Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Латту кӯби хабарнигори "Садои Амрико" дар Қирғизистон

Рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Ӯши Қирғизистон хабарнигори бахши узбекии радиои "Садои Амрико" Даврон Насибхонов аз сӯи афроди ношинос латту кӯб шуд.

Насибхонов гуфт, ки соати наздик ба 17:00-и он рӯзвай ба майдони марказии шаҳри Ӯш рафта, мехост, аз ҷамъоварии кӯмакҳои башарӣ барои сокинони вилояти Бодканд гузориш таҳия кунад.

Баъд аз наворгирӣ ду марде ба сӯи вай омаданд, ки либоси мулкӣ доштанд. Ин ду мард гумон карданд, ки хабарнигор "ҷосуси Тоҷикистон" аст. (Насибхон мегӯяд, дар ин бора дертар ба хулоса расид). Мардҳо ӯро ба канор бурдаанд.

Насибхонов аз кормандони пулис дархости кӯмак кардааст. Аммо пулис дахолат накарда ва дар натиҷа мардҳо ӯро латту кӯб кардаанд. Вай дар натиҷаи латту кӯб аз ҳуш рафтааст.

"Намедонам, чи қадар вақт гузашт. Вақте ба ҳуш омадам, ки касе маро аз дастам мекашид ва аз замин мебардошт", - гуфт Насибхонов.

Баъди ин ӯро ба идораи мақомоти интизомӣ бурда ва баъдтар ба бемористон интиқол додаанд.

Даврон Насибхонов аз кормандони пулис хостааст, ки тавассути дурбинҳои назоратӣ гумонбарони ҳамла ба ӯро пайдо кунанд. Пулис гуфтааст, ки наворҳоро танҳо аз шаҳри Бишкек мешавад, дастрас кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Абхозистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия супурдааст

Лаҳзаи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Абхозистон
Лаҳзаи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Абхозистон

Мақомоти ҷумҳурии худхондаи Абхозистон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми ифротгароии динӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт ва ба Русия истирдод кардаанд.

Хадамоти амнияти давлатии Абхозистон дар иттилоияе гуфт, истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Каримхон Саидови 43-сола дар поёни ҳафтаи гузашта сурат гирифт.

Назари Саидов ба қазия ва қарори истирдодаш маълум нест.

Инчунин рӯшан нест, ки ӯро бо дархости Русия боздошт кардаанд ё Тоҷикистон. Мақомот дар Душанбе дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардаанд.

Дар хабари мақомоти Абхозистон, аз ҷумла гуфта шудааст, ки гуё Саидов “дар саҳифаҳои ҳомии гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия маводе паҳн мекард, ки барои сафед кардани ифротгароӣ ва барангехтани адовати динӣ равона шуда буд”.

Хадамоти амнияти давлатии Абхозистон гуфт, муҳлати санадҳои муҳоҷирати Саидов дар Абхозистон ҳам гузашта буд ва ӯ рӯзи 20-уми март ба Русия истирдод шуд.

Феълан маълум нест, ки ӯ дар куҷо аст ва дар Русия ба ӯ айбе эълон шудааст ё на.

Тоҷикистон Абхозистони рӯ ба Русияро чун давлати мустақил ба расмият намешиносад, аз ин рӯ, бисёр муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурӣ тавассути сохторҳои Русия ҳаллу фасл мешаванд.

Трамп гуфт, ҳамла ба нерӯгоҳҳои Эронро 5 рӯз ба таъхир гузошт

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико гуфт, баъди як суҳбати "бисёр хуб" ҳама гуна ҳамларо ба нерӯгоҳҳои Эрон то панҷ рӯз ба таъхир гузошт. Вазорати корҳои хориҷии Эрон билофосила посух дод, ки байни Теҳрон ва Вашингтон "муколамае" вуҷуд надорад.

Доналд Трамп 23-юми март дар шабакаи Truth Social навишт, "бо назардошти хусусият ва лаҳни гуфтугӯҳо" ба Вазорати дифоъ супориш додааст, ки "ҳама гуна ҳамла алайҳи нерӯгоҳҳо ва зербунёдҳои энержии Эронро ба муддати панҷ рӯз боздорад".

Трамп афзуд, "ин гуфтугӯҳо дар тӯли ҳафта идома хоҳад дошт".

Дар ҳамин ҳол, "Тасним" ва "Форс", ду хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки байни Теҳрон ва Вашингтон мустақим ё ғайримустақим "ягон музокирот" сурат нагирифтааст.

Изҳороти раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш аз поёни зарбулаҷал ба Эрон барои бозкушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз садо дод. Аз ин оброҳа 20 дарсад аз нафту гази ҷаҳон мегузарад.

Доналд Трамп шоми 21-уми март ба Эрон ҳушдор дода буд, ки "агар дар зарфи 48 соати оянда гулӯгоҳи Ҳурмузро пурра ва бе таҳдид боз накунад, Амрико нерӯгоҳҳои ин кишварро нобуд хоҳад кард."

Тибқи гузоришҳои расида, Иёлоти Муттаҳида ҳазорҳо афсару сарбози нерӯҳои заминиро ба Ховари Миёна мефиристад. Дар вокуниш нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ таҳдид кардаанд, ки Эрон даст ба иқдоми мутақобил зада, зерсохторҳои минтақаро нобуд хоҳад кард.

Ҷудо аз он, раиси порлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф навишт, "ҳамзамон бо ҳамла ба нерӯгоҳҳо ва зерсохтори эронӣ тамоми зербунёд ва коргоҳҳои энергетикии марбут бо Амрико дар минтақа нобуд карда мешаванд."

Чунин ҳамла ба кишварҳои Халиҷи Форс, ки муштарии бузурги нерӯ ва вобаста аз коргоҳҳои обсофкун мебошанд, таъсири фавқулода хоҳад дошт.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ваъда додааст, ки дар ҳоли зарурат гулӯгоҳи Ҳурмузро комилан баста, онро замоне боз хоҳад кард, ки тамоми зерсохторҳои маҳвшуда барқарор шаванд.

Маҳдудшавии равуои киштиҳо дар Ҳурмуз боис ба афзоиши нархи маводи сӯхт ва ҳамзамон бо он болоравии қимати маводи ниёзи аввалия гардидааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Зарбулаҷали Трамп бо чӣ ба анҷом хоҳад расид?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Чор мошини як ширкати яҳудиро дар Лондон оташ задаанд

Шахсони ношинос дар шаҳри Лондон чор мошини Ёрии таъҷилии марбут ба як ширкати яҳудиро оташ задаанд. Ширкати ғайритиҷоратии "Хатсала" ба расондани ёрии пизишкии бепул машғул буд.

Ба гузориши Би-би-сӣ, ҳодиса дар ноҳияи Голдерс Грин рух додааст.

Баъди оташ задан дар дохили мошинҳо чанд баллони газ таркидааст, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматии атроф осеб дидаанд.

Сара Ҷексон, сардори пулиси ноҳия гуфтааст, аз рӯи навори дурбинҳои назоратӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Се нафар гумонбар ҳастанд.

Пулиси Лондон мегӯяд, ҳодисаро ҳамчун "ҷиноят бар асоси яҳудибадбинӣ" таҳқиқ дорад.

Шимон Райд, як сокини маҳаллӣ гуфтааст, мошинҳои Ёрии таъҷилӣ дар канори ибодатгоҳи яҳудиён (синагога) қарор дошт.

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ин ҳодисаро маҳкум карда, онро амали "яҳудситезона" хонд.

Аз зиндон озод шудани як хабарнигор дар Қирғизистон

Муҳаббат Тоҷибек дар додгоҳ. 23 марти соли 2026
Муҳаббат Тоҷибек дар додгоҳ. 23 марти соли 2026

Додгоҳе дар Қирғизистон як рӯзноманигори таҳқиқотгарро аз зиндон озод кард.

Бар асоси қарори додгоҳ, Муҳаббат Тоҷибек, роҳбари гурӯҳи тарҳҳои Temirov LIVE ва "Айт, айт десе" баъди зиёда аз ду сол аз зиндон раҳо мешавад, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надорад.

Вакили дифоъ, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ба тарзи бархат (онлайнӣ) ширкат дошт, гуфт, Муҳаббат Тоҷибек 23-юми март озод мешавад. Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ ҳам ба озод шудани ӯ розӣ шудааст.

Муҳаббат Тоҷибек моҳи январи соли 2024 ҳамроҳи дигар кормандони тарҳҳои таҳқиқотии Temirov LIVE ва “Айт.айт десе” боздошт шуда буд.

Моҳи октябри он сол додгоҳ Муҳаббат Тоҷибекро бо гуноҳи “даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” ба 6 сол зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқ иттиҳомро беасос гуфтанд.

Ба як қирғизистонӣ дар Амрико то 28 сол зиндон таҳдид мекунад

Бекжан Бейшекеев
Бекжан Бейшекеев

Як шаҳрванди Қирғизистон, ки баъди садамаи нақлиётӣ дар Иёлоти Муттаҳида боздошт шуда буд, метавонад то 28,5 сол зиндонӣ шавад. Дар ин садама, ки моҳи феврал дар аёлати Индиана рух дод, чор нафар ба ҳалокат расидааст.

Додситони минтақаи Ҷей дар аёлати Индиана хабар додааст, ки Бекжан Бейшекеев якбора ба чор иттиҳом, аз ҷумла беэҳтиётӣ, ки боиси марг шудааст, муттаҳам мешавад.

Дар гузориши додситонӣ омадааст, шаҳрванди 30-солаи Қирғизистон мошини боркашонро идора мекард ва дар шоҳроҳ муқобили самти ҳаракат баромада, бо мошини сабукрав бархӯрдааст. Дар ин ҳодиса чор шаҳрванди ИМА ҳалок шуданд, ки аз 19 то 50 сол син доштанд.

Маҷлиси намояндагон лоиҳаи ду қонунро рад кардааст

Шӯрои Маҷлиси намояндагон. 16 марти 2026
Шӯрои Маҷлиси намояндагон. 16 марти 2026

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар як иқдоми камсобиқа лоиҳаи ду қонунро баргардондааст.

Ба гузориши нашрияи порлумонии "Садои мардум", Шӯрои Маҷлиси намояндагон 13-уми март қарор кард, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ" баргардонда шавад.

Дар хабари расмӣ ҷузъиёт дода нашудааст. Дар бораи лоиҳаи ин қонун ва сабабҳои баргардондани он дар манобеи боз низ маълумоте нест.

Ба иттилои расмӣ, Шӯрои Маҷлиси намояндагон рӯзи 16-уми март ҳамчунин лоиҳаи қонун "Дар бораи идоракунии рақамӣ"-ро бозпас гардондааст.

Дар бораи сабабҳои баргарондани ин лоиҳаи қонун низ шарҳе дода нашудааст. Лоиҳаи қонун дар бораи "Дар бораи идоракунии рақамӣ" моҳи ноябри соли 2025 расонаӣ шуда буд. Он вақт Маҷлиси намояндагон лоиҳаи ин қонунро барои додани хулоса ба кумитаҳои порлумон фиристода буд.

Порлумони Тоҷикистонро барои бидуни баҳс қабул кардани қонунҳо танқид мекунанд. Худи вакилон ин интиқодро қабул надоранд ва мегӯянд, лоиҳаи қонунҳо то расидан ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва такмил мешаванд.

Палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки аксари онҳо аъзои Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва аҳзоби тарафдори ҳукумат ҳастанд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ягона ҳизби мухолифи расмӣ дар кишвар гуфта мешавад, дар порлумон намоянда надорад.

234 сомонӣ ҷаримаи як мард барои беэҳтиромӣ ба ҳамсараш

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як мардро барои баҳсу муноқиша бо ҳамсараш 234 сомонӣ ҷарима кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, ин мард нимашаби 5-уми феврал "бо ҳамсараш баҳсу муноқишаи оилавиро ба миён оварда, нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намуда, суханҳои қабеҳ гуфта, нисбаташ зӯровариро раво дидааст".

Назари ин мард ба қазия маълум нест. Сомонаи Додгоҳи Хуҷанд навиштааст, мард "ба гуноҳаш пурра иқрор гардида, аз кирдори содирнамудааш софдилона пушаймонӣ изҳор намуд".

Ба гузориши сомонаи Додгоҳи Хуҷанд, алайҳи ин мард бар асоси моддаи 93 иловаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо таъйин шудааст. Ин банди қонун риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оиларо пешбинӣ мекунад.

Хушунати хонаводагӣ аз масъалаҳои нигаронкунанда дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Ба иттилои расмӣ, соли 2025 беш аз 3600 шикоят аз хушунат дар хонаводаҳо сабт гаштааст. Ин 403 маврид зиёдтар назар ба соли 2024 мебошад.

Хушунати хонаводагӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҷурми ҷиноӣ нест. Мақомот солҳо боз ният доранд, ки онро ҷурми ҷиноӣ бишносанд, вале ин кор то кунун сурат нагирифтааст.

Оғози даври нави музокирот барои поёни ҷанг дар Украина

Рустам Умаров ва Стив Виткоф дар музокирот дар Абу-Дабӣ 23 январи соли 2026
Рустам Умаров ва Стив Виткоф дар музокирот дар Абу-Дабӣ 23 январи соли 2026

Даври нави музокироти Амрико ва Украина дар шаҳри Майамии аёлати Флорида оғоз шуд. Музокирот шанбеи 21-уми март шуруъ шуда, қарор аст рӯзи якшанбе ҳам идома кунад. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский хабар додааст.

Амрикоро дар ин нишаст Стив Виткофф, фиристодаи вижаи перезидент ва Ҷеред Кушнер, мушовиру домоди раисҷумҳур Доналд Трамп намояндагӣ мекунанд. Аз тарафи Украина Рустам Умаров, котиби Шӯрои амният ва Кирилл Буданов, раиси дафтари президент дар ин гуфтугуҳо ширкат доранд.

Ҳафтаи гузашта ҳайати амрикоӣ бо намояндагони Русия бар сари хатми ҷанг дар Украина гуфтугӯ карда буданд.

Нашрияи Politico менависад, Кирилл Дмитриев, намояндаи президенти Русия дар вохӯрӣ бо намояндагони Амрико эътироф кардааст, ки Маскав дар ҷанги ахир бо додани маълумотҳои истихборотӣ ба Эрон кумак мекунад.

Ба навиштаи ин нашрия, намояндаи Русия гуфтааст, додани маълумот ба Эронро бас мекунанд, агар ИМА ирсоли маълумотҳои истихборотиро ба Украина қатъ кунад. Politico менависад, пешниҳоди намояндаи Русия рад шудааст. Худи Дмитриев ин хабарро рад кард.

Рӯзи 19-уми март Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, музокироти Маскав, Киев ва Вашингтон барои поёни ҷанг дар Украина ба хотири ҷанг дар Эрон "боздошта шудааст".

Тоҷикистон дар радаи 88-уми феҳристи кишварҳои шод дар ҷаҳон

Яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Дар тозатарин радабандии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯйи шохиси шодӣ ё хушҳолӣ дар байни 147 кишвар, дар мақоми 88-уми қарор гирифтааст.

Дар гузориши нави World Happiness Report 2026, ки рӯзи 19 март нашр шуд, 147 кишвари ҷаҳон аз ҷанбаҳои мухталиф, монанди ҳимояти иҷтимоӣ, умед ба оянда, вазъияти тандурустӣ, эҳсосоти мусбат ва манфӣ ва дигар шохисҳо, арзёбӣ шудаанд.

Илова бар ин, муаллифон омилҳое аз қабили даромади аҳолӣ, сатҳи озодӣ, дарки фасод ва дарозумриро низ дар назар гирифтаанд.

Ин мутолеа бар асоси посухҳои наздик ба 100 ҳазор нафар дар 147 кишвар ва минтақа анҷом шудааст. Гузориши нав бар таъсири расонаҳои иҷтимоӣ ва фановариҳои рақамӣ ба некӯаҳволӣ, ба хусус байни ҷавон, тамаркуз мекунад.

Гузориши солонаи ҷаҳонии хушҳолӣ ҳар сол бо ҳамкории ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия мешавад ва ҳадафи он, арзёбии вазъияти зиндагии мардум дар кишварҳои мухталиф ва ироаи он ба ниҳодҳои зирабт барои эҷоди тағйироти мусбат гуфта мешавад.

Қазоқистон танҳо кишвари ИДМ аст, ки дар радабандӣ дар миёни панҷоҳ кишвари бартар қарор гирифт. Ин кишвар бо 10 рутба боло рафтан назар ба соли гузашта, дар ҷойи 33-юм қарор дорад.

Узбекистон дар Гузориши ҷаҳонии хушҳолӣ, аз байни 147 кишвари шод, дар рутбаи 53-юм боқӣ монд. Қирғизистон рутбаи 66, Молдова рутбаи 77 ва Русия рутбаи 79-ро касб карданд.

Арманистон рутбаи 89 ва Озарбойҷон рутбаи 102-ро ба худ ихтисос доданд. Туркманистон ба далели нокифоя будани маълумот, ба ин рейтинг шомил нашуд.

Финландия барои нӯҳумин бор шодтарин кишвари ҷаҳон шинохта шуд. Пас аз он Исландия дар ҷойи (дувум), Дания (севум), Коста Рика (чаҳорум), Швейтсия (панҷум), Норвегия (шашум), Ҳоланд (ҳафтум), Исроил (ҳаштум), Люксембург (нӯҳум) Швейсария (даҳум), қарор гирифтаанд.

Афғонистон ҳамчунон ғамгинтарин кишвари ҷаҳон (147) аст. Ботсвана (143), Зимбабве (144), Малави (145) ва Серра-Леоне (146) низ дар рутбаҳои охир қарор доранд.

Путин дар моҳи май ба Қазоқистон сафар мекунад

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар охирҳои моҳи майи имсол ба Қазоқистон сафар мекунанд. Дар ин бора дафтари раёсати ҷумҳури Қазоқистон хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қазоқистон, президенти он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев бо Владимир Путин, ҳамтои русаш гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.

Манбаъ мегӯяд, ки Путин дар ин сӯҳбат баргузории муваффақиятомези ҳамапурсии миллӣ ва қабули Қонуни Асосии нави Қазоқистонро ба Тоқаев табрик гуфтааст.

"Ҳарду президент дар бораи дастури кори дуҷониба гуфтугӯ карданд. Қосимҷомарт Тоқаев бар аҳамияти сафари расмии раисҷумҳури Русия ба Қазоқистон, ки қарор аст охирҳои моҳи май анҷом шавад, барои мушорикати стратегӣ байни ду кишвар таъкид кард",-омадааст дар ин хабар.

Раисҷумҳури Русия пеш аз ин дар моҳи ноябри соли 2023 аз Қазоқистон боздид карда буд.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар моҳи марти соли 2023 дастури боздошти президенти Русияро бароварда буд. Ӯ ба ҷинояти ҷангӣ ва интиқоли маҷбурии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба Русия муттаҳам аст.

Кишварҳое, ки узви Аҳдномаи Рим ҳастанд, ӯҳдадоранд, ки дар сурати ворид шудани Путин ба қаламравашон, ӯро боздошт кунанд. Қазоқистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Аҳдномаи Римро имзо накардааст.

Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд

Пойгоҳ ҳавоии Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд.
Пойгоҳ ҳавоии Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд.

Рӯзномаи Wall Street Journal ба нақл аз чанд манбаи расмии амрикоӣ гузориш додааст, ки Эрон ду мушаки баллистикӣ ба тарафи пойгоҳи Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд, партоб кардааст.

Бар пояи ин гузориш, ҳеч яке аз ин мушакҳо ба пойгоҳи ҳавоии муштараки Амрико ва Британия барнахӯрдааст.

Ба гуфтаи манбаъ, яке дар тӯли роҳ, дар обҳо суқут карда ва як нови Амрико ҳам як мушаки раҳгири SM-3-ро ба сӯи дигарӣ партоб карда будааст, ҳарчанд маълум нест, ки амалиёти раҳгирӣ ва аз байн бурдан муваффақиятомез будааст ё не.

Ин рӯзномаи замони партоби мушакҳои эрониро эълон накардааст.

Хабаргузории эронии "Меҳр" ҳам партоби ду мушаки баллистикӣ ба сӯи пойгоҳи Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳиндро тасдиқ кард.

Ин хабаргузорӣ навишт, ки "ҳадаф қарор додани ҷазираи низомии Диего-Гарсия, ки беш аз чаҳор ҳазор километр бо Эрон фосила дорад, нишон медиҳад, ки бурди мушакҳои Эрон фаротар аз он чизе аст, ки душман тасаввур мекунад".

Пойгоҳи Диего-Гарсия, аз ҷумла, мизбони бамафканҳои пинҳонкори B-2-и Амрико аст.

Масофаи ин пойгоҳ то Теҳрон бар рӯи хатти мустақим наздик ба 3800 километр ва то ҷанубтарин нуқтаи Эрон ҳудуди 3 ҳазор километр аст.

Кохи Сафед ва Сафорати Бритониё дар Вашингтон ҳанӯз дар бораи ин гузориш ибрози назар накардаанд.

Лондон рӯзи 20 март бе ишора ба ҷузъиёт, аз Эрон хоста буд, ки пойгоҳҳои низомии Британияро "мустақиман" ҳадаф қарор надиҳад.

Эрон ба сокинони "Раъс-ул-Хайма"-и Иморот ҳушдор, ки шаҳрро тарк кунанд

Партоби мушакҳои эронӣ. Акс аз бойгонӣ.
Партоби мушакҳои эронӣ. Акс аз бойгонӣ.

Сипоҳи посдорони Эрон аз оғози даври дигаре аз ҳамлаҳои мушакӣ ба Исроил хабар додааст. Исроил ҳам аз шиносоӣ ва раҳгирии мавҷи нави мушакҳо хабар дод. Ҳанӯз гузорише аз бархӯрди эҳтимоли ин мушакҳо нашр нашудааст.

Дар хабаре дигар, Сипоҳ посдорон иддао кард, ки дар ояндаи наздик шаҳри "Раъс-ул-Хайма"-и Имороти Мутаҳидаи Арабро ҳадаф қарор хоҳад дод ва ба "ҳама сокинон"-и ин шаҳр ҳушдор додааст, ки ба суръат шаҳрро тарк карда, ба минтақаҳои амн бираванд.

Сипоҳи посдорон иддао кардааст, ки аз "Раъс-ул-Хайма" барои "амалиётҳое, ки ҳадафи онҳо, ҷазираҳои эронӣ аст", истифода шудааст.

Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Араб аз гузаштаҳо бар сари моликияти ҷазираи Абу Мусо, Тунби калон ва Тунби хурд, ихтилоф доштаанд.

Иморот, дигар кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории Халиҷ (Форс) ва бархе дигар кишварҳо, ин ҷазираҳоро мутааллиқ ба Иморот медонанд ва Эронро ба ишғоли онҳо муттаҳам кунанд. Иттиҳоме, ки аз сӯи Эрон рад мешавад.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои хабарӣ дар дохили Эрон аз даври нави ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил ба нуқтаҳои мухталифи Эрон хабар медиҳанд.

Тибқи гузоришҳо, дар нахустин соатҳои 21 март Теҳрон, Исфаҳон, Караҷ ва чанд шаҳри дигар ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ба гузориши сайти хабарии "Эрон", дар пайи ҳамлаҳои шабонаи Исроил ба Теҳрон, барқи бахшҳое аз ғарби пойтахти Эрон қатъ шудааст.

“Моро маҳкам карданд.” Беш аз 40 муҳоҷири тоҷикро ба Русия роҳ надодаанд

Фурудгоҳи "Жуковский". Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи "Жуковский". Акс аз бойгонӣ

Беш аз чиҳил шаҳрванди Тоҷикистонро рӯзи 19-уми март ба Русия роҳ надода, дар Фурудгоҳи “Жуковский”-и шаҳри Маскав нигоҳ доштаанд.

Яке аз муҳоҷирон бо шарти фош нашудани номаш ва фиристодани чанд аксу видео ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз шаҳри Душанбе омаданд, вале бидуни сабаб дар як ҳуҷраи хурди фурудгоҳ маҳкам карда шуданд.

Акс аз наворҳои фиристодаи муҳоҷирон
Акс аз наворҳои фиристодаи муҳоҷирон

Дар наворҳо низ дида мешавад, ки баъзе аз муҳоҷирон дар катҳои оҳанӣ хобида, баъзеи дигар рост истодаанд ё дар замину курсиҳо нишастаанд. "Мо дар ин ҷо қадр надорем. Ҳар соат 5-6 нафар ба сафи мо мепайвандад," – навишт яке аз муҳоҷирони тоҷик дар паёми хатӣ ба Радиои Озодӣ.

Ӯ афзудааст, марзбонҳои Русия танҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро зери заррабин қарор додаанд, вале муроҷиати телефонии онҳо ба сафорати кишвар дар Маскав натиҷаи мусбат надодааст. "Моро ба мисли ҳайвон маҳкам карданд. Идии мо ҳамин аст магар?" – навиштааст яке аз муҳоҷирон.

Шарҳи ҷониби Русия дастрас нест. Рӯшан нест, ин гурӯҳи муҳоҷирон баъд аз тафтиш ба Русия роҳ дода мешаванд ё бо қарори додгоҳ ба Тоҷикистон пас баргардонда хоҳанд шуд.

Мақомоти Русия дар бештар аз ду соли охир борҳо монеи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба хоки ин кишвар шуда, гурӯҳеро бо қарори додгоҳ аз ин кишвар берун кардаанд.

Ба иттилои расмӣ, мақомоти Русия дар соли 2025 беш аз 54 ҳазор хориҷиро, ки дар миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Трамп гуфт, нақша надорад ба Эрон нерӯи низомӣ фиристад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Санаэ Такаити, сарвазири Ҷопон. Кохи Сафед, 19-уми марти 2026
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Санаэ Такаити, сарвазири Ҷопон. Кохи Сафед, 19-уми марти 2026

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, қасд надорад, ки ба Эрон нерӯи низомӣ фиристад.

Доналд Трамп ин суханонро рӯзи 19-уми март ҳангоми дидор бо сарвазири Ҷопон ва дар гуфтугӯ бо хабарнигорон баён дошт.

Трамп дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли эъзоми нерӯҳои Амрико ба дохили Эрон гуфт: “Не, ман нерӯҳои низомиро ба ҷое намефиристам. Агар ҳам мехостам ин корро кунам, ба шумо намегуфтам.”

Чанд соат пеш аз ин изҳорот, хабаргузории “Рейтерс” навишта буд, ки маъмурияти Доналд Трамп дар ҳоли баррасии эъзоми ҳазорон нерӯи низомӣ ба Ховари Миёна ва густариши доманаи амалиёт ба зидди Эрон аст.

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон гуфт, ба сарвазири Исроил гуфтааст, ба таъсисоти энержии Эрон ҳамла накунад ва афзуд, Бенямин Нетаняҳу низ розӣ шудааст.

Таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон

Иди Фитр ё Рамазон дар Тоҷикистон, ки тибқи омор беш аз навад дарсади аҳолияш мусалмон ҳастанд, рӯзи 20-уми март таҷлил шуд.

Як рӯз пеш аз он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёме аз вазъи ба гуфтааш “бисёр нобасомону ҳассоси ҷаҳони муосир” ёд овард, ки “боиси боз ҳам шиддат гирифтани норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии минбаъдаи нархҳо мегардад”.

“Бинобар ин, кишоварзонро зарур аст, ки рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон кӯшиш намоянд,” – гуфтааст ӯ.

Аз соли 1991 ба ин тараф ҷашнҳои мазҳабие чун Иди Фитр ва Иди Қурбон дар Тоҷикистон расман таҷлил мешавад ва бар асоси тақвим рӯзи таътил аст.

Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Яману Лубнон ва Ироқ низ рӯзи 20-уми март Иди Фитрро ҷашн гирифтанд.

Аммо дар Афғонистон бар асоси эъломи ҳукумати “Толибон” Иди Рамазон рӯзи 19-уми март таҷлил шуд.

Афғонистон, 19-уми марти 2026
Афғонистон, 19-уми марти 2026


Албания, 20-уми марти 2026
Албания, 20-уми марти 2026


Қирғизистон, 20-уми марти 2026
Қирғизистон, 20-уми марти 2026

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG