Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худам ба Амрико гурехтам, ҳамсарам мисли маҳбус дар ватан монд." ВИДЕО


Падару духтар дар Амрико ва модару писар дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Падару духтар дар Амрико ва модару писар дар Афғонистон

Аз бозгашти Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон қариб як сол мегузарад.

15-уми августи соли 2021 онҳо Кобулро гирифтанд ва сокинони зиёде аз шаҳру минтақаҳои дигари Афғонистон бо тарс аз зиндагӣ дар аҳди Толибон тарки хонаву ватан карданд.

Талоши фирор аз Кобул дар он рӯзҳои ноором аъзои як хонаводаро аз ҳам ҷудо кард. Ҳамакнун як сол боз падар бо ду духтар дар Амрико зиндагӣ дорад ва ҳамсари ӯ бо ду кӯдаки дигар дар Афғонистон мондаанд. Талоши онҳо барои якҷоя шудан дар ин як сол бенатиҷа буд, аммо умедро аз даст надодаанд.

Ходим Мерзай, паноҳандаи афғон дар Амрико, духтарии хурдии худро фақат дар телефон дидааст. Ҳастии хурдсол дар Афғонистон аст. Ӯ замоне таваллуд шуд, ки хонаводаашон аллакай ду тақсим шуда, падару хоҳарон фарсахҳо дур дар Амрико буданд. Ходим Мирзоӣ, паноҳандаи Афғон, ки дар Мэриленди Амрико зиндагӣ дорад, мегӯяд, духтари хурдияш ӯро аслан намешиносад. Соле пеш, замони суқути Кобул, Мирзай тавонист бо ду духтараш, Зайнаби 16‑сола ва Маҳияи 3‑сола Афғонистонро тарк кунад.

Хоҳарони Мирзай дар ҳукумати собиқи Афғонистон кор мекарданд. Вақте Толибон сари қудрат омаданд, ба ин хонавода хатар таҳдид мекард. Мерзай ҳам ҳамроҳ бо пайвандонаш маҷбур шуд, фирор кунад. Аммо ҳамсари ӯ, Фотима, ки он замон бордор буд, бо писари 14-солааш, Муҳаммад дар Афғонистон монд. “Вай ҳаштмоҳа ҳомиладор буд. Сафар барояш душвор буд ва ман писарамро бо ӯ гузоштам, то танҳо намонад.”

Зайнаб ва Маҳё бо модар дар интернет суҳбат мекунанд. Он ҳам дар лаҳзаҳое, ки дар Афғонистон интернет хуб бошад. Ходим мегӯяд, духтараш Маҳё ҳамеша модарашро суроғ мекунад: “Ҳар бор ӯ аз модараш мепурсад, ки чаро ту намеоӣ ба хонаи мо? Модар, биё хонаи ман мегӯяд. Дилам танг шудааст бароят, мегӯяд.”

Мирзай дар Афғонистон бинокор буд. Дар Амрико ӯ духтари хурдсолаш, Маҳёро нигоҳубин мекунад. Духтари калонияш, Зайнаб мактаб мехонад.

“Ба ман гуфтанд, ки кӯдакони шумо ҳарду ноболиғанд, яке бояд мактаб равад ва дигари ба парастор ниёз дорад. Гуфтанд, бояд то замони пайдо кардани парастор барои ӯ ту дар хона бимонӣ ва ӯро нигоҳубин кунӣ. 6-7 моҳ гузашт, аммо то ҳанӯз ягон касеро пайдо накардаанд.”

Амина, хоҳари Мирзай, ҳам дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ дорад ва талош дорад, роҳи зиндагии худро дар кишвари нав пайдо кунад. Ӯ кор мекунад ва ҳамзамон забон меомӯзад. Амина Мерзай, хоҳари Ходим мегӯяд: “Танҳо ҳафтае як бор ман метавонам ба аёдати духтари хурсоли ӯ биравам, вай ба модар ниёз дорад. Кӯдаки ширину меҳрубон аст. Ман ҳоло, ҳатто, ба худам кӯмак карда наметавонам. Намедонам чӣ кор кунам.”

Ҳамсари Мирзай мисли занони дигар дар Афғонистон таҳти маҳдудиятҳо ва фишори Толибон зиндагӣ дорад. Барои занон дар ин кишвар иҷозаи кор дода намешавад ва онҳо ҳаққи таҳсилу бидуни ҳамроҳии мард берун шудан аз хонаро надоранд. Мирзай мегӯяд, ҳамсараш мисли маҳбусон дар хона банд аст.

Зайнаб мегӯяд, интизориҳо барои дидори фарзандону ба ҳамоии хонавода модарашро хаставу то ҷое ноумед кардааст. “Ҳоло ӯ баъзан фикр мекунад, ки дигар намешавад ҳамдигарро бубинем,”—гуфт ӯ.

Ин оила, ки як сол боз ба ду қисм тақсим шудааст, намедонанд, кай ин ҷудоияшон хотима хоҳад ёфт.

Садҳо хонаводаи паноҳҷӯи афғон ҳам ҳаминро сарнавиштро доранд. Бо сари қудрат омадани Толибон онҳо дар ҳар гӯшаи дунё пароканда шуда, бо орзӯи дидори пайвандашон зиндагӣ доранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG