Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Овчӣ-Қалъача аз "ҳамлаи бесарнишин" ва "аз даст додани чанд кас" гуфтанд. Мақомот шарҳ надоданд


Субҳи 16-уми сентябр сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон бо садои тир бедор шуданд
Субҳи 16-уми сентябр сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон бо садои тир бедор шуданд

Баъзе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки шоми 16-уми сентябр ва баъди эълони оташбас бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон "чанд нафар" дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача "захмӣ ва ё кушта шудаанд".

Шумораи дақиқи онҳо маълум нест. Дар ду наворе, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дар бораи "аз даст додани даҳ нафар" суҳбат шудааст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба ҳамсуҳбатонаш дар минтақа навишт, ки "беш аз 10 нафар ҷароҳат бардоштанд".

Дар яке аз наворҳо дида мешавад, ки чанд кас бо сару тани хунолуд дар замин хобидаанд ва сокинон аз якдигар мехоҳанд, "зиндаҳоро зуд ба шифохона баранд".

Ҷамоати Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон беш аз 40 километр марз доранд.

Талошҳои мо барои дақиқ кардани ҳодиса то ин дам натиҷа надод. Маълум нест, ҳамла соати чанд ва дар куҷо сурат гирифтааст.

Як масъули ҷамоати Овчӣ-Қалъача гуфт, ба масҷиди ҷамоат ҳамла шудааст, аммо тафсилот надод. Танҳо ҳаминро гуфт, ки "аҳолиро аз инҷо кӯчонда истодаем".

Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду дафъа дар суҳбати телефонӣ ваъда дод, ки "дертар занг мезанад" ва бо ин баҳона ба соулҳо посух надод.

Аҳрор Неъматов, як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача, гуфт, "нерӯҳои Қирғизистон бо бесарнишинҳо ба масҷид ҳамла карданд" ва замоне ки ба иддаои ӯ "сокинон барои хондани намози аср рафта буданд".

"Ман беҳуш шуда будам, ҳозир дар беморхона ҳастам," – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Баъзе аз мусоҳибони дигар гуфтанд, ин афрод бар асари таркиши снаряд "захмӣ ва ё кушта шудаанд".

Қаблан мақомоти Тоҷикистон дар изҳороте аз ҳамлаи чархболу бесарнишинҳои Қирғизистон ба хонаҳои мардум ва иншооти ғайринизомӣ ибрози ташвиш карданд. Қирғизистон дар навбати худ Тоҷикистонро ба нақзи оташбас ва истифодаи дастгоҳи мушакии РСЗО айбдор кард.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" аз чанд ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Қирғизистон ба деҳаи Шӯроби Исфара хабар дод. Ба гуфтаи мусоҳибони оҷонсӣ, "даҳҳо хона хароб шуда, бисёре аз сокинони осоишта ҷароҳат бардоштаанд."

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар бораи кушта шудани ин ё он нафар дар Исфараву ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳанд, вале мақомоти Тоҷикистон чизе нагуфтаанд.

Субҳи 16-уми сентябр сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон бо садои тир бедор шуданд. Муноқиша то зуҳри имрӯз давом кард ва дертар мақомоти баландпояи ду кишвар суҳбат карданду аз оташбас хабар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон шоми 16-уми сентябр ҷониби Қирғизистонро гунаҳкор карданд, ки "баъди якуним соати" эълони оташбас "дубора тирпаррониро оғоз кардааст".

Хадамоти марзбонии Қирғизистон, баръакс, иддао дорад, ки "сарҳадбонҳои тоҷик дубора ба мавқеи низомиён дар Кулунду ва Ҷани-Ҷери ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҳамла карданд".

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки қариб нисфи он муайян ва аломатгузорӣ нашудааст. Миёни сокинони минтақаҳои марзӣ ҳар сари чанд вақт бар сари замину чарогоҳ ва об ҷанҷол сар мезанад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG