Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Горбачёв дар 91-солагӣ даргузашт. Вокунишҳои ҷаҳонӣ. АКС, ВИДЕО

Михаил Горбачёв
Михаил Горбачёв

Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, шаби гузашта дар 91-солагӣ дар Маскав даргузашт. Расонаҳои русӣ бо такя ба масъулони Бемористони марказии Маскав навиштанд, Горбачёв "пас аз як давраи дарози бемории сахт фавтид."

Горбачёв, ки аз соли 1985 то 1991 қудратро ба даст дошт ва робитаҳои Амрико ва Иттиҳоди Шӯравиро беҳбуд бахшид, охирин раҳбари зиндаи даврони Ҷанги Сард буд.

Ӯ тақрибан се даҳаи ахири умри худро дур аз сиёсат гузаронд ва пас аз иқдоми Русия барои ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба хоки худ дар соли 2014 ва низ ҳамлаи низомии ин кишвар ба Украина, аз Маскав ва Вашингтон хост, робитаҳои худро беҳбуд бахшанд. Горбачёв дар солҳои охир чанд дафъа дар бемористон бистарӣ шуд ва ҳангоми пандемияи COVID-19 худро карантин карда буд.

Ӯ 2-юми марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол таваллуд шудааст. Хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав буда, солҳо дар мансабҳои гуногуни Ҳизби коммунист кор кардааст. Михаил Горбачёв соли 1956 котиби якуми Ҳизби комунисти шаҳри Ставропол ва соли 1970 вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ё КПСС интихоб шуд.

Баъди даҳ сол, ин роҳбари ояндаи Шӯравӣ ба узвияти Бюрои сиёсии КПСС ворид шуд. Соли 1985 Михаил Горбачёв дар 54-солагӣ роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.

Лаҳзаҳои кору зиндагии Горбачёв дар аксҳо

Михаил Горбачёв ҳангоми муаррифии китобе дар бораи кору рӯзгораш. 29-уми феврали соли 2016
1/16 Михаил Горбачёв ҳангоми муаррифии китобе дар бораи кору рӯзгораш. 29-уми феврали соли 2016
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Соли 1966. Горбачёви ҷавон раҳбари Ҳизби коммунист дар Ставропол шуд
2/16 Соли 1966. Горбачёви ҷавон раҳбари Ҳизби коммунист дар Ставропол шуд
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Соли 1960. Горбачёв (нафари севум аз тарафи рост) дар маъракаи бахшида ба Инқилоби Октябр дар Ставропол
3/16 Соли 1960. Горбачёв (нафари севум аз тарафи рост) дар маъракаи бахшида ба Инқилоби Октябр дар Ставропол
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Соли 1984. Михаил Горбачёв бо ҳамсараш, Раиса ва нахуствазири пешини Бритониё Маргарет Тетчер. Хонум Раиса соли 1999 даргузашт
4/16 Соли 1984. Михаил Горбачёв бо ҳамсараш, Раиса ва нахуствазири пешини Бритониё Маргарет Тетчер. Хонум Раиса соли 1999 даргузашт
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Мулоқоти нахустинаш бо раисҷумҳури Амрико Роналд Рейган, моҳи ноябри соли 1985, Женева. Горбачёв моҳи марти ҳамон сол дабири кулли Ҳизби коммунист интихоб шуда буд
5/16 Мулоқоти нахустинаш бо раисҷумҳури Амрико Роналд Рейган, моҳи ноябри соли 1985, Женева. Горбачёв моҳи марти ҳамон сол дабири кулли Ҳизби коммунист интихоб шуда буд
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Маскав, моҳи марти 1986. Бо раиси ҷумҳури пешини Куба, Фидел Кастро
6/16 Маскав, моҳи марти 1986. Бо раиси ҷумҳури пешини Куба, Фидел Кастро
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган, президенти вақти Амрико, 8-уми декабри соли 1987 созишномаи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро имзо карданд
7/16 Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган, президенти вақти Амрико, 8-уми декабри соли 1987 созишномаи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро имзо карданд
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
6-уми октябри соли 1989. Дидор бо раҳбари Олмони Шарқӣ Эрих Хонеккер. Пас аз як моҳ девори Берлин фурӯ рехт
8/16 6-уми октябри соли 1989. Дидор бо раҳбари Олмони Шарқӣ Эрих Хонеккер. Пас аз як моҳ девори Берлин фурӯ рехт
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Мулоқоти Михаил Горбачёв ва вазири корҳои хориҷии СССР Эдуард Шеварднадзе бо садри аъзами Олмони Ғарбӣ Ҳелмут Кол ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳанс-Дитрих Геншер
9/16 Мулоқоти Михаил Горбачёв ва вазири корҳои хориҷии СССР Эдуард Шеварднадзе бо садри аъзами Олмони Ғарбӣ Ҳелмут Кол ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳанс-Дитрих Геншер
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Маскав, 26-уми феврали 1990. Горбачёв ва президенти Чехословакия Ватслав Ҳавел ҳангоми табодули аснод дар бораи хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз ин кишвар
10/16 Маскав, 26-уми феврали 1990. Горбачёв ва президенти Чехословакия Ватслав Ҳавел ҳангоми табодули аснод дар бораи хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз ин кишвар
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Горбачёв ҳангоми раъйдиҳӣ дар ҳамапурсӣ. 17-уми марти соли 1991, Маскав 
11/16 Горбачёв ҳангоми раъйдиҳӣ дар ҳамапурсӣ. 17-уми марти соли 1991, Маскав 
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Михаил Горбачёв ва Ҷорҷ Буши калонӣ, 31-уми июли 1991
12/16 Михаил Горбачёв ва Ҷорҷ Буши калонӣ, 31-уми июли 1991
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Ҳамроҳи Борис Елтсин, 23-юми августи соли 1991 
13/16 Ҳамроҳи Борис Елтсин, 23-юми августи соли 1991 
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Лаҳзаи суҳбат бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин. Олмон, моҳи декабри 2004
14/16 Лаҳзаи суҳбат бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин. Олмон, моҳи декабри 2004
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Берлин, 24-уми феврали соли 2011. Бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар намоишгоҳе, ки ба муносибати 80-солагии Горбачёв баргузор шуд.
15/16 Берлин, 24-уми феврали соли 2011. Бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар намоишгоҳе, ки ба муносибати 80-солагии Горбачёв баргузор шуд.
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Барандагони Ҷоизаи Сулҳи Нобел: (аз чап ба рост) Лех Валенса, Михаил Горбачёв, Фредерик Виллем де Клерк ва Ҷимми Картер. Чикаго, моҳи апрели соли 2012
16/16 Барандагони Ҷоизаи Сулҳи Нобел: (аз чап ба рост) Лех Валенса, Михаил Горбачёв, Фредерик Виллем де Клерк ва Ҷимми Картер. Чикаго, моҳи апрели соли 2012
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
пешина
баъдӣ

Михаил Горбачёв дар мақоми котиби аввали Ҳизби марказии коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати ошкорбаёнӣ ва ислоҳоти бо номи "Перестройка"-ро роҳандозӣ кард. Дар остонаи 90-солагии худ Михаил Горбачёв ҳамин барномаҳоро "муҳимтарин кори зиндагӣ"-аш хонда буд. "Муҳимтарин чизе, ки дар дохили кишвар ба даст овардем, ин озодие аст, ки ба инсонҳо насиб шуд, бо низоми тоталитарӣ хотима додем," -- гуфта буд ӯ.

Дар аҳди Горбачёв Ҷанги Сард бо Ғарб хотима ёфт, артиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон берун оварда шуд, аввалин интихоботи озод баргузор гардид ва аз нақши "раҳбарикунандаву пешбаранда"-и Ҳизби коммунистӣ дар қаламрави Аврупои Марказиву Шарқӣ даст кашида шуд.

Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз мақоми президенти ин кишвар канор рафт.

Вале нақши Горбачёвро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ бисёриҳо баҳсбарангез меноманд ва то ҳол шумори зиёди мардум, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам ӯро дар суқути як кишвари аз назари онҳо "иҷтимоиву раиятпарвар" ва сар задани ҷангу ноамниҳо дар 15 ҷумҳурии Шӯравӣ гунаҳкор мекунанд. Худи Горбачёв дар посух ба ин танқидҳо гуфтааст, хоҳони фурӯпошии ИҶШС набуд ва созишномаи нави федеративӣ ё конфедеративиро омода мекард ва ислоҳоти СССР-ро хеле пештар шуруъ кардан лозим буд.

Дар Ғарб, баръакс, бисёриҳо ба Горбачёв назари нек доранд, ки ҷаҳонро аз эҳтимоли ҷанги ҳастаӣ ва хатари коммунизм наҷот дод ва масири таърихро иваз кард.

Филми "Горбачев. Рай" (Ба забони русӣ):

ВОКУНИШҲОИ ҶАҲОНӢ БА ДАРГУЗАШТИ ГОРБАЧЁВ

Даргузашти Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт. Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ӯро , "раҳбаре нодир" номидаааст, ки ҷаҳонро "амнтар" сохт.

Байден дар баёнияе гуфт, Горбачёв ояндаи дигареро тасаввур карда буд ва шуҷоати онро дошт, ки барои даст ёфтан ба чунин ояндае мавқеияти худро ба хатар биандозад. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, "натиҷаи чунин иқдомоте як ҷаҳони амнтар ва озодии бештар барои миллионҳо нафар буд".

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, низ ҳамдардии худро аз даргузашти Михаил Горбачёв баён кард. Сухангӯи Путин ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ӯ "барои хонавода ва дӯстонаш паёми ҳамдардӣ хоҳад фиристод".

Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ низ аз Горбачёв ба унвони сиёсатмадоре ном бурд, ки масири таърихро тағйир дод ва гуфт, "ӯ беш аз ҳар шахси дигаре талош кард, то Ҷанги Сард ба таври сулҳомез поён биёбад".

Борис Ҷонсон, нахустивазири Бритониё, изҳор дошт, ки "ман ҳамеша шаҳомат ва роҳи дурусти ӯро барои поён додан ба Ҷанги Сард ситоиш мекунам... дар замоне ки Путин ба Украина таҷовузи низомӣ кард, истодагарии ӯ барои боз кардани ҷомеаи Шӯравӣ, намунае барои ҳамаи мо хоҳад буд."

Ҳамчунин раиси Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз Михаил Горбачёв ба унвони "як раҳбари қобили эътимод ва мавриди эҳтиром" ёд кард ва изҳор дошт, "ӯ нақши муҳим дар поёни Ҷанги Сард иҷро кард. Ӯ роҳро барои Аврупои озод кушод. Ин меросе аст, ки мо фаромӯш нахоҳем кард."

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG