Дар чанд ҷумла
Бишарифа Воҳидоваи 8-сола. Номи қурбонии дигари низоъи марзӣ маълум шуд
Дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр дар марзи Тоҷикистон дар Қирғизистон, як навраси 8-сола аз ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ кушта шудааст.
Идораи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 20-уми сентябр дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки Бишарифа Воҳидова дар синфи дуюм мехонд.
Масъулони идораи маориф навиштаанд, ки "Бишарифа духтари фаъолу аълохони синф буд. Хаёлоти рангине дошт, ки абадан хомӯш шуд."
Мақомоти Қирғизистон ба ин хабар ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вале Вазорати тандурустии он кишвар гуфта буд, ки дар муноқишаи рӯзи 16-уми сентябр як духтари 12-сола дар Бодканд низ кушта шудааст.
Бишарифа Воҳидова ягона наврас аз Тоҷикистон нест, ки дар муноқишаи ахири марзӣ қурбон шуданд. Асмоа Амриддинзодаи 6-сола ва Имрон Илҳомзодаи 5-сола, сокинони ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҳам рӯзи 16-уми сентябр дар ҷараёни муноқиша кушта шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон то ин дам марги 41 нафарро дар даргирии ахир тасдиқ карда гуфтанд, аксари онҳо ғайринизомиён ҳастанд. Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти расмӣ, номи 59 шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистонро рӯйхат кард. Ин феҳраст ғайрирасмӣ ва нопурра аст.
Ҷониби Қирғизистон то кунун кушта шудани 59 шаҳрванди худро дар муноқишаи ахир тасдиқ кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Марк Тиссен: Нерӯҳои заминӣ мардуми Эрон ҳастанд
Марк Тиссен, шореҳи намоёни сиёсӣ ва узви Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, гуфт, ҳамлаи Амрико ба Эрон оғози корзорест, ки ҳадафаш поён додан ба ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ дар шакли ҳозирааш аст.
Ӯ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ончи дар ҳоли рух додан аст, наздик шудан ба озодии мардуми Эрон аст."
"Мардуми Эрон аз соли 1979 зери султаи як режими мустабид ва ифротӣ, ки ба воситаи оятуллоҳҳо идора мешавад, ранҷ бурдаанд. Акнун ба онҳо фурсате дода мешавад, то бархезанд ва кишварашонро пас гиранд," – афзуд ӯ.
Тиссен собиқаи навиштани суханронӣ барои Ҷорҷ Буши хурдӣ, раисҷумҳури собиқи Амрикоро дорад. Вай дар мусоҳибааш таъкид кард, агар президенти Амрико Доналд Трамп як моҳ пеш ҳамла карда буд, ин ҳамлаи намодин ва маҳдуд буд, ки як ё ду рӯз тӯл мекашид.
“Ончи акнун дар борааш суҳбат мекунем, як корзори чандрӯза ва шояд чандҳафтаӣ барои буридани сари режими Эрон ва аз миён бардоштани таҳдид алайҳи мардуми мост,” – илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Марк Тиссен, таъхир дар шурӯи амалиёт амдӣ ё барқасдона будааст, то Вашингтон битавонад ҷамъ омадани бесобиқаи нерӯҳои низомиро фароҳам кунад.
Ӯ бо баёни инки “Иёлоти Муттаҳида тамоми абзорҳои саркӯб, амниятӣ ва истибдодӣ, ки мардуми Эронро зери фишор қарор додаанд, аз миён хоҳад бардошт”, ин лаҳзаро бо фурӯ рехтани девори Берлин ва сарнагунии Чаушевский дар Руминия муқоиса кард.
“Ин девори Берлини шумост. Мо дар ҳоли қатъи сари режим ҳастем. Ин вазифаи шумо хоҳад буд, ки корро тамом кунед. Даврони ҳокимияти ваҳшати ин режим рӯ ба поён аст. Мардуми Эрон як фурсати таърихии ба даст гирифтани озодии худ доранд,” – таъкид кард ӯ.
"Эронро тарк кунед". Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки Эронро тарк кунанд.
Сафорат шоми 28-уми феврал дар хабарномае навишт, "ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доранд, тавсия дода мешавад, ки кишварро бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд".
Дар иттилиояи расмӣ омадааст, Сафорати Тоҷикистон дар низоми муқаррарӣ корашро давом медиҳад ва омода аст, ки барои баромадани тоҷикистониҳо аз Эрон кӯмак кунад.
Сафорат ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия додааст, ки "аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд".
Субҳи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Дар ин ҳамлаҳо то кунун Алии Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва ҳафт мансабдори баландпоя, аз ҷумла Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифои Ҷумҳурии Исломӣ кушта шудаанд. Дар посух Сипоҳи посдорон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ҳамла кард.
Артиши Исроил: Алии Шамхонӣ ва фармондеҳи кулли Сипоҳ кушта шуданд
Артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳафт мансабдори баландпоя, аз ҷумла Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифои Ҷумҳурии Исломӣ кушта шудаанд.
Бар асоси баёнияи расмӣ, Азиз Насирзода, вазири дифои Эрон, низ дар ин ҳамлаҳо ҷон бохтааст.
Алии Шамхонӣ дар ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон дар соли 2025 низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд, аммо ҷон ба саломат бурд.
Вай пас аз ин ҷанг ба мансаби дабири Шӯрои дифои Эрон таъйин шуд.
Дар рӯйхати эълонкардаи артиши Исроил номи раиси созмони "Сипанд", ки масъули саноати низомӣ ва дифоӣ аст ва раиси дафтари низомии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ низ дида мешавад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, шоми шанбе ҳангоми гуфтугӯ бо телевизиони “NBC News” дар бораи гузоришҳо дар бораи кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, “мо эҳсос мекунем, ин гузориш саҳеҳ аст”.
Ӯ эълом кард, ки “бештари мақомҳои аршади Эрон аз байн рафтанд”.
Пеш аз ин, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, эълон кард, ки “нишонаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки Алии Хоманаӣ дигар зинда нест.”
Қаблан вазири корҳои хориҷии Эрон иддао карда буд, ки то ҷое ӯ огоҳ аст, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ ва раисҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизшкиён “зинда ҳастанд” ва “мумкин аст фақат як ё ду фармондеҳ кушта шуда бошанд”.
Аббос Ароқчӣ дар суҳбат бо телевизиони “NBC News” зимни эълони ин хабар афзуд, “ҳамаи мақомоти олирутба зинда ва солим ҳастанд” ва иддао кард, ки “ҳама чиз хуб аст”.
Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд гӯшаи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд.
Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист". Эрон дар посух ба чанд кишвари Ховари Миёна, ки мизбони нерӯҳои Амрико ҳастанд, мушак андохт.
Ароқчӣ гуфтааст, "як-ду фармондеҳ кушта шуд"
Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, то ҷое ӯ огоҳ аст, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ ва раисҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизшкиён “зинда ҳастанд” ва “мумкин аст фақат як ё ду фармондеҳ кушта шуда бошанд”.
Аббос Ароқчӣ дар гуфтугӯ бо телевизиони амрикоии “NBC News” зимни эълони ин хабар афзуд, “ҳамаи мақомоти олирутба зинда ва солим ҳастанд” ва иддао кард, ки “ҳама чиз хуб аст”.
Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд гӯшаи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд.
Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист".
Вазири умури хориҷии Эрон бо баёни ин ки “Теҳрон омодаи коҳиш таниш аст”, афзуд, “агар амрикоҳо бихоҳанд бо мо суҳбат кунанд, медонанд чи тавр бо ман тамос гиранд.”
Эълони мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба артиш
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати баҳории ҷавононро ба артиш имзо кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти президент 28-уми феврал хабар дод.
Бар пояи он, моҳҳои апрел-май ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб мешаванд.
Даъват ба сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамасола бо сару садо дар бораи сарпечии ҷавонон аз хидмат ва ҷалби маҷбурӣ (облава) олуда мешавад.
Як сабаби аслии сарпечии ҷавонон аз хидмати ҳарбии ҳатмии дусоларо дар бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон меноманд, ки гоҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.
Мақомот мегӯянд, ки вазъ дар қисмҳои ҳарбӣ назар ба солҳои пеш беҳтар шудааст.
Исроил аз ҳамлаи мушакии Эрон хабар дод
Артиши Исроил хабар дод, ки Эрон ба хоки ин кишвар мушак партоб кардааст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, артиши Исроил дар баёнияе гуфт, сомонаҳои дифоӣ барои раҳгирӣ ва нобуд кардани мушакҳо фаъол шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, бонги хатар дар шимоли Исроил фаъол шудааст.
Мақомоти Исроил аз шаҳрвандони он кишвар хостаанд, ки барои дар амон мондан аз ин ҳамлаҳои мушакӣ ба паноҳгоҳҳо раванд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Баҳрайн хабар доданд, ки маркази хидматрасонии нерӯи баҳрии Амрико дар ин кишвар ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтааст.
Субҳи 28-уми феврал Амрико ва Исроил дар иқдоми муштарак ба Эрон ҳамла карданд. Расонаҳо аз рух додани таркиш дар Теҳрон, Исфаҳон, Қум ва Луристон ва чанд шаҳри дигари Эрон хабар доданд.
"Эронро тарк кунед." Ҳушдори Чин ва чанд кишвари аврупоӣ
Дар пайи зиёд шудани эҳтимоли даргирӣ миёни Амрико ва Эрон, чанд кишвари аврупоӣ ва Чин аз шаҳрвандонашон хостанд, ки фавран Эронро тарк кунанд.
Аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷии Итолиё 27-уми феврал дар баёнияе аз шаҳрвандони ин кишвар хост, аз Эрон бароянд ва аз сафар ба Ироқ ва Лубнон худдорӣ кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон ҳам рӯзи ҷумъа аз шаҳрвандони ин кишвар хост, ки бо далели вазъияти пуртаниш дар Ховари Миёна, фавран Эрон, Исроил ва Лубнонро тарк кунанд.
"Вазъияти амниятӣ дар Ховари Миёна нопойдор аст. Хатари бадтар шудани вазъият зиёд аст. Мумкин аст ҳарими ҳавоӣ барои парвозҳои мулкӣ баста шавад", -ҳушдор додааст Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон.
Фаронса ҳам ба шаҳрвандонаш тавсия кардааст, ки аз сафар ба Исроил, Байтулмуқаддас ва Каронаи Бохтарӣ худдорӣ кунанд.
Ҳукумати Бритониё рӯзи 27-уми феврал эълом кард, ки ба далели вазъияти амниятӣ кормандони сафорати худро ба таври муваққатӣ аз Эрон хориҷ кардааст.
Хабаргузории давлатии Чин низ эълом кард, ки ин кишвар ба шаҳрвандонаш тавсия кардааст, ки аз сафар ба Эрон худдорӣ кунанд ва касоне, ки дар Эрон ҳастанд "ҳарчӣ зудтар" хоки он кишварро тарк кунанд.
Шоми 27-уми феврал ҳамчунин парвозҳо аз шаҳри Истанбули Туркия ба Эрон лағв шуд.
Дар ҳамин ҳол Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҷумъаи 27-уми феврал гуфт, тамоюли ҳамла ба Эронро надорад, аммо мумкин аст ин кор лозим шавад.
Билл Клинтон ба суолҳо дар бораи парвандаи Эпштейн посух дод
Билл Клинтон, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳида дар робита ба парвандаи сармоягузори расвошуда Ҷеффри Эпштейн дар назди кумитаи Конгресси ИМА шаҳодат дод.
Клинтон рӯзи ҷумъаи 27-уми феврал дар ин ҷаласа гуфт, дар вақти муносибат бо Эпштейн ҳеҷ чизеро надид, ки ӯро нигарон карда бошад.
Ҷаласаи кумитаи Конгрес бо Билл Клинтон паси дарҳои баста баргузор шуд, аммо президенти собиқи Амрико матни суханрониашро нашр кард.
Дар ин матн Билл Клинтон навиштааст, дар бораи ҷиноятҳои Эпштейн чизе намедонист.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Ройтерс" гузориш додааст, ки Клинтон дар оғози солҳои 2000-ум ва баъди тарки мақоми президентӣ чанд бор бо ҳавопаймои Ҷеффри Эпштейн парвоз кардааст. Билл Клинтон дар ин бора гуфтааст, агар дар кори Эпштейн шубҳае медошт, "на танҳо бо ҳавопаймои ӯ парвоз намекардам, балки худам ӯро ба мақомоти адлия месупоридам".
Эпштейн сармоягузори амрикоӣ, ки ба қочоқи ҷинсии ноболиғон муттаҳам мешуд, соли 2019 дар маҳбас худкушӣ кардааст. Вазорати адлияи Амрико ахиран се миллион саҳифа аз ҳуҷҷатҳои ин миллиардери расвошударо дастраси умум гардонд. Дар миёни ҳуҷҷатҳо аксҳои Билл Клинтон бо занон дида мешавад. Чеҳраи ин занон пӯшонда шудааст.
Қаблан Ҳиллари Клинтон, ҳамсари Билл Клинтон, низ дар бораи парванда дар кумитаи Конгресс суханронӣ карда гуфт, вохӯрӣ бо Эпштейнро ба ёд надорад. Ҳиллари Клинтон даъват кард, ки Доналд Трамп, президенти феълии Амрико низ дар робита ба парвандаи Эпштейн шаҳодат диҳад.
Ҷеймс Комер, роҳбари комиссияи таҳқиқи парвандаи Эпштейн дар Конгресси ИМА гуфт, зану шавҳар Клинтонҳо ба ягон қонуншиканӣ гунаҳкор нашудаанд, вале мебоист ба суолҳо бобати парвандаи Эпштейн посух медоданд.
Боздошти сокини Душанбе бо иттиҳоми ҳаракатҳои бадахлоқона
Як ҷавони 21-сола дар Душанбе бо иттиҳоми иҷрои ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати духтари ноболиғ боздошт шудааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе 26-уми феврал хабар дод, ки ин ҷавон ба он гумонбар аст, ки соли 2025 бо як духтари ҳанӯз ба синни 14-сола нарасида робита барқарор кара, "нисбат ба ӯ ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст". Назари ин ҷавон ва наздииконаш ба иттиҳом маълум нест.
Пулиси Душанбе ному насаби ин ҷавон ва аксашро нашр кардааст, вале Радиои Озодӣ бо далелҳои ахлоқӣ аз фош кардани ному насаби ин ҷавон худдорӣ мекунад.
Ба иттилои расмӣ, алайҳи ин ҷавон бар асоси моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ ё ҳаракатҳои бадахлоқона нисбати шахси ба 16 сола нарасида парванда боз шудааст. Ин банди қонун то ду сол маҳрум сохтанӣ аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе бо нашри ин хабар аз волидайни наврасон даъват кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Ҳомиёни ҳуқуқ борҳо аз озори ҷинсии наврасон дар Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд.
Бино бар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон соли 2024 дар кишвар 88 мавриди озори ҷинсиву ҳаракатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст.
Расонаҳо: Дар Русия нақша доранд, Телеграмро масдуд кунанд
Мақомоти Русия нақша доранд, дар аввали моҳи апрел паёмрасони Телеграмро бибанданд.
Дар ин бора "РБК" бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод. Мусоҳибони нашрия инро "тасмими ниҳоӣ"-и Кремл номидаанд.
"Ҷалби одамон, аз ҷумла ноболиғон ба амалҳои ғайриқонунӣ" аз ҷумлаи сабабҳои ин тасмим номбар мешавад.
"Роскомнадзор" хабари "РБК"-ро тасдиқ ё инкор накардааст.
Як манбаъ дар яке аз ширкатҳои мухобиротии Русия ба "The Bell" эҳтимоли масдуд шудани Телеграмро тасдиқ кардааст.
Пештар вазири рушди рақамии Русия Мақсуд Шадаев ваъда дода буд, ки кори Телеграмро дар ҷабҳаи ҷанг маҳдуд намекунанд.
Изҳороти ӯ баъди он садо дод, ки баъзе аз блогерҳои ҷонибдори ҷанг ва фаъолони иҷтимоӣ маҳдуд кардани кори Телеграмро танқид карданд.
Дархости тақрибан 300 сокини Қирғизистон аз Тоҷикистон
Як гурӯҳ аз қирғизистониҳо, ки бар асоси табодули минтақаҳои марзӣ ба Қирғизистон кӯчонда шудаанд, талаб доранд, ки барои зиёрати қабри наздиконашон дар Тоҷикистон мусоидат шавад.
Хабаргузории “24kg” навишт, сокинон ин талаби худро ба воситаи вакили порлумон ба ҳукумати Қирғизистон расондаанд.
Инҳо қирғизистониҳое мебошанд, ки аз деҳаи Санҷидзор ё собиқ Ҷийдалик ба деҳаҳои Арқа, Ҷаштик ва Достуки ноҳияи Лайлак кӯчонда шудаанд.
Тақрибан 300 қирғизистонӣ дар номаи худ талаб кардаанд, ки ё замини қабристон ба онҳо баргардонда шавад ё Тоҷикистон ба онҳо иҷозаи расмӣ аз оромгоҳро диҳад, зеро онҷо волидон ва наздиконашон дафн шудаанд.
Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ин хабар маълум нест.
Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти соли гузашта бар сари таъйини хати он ба созиш расиданд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо поён додааст. Дар доираи ин созиш ду тараф чандин деҳаро иваз карданд.
Ҳабси як шаҳрванди Узбекистон барои ширкат дар ҷанги Украина
Додгоҳе дар Узбекистон як шаҳрванди ин кишварро барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ба 3 сол зиндон маҳкум кард.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ин муҳоҷири 33-сола аз Марғелон ҳангоми дар зиндони Русия буданаш бо Вазорати дифои он кишвар шартнома баста, моҳи сентябри соли 2025 ба ҷанги зидди Украина фиристода шудааст.
Ин муҳоҷир дар додгоҳ гуфтааст, ҳамагӣ чор рӯз дар даргириҳо ширкат дошт ва баъд захмӣ шудан ба Узбекистон баргаштааст, аммо ӯро дар ватанаш бо иттиҳоми зархаридӣ боздошт карданд.
Дар ҳоле, ки назари ин муҳоҷир ва наздикон ба иттиҳом ва ҳукми додгоҳ маълум нест, расонаҳои маҳаллии Узбекистон навиштаанд, ки мард гуноҳи худро дар додгоҳ пурра эътироф кардааст. Ин муҳоҷир гуфтааст, зери фишори кормандони зиндон шартнома бо Вазорати дифои Русияро имзо кардааст.
Дар як моҳи ахир ин аллакай сеюмин мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани шаҳрвандони Узбекистон барои ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина аст.
Дар оғози моҳи феврал Додгоҳи вилояти Андиҷон як ҷавони 24-соларо бо гуноҳи ширкат дар ҷанги Украина ба 3 сол зиндон маҳкум карда буд.
Ба гузориши тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" феълан ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ дар ҳайати артиши Русия зидди Украина меҷанганд. Онҳоро бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ, маблағи зиёд ва ё озодӣ аз зиндон ба ҷанг фиристодаанд.
"Барои мудир шудан 10 ҳазор талаб кард". Ҷузъиёти парвандаи як мақомдор
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррусияи Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи собиқ раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Левакантро ба додгоҳ фиристодааст.
Оҷонсӣ 27-уми феврал дар хабарномае навишт, Сайфиддинзода А, аз мансабаш сӯистифода карда, барои пуштибонӣ аз номзадии як нафар ба мансаби мудири мактаб, аз ӯ 10 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Назари Сайфиддинзода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Оҷонсӣ мегӯяд, алайҳи ин мақомдор бар асоси моддаи 314-и Кодекси ҷиноӣ ё сӯистифода аз мансаб парванда боз шуд.
Ин банди қонун то 42 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то се сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Маълум нест, ки додгоҳ дар ин бора чӣ ҳукм содир кардааст.
Фасод дар идораҳои давлатӣ аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 1900 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор карда шудааст.
"Зистан мехоҳам": 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина кушта шудаанд
Бино ба маълумоти тасдиқшуда, дар ҷанги Русия алайҳи Украина наздики 1400 "зархарид" аз Осиёи Марказӣ кушта шудаанд. Афроде, ки аз тарафи Русия зидди Украина меҷангиданд. Маълумотро тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина рӯзи 24-уми феврал нашр кард.
Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳама зиёд 481 зодаи Узбекистон ва сипас 466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанг кушта шудаанд. Аз Қазоқистон 270, Қирғизистон 143 ва аз Туркманистон 27 кас ҷонашонро аз даст доданд. Ин омори тасдиқшуда аст ва шумораи кушташудаҳо метавонад хеле бештар аз ин бошад.
Ба гузориши тарҳи “Зистан мехоҳам” феълан ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ дар ҳайати артиши Русия зидди Украина меҷанганд. Манбаъ мегӯяд, онҳоро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла додани шаҳрвандии Русия ва гирифтани миллионҳо рубл ба ҷанг мефиристанд.
Гурӯҳи дигар зиндониён ҳастанд, ки дар ивази ҷангидан ваъдаи озодӣ гирифтаанд. Ҳамчунин муҳоҷирон борҳо шикоят кардаанд, ки бо таҳдиди оғози парванда ё ихроҷ онҳоро маҷбур мекунанд бо Вазорати дифои Русия шартнома банданд.
Рӯзи 24-уми феврал ба шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина чор сол пур шуд.
Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ин падидаро шарҳ намедиҳанд ва мегӯянд, алайҳи ягон кас барои ширкат дар ин ҷанг парванда боз нашудааст.
Гузоришҳо аз эътирози донишҷӯён дар Теҳрон
Гузоришҳои нашршуда аз Эрон нишон медиҳанд, ки эътирози донишҷӯён дар чанд донишгоҳи Теҳрон ҳамчунон идома дорад.
Телеграм-канали "Донишҷӯёни муттаҳид" навори эътирози донишҷӯёнро нашр кардааст, ки дар он донишҷӯёни донишгоҳҳои Ал-Заҳро, Шариф, Хоҷа Насир, Донишгоҳи ҳунар, улум ва санъат ва Донишгоҳи Теҳрон ширкат доранд.
Наворҳои пахшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки донишҷӯёни ин донишгоҳҳо алайҳи ҳукумат ва роҳбари низом шиор медиҳанд.
Дар наворҳо дида мешавад, ки дар дасти баъзе эътирозгарон парчами шер ва хуршед дида мешавад, ки дар Ҷумҳурии исломӣ манъ аст.
Бар асоси гузоришҳо, миёни донишҷӯёни норозӣ ва нерӯҳои низомӣ занозанӣ ва муноқиша шудааст. "Телеграм"-каналҳои донишҷӯёни эронӣ гузориш доданд, ки дар ҷараёни даргирӣ бо неруҳои басиҷӣ чанд донишҷӯи Донишгоҳи Биҳиштӣ захмӣ шудаанд.
Ин телеграм-каналҳо гузориш доданд, ки баъди бархӯрди нерӯҳои амниятӣ, баъзе донишҷӯён аксҳои роҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро оташ задаанд.
Гуфтугӯ