Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслиддин Достиев, рӯзноманигори ҳақиқатҷӯ, даргузашт


Аслиддин Достиев, хабарнигори шинохтаи тоҷик даргузашт.
Аслиддин Достиев, хабарнигори шинохтаи тоҷик даргузашт.

Аслиддин Достиев, хабарнигори тоҷик, ки бо нашри мақолаҳои интиқодиаш дар матубот шинохта мешавад, шоми 8-уми август дар синни 64-солагӣ дар бемористони вилоятии Кӯлоб даргузашт.

Дӯстонаш гуфтанд, ки меъдаи ӯро рӯзи 4-уми август ҷарроҳӣ карданд, вале пас аз ҷарроҳӣ дигар ба худ наомад. Солҳои ахир аз бемор буд.

Аслиддин Достиев, ки аз минтақаи Кӯлоб солҳо барои нашрияҳои кишвар матлаб менавишт, бо ҷасорати хосаш фарқ мекард.

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи "Пайк" ва аз дӯстони Аслиддин Достиев мегӯяд, матлабҳои ӯ ҳамеша нишонрас буданд. Ӯ аз силсиламатлабҳои ӯ бо номи "Водии марг" ёд овард, ки ҳукумати Тоҷикистонро водошт, то гирифтории сокинони даҳҳо деҳаи ноҳияи Восеъ ва Ҳамадонӣ ба бемории силро ҷиддӣ бигирад. Қабл аз иншои силсиламақолаҳо ӯ ба хонаҳое сар зада буд, ки ҳама бар асари гирифторӣ ба сил фавтида, манзилҳои зист комилан холӣ монда буданд. Ӯ омореро аз фавти сокинон аз бемории сил нашр карда буд, ки комилан аз омори расмӣ фарқ мекард ва дурӯғгӯии мансабдорони маҳалиро ошкор мекард. Аҳмади Иброҳим мегӯяд, мансабдорони маҳаллӣ гирифтории саросарии сокинон ба бемориро пинҳон медоштанд ва навиштан дар бораи онро "беобрӯгӣ" барои маҳал медонистанд, вале Аслиддин Достиев ин қолабро шикаст. Ӯ мутмаин аст, ки пас аз матлабҳои Достиев ҳукумат мубориза бо бемории сил дар ин минтақаро ҷиддӣ гирифт ва вазъ беҳтар шуд.

Матлабҳои дигари ӯ дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар Кӯлоб ва беэҳтиромии масъулони ин пойгоҳ нисбат ба ҳукумати маҳалу сокинон сару садо ба по карда буд.

"Хеле ҷасурона менавишт. Мақолаҳояш дар бораи пойгоҳи Русия русҳоро маҷбур карда буд, ки қонунҳои Тоҷикистонро риоя кунанд, андозе, ки аз обу барқ ба ҳукумат намесупориданд, бисупоранд. Масъулони пойгоҳи низомии русҳо дар пайи танқидҳои ӯ роҳи сарбозонашонро гирифтанд, ки шабона маст тирандозӣ ба шаҳр мебромаданд ва авбошӣ мекарданд. Борҳо бо генералҳои рус дар Кӯлоб баҳс карда буд, ки роҳи афсарону сарбозонашонро бигиранд, то мардуми маҳалро азият надиҳанд. Барои ӯ сензура набуд,"--гуфт ӯ.
Барнои Бекматзод, хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, Аслиддин Достиев барои даҳҳо хабарнигори ҷавон роҳнамо ва пуштибон буд. "Ягон мансабдор ҷуръат надошт, ки хабарнигоронро фишор биорад. Ӯро, ки мо Бобои Эшон мегуфтем, ҳар вақт ҳозир буд, ки ҳимоя кунад. Ёд дорам, мансабдоре, ки мехост ба рӯзноманигори ҷавон фишор биорад, бо як гапи ӯ аз ин кор даст кашид. Ӯ хеле бовиқор гуфт, ки "сағераи моро нарас, ки ором намешинем". Ӯ чанд камбудии ҷиддии мансабдорро ба забон овард ва гуфт, ки пеш аз ҷазо додани хабарнигор худатро ислоҳ кун. Ҷиддияти ӯ барои мансабдорон ошно буд, аз ин рӯ дигар коре намегирифтанд,"--гуфт ӯ.

Аслиддин Достиев то як ҳафтаи қабл аз марг барои расонаҳои маҳаллӣ кор мекард. Ӯ дар гузашта дар радиои "Садои Хуросон", радиои "Имрӯз", нашрияи "Рӯзи Нав", "Миллат", "СССР", "Пайк", Оҷонсии "Хатлон-пресс", "Вароруд" ва хабаргузории “Озодагон” кор кардааст.

Соли 2005 мақолаҳояаш ҳамчун беҳтарин намунаи ҷасорати журналистӣ дар китоби “Ҷасорати журналист”, ки бо кумаки САҲА таҳия гашт, нашр шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG