Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи пурсарусадои муҳоҷирони тоҷик дар Иркутскро дубора тафтиш мекунанд


Ин ҷавон дар натиҷаи оташсӯзӣ дар вагони иқоматашон ба ҳалокат расид.

Намояндаи додситонии шаҳри Иркутски Русия парвандаи чаҳор муҳоҷири тоҷикро, ки ба авбошӣ ва қасди куштор муттаҳам мешаванд, “нокомил” номида, хостори таҳқиқи дубораи он шудааст.

Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов, Ҷумъабой Искандаровро ба моҷаро бо гуруҳе аз сокинони деҳаи Залари ва қасди куштани онҳо муттаҳам мекунанд.

Афроде, ки рӯзи 17-уми август дар мурофиаи додгоҳӣ муҳоҷирони тоҷик ширкат доштанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, байни муфаттишони Кумитаи тафтишот ва намояндаи додситонии Иркутск баҳс сурат гирифт ва додситон гуфтааст, ки баёноти шоҳидону гумонбарон хилофи ҳам ҳастанд ва лаҳзаҳои аввали ҳодиса норӯшан мондаанд. Додгоҳ бо назардошти талаби додситон амр додааст, ки парванда барои таҳқиқи дубора баргардонда шавад.

Парвандаи муҳоҷирони тоҷик дар расонаҳои Русия соли гузашта сару садои зиёде барпо кард ва мавзуи он дар сатҳи болоии ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Муҳоҷирон кории тоҷик дар ноҳияи Заларский дар як вагоне иқомат мекардаанд ва мегӯянд, ки рӯзи 12-уми ноябри соли 2021 чанд сокини деҳа вагони онҳоро оташ заданд. Дар натиҷа 2 муҳоҷири дигари тоҷик ба ҳалокат расиданд ва яке дигар маҷруҳ шуд.

Ҷавонони тоҷикро баъди ин фоҷиа дастгир карданд, чун пеш аз оташ задани вагони муҳоҷирон, ба гуфтаи мақомоти интизомии Русия, онҳо дар моҷарову занозанӣ бо гуруҳе аз сокинони маҳаллаи Залари ширкат доштаанд. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки моҷарову занозанӣ баъди он бархостааст, ки муҳоҷирони тоҷик, ба духтари русе “гап партофтаанд.”

Ҳодиса дар расонаҳо ва байни муҳоҷирони тоҷик ба ҳадде сару садо барангехт, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров телефонӣ гуфтугу кард ва аз ӯ хост, ки парванда бетарафона таҳқиқ шавад ва гунаҳкорон ҷазо бигиранд.

Рӯзи 24-уми декабри соли 2021, Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои русаш Татяна Москалкова ба зарурати “таҳқиқи фоҷиа ҷалб карда” ва аз ӯ хостааст, таъмини ҳамаҷонибаи риояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро таҳти назорати худ қарор диҳад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам гуфтааст, ки қазияро аз наздик пайгирӣ дорад ва ба ҷабрдидагон ёрии заруриро мерасонанд.

Дар Русия бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва шикоятҳо аз муҳокимаҳои ноодилона ва бегуноҳ ба зиндон маҳкум шудани онҳо зиёд аст.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG