Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик хостаанд, онҳоро аз Қирғизистон ба ватан биоранд. ВИДЕО


 Донишгоҳи давлатии Ӯш, факултаи тиб
Донишгоҳи давлатии Ӯш, факултаи тиб

Даҳҳо донишҷӯи тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд,  аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, онҳоро то беҳтар шудани вазъ ба ватан баргардонанд.

Баъд аз маноқишаи марзӣ дар рӯзҳои 14-17-уми сентябр муассисаҳои олии ин кишвар донишҷуёни тоҷикро рухсат дода ба онҳо таъкид шудааст, ки дар куча гаштугузор накунанд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, аз вазъи донишҷӯёни тоҷик огоҳанд ва барои бозгардонии онҳо талош доранд. Сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон гуфт, тамоми роҳҳо боз аст ва барои баргаштани шаҳрвандони тоҷик ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Ф.О. (ному насабаш дар дасти Радиои Озодӣ ҳаст) дар риштаи тибби Донишгоҳи давлатии Ӯши Қирғизистон таҳсил мекунад ва мегӯяд, як ҳафта боз аз хобгоҳ берун намеравад ва дарсро фосилавӣ мехонад. Ӯ гуфт, маъмурияти донишгоҳ машварат додаанд, ки бар ивази таҳсили ҳузурӣ то беҳтар шудани вазъ аз макони зисташон берун нараванд ва фосилавӣ таҳсил кунанд. Ӯ гуфт: «Ҳоло дарсҳоямон фосилавӣ гузашта истодааст. Мо мехоҳем постгоҳи марзии Достукро кушоянд, аз тариқи Узбекистон ба ватани худ баргардем ва таҳсилро дар он ҷо идома диҳем. Мақомот ҳам набошад, шаҳрвандони оддӣ ба мо хашм доранд», - гуфт ӯ.

Бархе аз донишҷуёни дигари тоҷик гуфтанд, алакай хобгоҳро тарк кардаву дар манзилҳои иҷора зиндагӣ доранд, вале он ҷо низ барояшон амн нест. А.Ш аз донишҷуёни дигари тоҷик дар Қирғизистон низ ба Радиои Озодӣ гуфт, "бигузор мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба ватан баргардонанд", чун он ҷо барояшон хатарнок аст. Вай гуфт: «Мо курси панҷум мехонем, бизгор чанд моҳе монда бошад, дар Тоҷикистон хонем, инҷо хатарнок аст».

Донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд аз Қирғизистон ба ватан баргарданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Дар ҳамин ҳол рӯзи 23-юми сентябр як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, “сафорати мо бо донишҷуёнамон дар алоқа аст. Аз онҳо дархост шудааст, ки руйхати нафаронеро, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, ба сафорат пешниҳод кунанд”.

Сафорати Қирғизистон дар Душанбе рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тамоми донишҷӯёни тоҷик метавонанд аз тариқи ҳамаи гузаргоҳҳои марзии Қирғизистон омаду рафти озодона дошта бошанд. Як рӯз пештар аз ин вазорати корҳои хориҷӣ дар як изҳороташ гуфт, ҷониби Қирғизистон қасд дорад бештар аз 500 донишҷӯи тоҷикро аз донишгоҳҳои вилояти Ӯш биронад.

Нигаронии донишҷуёни тоҷик аз шароити будубош дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дар ҳолест, ки тоҷикони муқими Қирғизистон ҳам аз муносибати дағали шаҳрвандони маҳаллӣ шикоят доранд. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки бо далели амниятӣ аз гуфтани номаш худдорӣ кард, рӯзи 23-юми сентябр аз шаҳри Бишкек дар як тамоси телефонӣ гуфт:

“Вазъи тоҷикон инҷо бисёр бад аст. Дируз мақомоти қирғиз яке аз шиносҳои моро, ки аз ноҳияи Лахши Тоҷикистон омада, инҷо бо ҳамсару фарзандонаш кору зиндагӣ мекард, ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Дар берун вақте мепурсанд, ки "ту тоҷикӣ?", зуд бо ҳар баҳона ба ту дашному ҳақоратгӯиро сар мекунанд. Ҳатто манзилҳои тоҷиконро дар ин ҷо вайрон карданд”.

Ин ҳамсуҳбати мо, ки дар як коргоҳи хусусӣ ҳамроҳ бо падараш кор мекунад, гуфт, аз он тарс доранд, ки мақомоти қирғиз хонаводаҳои онҳоро низ боздошт мекунад ё аз Қирғизистон меронанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин аз ҳолатҳои ҷудогонаи фишору таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард. Ба иддаои ин вазоратхона, ба бархе аз тоҷирони тоҷиктабор дар Қирғизистон машварат дода мешавад, ки тиҷораташон дар ин кишварро қатъ кунанд.

Вазорат мегӯяд, пеша кардани таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон натиҷаи "маъракаи фарогири душмантарошӣ аст" ва мақомоти Қирғизистон бояд ба ин табъиз хотима бахшанд ва бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ амнияти дипломатҳои Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иддао мекунад, ки баръакс, қирғизтаборони Тоҷикистон мавриди фишору табъизи мақомоти тоҷик қарор гирифтаанд.

Сагинбек Кочкорбаев, мушовири сафири Қирғизистон дар Душанбе бидуни овардани мисолҳои мушаххас ба Радиои Озодӣ гуфт, аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шикоятҳо расидаанд, ки ниҳодҳои интизомӣ қирғизтаборонро ба суҳбат даъват карда, соатҳо бозпурсӣ мекунанд. Вай афзуд: “Як шаҳрванди Қирғизистон бо парвози Дубай вориди Душанбе шуд. Аммо марзбонон як шабонарӯз аст, ки ӯро дар фурудгоҳ нигаҳ медоранд, ҳарчанд ин шаҳрванди Қирғизистон иҷозаи кор дар Тоҷикистонро дорад. Гузашта аз ин, Тоҷикистон вуруди шаҳрвандони Қирғизистон ба қаламрави худро манъ накардааст”.

Чунин иддаои ҷониби Қирғизистонро худи қирғизтаборони кишвар инкор мекунанд. Таманно Маҳмадиева, як сокини ноҳияи Лахш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки каме дуртар аз марз бо Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва то ҳол нисбаташ бадрафторие сурат нагирифтааст. “Дар ҳамин ҷой зиндагӣ мекунам ва то ҳол касе ба ман сухани ноҷое нагуфтааст. Хешовандонам ҳам ҳеҷ шикояте надоранд”.

Заррина Ғиёсоваи қирғизтабор дар ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад. Вай мегӯяд: “Мо дар ҳамин ҷо зиндагӣ дорем, ягон кас ягон чиз намегӯяд, шукронаи Оллоҳ, тинҷӣ, ранги давраҳои пеш зиндагӣ дорем. Хоҳарҳоям дар Ҷиргатол (ноҳяи Лахш) ҳастанд, мегӯянд, ҳама тинҷ аст, ягон гапу хабар нест.”

Ёдовар мешавем, ки муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи даргирии марзии 14-17 сентябр рӯй ба сардӣ ниҳод. Дар ин ҳодисаҳо аз ду ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо нафар кушта шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG