Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари НАТО ҷанги Украинаро “хатарноктарин таҳдид” ба Аврупо номид


Ҷазираи Утояи Норвегия, 4-уми август
Ҷазираи Утояи Норвегия, 4-уми август

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, набояд иҷоза дод, ки Русия дар ҷанг бо Украина, ки онро моҳи феврал бе ҳеҷ асосе шурӯъ карда то ба сатҳи як таҳдиди хатарноктарин ба Аврупо аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон табдил додааст, баранда шавад.

Столтенберг, ки рӯзи 4-уми август дар Норвегия сӯҳбат мекард, гуфт, ки кишварҳои узви НАТО бояд кӯмакрасонӣ ба Украинаро бо силоҳу дигар муҳимот идома диҳанд, то ки нагузоранд, ки Русия пеш равад. Ӯ гуфт, “ин ҳолати бисёр хатарнок дар Аврупо аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон аст ва агар он миёни Русияву НАТО мешуд, аз он ҳам бадтар мешуд”. Столтенберг гуфт:

“Агар президенти Русия Владимир Путин хаёл кунад, ки чунин як кореро, ки нисбати Гурҷистон, Молдова ё Украина кард, дар робита бо як кишвари узви НАТО ҳам карда метонад, дар ин сурат тамоми НАТО бапо мешавад”.

Ӯ гуфт, Путин ҳақ надорад ба Украина ё дигар кишварҳо бигӯяд, ки чӣ кор кунанд.

XS
SM
MD
LG