Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Гурҷистон ҷорӣ кардани виза барои русҳоро талаб доранд


Беш аз 20 созмони ғайриҳукуматӣ дар Гурҷистон бо нашри як изҳороти муштарак хостори ҷорӣ кардани низоми раводид (виза) барои русҳо шуданд.

Муаллифони изҳорот гуфтаанд, вуруди густардаву беназорати сайёҳони рус ва соҳибкороне, ки барои фирор аз таҳримҳои Ғарб зидди Русия ба Гурҷистон мераванд, ба давлатдории он кишвар хатарҳоеро дар пай дорад.

Созмонҳо бо истинод ба омори расмӣ афзудаанд, ки давоми моҳҳои март ва июли имсол ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Русия на танҳо ҳамчун саёҳ, балки бо мақсади кору зиндагӣ ба Гурҷистон рафтаанд. Онҳо наздики 4 ҳазор хонаро дар шаҳрҳои Тифлис ва Батумӣ соҳиб шуда, беш аз 6,5 ҳазор корхона боз кардаанд. Ҳудуди 14 ҳазор русиягӣ аллакай ҳаққи иқомат дар Гурҷистонро дарёфт кардааст.

Намояндагони созмонҳо бар инанд, ки вуруди зодагони Русия ба Гурҷистон истиқлоли ин кишварро зери хатар мегузорад. Зеро ба гуфтаи онҳо, Русия метавонад аз теъдоди зиёди русҳо, ки дар ин кишвар муқимӣ шудаанд, истифода карда, бо баҳонаи ҳифзи ҳамватанон нерӯ фиристад.

XS
SM
MD
LG