Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хешовандони Вазирбековҳо мегӯянд, мақомот ваъдахилофӣ доранд


Бародарон Вазирбековҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалкардҳои мақомоти Тоҷикистонро танқид мекарданд.

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо ду фаъоли мадании боздоштшудаи зодаи Бадахшон мегӯянд, мақомоти тафтишотӣ иҷоза намедиҳанд, бо онҳо суҳбат кунанд ва вакили мудофеъи онҳо низ ҳеч ҳарфе дар бораи парванда намегӯяд.

Яке аз пайвандони Ораз Вазирбеков рӯзи 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот ваъда карданд, ки баъди ҷашни “Рузи истиқлол” ба онҳо иҷозаи мулоқот медиҳанд, вале ба ин аҳдашон вафо накарданд.

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ нахостанд, ки номашон бурда шавад. Яке аз онҳо гуфт: “Мо ба раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситони кулл нома навиштем ва хоҳиш кардем, ки иҷозаи мулоқот диҳанд, вале ҳеҷ посухе дарёфт накардем. Мо намедонем, дар ин ду моҳе, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешаванд, бо онҳо чӣ мегузарад.”

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековро мегӯянд, барои ҳимояи ҳарду ба вакилони мудофеъ дар Душанбе муроҷиат кардаанд, вале ин вакилони мудофе баъди шиносоӣ бо парванда ва рабт доштани он ба ҳаводиси Бадахашон розӣ нашуданд, аз ҳаққи ҳарду дар додгоҳ ҳимоят кунанд.

Адвокате, ки ҳуқуқи онҳоро ҳимоят мекунад, аз тарафи давлат интихоб шудааст ва ба қавли хешовандони Вазирбековро бо онҳо суҳбат намекунад. Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков гуфт, баъди ба Душанбе овардан аз Русия ҳеч дараке аз онҳо надоранд ва ба боздоштгоҳ танҳо ғизову либос мебаранду тамом.

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон аз шарҳи қазия ва парвандаҳои дигари вобаста ба нооромиҳои Бадахшон пайваста худдорӣ кардаанд ва гоҳо пас аз ҳукми додгоҳ бо нашри хабари кутоҳе иктифо мекунанд.

Ба қавли пайвандонашон, мақомот ҳардуро ба тарғиби тундгароӣ бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ айбдор кардаанд. Дар сурати собит шудани ин иттиҳомот мумкин аст, фарди гунаҳкорро аз 8 то ба 15 соли зиндон маҳкум кунанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо рӯзи 29-уми июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав нопадид шуданд. Як рӯз пас онҳо дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоии наздик ба мақомоти Тоҷикистон нашр шуд, мегуфтанд, ки ба ватан баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот дар бораи нооромиҳои Бадахшон посух диҳанд.

Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков гуфт, ӯ ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст ва навор саҳнасозӣ аст. Вазирбековҳо дар ин навор, ки дар кадом шароит сабт шуданаш маълум нест, мегӯянд, ихтиёрӣ баргаштаанд ва аз Русия ихроҷ нашудаанд.

Ба гуфтаи пайвандонашон, онҳо шаҳрвандии Русияро доранд. Мақомоти Русия дар ин бора чизе нагуфтаанд. Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо бо назарҳои танқидияшон дар бораи мақомоти Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинохта шуда буданд.

Пас аз тазоҳурот ва нооромиҳои моҳи майи имсол дар Бадахшон, ки бо марги даҳҳо нафар анҷомид, мақомоти интизомии Тоҷикистон садҳо нафар, аз ҷумла фаъолони мадании бадахшониро ба иттиҳоми барангехтани ин нооромиҳо дастгир ва баъзе аз онҳоро ба муддатҳои дароз зиндонӣ карданд. Боздоштшудаҳо ва наздиконашон мегӯянд, иттиҳомот беасос аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои ингуна амалкардҳо сахт танқид кардаанд. Аз ҷумла Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) чанде пеш аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба муҳокимаҳои ба гуфтаи созмон ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.

Ин созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ бо нашри баёнияе рӯзи 23-юми август гуфт: "Мақомоти Тоҷикистон бояд ба ин беадолатӣ хотима дода, ба аҳдномаҳои байнулмилалии худ барои таъмини муҳокимаҳои одилона пойбанд бошанд."

Дар баёнияи созмон омадааст, даҳҳо сокини Бадахшон, ки баъд аз тазоҳуроти моҳи майи имсол дастгир шуданд, мумкин аст, паси дарҳои баста ноодилона муҳокима шаванд.

Гуфтугӯ

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG