Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвири ишқ, марг, зиндагӣ. Камолзода чиро намоиш дод? ВИДЕО


Намоигоҳи минётурнигори тоҷик дар Душанбе
Намоигоҳи минётурнигори тоҷик дар Душанбе

Зиндагии мардуми деҳ, чеҳраҳои боз, ҷавонони ошиқ, маросимҳои ғаму шодӣ дар минётурҳои Олим Камолзода тасвир ёфтаанд.

Тасвирҳое, ки бо нигоҳе ба онҳо метавон маънои як филмро пайдо кард.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Намоишгоҳи мусаввараву миниатюра дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Олим Камолзода, минётурнигори тоҷик, ки ҳоло дар миёни дӯстдорони ин ҳунари наққошӣ дар Тоҷикистон маъруф аст, дар ин намоишгоҳ мусаввараву минётураҳои худу шогиридонашро пешкаши тамошобинон кардааст. Ин намоишгоҳ ду ҳафта давом мекунад ва Олим Камолзода мегуяд, талош дорад, аз тариқи намоиши минётураҳои офаридааш ҳунари наққошӣ ва минётуриро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он таблиғу ташвиқ кунад.

Минётура чист?

Ӯ гуфт, “дар ин ҷо минётураҳое, ки эҳё шуд, ба намоиш гузоштем ва мехоҳам тамошобинон бинанд ва фаҳманд, ки ин чӣ аст. Минётура дар Тоҷикистон зиёд маъруф набуд. Ҳозир мо ҳаракат мекунем, ки ҳамин ҳунар рушд кунад ва мо дар баробари дигар кишварҳо каме ҳам бошад санъати худро нишон диҳем”.

Намоиши осори Камолзода дар Душанбе
Намоиши осори Камолзода дар Душанбе

Минётура, наққошиҳои ҷолиби хурдҳаҷмро мегӯянд, ки дар асрҳои миёна бо зарофат дар саҳифаҳои китоб, бо бардошт аз достонҳо, бо як усули хос тасвир мекарданд.

Камолиддин Беҳзод, аз минётурнигори тоҷик дар асри 17 буд, ки ҳоло Камолзода ӯро устоди худ мешуморад.

Ӯ дар Душанбе мактаби минётурнависони ҷавонро бо номи ”Мино” таъсис додааст.

Мактаби Беҳзод

Санъатшиносон аз ин ҳунари наққоши тоҷик таъриф мекунанд ва мегӯянд, Олим Камолзода тавонист, мактаби Камолиддини Беҳзодро дубора зинда кунад.

Аслиддин Низомов, санъатшиноси тоҷик
Аслиддин Низомов, санъатшиноси тоҷик

Аслиддин Низомов, санъатшиноси тоҷик, гуфт, "дар шакли кӯчак офаридани як олами васеъ ҳунарро талаб мекунад, ки онро Олим Камолзода метавонад иҷро кунад."

Дар ин намоишгоҳ ҳаводорони мусаввараву минётураро ҳам дидан мумкин буд, ки фарзандонашонро бо ин санъати наққошӣ ошно мекарданд.

Дар Тоҷикистон марказҳои расмкашӣ зиёданд, аммо равияи минётура вуҷуд надорад.

Як чизи ҷолибу муҳим

Заррина Тоҷибоева, ҳунарманди тоҷик
Заррина Тоҷибоева, ҳунарманди тоҷик

Заррина Тоҷибоева, ҳунарманди тоҷики муқими Швейтсария, ки ба Тоҷикистон омадааст, баргузории чунин намоишгоҳҳоро барои ҷалби таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон ба ин навъи санъат муҳим медонад. Ӯ гуфт, “аз диди аввал ин наққошиҳо классикӣ ба назар меоянд, вақте амиқтар ба он тасвир менигарӣ, дарк мекунӣ, ки бо замони имрӯза пайваст шудааст. Ин хеле як чизи ҷолибу муҳим аст. Ман фикр мекунам, бояд ин жанри наққошӣ таблиғ шавад.”

Минётураҳои Олим Камолзода бештар аз осори классикон, аз ҷумла Низомиву Фирдавсӣ ва Рӯдакиву Умари Хайём истифода шудаанд. Ҳамчунин баргузории иду маросимҳои миллӣ ба кори ӯ кӯмак мекунанд.

Олим Камолзода, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки мусаввараҳои ӯро дар ҳар намоишгоҳи дохил ва хориҷ аз кишвар дидан мумкин аст, мехоҳад, аз тариқи ин намоишгоҳ, ин навъи санъатро бештар муаррифӣ кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG