Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марз ором аст, вале нигаронӣ боқист. Ҳолу ҳавои Чоркуҳ баъди як рӯзи муноқиша. ВИДЕО


Осори муноқишаи рӯзи 14-уми сентябр
Осори муноқишаи рӯзи 14-уми сентябр

Пас аз як рӯзи даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мақомоти интизомии шаҳри Исфара ба таҳқиқу баррасии ҳодиса ва зиёни расида ба сокинон шурӯъ кардаанд. Танҳо дар ҳудуди ҷамоати Чоркуҳ дастикам 5 манзили сокинон ва чанд нақлиёт осеб дидааст.

Дар муноқишаи рӯзи 14-уми сентябр 2 марзбони тоҷик кушта ва 11 кас маҷруҳ шуданд. Сафаралии Ҳасан, яке аз марзбонони кушташудаи тоҷикро рӯзи 15-уми сентябр дар зодгоҳаш ноҳияи Восеъ ба хок супориданд. Мақомоти Қирғизистон аз захмӣ шудани 2 марзбон ва се сокини мулкӣ хабар доданд.

Дучархаи бачаҳоро ҳам хароб карданд

Яке аз манзилҳои осебдида
Яке аз манзилҳои осебдида

Дар муноқишаи як рӯзи пеш асосан маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати Чоркуҳ осеб дид. Сокинони ин деҳа мегӯянд, аз ду ҷониб зери ҳамлаи тиру туп қарор гирифтанд. Яке аз ҷониби дидбонгоҳи марзии Қирғизистон воқеъ дар деҳаи Самарқандак ва дигарӣ аз тарафи дидбонгоҳи Минбулоқи Қирғизистон сурат гирифтааст. Ҳатто чанд муассисаи таълимӣ низ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Дар ин низоъ бештар ҳавлии Умар Исматзода зарар дидааст. Хонаводаи Исматзода, ки аксарашон ноболиғон ҳастанд, баъди ҳамла имкони зист дар манзилашонро надоранд. Онҳо ҳоло ба хонаи иҷора рафтаанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором, вале муташанниҷ боқӣ мондааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Умар Исматзода, сокини ҷамоати Чоркуҳ мегӯяд, “се фарзандаи хурдсол дорам, онҳо яксола, дусола ва се сола ҳастанд. Мо рӯзамонро дидем, онҳо чизеро набинанд? Ин ҳолро бинед, дучархаашонро лахт-лахт кардаанд ва дар он айвон бачаҳо бозӣ мекарданд”.

“Кӯдаконро аз тирезаи қафо гурезондем”

Ба ҳавлии Қурбоновҳо низ дар маҳаллаи Лангари Моҳиён ҳодисаи дирӯз таъсири молию ҷонӣ расонидааст. Асадулло Қурбонов, писарбаччаи 17-сола аз се ҷояш захм бардошта ва ҳоло дар беморхонаи бистарӣ аст.

“Ман дар дохили ҳоҷатхона будам, ки бо овози баланд гулдурос шуд. Бароям ҳамаҷо чангу ғубор ҳеҷ ҷойро дида натавонистам. Фарзанду набераҳоям нафас кашида натавонистанд ва бо тирезаи қафо аз хона гурехтанд,"-афзуд Раъно Қурбонова, сокини Чоркуҳ.

“Хонандагон дод мезананд”

Ин нақлиёт ҳам дар муноқиша хароб шуд
Ин нақлиёт ҳам дар муноқиша хароб шуд

Сокинон мегӯянд, аз ҷониби дидбонгоҳи деҳаи марзии Минбулоқи Қирғизистон ба наздикии мактаби рақами 47 низ чанд хумпораву гулула партоб шудааст. Яке аз гулулаҳо ба сутуни барқӣ зада ва пояашро шикастааст.

Содиқ Раҳмонов, мудири мактаби рақами 47 ба хонандагон дарс мегуфт, ки садои тир баланд шуд. Раҳмонов маҷбур шуд мактабиёнро аз дарс ҷавоб диҳад.

“Худам тарсида, баромада, бинам, сутуни барқ ғалтида ва симҳояш дар замин хоб рафтааст. Бачаҳо дар саҳни мактаб дод заданд ва бо кӯмаки муаллимону мардони маҳалла онҳоро бо ҷойи бехавф, ба хонаҳояшон бурдем”,”-мегӯяд мудири мактаб.

Мақомоти маҳаллӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ то лаҳзаи омода шудани ин гузориш аз хисороти расида маълумот надодаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дастикам 5 ҳавлиро дид, ки қисман хароб шудаанд. Бар иловаи ин чандин воситаи нақлиётии сокинон низ осеб дидааст. Ҳарчанд рӯзи 15-уми сентябр вазъ ором ба назар мерасад, вале мардум аз ҳолати дирӯза ба ташвиш афтодаанд. Хостаи сокинони ҳарду тарафи марз оромӣ аст.

Даргирии ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи 14-уми сентябр аз минтақаи Кех оғоз шуд ва базудӣ дар дигар минтақаҳои марзии Исфара ва Ботканд паҳн шуд. Бегоҳи он рӯз мақомоти ду кишвар гуфтанд, неруҳои иловагиро аз минтақаи марзӣ берун мекашанд. Мақомоти ду кишвар гуфтанд, талош мекунанд аз такрор чунин ҳодисаро пешгирӣ кунанд. Дар гузашта ҳам ваъдаҳо садо дода, аммо муноқишаҳо ҳар сари чанд вақт такрор мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG