Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули 26 қонун дар Маҷлиси миллӣ дар дуввуним соат баёнгари чист?


Ҷаласаи парлумон. 6 сентябри соли 2021
Ҷаласаи парлумон. 6 сентябри соли 2021

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва ё Маҷлиси миллӣ дар ҷараёни як ҷаласа, ки 2,5 соат идома дошт, бидуни баҳсу баррасӣ 26 қонун қабул кард.

Мунтақидони ҳукумат инро таъйиди дигаре бар танҳо нақши иҷрокунандаи расмиёти ин ниҳод ва тарафдорони ҳукумат инро як амри маъмулӣ медонанд. Ҷаласаи ёздаҳуми Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 25-уми июл бо иштироки 29 вакил баргузор гардид. Дар давоми тақрибан се соат аъзои маҷлис тавонистанд бе баҳсу муҳокима 29 қонунро қабул ва номзадии 16 додрасро баррасӣ кунанд.

Ҳамаи тарҳҳои қонун ва замимаҳои дигар, тибқи маъмул, бо иттифоқи оро ва бидуни баҳсу эътироз қабул шуд. Набуди баҳс ҳангоми қабули қонунҳо дар Тоҷикистон як амри маъмул аст. Бо вуҷуди ин, ба қавли коршиносон, аз ин раванд низ метавон натиҷагирӣ кард.

Будан ё набудан?

“Воқеан, замоне, ки чандин қонун ва таъйиноти кадрӣ дар муддати кутоҳ қабул мешавад, хусусияти тақлидии ниҳоди қонунгузорро рӯшан мекунад. Далели нигоҳ доштани ин ҳама вакил чист? Кофист, ки кумитаҳои парлумон қонунҳоро омода ва номзадҳоро таъйин кунанд” - мегӯяд ҳуқуқдон ва мудофеи ҳуқуқи инсон Ҷамшед Ёров.

Саидҷафар Усмонзода, намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон бо ин назар куллан мухолиф аст. “Албата ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад, ки нисбати ин ё он масъала ибрози назар кунад. Аммо дар ин масъала пешниҳод бояд бар асоси таҳлил бошад. Ин навъи ҳукуматдорӣ мувофиқи қонуни асосии мост, ки мардум ба он раъй додааст. Вакилон дар палатаи поёнӣ ибтикорҳоеро пешинҳод карда, пешниҳодҳои ҳукуматро баррасӣ мекунанд. Дар палатаи болоӣ ҳайати роҳбаркунанда нишастааст, ки тарҳҳои қонунҳоро аз нуқтаи назари раҳбарӣ баҳогузорӣ мекунад ва назари ҳирфаии худро доранд”, -мегӯяд Усмонзода.

Ба қавли ин намояндаи мардум, дар ҷомеа ва дар байни ҳайати вакилон андешаҳои гуногун вуҷуд дорад ва палатаи болоӣ нақши филтрро иҷро мекунад. Яъне, тасмими ниҳоӣ онҷо гирифта мешавад.

Механизми муҳофизатӣ?

Палатаи болоии ҳукумат соли 1999 тавассути тағйир додани Қонуни асосӣ ташкил шуд. Ду сол қабл аз ин ҳузури сиёсии ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ қонунӣ шуд. Коршиносон бар ин боваранд, ки палатаи болоӣ нақши абзори муҳофизатиро барои ҳукумат иҷро мекунад. Дар сурате, ки вакилони мустақил ба парлумон роҳ ёбанд ва ҳукумат қодир ба таъсиррасонӣ бар онҳо набошад, палатаи болоӣ ба унвони як такягоҳ хоҳад буд.

Аз 33 узви палатаи болоии парлумон 75 дарсади онҳо тавассути овоздиҳии пинҳонӣ, ки аз сӯи раисони идораҳои маҳалии таҳти назорати раиси ҷумҳур баргузор мешавад, интихоб мегарданд. 25 дарсади дигарро мустақиман раиси ҷумҳур таъйин мекунад.

“Агар ҳайати сифатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил кунем, бидуни ягон шубҳа ба хулоса меоем, ки он аз намояндагони президенту муассисаҳои таҳти назорати президент ва мақомоти иҷроияи ҳамаи сатҳҳо иборат мебошанд. Бо дар назардошти тартиби баргузории интихоботҳо ба Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони кишвар, ки дар мувофиқа ва таҳти назорати президент, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқ баргузор мегарданд, ба кору фаъолияти минбаъдаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад,”- мегӯяд доктори илмҳои ҳуқуқ ва коршиносони ҳуқуқи консититутсионӣ Шокирҷон Ҳакимов.

Абзори сиёсӣ

Ҳаҷми масрафи умумии ниҳоди қонунгузори Тоҷикистон аз буҷаи давлат нашр намешавад, аммо маоши вакилони палатаи поёнӣ 6 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 650 доллар) мебошад. Ин баландтарин маош дар байни кормандони буҷавӣ мебошад. Дар Тоҷикистон маоши миёна 1200 сомонӣ аст. Ғайр аз ин, вакилон дар вақти иҷрои вазифа бо хона ва мошин таъмин мешаванд.

Сиёсатшинос Азиз Нуруллоев мегӯяд, палатаи болоии парлумон бештар нақши абзори сиёсиро дорад. “Ин механизм барои муддати дароз миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки одами дуввуми ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд, як тавозуни қудрат эҷод мекард. Ҳоло ин механизм нақши интиқоли қудрат ба Рустами Эмомалиро иҷро мекунад” - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ӯ бар ин бовар аст, ки дар сурати ба миён омадани зарурати сиёсӣ, палатаи болоӣ аз байн меравад. Доктор Шокирҷон Ҳакимов бовар дорад, ки барои ҷорӣ кардани ислоҳот дар низоми феълӣ иродаи сиёсӣ ва интихоботҳои шафоф зарур аст.

“Воқеиятҳои иқтисодию иқтидорҳои дигар бояд ба инобат гирифта шаванд ва имконияти табдили мақомоти олии қонунгузору намояндагии Тоҷикистон ба парламенти якпалатаӣ фароҳам шавад. Ғайр аз ин, шумораи вакилон ба таври қобили мулоҳиза бештар шуда, тадбирҳои амалӣ андешидан ба манфиати таҳкими давлатдории муосири тоҷик аст”, - таъкид мекунад Ҳакимов.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG