ангеза чӣ буд. Аммо суол ин аст, ки кӣ барои ин пул медиҳад ва чаро. Ё шояд ангеза чизи комилан дигаре буд, чизе, ки бар зидди манфиатҳои давлат равона шудааст," - -афзуд ӯ.
Горди миллии Украина эълон кард, ки тафтишоти дохилиро шуруъ кардааст.
Таҳдиди ихроҷ аз Олмон боз ба як мухолифи дигар
Баъзе аз намояндагони мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо мегӯянд, талош доранд, ки аз эҳтимоли ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, яке аз фаъолони ҷомеаи помириҳо, ба Душанбе пешгирӣ кунанд. Ӯ рӯзи 19-уми октябр дастгир шуда, дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳе дар шаҳри Ҳофи Бавария будааст.
Фарҳод Одинаев, яке аз намояндагони мухолифин, рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар фурсати наздиктарин бо вакили мудофеъ (адвокат) ба назди ӯ меравем, то аз ихроҷаш пешгирӣ кунем."
Вай афзуд, Саидтаиб дар чанд ҳамоиши эътирозии зидди ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо иштирок карда, ҳоло дар боздоштгоҳе нигоҳдорӣ мешавад, ки ба ӯ эҳтимоли ронда шудан аз қаламрави Олмон таҳдид мекунад.
Манзури Одинаев маркази ихроҷи Вазорати муҳоҷирати Олмон дар шаҳри Ҳоф аст. Ҷое, ки мақомоти Олмон соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд. Ӯ дар Тоҷикистон даҳ ҳол аз озодӣ маҳрум шуд.
"Агар Саидтаиб Саидмамудов ба Тоҷикистон фиристода шавад, маълум аст, ки зери шиканҷа қарор хоҳад гирифт," – мегӯяд Фарҳод Одинаев.
Ду фаъоли ҷомеаи помириҳо дар Олмон, ки ба далели амниятӣ (зери хатар нагузоштани пайвандон дар Тоҷикистон) нахостанд номашон фош шавад, гуфтанд, Саидтаиб аввал дар Русия буд ва сипас ба Олмон кӯчид.
"Ду дафъа барои дарёфти ҳаққи иқомат дар Олмон муроҷиат карда, аммо пас аз гирифтани посухи рад ба Фаронса рафт. Аз онҷо дубора ба маҳалли зисти аввалааш, яъне Олмон, фиристоданд. Акнун дастгир шуд," – гуфтанд мусоҳибони мо. Бино ба созишномаи Дублин, ҳар паноҳҷӯ бояд то замони дарёфти санад дар кишваре, ки бори аввал тавассути он ба хоки Аврупо ворид шуд, бояд бимонад.
Қаблан баъзе аз намояндагони мухолифини тоҷик ба далели вайрон кардани ин созишнома аз кишварҳои аврупоӣ ронда шудаанд. Фарҳод Одинаев мегӯяд, ҳоло талош доранд, ки ҳадди ақал Саидтаиб Саидмамудов аз Олмон ба кишваре ронда шавад, ки дар онҷо таҳти таъқибу боздошт қарор нагирад.
Мақомоти Олмон мегӯянд, то охири моҳи августи соли 2026 дар ин кишвари аврупоӣ тақрибан 13 ҳазор тоҷикистонӣ ҳузур дошта, зиёда аз ҳазор нафари онҳо бо ихроҷ рӯбарӯянд.
Бо вуҷуди танқиди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), мақомоти Олмон дар солҳои охир чанд фаъоли мухолифинро ба Тоҷикистон рондаанд.
Қазияи Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, яке аз мавридҳои охир аст. Вай моҳи июни имсол аз Олмон ронда ва дар Тоҷикистон боздошту ба 17 сол зиндон маҳкум гардид. Худаш қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳарчанд ба далели мушкил дар санадҳояш дастгир шудааст, аз он ки дар Тоҷикистон барои фаъолиятҳои сиёсияш ҳабсу шиканҷа хоҳад шуд, нигарон аст.
Баҳонаҳои аз Русия рондани муҳоҷирон ду баробар зиёд шуд
Аз 3-юми ноябр дар Русия баҳонаҳои аз ин кишвар берун кардани шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷирон ду баробар бештар шуд.
Акнун муҳоҷиронро метавонанд барои итоат накардан ба талаби полису марзбон, нашри маводи таҳқиркунандаи шахс дар интернет, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, таҳқири артиш, даъват ба ҷорӣ кардани таҳрими зидди Русия, табъиз ва маҳдуд кардани озодии инсон низ метавонанд ҷарима баста, аз Русия ихроҷ кунанд.
Қарор дар бораи афзоиши баҳонаҳои депорти хориҷиҳо дар доираи такмили сиёсати муҳоҷирати Русия сурат гирифта, моддаҳои ҷазодиҳандаро дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 22 то 45 афзудаанд.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ ё порлумони Русия чанд рӯз пеш аз эътибор пайдо кардани ин тағйирот гуфт, қонунҳои нав ба беҳбуди амнияти иҷтимоӣ ва танзими муҳоҷират мусоидат мекунад.
Думаи давлатӣ дар ду-се соли охир даҳҳо қонуну муқаррароти зидди муҳоҷиронро қабул кард. Ангезаи расмии он – ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар баҳори соли 2024 буд, ки иҷрокунандагони онро асосан шаҳрвандони Тоҷикистон номиданд. Баъзе аз онҳо ва наздиконашон иттиҳомро напазируфтанд.
Ҳамзамон чунин андешае ҳам вуҷуд дорад, ки мавзӯи муҳоҷирон дар Русия, ки инак беш аз панҷ сол аст даргири ҷанги бедурнамое бо Украина шудаву харҷи зиндагӣ барои аҳолии маҳаллиаш сангинтар мешавад, мехоҳад бо мавзӯи муҳоҷират таваҷҷӯҳро аз ҷанг дур барад.
Қарору маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирон бо ин тамом намешаванд ва аз 1-уми январи соли 2027 баъзе аз қонунҳои нав, масалан, пардохти ҳатмии молиёт (андоз) барои ҳамсар ва фарзандони муҳоҷирон ҳам ба иҷро медарояд.
Трамп аз зарба ба Эрон гуфт, аммо музокиротро ҳам муҳим шумурд
Раисҷумҳури Амрико гуфтааст, шояд Вашингтон ночор шавад ба Эрон зарбаи сахте бизанад, аммо дар ҳоли ҳозир талош дорад бо гуфтушуниди дипломатӣ ба танишҳо поён диҳад.
Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии интихоботӣ дар аёлати Айова рӯзи 1-уми ноябр гуфтааст, то кунун ба далели талош барои наҷоти ҷони мардум, аз задани зарбаи ниҳоӣ ба Эрон худдорӣ кардааст. Дар сурати зарурат, афзудааст ӯ, иқдоми низомии сангин анҷом хоҳад дод.
Вай иддао кардааст, ки тавоноии низомӣ ва барномаи ҳастаии Эрон ба шиддат суст шудаанд ва ин рӯёрӯӣ ба зудӣ поён хоҳад ёфт.
Трамп ҳамчунин гуфтааст, талош мекунад шахсеро дар сохтори раҳбарии Эрон барои музокира пайдо кунад.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти эронӣ рӯзи 2-юми ноябр, пас аз гуфтугӯ бо миёнравоне, ки барои поён додани ҷанг бо Иёлоти Муттаҳида талош доранд, Қатарро тарк кардаанд.
Аз сӯи дигар, шабакаи 12-и Исроил гузориш додааст, ки Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, аз Трамп хостааст ҷангро алайҳи Эрон пас аз интихоботи миёндавраии Амрико аз сар бигирад; аммо раисҷумҳури Амрико хоҳони фурсати бештар барои идомаи музокироти дипломатӣ аст.
Зодаи Узбекистон ба қаллобӣ дар Амрико гумонзад шуд
Дар Амрико як зодаи Узбекистонро бо як ҳамроҳаш ба ташкили дорухонаи дурӯғин гумонбар кардаанд.
Ба иттилои пулиси ноҳияи Нассо дар Ню-Йорк, ин афрод барои доруҳое, ки ҳеч гоҳ ба беморон дода нашудаанд, 8 миллион доллар пул гирифтаанд. Аз ҷумла, доруҳои зидди саратон ва бемории норасоии масунияти бадан ё ВИЧ.
Мақомоти Иёлоти Муттаҳида аз гумонбарон Баҳодир Миродимов аз Узбекистон ва Абдилаким Бердиқулов ном бурдаанд.
Шабакаи ABC7 бо такя ба пулис Бердиқуловро зодаи Курдистон номид, аммо аз рӯи ному насабаш шояд зодаи Қирғизистон бошад. Ин ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
Патрик Райдер, сардори пулиси ноҳияи Нассо, гуфт, “онҳо аввал маълумоти шахсии як табибро дуздиданд, сипас маълумоти беморонро. Бо номи беморон дорухат менавиштанд. Барои сабти ширкатҳо гумонбарон аз шаҳодатномаҳои ронандагии Ню-Йорк истифода кардаанд. Ба гумони мо, чунин дорухонаҳо даҳҳо адад аст. Онҳо тавассути ин дорухонаҳо пули калон гирифтаанд. Дар ниҳоят, хароҷот ба дӯши мо меафтад."
Ба иттилои ABC7, Миродимов танҳо дар як моҳ тақрибан се миллион доллар ва Бердиқулов панҷ миллион доллар ба даст овардаанд.
Ин расона хабар медиҳад, ки ҳардуи онҳо мард пеш аз поёни тафтишот Амрикоро тарк кардаанд.
Муфаттишон ҳамчунин месанҷанд, ки оё ин ду мард бо ҳам пайванд доштанд ва якҷо амал мекарданд ё не. Пулис гумон дорад, ки шумораи дорухонаҳои сохта ё дурӯғин метавонад хеле бештар бошад.
Душанбе беш аз 32 млн. рубли муҳоҷиронро аз корфармоён ситондааст
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар даҳ моҳи имсол зиёда аз 32 миллион рубл ё беш аз 405 ҳазор доллар музди пардохтнашудаи муҳоҷиронро дар Русия аз корфармоён ситондаанд.
Дар ин бора рӯзи 2-юми ноябр намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия хабар дод.
Ин ниҳод гуфтааст, чунин имкон дар пайи гуфтушунидҳо бо корхонаву муассисаҳои Русия имконпазир гашт.
Илова ба ин, навиштааст манбаъ, дар давоми соли ҷорӣ бо ёрии онҳо беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин шуданд.
Из гузориш дар ҳоле нашр шудааст, ки қабулу ислоҳи зиёда аз 30 қонуну қоида дар Русия дар ду соли охир кору зиндагии муҳоҷиронро дар ин кишвар ба ҳадди охир мушкил гардондааст.
Ҳамчунин фишор ба муҳоҷирон барои рафтан ба артиши Русия ва ҷанг алайҳи Украина боис ба фирори баъзе аз онҳо гаштааст.
Ҳазорон нафар ихроҷ ё аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда шуданд.
То чанд сол пеш шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия зиёда аз як миллион нафар гуфта мешуд.
Вазорати кору муҳоҷират гуфтааст, дар соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор кас бо мақсади кор ба хориҷа, асосан ба Русия, рафтаанд.
"Шикорчиёни озодии баён". Номи раҳбарони 33 давлат дар як рӯйхат
Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF), созмони байнулмилалии ҳомии озодии баён, номи раҳбарони 33 кишварро ба рӯйхати, ба гуфтааш, "Шикорчиёни озодии баён" ворид кардааст. Ин феҳрист 2-юми ноябр нашр шуд.
Дар он аз кишварҳои собиқи шӯравӣ исми раҳбарони Русия (Владимир Путин), Озарбойҷон (Илҳом Алиев), Беларус (Александр Лукашенко) ва Қазоқистон (Қосимҷомарт Тоқаев) ворид оварда шудааст.
Силоҳҳои онҳо гуногун аст, вале ҳадафашон як чиз – хомӯш кардани садои мустақил ва нақзи ҳуқуқ ба иттилоот...
Гузориш мегӯяд, Путин, Алиев ва Лукашенко, ҳамчунин Даниэл Ортега аз Никарагуа ва Ҳайбатулло Охундзода аз Афғонистон ба гурӯҳи раҳбароне шомил ҳастанд, ки пеши роҳи нашри хабарро дар кишварашон мегиранд.
Имсол ба ин гузориш ва ҳамин гурӯҳи раҳбарон номи президенти Амрико Доналд Трамп ва сарватманди амрикоӣ Илон Маск ҳам ворид шудааст. То ин лаҳзаҳо вокуниши онҳо ба рӯйхат маълум нест.
Номи Қосимҷомарт Тоқаев ҳамроҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз Туркия дар гурӯҳи раҳбароне ворид шудааст, ки бо роҳҳои ҳуқуқӣ хабарнигоронро азияту озор медиҳанд.
Дар гурӯҳи раҳбароне, ки хабарнигоронро "мекушанд, зиндонӣ ва ҳамла мекунанд", номи Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин, валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ва президенти Миср Абдуфаттоҳ Ас-Сисӣ ва дигарон оварда шудаанд.
Муаллифон мегӯянд, феҳристи мазкурро 2-юми ноябр, дар Рӯзи байнулмилалии хатми беҷазоӣ барои ҷиноят алайҳи рӯзноманигорон, нашр карданд.
"Ҳамаи ин афродро дар феҳристи "Шикорчиёни озодии баён" як чиз ба ҳам меорад: бадбинӣ ба озодии баён. Силоҳҳои онҳо гуногун аст, вале ҳадафашон як чиз – хомӯш кардани садои мустақил ва нақзи ҳуқуқ ба иттилоот,” -- навиштаанд муаллифон.
Ёрии башардӯстона ба Олешки; баъзе аз сокинонро мекӯчонанд
Як ҳайат аз Украина дар доираи оташбаси муваққатӣ рӯзи 30-юми октябр ба шаҳри Олешкии вилояти Херсон рафтааст.
Ин шаҳр аз соли 2022 зери ишғоли нерӯҳои Русия қарор дорад.
Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия хабар дод, ки сокинони хоҳишманди тарки шаҳр бо мусофирбарҳо кӯчонида мешаванд.
Ба Олешки ҳамчунин корвони ёриҳои башардӯстона, ки аз хӯрок, дору, оби ошомиданӣ, васоили беҳдоштӣ ва сӯзишворӣ барои генераторҳо иборат аст, фиристода шудааст.
Амалиёти башардӯстона дар доираи оташбасе ҷараён дорад, ки аз 27-уми октябр то 1-уми ноябр амал мекунад.
Ба гуфтаи иштирокдорони ин маъмурият, то субҳи ҷумъа ягон мавриди нақз ё поймоли оташбас сабт нашудааст.
Ба арзёбии мақомоти Украина, дар Олешки тақрибан ду ҳазор нафар боқӣ мондаанд. Онҳо дар чанд моҳи охир дар шароити буҳрони ниҳоят шадиди башарӣ ва дар остонаи гуруснагӣ зиндагӣ мекарданд.
Бессент фишорҳои Амрикоро ба Эрон муассир донист
Вазири молияи Амрико гуфтааст, фишорҳои иқтисодии Вашингтон ба Эрон дастрасии ин кишварро ба доллар маҳдуд карда, боис ба коҳиши ҳимояти молии Теҳрон аз гурӯҳҳое чун ҳусиҳои Яман* ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон** гаштааст.
Скотт Бессент дар мусоҳиба бо шабакаи СNBC ҳушдор додааст, ки идомаи ин фишорҳо мумкин аст дар як сол иқтисоди Эронро то 25 дарсад суст кунад.
Маъмурияти президент Доналд Трамп бо ҷорӣ кардани таҳримҳои бонкӣ, маҳдудият бар даромадҳои нафтӣ ва муҳосираи баҳрӣ фишорҳоро бар Эрон бештар кардааст.
Мақомоти Эрон баръакс таъсири ин чораҳоро рад карда, мегӯянд, барои воридоти мол аз берун пули кофӣ доранд.
Бо ин ҳол, гузоришҳо баёнгари коҳиши дастрасии Эрон ба арзи хориҷӣ ва коҳиши воридот ҳастанд.
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, низ пештар гуфта буд, ки фишорҳои иқтисодӣ ҳаҷми тиҷорати ин кишварро ҳудуди 35 дарсад кам кардааст.
*Шӯришиёни ҳусӣ, ки пайрави мазҳаби шиа ҳастанд, Санъо, пойтахти Яман ва чанд шаҳри муҳими ин кишварро дар даст доранд. Эрон пуштибони онҳост. Арабистони Саудӣ аз ҳукумати Яман, ки бо ҳусиҳо меҷангад, ҳимоят мекунад.
**"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.
“Моро куштанд.” “Новая Газета” фаъолияташро бас мекунад
Рӯзномаи маъруфи “Новая Газета” дар Русия эълон кард, ки корашро рӯзи 9-уми ноябри имсол бас мекунад.
“Дар тақрибан панҷ соли ҷанг дар ҳоле ба кор идома додем, ки нерӯҳои амниятӣ моро пурра дар муҳосира гирифта буданд. Акнун ҳама чиз ба охир расид... Онҳо моро нобуд карданд,” – навиштаанд муҳаррирони нашрия рӯзи 30-юми октябр дар шабакаи Телеграм.
Ин нашрия пас аз ҳамлаи густaрдаи Русия ба Украина дар соли 2022 ва дар пайи чанд ҳушдори ниҳоди давлатии нозир барои идомаи фаъолият мубориза мебурд. “Мо ба мисли ҳамаи рӯзноманигорони дигар аз имкони гузориш додан дар бораи муҳимтарин ва фоҷиабортарин рӯйдодҳои замони худ маҳрум шудем," – навиштаанд масъулони “Новая Газета”.
Баъзе аз кормандони “Новая Газета” соли 2024 бахши аврупоии онро таъсис доданд, ки дар Порис (Париж) ҷойгир буда, аз пуштибонии созмони Гузоришгарони Бидуни Марз баҳраманд аст.
Мақомоти Русия ба саркӯби рӯзафзуни расонаҳои мустақил, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва дигарон муттаҳам мешаванд. Барои ин аз қонуни ба истилоҳ “агентҳои хориҷӣ” истифода мекунанд.
“Новая Газета” дар аввали солҳои 1990-ум таъсис ёфта, бахше аз маблағгузории онро раҳбари Шӯравии собиқ Михаил Горбачёв таъмин мекард. Рӯзнома ба ҷойи пайравӣ аз нашрияҳои суннатӣ ва ҳангомаҷӯ, гузоришҳои ҷиддиву муфассал ва таҳқиқотӣ нашр мекард.
Анна Политковская, ки дар бораи ҷанги Чеченистон ва ҳукумати саркӯбгари он мақола менавишт, яке аз хабарнигорони номдори рӯзнома буд. Вай моҳи октябри соли 2006 дар назди хонааш дар Маскав бо зарби тир кушта шуд.
Хабарнигори дигари рӯзнома, Юрий Шекочихин, ки фасод дар артиш ва таркишҳои мармузи биноҳои истиқоматиро дар Маскав дар соли 1999 таҳқиқ мекард, моҳи июли соли 2003, чанд рӯз пеш аз сафари барномарезишудааш ба Амрико, ногаҳон даргузашт. Ҳамкорон ва афроди дигар гуфтаанд, ки эҳтимол ӯро заҳролуд карда буданд.
Игор Домников, Стас Маркелов, Анастасия Бабурова ва Наталя Эстемирова аз ҷумлаи хабарнигорон ва ҳамкорони дигари рӯзнома буданд, ки “барои иҷрои вазифаи касбӣ ва шаҳрвандии худ” кушта шуданд.
Дмитрий Муратов, сардабири рӯзнома, барои талошҳояш ҷиҳати идомаи нашри он дар шароити саркӯбгари расонаӣ дар дохили Русия, соли 2021 барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Ба гуфтаи Кумитаи Нобели Норвегия, ӯ бо вуҷуди куштору таҳдидҳо “аз сиёсати мустақили рӯзнома даст накашид”.
Олмон 27 тоҷикистониро рондааст. Таҳдиди ихроҷ ба даҳҳо тани дигар
Мақомоти Олмон 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвари аврупоӣ ихроҷ карда, вале дар бораи онҳо ҷузъиёт надодаанд. Маълум нест, ки ин афрод муҳоҷири одӣ буданд ё паноҳҷӯйи сиёсӣ.
Ҳукумати Олмон ин рақамро рӯзи 21-уми октябр дар посух ба суолҳои ҷиноҳ ё фраксияи Ҳизби чап дар Бундестаг (порлумон) навишта, гуфтааст, омор танҳо аз моҳи январ то августи имсолро дар бар мегирад.
Ҷиноҳи Ҳизби чап моҳи сентябри имсол аз ҳукумати Олмон пурсида буд, ки чӣ гуна ба Душанбе ронда шудани Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро шарҳ диҳад.
Бобоев, ки аз соли 2017 бо хонаводааш дар Аврупо мезист, моҳи июни имсол ва бо вуҷуди нигаронии созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Human Rights Watch, бо писараш, Муҳаммад, аз Олмон ихроҷ карда шуд.
Мақомот дар Тоҷикистон ӯро бо гуноҳи тундгароӣ ба 17 сол зиндон маҳкум карда, писарашро ба ихтиёри пайвандон додаанд. Ҳамсар ва як фарзанди Асадулло Бобоев дар Олмон ҳастанд.
Ҳукумати Олмон дар ҷавоб ба ҷиноҳи Ҳизби чап, ки нусхаи онро порлумони ин кишвар рӯзи 27-уми октябр нашр кард, гуфтааст, "дар бораи сабабҳои боздошт ё ҳабси Асадулло Бобоев дар Тоҷикистон ягон маълумот надорад."
Ин дар ҳолест, ки созмони Freedom For Eurasia, қароргоҳаш дар Вена, ҳукми зиндони Асадулло Бобоев, узви Ҷунбиши мухолифи ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро дар Душанбе ба шиддат танқид карда, хоҳони озодии фаврии ӯ шуд. Лайло Нозгул Саидбек, раҳбари созмон, гуфт, "ҳукми содиршуда нисбат ба Асадулло Бобоев натиҷаи мустақими қарори Олмон аст. Вайро ба кишваре фиристоданд, ки зиндону шиканҷа дар мунтазираш буд."
Олмон аз соли 2015 ба ин тараф ба макони кор ва паноҳҷӯии шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шудааст.
Ба маълумоти мақомоти Олмон, то охири моҳи августи соли 2026 12 ҳазору 891 шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвари аврупоӣ қарор доштанд.
Ҳоло 1074 тоҷикистонӣ вазифдадор шудаанд, ки қаламрави Олмонро тарк кунанд. Ихроҷи маҷбурӣ ба дастикам 152 нафари онҳо таҳдид дорад.
Бори аввал нест, ки мақомоти Олмон намояндагони мухолифин ё мунтақидони ҳукумати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Душанбе мефиристанд. Олмон дар гузашта Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Дилмурод Эргашев, намояндагони дигари созмонҳои мухолифи ҳукуматро низ ба Тоҷикистон фиристода буд. Ҷое, ки онҳо бо иттиҳомҳои, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, сохта аз 7 то 10 сол зиндонӣ гаштанд.
Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро соли 2018 дар Аврупо таъсис доданд. Ҳадафи созмон бунёди як кишвари қудратманду озод ва муосир дар Тоҷикистон гуфта шудааст.
Гуфтугӯ