Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳо аз саросари ҷаҳон дар пайванд ба даргузашти Горбачев


Михаил Горбачев
Михаил Горбачев

Раҳбарону сиёсатмадорон аз саросари ҷаҳон дар пайванд ба даргузашти раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев, ки ислоҳоти ӯ боиси пошхӯрии ин давлат шуд, изҳори ҳамдардӣ карданд.

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқидҳо аз он ки, ба қавли онҳо, дар натиҷаи “Перестройка” (Бозсозӣ) Русия мавқеи кишвари дуюмдараҷаро касб кард, афзоиш меёбад.

Горбачев шаби 30 ба 31-уми август дар 91-солагӣ дар пайи бемории дарозмуддате даргузашт.

Президенти Амрико Ҷо Байден Горбачевро раҳбари камназире номид, ки “тасаввури дигаргун шудани ояндаро дошт ва боҷасорат ва дарки рискҳояш барои дастёбӣ ба ин тағйирот” ҳаракат кард.

Ӯ гуфт, натиҷааш ҳам “эҷоди як ҷаҳони амнтару озодиҳои зиёд барои миллионҳо мардум шуд”.

Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ, гуфт, Горбачев “масири таърихро дигар кард”.

Урсула вон дер Лейен, раҳбари Кумисюни Аврупо гуфт, “мероси Горбачев фаромӯшношуданӣ аст” ва ӯ барои “хатми Ҷанги Сард ва аз байн бурдани девори оҳанӣ нақши калидӣ бозид” ва “роҳро ба Аврупои боз ҳамвор кард”.

Президенти Русия Владимир Путин тавассути сухангӯяш Дмитрий Песков дар робита ба даргузашти Горбачев изҳори ҳамдардии амиқ кардааст. Кремл ҳанӯз нагуфтааст, ки маросими дафни президенти аввалину охирини СССР кай ва чӣ гуна барпо мешавад.

Матбуоти давлатӣ навишт, эҳтимол ӯро дар канори ҳамсараш Раиса Горбачева, ки соли 1999 даргузашт, дар қабристони Новодевичйе ба хок супоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG