Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Юриш"-и FBI ба хонаи Доналд Трамп дар Флорида


Иқоматгоҳи "Mar-a-Lago" дар Флорида.
Иқоматгоҳи "Mar-a-Lago" дар Флорида.

Доналд Трамп, президенти пешини Амрико рӯзи душанбе эълон кард, ки иқоматгоҳи маъруфи ӯ бо номи "Mar-a-Lago" дар иёлати Флорида мавриди "ҳуҷум"-и кормандони Бюрои Федеролии тафтишот (FBI) қарор гирифтааст.

Трамп дар баёнияе гуфт, "бо таваҷҷуҳ ба ҳамкорӣ бо дастгоҳҳои зирабти давлатӣ, ин ҳуҷуми аз пеш эълоннашуда ба хонаи ман, иқдоме зарурӣ ё муносиб набуд". Раиси ҷумҳури пешини Амрико аммо нагуфтааст, ки сабаби ҳуҷуми нерӯҳои FBI ба маҳали зиндагии ӯ чӣ будааст.

Як манбаи огоҳ дар моҳи апрел гуфта буд, ки Додситонии Амрико таҳқиқоти ибтидоиро дар бораи амалкарди Трамп дар интиқоли асноди расмии раёсати ҷумҳурӣ ба иқоматгоҳи "Mar-a-Lago" дар Флорида оғоз кардааст.

Ин таҳқиқот пас аз он оғоз шуд, ки Идораи бойгонии Амрико дар моҳи феврал ба Конгресс хабар дод, ки понздаҳ сандуқ аз санадҳои Кохи Сафедро дар бинои "Mar-a-Lago" пайдо кардааст ва баъзе аз ин санадҳо низ маҳрамона будаанд.

Ҳамзамон Кумитаи назорати Маҷлиси Намояндагони ИМА эълон кард, ки дар бораи амалкарди оқои Трамп таҳқиқ мекунад ва ҳамчунин аз Идораи бойгонии миллӣ хост, ки маълумоти бештар дар ихтиёри онҳо бигузорад.

"Вашингтон пост" ба нақл аз як манбаи огоҳ таъйид кардааст, ки кормандони FBI дар робита ба ҳамин парванда бо ҳукми додгоҳ хонаи оқои Трампро бозрасӣ кардаанд.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" низ аз қавли як манбаи огаҳи дигар гузориш додааст, ки бозрасии хонаи Доналд Трамп субҳи душанбе анҷом шуд ва ӯ чандин соат баъд иддао кард, ки кормандони FBI ҳанӯз дар онҷо ҳастанд.

Ин гузориш мегӯяд, ки аммо FBI ҳозир нашуд ба пурсишҳо дар ин бораи, ки оё маҳали зиндагии президенти пешини Амрикоро бозрасӣ кардааст, посух диҳад.

Тибқи гузоришҳо, Доналд Трамп ҳангоми бозрасӣ дар бинои "Mar-a-Lago" ҳузур надоштааст ва дар Ню-Йорк будааст.

Трамп пеш аз ин ба бозгардонидани бархе санадҳо ба Идораи бойгонии миллии Амрико мувофиқат карда буд ва онро як "раванди оддӣ ва маъмулӣ" хонда буд.

Танишҳо миёни Доналд Трамп ва FBI аз ҳамон оғози даврони президентии вай дар пайи таҳқиқот дар бораи мудохилаи эҳтимолии Русия дар интихоботи ноябри 2016 оғоз шуд. Ӯ аз ҷумла, раиси FBI-ро аз кор барканор кард ва муовини ӯро ду рӯз пеш аз бознишаста шуданаш сабукдӯш намуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG