Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз ҳодисаҳои хунин. Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон сафар мекунад 


Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба минтақаҳои Тоҷикистон сафар мекунад. Акс аз яке сафарҳои ӯ ба ВМКБ.

Мақомоти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, ба ин вилоят омодагӣ мебинанд, вале бархе аз сокинони ин вилоят аз ин сафар хуш нестанд.

Рӯзи дақиқи сафари Раҳмон ба Бадахшон маълум нест, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки эҳтимол ин сафар аввали моҳи сентябр сурат бигирад.

Ин сафар агар сурат бигирад, он нахустин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон пас аз ҳодисаҳои хунини тобистони имсол аст.

Дар ВМКБ чӣ омодагӣ мебинанд?

Моҳи май ва июни имсол дар ҳодисаҳои хунини Бадахшон даҳҳо нафар кушта ва садҳо нафар боздошт шуд. Мақомот онҳоро узви “гурӯҳҳои ҷиноятӣ” номиданд, вале фаъолони Бадахшон мегӯянд, мақомот афроди бегуноҳе, ки ба таври осоишта эътироз карда буданд, бераҳмона куштанд.

Як мансабдори баландпояи яке аз ноҳияҳои ВМКБ, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 21-уми август дар суҳабт бо Радиои Озодӣ гуфт, аз дастгоҳи иҷроияи президент барои фароҳам сохтани сафари Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтаанд. Ӯ гуфт, ҳоло иншооте, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят бояд боз кунад, рӯйхат мешаванд. “Ободкориҳое, ки дар ноҳияҳои вилоят шудаанд, як комиссияи рӯйхат мекунад. Раиси вилоят бо онҳо шинос мешавад. Баъдан мегӯянд, ки дар ифтитоҳи кадоме аз онҳо президент иштирок мекунад ва мо омодагӣ мебинем,”—гуфт ӯ.

Солҳост, ки Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар сафар мекунад ва дар ифтитоҳи иншооти хурду бузург, ки аксаран соҳибкорон бунёд кардаанд, иштирок мекунад. Мухолифон ин шеваи рафтори Раҳмонро танқид мекунанд, ки ба ҷуз худнамоӣ, бештар кардани ташвиши сокинон ҳеҷ маъно ва манфиате надорад. Онҳо ба ин назаранд, ки як корхонаи коркарди сабзавотро бе ҳузури президент ва омодагии чандмоҳа боз кардан мушкил надорад. Дар гузашта чанд маврид окшор шуда буд, ки “боз кардани корхонаҳои наву замонавӣ” зоҳиран саҳнасозианд ва ин корхонаҳо пас аз чанде дигар кор намекунанд.

"Мардум маҷбур пешвоз мегиранд"

Дар саҳифаи фейсбукии ҳукумати ВМКБ дида мешавад, ки Алишер Мизонабот, раиси вилоят чанд рӯзи охир “ба раванди ободкориҳо” шинос мешавад.

Як сокини ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар Душанбе, ки тоза аз Бадахшон баргаштааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мардуми Рӯшону Хоруғ чандон рӯҳияи пазироии Эмомалӣ Раҳмонро надоранд.

“Агар сафар сурат бигирад, мардум маҷбур пешвоз мегиранд, вале таги дилашон аз ҳукумат сиёҳ аст. Дар Хоруғу Рӯшон қариб ягон нафаре нест, ки хешаш ё кушта нашуда бошад ё боздошт нагашта бошад,”—гуфт ӯ.

Иқрори президент Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфт, онҳо бо фармони вай "безарар гардонида шуданд", ба аҳолӣ таъсири манфӣ гузоштааст. Бархе аз сокинон боздошту рабоиши зодагони Бадахшонро аз Русия ҳамчун нишонаи бархӯрди хашини ҳукумат ба мардуми ВМКБ шарҳ медиҳанд. Дар худи Тоҷикистон низ даҳҳо чеҳраи саршиноси ВМКБ боздошт ё бозпурсӣ шуда, ба бархе аз онҳо солҳои тӯлонии зиндон таҳдид мекунад.

Вазъ дар Бадахшон аз моҳи ноябри соли гузашта, пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ ноором шуд. Рӯзи 16-уми май гурӯҳе аз ҷавонон дар Хоруғ бо талаби ҷазо додани қотилони Зиёбеков эътироз карданд. Мақомот барои саркуби эътирозгарон, ки “гурӯҳи муташакили ҷиноятӣ” меномид, аз марказ нерӯ фиристод. Роҳи корвони низомиро дар Рӯшон бастанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки эътирозгарон ба низомиён ҳамла кардаанд ва аз оғози амалиёт алаёҳи онҳо хабар дода буд.

Дар натиҷаи амалиёти мақомот наздик ба 40 нафар кушта ва наздики 200 нафар боздошт шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ин амали мақомоти тоҷикро танқид ва маҳкум карданд. Сокинон бар ин назаранд, ки кушташудаҳо бегуноҳ буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG