Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи билети қатораи самти Тоҷикистон-Русия эълон шуд


Қатори самти Тоҷикистон--Русия то соли 2020 фаъол буд.
Қатори самти Тоҷикистон--Русия то соли 2020 фаъол буд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон нархи чиптаи қатораи самти Тоҷикистону Русияро эълон кард.

Cомонаи расмии ин вазорат рузи 9-уми август хабар дод, ки сафар тариқи қатораҳои “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон ба самтҳои мухталиф аз 1500 то 2030 сомонӣ арзиш дорад.

Масалан, арзиши билети хатсайри Кӯлоб – Волгоград, ки 3362 километр роҳ дорад, вобаста ба шароити ҷойи хобу нишаст, аз 1581 сомонӣ то 2030 сомонӣ муқаррар шудааст. Барои сафар тариқи хатсайри Душанбе – Волгоград, ки 3111 километр роҳ дорад, бо нархи аз 1434 то 1856 сомонӣ билет фурӯхта мешавад.

“Дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки қатора сарҳадашро убур мекунад, нархи билет муайян карда мешавад,”-гуфтааст вазорат.

Ҳамзамон “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон бо мақомоти марбутаи кишварҳои Узбекистону Қазоқистон ва Русия вориди музокирот шудааст, то дар масъалаи тахфифҳо низ ба як хулоса расад.

Интизор меравад, нахустин қатораҳо, пас аз маҳдудияти дусола, рӯзи 16-уми августи соли равон дар хатсайри "Кӯлоб-Волгоград-Кӯлоб", 27-уми август дар хатсайри "Душанбе – Волгоград -Душанбе" ва 7-уми сентябр дар хатсайри "Хуҷанд-Волгоград-Хуҷанд" ба роҳ мебароянд.

Шаҳри Волгоград, маркази вилояти Волгогради Русия, дар 980-километрии шаҳри Маскав қарор дорад, ки макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон ба шумор меравад. Самти роҳи қатораҳо аз Тоҷикистон ба Русия тавассути қаламрави Узбекистону Қазоқистон хоҳад гузашт.

Барқарор шудани ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки тахминан як моҳи ахир нархи чиптаи ҳавопаймоии ин масир як баробар гарон шуд. Оғози ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистону Русия метавонад барои садҳо муҳоҷир хабари хуш бошад. Ба хотири гарон будани билети ҳавопаймо, муҳоҷирони зиёд тавассути қатор ба Русия рафтуомад мекарданд. Охирин қаторае, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҳаракат карда буд, моҳи марти соли 2020 буд. 16-уми марти ҳамон сол Русия ба далели ҳамагири COVID-19 ҳаракати қаторҳои мусофирбарро бо Тоҷикистон муваққатан қатъ кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG