Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусе, ки аз боздоштгоҳи Душанбе фирор карда буд, боздошт шудааст


Аҳмадбек Саидов
Аҳмадбек Саидов

Аҳмадбек Саидов, маҳбусе, ки шаби 18 ба 19-уми август аз як боздоштгоҳи Душанбе фирор карда буд, боздошт шудааст.

Дар Идораи зиндонҳои назди Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Аҳмадбек Саидови 35-сола субҳи имрӯз аз ҳудуди вилояти Хатлон боздошт шуд.

“Мо тасдиқ мекунем, ки ӯро боздошт карданд. Тафсилоташро дертар чоп мекунем,”—гуфт, як масъули Идораи зиндонҳо, ки нахост номаш зикр шавад.

Пеш аз ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри акси ӯ аз сокинон хоста буд, ки дар ивази 50 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ хабари ҷои буду боши ӯро ошкор кунанд.

Маълум нест, ки ӯро бар асоси хабари сокинон пайдо кардаанд ё бо роҳи дигар.

Аҳмадбек Саидов, сокини ҷамоати Заргари ноҳияи Кушониёни Хатлонро дар оғози моҳи августи имсол дар қатори дувоздаҳ каси дигар аз Русия ба Тоҷикистон истирдод карданд. Ӯ дар “ҳамлаи ғоратгарона ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонӣ дар соли 2007 дар Данғара” муттаҳам аст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки Идибек Муҳтоҷов, як мақомдори Боздоштгоҳи рақами 1-и Душанбе ба иттиҳоми даст доштан дар фирори ин маҳбус дастгир шудааст.

"Таҳқиқ нишон додааст, ки ин маҳбус як рӯз пеш бо телефони Муҳтоҷов бо касе суҳбат кардааст. Аз ин рӯ, як ҳафта боз дар боздошт аст ва бозпурсӣ мешавад," – афзуд ӯ. Мақомот расман дар ин бора иттилоъ намедиҳанд.

Ҳодисаи фирори маҳбусон аз боздоштгоҳҳо дар Тоҷикистон нав нест. Мавриди пурсарусадотарин, ки бо барканории раиси вақти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хайриддин Абдураҳимов ва тақрибан ҳамаи муовинони ӯ анҷом ёфт, фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита дар Душанбе дар моҳи августи соли 2010 буд.

Амалиёти таъқиби маҳбусони фирорӣ то боздошти охирин нафари онҳо дар умум 1 солу 3 моҳ дароз кашид. Дар ҷараёни ин амалиёт, ба ҳисоби мақомот, 14 кас дастгир ва 7 нафар кушта шудаанд. Се шаҳрванди Афғонистон Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, Муҳаммадвалӣ валади Тозагул ва Муҳаммадзокир валади Муҳаммадҳалим ҳарчанд дар вилояти Тахори Афғонистон боздошт шуданд, Кобул онҳоро ба Душанбе насупурд.

Дар соли 2016 низ чанд маҳбус аз зиндоне дар шаҳри Хуҷанд фирор карданд. Қисме аз онҳо дубора дастгир ва баъзеи дигар ҳангоми амалиёт кушта шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG