Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх ба Тоҷикистону Қирғизистон: ба талафоти аҳолии мулкӣ роҳ надиҳед


Кумитаи байалмилалии Салиби Сурх аз Тоҷикистону Қирғизистон тақозо кардааст, ки ба талафоти аҳолии мулкӣ роҳ надиҳанд ва миёни низомиёну сокинони мулкӣ тавофут гузоранд.   

Изҳороте, ки рӯзи 17-уми сентябр аз номи раҳбари дафтари минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳри Тошканд нашр шуд, аз афзоиши амалиёти ҷангӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва оқибатҳои башарии он, аз ҷумла “таъсири он ба ҳаёт ва амнияти аҳолии манотиқи марзӣ”, изҳори нигаронӣ мекунад.

Сангита Кениг, раҳбари намояндагии минтақавии КБСС дар Осиёи Миёна мегӯяд: "Ҳангоми гузаронидани амалиёти ҷангӣ бояд тамоми чораҳои имконпазир барои пешгирӣ аз талафоти тасодуфии аҳолии мулкӣ, осеби ғайринизомиён ва зарар ба объектҳои ғайринизомӣ андешида шаванд. Риояи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ӯҳдадории тарафҳои низоҳои мусаллаҳона мебошад".

Кениг гуфтааст, ки вазъро дар минтақаи марзӣ ҳамроҳ бо ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Қирғизистон пайгирӣ мекунад. Ӯ гуфтаст, ки “ба эҳтиёҷоти башардӯстона посух медиҳад ва ба ғайринизомиёне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, кӯмак хоҳад кард."

Дар изҳороти созмони байналмилалӣ, ки инак 30 сол аст дар хоки Осиёи Марказӣ ҳузур доранд, таъкид шудааст, ки “бояд ҳамеша байни ғайринизомиён ва ҷангиён тафовут гузоранд. Бояд ҳамеша кӯшиш ба харҷ дод, ки ба аҳолӣ, моликият ва инфраструктураи гражданӣ зарар расонида нашавад. Кормандони тиб ва муассисаҳои тиббие, ки ба онҳо танҳо ӯҳдадориҳои кӯмаки тиббӣ гузошта шудаанд, бояд дар ҳама ҳолатҳо эҳтиром ва ҳифз карда шаванд. Истифодаи аслиҳае, ки табиатан табъиз аст, манъ аст».

Масъулияти ин созмони байналмилалӣ аз кӯмаки башардӯстона дар маҳалҳои низоъ ва ҷанг иборат мебошад.

Як масъули ин созмон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони ин созмон ва ҳам созмонҳои миллии Ҳилоли аҳмар корро дар самти назорат аз ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи ғайринизомиён дар минтақаҳои ҷангии марзӣ идома медиҳанд ва феълан омода нестанд ҷузъиёти ин ҳолатҳоро бо матбуот дар миён гузоранд. “Чун кори аввалиндараҷаи мо баробари шурӯъ шудани низоъ расонидани ёрии фаврии башардӯстона ба сокинони ғайринизомӣ буд ва ин кор идома дорад. Ҳар замоне, ки гузоришҳои ҳамкорони мо омода шуд, мо шуморо дар ҷараён мегузорем”, гуфт намояндаи КБСС.

Вале дар гузоришҳои парокандаи матбуоти мухталиф дар ҳарду тарафи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва ҳам матолиби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ иддао мешавад, ки ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи сокинони мулкӣ кам нест. Сокинони мулкӣ дар хатти марзи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои нирӯҳои Қирғизистон дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд рӯзҳои 14 ва 16-уми сентябр, хонаҳои мардуми ғайринизомӣ ҳадафи тиру туфанг қарор гирфтанд ва шоми ҷумъа, ба иттилои ВКД Тоҷикистон, бесарнишинҳо ба масҷиди ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамлаҳо карданд, ки дар натиҷаи он, эҳтимолан даҳ нафар куштаву чандин каси дигар маҷрӯҳ шуд.

Ҷониби Қирғизистон ҳам аз ҳуҷуми нирӯҳои Тоҷикистон хабарҳо дода, аз ҷумла, гуфтааст, ки нирӯҳои кишвари ҳамсоя рӯзи 16-уми сентябр ба дарунтари вилояти Бодканд ворид шуда, дар мактаби маҳаллӣ парчами Тоҷикистонро барафроштанд. Матбуоти Қирғизистон аз ҷароҳати бе аз 100 сокини мулкӣ хабар дода, марги духтарчаи 15-солаи сокини деҳаи наздимарзиро ҳам тасдиқ кардааст.

Коршиносоне, ки ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро назорат мекунанд, мегӯянд, то замони барпо шудани таҳқиқоти мустақилона баҳо додан ба низои ахир ва нақши ҳар ҷониб дар он кори мушкил аст. Алишер Илҳомов, таҳлилгари масоили Осиёи Миёна дар сӯҳбат бо ТВ “Настоящее время” шоми 16-уми сентябр гуфт, ҳодисаҳо дар марз бояд бо ҷалби мутахассисони берунаи мисли САҲА бетарафона таҳқиқ шаванд, то ки маълум шавад, ки чунин як низои пурхушунате сар заду паёмадҳои он чӣ хоҳад буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG