Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо нафар дар бомбгузории як масҷид дар Кобул кушта шудаанд.ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.

Бар асари таркиш дар яке аз масҷидҳои шаҳри Кобули Афғонистон дар шоми рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми август, 21 нафар, аз ҷумла имоми масҷид ҷон бохта, 27 тани дигар захмӣ шудаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки чандин кӯдак низ дар миёни захмиҳои ин ҳодиса ҳастанд. Ин ҳодиса дар яке аз масҷидҳои маҳаллаи Хайрхонаи пойтахти Афғонистон рух додааст. Бархе расонаҳо шумораи ҷонбохтагонро 25 нафар гуфтаанд.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ аз тобистони соли гузашта, ки Толибон дар Афғонистон қудратро ба даст гирифт, ҳамлаҳои худ ба Толибон ва шаҳрвандони ғайринизомиро афзоиш додааст. ДОИШ ҳафтаи гузашта низ масъулияти кушта шудани яке аз рӯҳониёни саршиносро дар Кобул ба ӯҳда гирифта буд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, сабаби таркиши рӯзи чаҳоршанбе дар масҷиди "Абубакри Сиддиқ", як бамбгузори интиҳорӣ ё худкуш будааст. Рӯҳонии кушташуда низ Мулло Амирмуҳаммад Кобулӣ ном дорад, ки дар гузоришҳо аз ӯ яке аз чеҳраҳои мазҳабии барҷаста дар пойтахти Афғонистон ном бурда шудааст.

Ҳалокати камаш 21 кас бар асари таркиш дар яке аз масҷидҳои Кобул
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:17 0:00

Бемористони итолиёӣ дар Кобул эълон кардааст, ки дастикам 27 захмӣ, аз ҷумла 5 кӯдак аз маҳали таркиш ба ин маркази саломатӣ интақол дода шудаанд. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки шумори кушташудагон афзоиш ёбад.

Холид Задрон, сухангӯи пулиси ҳукумати Толибон дар Кобул, дар гуфтугӯ бо бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рух додани ин таркишро тасдиқ кард, аммо оморе аз талафот надод. Вай афзуд, "як таркиш ҳангоми адои намози шом дар дохили як масҷид рух дод, ки мутаассифона талафоте ҳам дар пай дорад".

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон низ ин ҳодисаро маҳкум карда ва таъкид намуд, ки "омилони чунин ҷиноятҳое ба зудӣ боздошт ва муҷозот мешаванд".

Ин таркиш дар ҳоле рух дод, ки ду рӯз қабл аз он ҳам дар таркиши дигаре дар минтақаи "Доруламон"-и Кобул, ду нафар захмӣ шуданд.

Шаҳри Кобул ҳамчунин дар рӯзҳои азодории моҳи муҳаррам низ саҳнаи таркишҳои хунин буд, ки ДОИШ масъулияти онҳоро ба ӯҳда гирифта буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG