Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский аз раҳбарони ҷаҳон хост, Русияро ҷазо диҳанд


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский рӯзи 21-уми сентябр дар муроҷиати видеоӣ ба Маҷмаи Умумии СММ аз додгоҳи вижаи Созмони Милал хост, Русияро барои таҷовуз ба Украина “ҷазои муносиб” диҳад.

Аз он пеш, раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден, Маскавро ба “ҷанги бераҳмонаву нозарур” ва “бешармона поймол кардани усулҳои аслии Оинномаи СММ” муттаҳам кард.

Зеленский дар паёми қаблан сабтшудааш ба раҳбарони ҷаҳон гуфт, Русия "барои кӯшиши дуздидани қаламрави мо” ва “барои куштори ҳазорон нафар” муҷозот шавад.

Вай ҳамчунин гуфт, Маскавро аз ҳаққи вето дар Шӯрои Амнияти СММ маҳрум кунанд. "Нисбати Украина ҷиноят содир шудааст ва мо ҷазои сазовор талаб мекунем,” – афзуд Зеленский.

"Бояд як додгоҳи махсус таъсис дода шавад, то Русияро барои ҷинояти таҷовуз ба давлати мо ҷазо диҳад.... Русия бояд ҷуброни ин ҷангро бо дороиҳои худ пардохт кунад,” - гуфт раиси ҷумҳури Украина.

Суханронии Зеленский чанд соат пас аз он садо дод, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, нерӯҳои эҳтиётии кишварашро ба артиш хонд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG