Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадҷон 3 сол умр дид. Хурдсолтарин қурбонии даргириҳои марзӣ чӣ гуна кушта шуд? ВИДЕО


Аҳмадҷон Ҳасанов, сокини сесолаи деҳаи Лангари Чоркӯҳ, ки дар муноқишаи охир кушта шуд.

Аҳмадҷон Ҳасанов, сокини сесолаи деҳаи Лангари Чоркӯҳ, бино бар маълумоти умумии то ҳоло дастрасшуда, хурдсолтарин қурбонии даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизисттон буда метавонад.

Ӯ се сол умр дид. Бо падару модараш рӯзи 16-уми сентябр ба ҷои амн фирор мекарданд. Мошинашон тирборон гашт. Ӯ кушта ва падараш сахт захмӣ шуд. Рисолат Собирова, бибии Аҳмадҷон, дар ин ҳамла наҷот ёфт, аммо шоҳиди марги наберааш гашт. Онҳоро замоне мавриди ҳамла қарор доданд, ки аз пушти мошини ёрии таъҷилӣ ба самти маркази ноҳия мерафтанд. Рисолат Собирова мегӯяд, аввал ба мошини ёрии таъҷилӣ ҳамла шуд.

“Моро гуфтанд, ки "фароеду гурезед". Таги кӯпрук гурехтем. Як вақт дидам, ки ба шиками наберачаам тир расидааст ва рӯдаҳояш берун шудаанд. Болои кӯпрук мисли барфу борон тир мерехт. Келинам гуфт, ки гирифта ба беморхона равем, ки нагузоштам. Гуфтам, ҳамаамон мемурем. Дертар то беморхона бурдем, ки Аҳмадҷон фавтид”,--гуфт ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Қурбонии хурдтарини низоъ дар марз сесола будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Акмал Ҳасанов, падари Аҳмадҷон, дар беморхона аст ва ба гуфтаи пайвандонаш ба дасту пояш ҳафт тир расидааст.

Мақомот омори кушта шудани наврасону кӯдакон дар ин ҷангро нашр накардаанд, вале то кунун исми беш аз даҳ наврасу кӯдак маълум гаштааст, ки дар муноқишаи марзӣ кушта шудаанд. Мақомоти Қирғизистон низ аз ҳалокати чандин кӯдаку наврас дар ин муноқиша хабар додаанд. Аз ҷумла дар бораи Элзада Манноноваи 15-сола, ки дар деҳаи Достуки вилояти Бодканд кушта шудааст. Пеш аз ин аз ҳалокати Имрон Илҳомзодаи 5-сола ва Асмоа Амриддинзодаи 6-сола дар Чоркуҳ ҳангоми ҳамла ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" хабар дода будем. Дар ин мошин ҳамчунин Садоқат Уктамзодаи 25-сола кушта шуд, ки дар батнаш тифли 8-моҳа дошт.

Ҳоҷирахони 16-сола, яке аз қурбониён, сокини Чорқишлоқи Исфара, он рӯз ҳамроҳ бо хонаводааш аз деҳа фирор мекард. Марг дар роҳ ба суроғаш расид.

Мушаррафхон Раҳмонова, модари ӯ мегӯяд, мехостанд, ба ҷои амн бираванд, ки ҳамла сурат гирифт.

“Мо болои мошин будем, ки заданд. Тир дар гардани духтарам расид. То беморхона рафтем, ки духтарам ҷон дод, хунаш зиёд рафт. Духтарам 16-сола буд. Барои ҷамъомад дар мактаб тайёрӣ медид,”—гуфт ӯ.

Теъдоди наврасону кӯдакони захмишуда маълум нест, вале хабарнигорон беш аз даҳ нафар захмиро ҳисоб карданд. Бархе дар беморхона ва бархе дар хона табобат мегиранд. Марямхони 8-сола, сокини гузари Таги Садаи Чоркӯҳ низ он рӯз фирор мекард, ки ба дасташ тир расид. Наздиконаш мегӯянд, устухони дасташ аз се ҷой шикастааст ва тир дасташро пора кардааст.

Пас аз як ҳафтаи муноқиша дар марз дигар садои тир шунида намешавад, вале садои гиряи пайвандони қурбониён тақрибан дар ҳар деҳаи марз бо Қирғизистон ба гӯш мерасад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG