Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои истихроҷи тило садҳо сокини Ховалингро бекор гузоштанд. ВИДЕО


Ду сол пеш садҳо сокин дар Шугнов кор пайдо карда буданд.

Садҳо нафар дар Ховалинг, ки бо даст тило ҷустуҷӯ мекарданд, бо фишори соҳибони ширкатҳои заршӯӣ, кори худро тарк кардаанд.

Чанд соли пеш ҳукумати Тоҷикистон иҷозат дода буд, ки сокинон низ бо даст тило ҷустуҷӯ кунанд. Ду сол пеш наздик ба ҳазор нафар сокини одӣ дар мавзеи Шугнов кор пайдо карда буданд ва бо усули дастӣ заршӯӣ мекарданд.

Соҳибони ширкатҳои заршӯӣ, ки ҳазорон гектар заминҳои кони тило дар ин мавзеро аз худ кардаанд, дигар ба сокинон иҷозати кор намедиҳанд.

Гулмаҳмад Зоирзода, сардори Раёсати молияи Ховалинг мегӯяд, “соли 2020 вақте қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи заршӯӣ бо усули дастӣ” баромад, 629 нафар барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат карда буданд.”

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Пас аз онки ширкатҳои бузург ҷои кори сокинони одиро танг карданд, аксари онҳо аз кори худ даст кашиданд. Сокинон ҳоло танҳо дар мавзеи “Ҳазрати Зелолак” имкони бо даст кор кардани тилоро доранд. Ҷое, ки бинобар хеле кам доштани захираи тило аз чашми ширкатҳо дур мондааст.

Юсуф Сангов, сокини Кӯлоб, ки пештар дар мавзеи Шугнов бо даст тило ҷустуҷӯ мекард, мегӯяд, мавзеи “Ҳазрати Зелолак” тило надорад.

“Ҷое, ки тило дошт, дигар касеро роҳ намедиҳанд. Дар ин ҷое, ки иҷозат аст, тило нест,”—гуфт ӯ.

Ин сокини шаҳри Кӯлоб, ки солҳо зиндагии худро аз ҳисоби заршӯӣ пеш мебурд, ҳоло тасмими сафар ба Русияро дорад.

Садҳо нафар мисли Юсуф кори худро дар Шугнов аз даст доданд. Мақомот мегӯянд, ширкатҳо ҳақ доранд, ки касеро иҷозаи дар мавзеи зери назорати худ кор кардан надиҳанд.

Ҳукумат ду сол пеш эълон карда буд, ки садҳо сокин дар Ховалинг бо ҷойи кори доимӣ дар конҳои тило таъмин шудааст.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тило ҷойгир аст. Ҳоло дар ин ҷо шаш ширкат бо техника ба ҷустуҷӯи тило машғуланд. Дигар аз он шӯру шавқи сокинон, ки ду сол пеш бо даст дар ин мавзеъ кор мекарданд, нишоне намондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG