Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги Украина

Фурӯши гандуми Украина зиёд шудааст, орд арзон мешавад? ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Содироти ғаллаи Украина ба марҳилаи пеш аз оғози ҷанг дар он кишвар бармегардад. Русия ва Украина ду моҳ пеш бо миёнравии Созмони Милал ва Туркия барои содироти ғалла тавассути Баҳри Сиёҳ созиш карданд.

Киштиҳои ҳомили ғалла аз 1-уми август ҳар ҳафта ба бандари Одесса ворид мешаванд. Ҷанги Русия дар Украина содироти маҳсулоти муҳимеро ба монанди ғалла ва нуриҳои минералӣ коҳиш дод ва боиси боло рафтани нарх дар ҷаҳон гашт.

Вазири зербиноҳои Украина ба “Садои Амрико” хабар дод, ки маводи ғизоиро аз бандари Одесса бештар ба Сомалӣ, Эфиопия, Кения ва кишварҳои дигар мефиристанд.

Александр Кубраков афзуд: “Аз ҳама чизи муҳим ин аст, ки содиротро бештар кунем. Ҳоло наздик ба 5 миллион тонна расондем. Ин натиҷаро пеш аз ҷанг доштем. Умед дорам, ба ин тартиб пеш меравем.”

Украина яке аз кишварҳои асосии содироткунандаи ғалла дар ҷаҳон аст. Ин кишвар ҳамасола ба бозори ҷаҳонӣ наздик ба 45 миллион тонна ғалла мефиристад.

Содироти ғалла рӯзи 22-юми июл, пас аз созиши Украинаву Русия бо миёнаравии Созмони Милал ва Туркия дубора барқарор гашт. Ин созиш имкон медиҳад, маҳсулоти содиротӣ аз бандарҳои Украина ба Баҳри Сиёҳ бехатар гузаранд. Мақомоти Украина мегӯянд, созиш барои рушди кишоварзии Украина мадад мекунад.

Дмитро Баринов, муовини раиси Идораи бандарҳои Украина, мегӯяд, “бештари аҳолии ҷаҳон аз камбуди ғизо ранҷ мекашанд. Агар аврупоиҳо инро дар мисоли болоравии нарх эҳсос кунанд, дар кишварҳои фақир мардум умуман чизе барои хӯрдан надоранд. Бозгашти Украина ба бозори кишоварзӣ нишонаи он аст, ки акнун мо канори онҳоем ва метавонем миллионҳо тонна гандумро содирот кунем.”

Коршиносон мегӯянд, содироти ғалла аз Украина барои ба эътидол овардани нархи маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Сардори корхонаи бузурги кишоварзии Украина, “Кернел”, изҳори умед кард, ки бандарҳои содироти ғалла мисли қабл кор хоҳанд кард. Ба қавли Левген Осипов, "воқеан, ҷаҳон ба ғалла ниёз дорад. Талабот ба он дар ҳама кишварҳо вуҷуд дорад ва мо бояд тавозуни амнияти озуқавориро дар ҷаҳон нигоҳ дорем."

Бино ба пешбиниҳои Созмони Милал, ба дунболи ҷанги Русия дар Украина дар 41 кишвари ҷаҳон то 181 миллион нафар метавонанд, ба бӯҳрони ғизоӣ ва ҳатто гуруснагӣ дучор шаванд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Фурӯши гандуми Украина зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

НАТО ваъда дод, ки кӯмак ба Украинаро бештар мекунад

Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои НАТО. 29-уми ноябр 2022

Кишварҳои узви паймони НАТО ваъда доданд, ки барои барқарории зербунёдҳои Украина, ки бар асари зарбаҳои Русия сахт вайрон шудаанд, кӯмак мекунанд.

Пештар аз ин Украина аз кишварҳои ғарбӣ хост, ба он барои барқарории ҳалқаи тақсими неруи барқ бо таҷҳизоти зарурӣ кумак кунанд. Вазирони умури хориҷии НАТО дар нишасте дар шаҳри Бухарест дар рӯзи 29-уми ноябр гуфтанд, кумакҳо ба Украинаро “боз ҳам бештар мекунанд”, аз ҷумла бо таҷҳизот барои барқарории зербунёдҳои энергетикии кишвар.

Вазирони кишварҳои узв дар як баёнияи муштарак “ҳамлаҳои беинсофона ва мудавом”-и Русия ба Украинаро маҳкум карданд, ки ба гуфтаи онҳо “миллионҳо украиниро аз хадамоти асосӣ” маҳрум мекунад.

Русия аз моҳи октябр ба шабакаҳои барқӣ ва гармидиҳии Украина зарба мезанад, ки ба гуфтаи Киев ҳадафи он осеб расондан ба мардуми оддӣ аст.

Дабири кулли НАТО: Русия аз зимистон ҳамчун "силоҳи ҷангӣ" истифода мекунад

Дабири кулли НАТО рӯзи 29-уми ноябр гуфт, ин паймон кӯмак ба Украинаро афзоиш хоҳад дод ва бинобар нотавонии артиши Русия дар ҷабҳаи ҷанг, Владимир Путин аз зимистон ҳамчун силоҳи ҷангӣ истифода мекунад.

Йенс Столтенберг зимни нишасти хабарӣ дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои НАТО гуфт, "фикр мекунам, ки ҳамаи мо ин тасвирҳои моҳвораиро дидаем, ки шабҳо ҳамаи Аврупо рушан, вале қаламрави Украина комилан торик аст. Барои бозсозии ҳар ончӣ дар Украина нобуд шудааст, бо вазифаи душворе рӯбарӯ ҳастем. Владимир Путин талош мекунад аз фасли зимистон ҳамчун силоҳи ҷангӣ истифода кунад".

Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои НАТО дар Бухарест -- пойтахти Руминия, заминаи афзоиши кӯмак ба Украинаро фароҳам кунад.

Мавзуи аслии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои НАТО, афзоиши кӯмакҳои низомӣ ба Украина, ба хусус системаи зиддиҳавоӣ, муҳимоти ҷангӣ ва ҳамин тавр, кӯмакҳои ғайнизомӣ хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, дипломатҳои кишварҳои НАТО гуфтаанд, тавоноии аксари ин кишварҳо барои фиристодани кӯмак маҳдуд аст.

Бахше аз кӯмакҳои ғайринизомӣ, монанди маводи сӯхт, таҷҳизоти тиббӣ, васоили мавриди ниёз дар фасли зимистон дар чорчӯби кӯмакҳои НАТО ба Украина дар моҳҳои ахир фиристода шуд. Вале Йенс Столтенберг умедвор аст, ки кишварҳои узви НАТО кӯмакҳои худро афзоиш медиҳанд.

Шуморе аз вазирони корҳои хориҷии 30 кишвари узви НАТО низ ҳамчун дабири кулли ин паймон ба зарурати афзоиши кӯмакҳо ба Украина таъкид кардаанд.

Вазири корҳои хориҷии Словакия гуфтааст, "моҳҳои оянда барои ҳамаи мо озмуни муҳиме аст. Ин кӯмакҳо барои Украина муҳим ва барои мо як вазифаи ахлоқӣ аст. Мо бояд кӯмак ба Украинро то ҳар замоне, ки лозим бошад, идома диҳем".

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ба мардуми ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаҳои Русия дар ҳафтаи ҷорӣ мумкин аст аз ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта шадидтар бошад. Бар асари ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта ҷараёни интиқоли барқ, об ва системаи гармидиҳӣ дар бахшҳои калони ин кишвар қатъ шуд. Русия ҳамла ба зерсохторҳои энержии Украинаро пазируфтааст, вале иддао мекунад, ки ҳадафи ин ҳамлаҳо ғайринизомиён нестанд.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои НАТО дар мавриди узвияти Украина дар ин паймон низ гуфтугӯ хоҳанд кард, аммо пешбинӣ мешавад, ки бо вуҷуди сиёсатҳои бози НАТО, тасмими мушаххасе гирифта нахоҳад шуд. Ба назар мерасад, ки Украина барои пайвастан ба НАТО роҳи дарозеро дар пеш хоҳад дошт.

Йенс Столтенберг дар ин бора гуфт, "мо эълом кардаем, ки Украина ба НАТО хоҳад пайваст. Тасаввур мекунам, ки дар ин ҷаласа бар мавзеи НАТО таъкид хоҳад шуд. Вале дар ҳоли ҳозир таваҷҷуҳи аслии мо ҳимоят аз Украина аст. Мо дар миёнаи як ҷанг ҳастем ва набояд ҳеҷ як иқдоме сурат бигирад, ки якпорчагии аъзои НАТО дар кӯмаки низомӣ, башардӯстона ва молӣ ба Украинаро зери соя қарор диҳад".

Дар соли 2008 дар нишасти сарони НАТО дар Бухарест барои аввалин бор мувофиқати ин паймон барои пазириши Украина ба унвони як тарҳи дарозмуддат эълон шуд. Дар он замон ҳукуматҳои Фаронса ва Олмон бо пешниҳоди Амрико барои қабули як нақшаи роҳи мушаххас барои узвияти Украина мухолифат карда ва гуфтанд, чунин иқдоме аз сӯи Русия таҳрикомез хонда хоҳад шуд.

"Як маҳаллаи зебо доштем, ҷаҳони русӣ аз байн бурд" ВИДЕО

Як дрони сарнагуншудаи Русия дар Украина

Мақомоти Украина мегӯянд, аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар ин кишвар бештар аз 8300 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Андрей Костин, додситони кулли Украина рӯзи 20-уми ноябр гуфт, тақрибан 440 нафари онҳо кӯдак ҳастанд ва теъдоди маҷруҳон аз 11 ҳазор нафар ҳам мегузарад. Яке аз шаҳрҳои осебдида Херсон аст, ки Русия моҳи феврал гирифт, вале чанде пеш онро тарк кард.

Рустои Луч, воқеъ дар байни вилоятҳои Миколаев ва Херсон, аз рӯзи аввали ҷанг зери гулӯлаборони тӯпхонаҳои Русия монд. Ирина, сокини Луч, мегӯяд, “мо инҷо дар минтақаи ҷанг қарор дорем, моро сахт гулӯлаборон мекарданд. Вазъ аввалҳо тарснок буд, ҳоло андаке оромтар шудааст. Андаке."

Пеш аз 24-уми феврал дар ин русто 1000 нафар мезист. Ҳоло фақат 38 кас мондааст. Ирина яке онҳост ва мегӯяд, мушакҳои русӣ ду бор чанд қадам дуртар аз бинои онҳо бархӯрдаанд. Азбаски харобаҳо даромадгоҳу зинапояҳои биноро бастаанд, ночор дар таҳхона иқомат мекунад.

“Як мушак ба болои бом бархӯрд. Дувумӣ ба табақаи панҷум зад. Аз табақаи панҷум ба чаҳорум ва саввум гузашт. Сӯрохро худатон мебинед. Баъдан куҷое афтод. Мардум мегӯянд, ки натаркид, вале ман намедонам. Ман онҷо намеравам, чун метарсам,” – нақл кард Ирина.

Оқибатҳои ҷанги Русия дар Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Рустои Лучро аз оғози ҷанг нерӯҳои Русия ҳар рӯз ва аз тарафи манотиқи ишғолкардаашон дар вилояти Херсон гулӯлаборон мекарданд. Имрӯз ҳеч бинои русто солим намондааст.

Галина, сокини Луч мегӯяд: “Вазъ бисёр пуршиддат аст. Пайваста пинҳон мешавем. Намедонед, мушак аз куҷо меояд. Шумо дидед, чӣ карданд. Ду рӯз пеш як гулӯла дар байни ду бино афтод, метавонам нишон диҳам. Ҳамаи тирезаҳо шикасту шишаҳо рехт. Айвонҳо рехтанд, ҳеч чиз намонд. Як маҳаллаи зебое доштем, ҳеч чизаш намонд.”

Пеш аз ҳама мактаби деҳаро задаанд. Дар натиҷаи бархӯрди даҳ мушак аз байн рафт.

Екатерина, сокини Луч: “Ин мактаби мост. Бисёр ғамангез аст, ки ҷаҳони русӣ чунин мусибатро ба сари мо овард. Инҷо толори варзишӣ буд. Вақте гулӯлаҳо афтоданд, тӯбҳо ҳамаҷо пароканда буд. Аз диданаш дилам хун шуд.”

Баъди озодии Херсон, бозгашти мардум ба рустои Луч оғоз шуд. Мардум якҷо саъй доранд, ба қадри тавони хеш онро бозсозӣ кунанд. Ба зимистон ҳам омода мешаванд ва барои эмин мондан аз сармо бому дару тирезаҳоро бо ҳар чизе, ки доранд, мепӯшонанд.

Зеленский: "Мо ба сулҳ омодаем, сулҳ барои тамоми кишвар" ВИДЕО

Раиси ҷумҳури Украина дар Херсон

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар ҷашни озодии шаҳри Херсон аз таҷовузи Русия ширкат кард. Ҳафтаи гузашта дар зери фишори нерӯҳои украинӣ артиши Русия аз ин шаҳр, ки моҳи феврал ишғол карда буданд, берун шуданд.

Зеленский дар як ҷамъомади ботантана дар рӯ ба рӯйи идораи ҳукумати шаҳр гуфт: "Мо ба сулҳ омодаем. Сулҳ барои тамоми кишварамон".

Раҳбари Украина ба паймони НАТО ва ба вижа ба Иёлоти Муттаҳида ибрози сипос кард. Вай гуфт, пойгоҳҳои мушакии Ҳаймарси Амрико ба ҷанг дар Украина тағйири ҷиддӣ овардааст. Мардуми зиёде бо парчамҳои Украина ба пешвози Зеленский баромада буданд.

Херсон дар рӯзҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина ишғол шуда буд. Ҳафтаи гузашта Русия 30 ҳазор низомиашро аз Херсон берун кашида, дар соҳили муқобили рӯди Днепр ҷойгир намуд.

Хабарнигори "Рейтерс", ки рӯзи душанбе ба Херсон сафар кард, мегӯяд, хадамоти шаҳр назму субот ва ҳаёти маъмулиро барқарор мекунанд.

Максим Седин, корманди Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина, гуфт, "мо бояд тарғиботи Русияро барканем ва ин корро бо хурсандӣ иҷро мекунем. Мо дар инҷо шиорҳои украиниро ҷой медиҳем."

Феълан Херсон аз обу барқ ва интернет маҳрум аст, вале сокинон мегӯянд, аз ҳама муҳим озодӣ аст.

Михайло, сокини Херсон, мегӯяд, "мо омодаем, чанде зарур бошад, барои Украина вазниниро пушти сар кунем. Албатта, мехоҳем, ки ҳаёти маъмулӣ зудтар барқарор шавад. Обу барқ интернет дошта бошему фарзандам ба мактаб равад. Боз ҳам, бо ҳамаи камбудиҳо, аз пештара беҳтар аст."

"Ин обро на барои нӯшидан, балки барои шустани дегу табақ мегирем. Меҷӯшонем ва истифода мебарем," – илова кард Иҳор, сокини дигари Херсон.

Мисли рӯзҳои охир иртиботи мобилии шаҳри Херсон хуб кор намекунад. Сокинони Херсон ба хабарнигори "Рейтерс" изҳори умед кардаанд, ки озодӣ бошад, рӯзгори онҳо низ обод хоҳад шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Зеленский дар Херсон гуфт, ба сулҳ омодаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

"Мурғ гуфтанду дар таҳхона партофтанд." Нақли сарбозони зидди ҷанги Русия дар Украина

Нерӯҳои иловагӣ. Русия, моҳи сентябри 2022
Фармондеҳони рус сарбозонеро, ки дар Украина ҷангидан намехоҳанд, дар таҳхонае дар вилояти Луҳанск нигоҳ медоранд. Ин афрод пас аз эълони “мобилизатсия” дар моҳи сентябри имсол ба артиши Русия ҷалб шудаанд. Пайвандонашон ба телевизиони “Настояшее Время” гуфтанд, ки онҳо дар вазъияти бисёр бад ҳастанд.

"Ба мо вазъро ба таври дигар тасвир мекарданд"

Ин сарбозон ба наздикон шикоят кардаанд, ки ба танҳоӣ ва бе раҳнамоии ягон афсару фармондеҳ ва силоҳу муҳимоти зарурӣ дар хати пеши ҷанг қарор доранд. Ба нақли сафарбаршудаҳо, фармондеҳон барои саркашӣ аз ҷанг онҳоро ба зиндон таҳдид мекунанд ва дар таҳхона мебанданд.

Алексей Арсютини 31-сола то эълони "мобилизатсия" мудири тарабхонаи “KFC” дар яке аз деҳаҳои наздик ба Маскав буд. Рӯзи 25-уми сентябри имсол даъватнома гирифт ва ба қисми ҳарбӣ рафт.

Хоҳараш, Екатерина Арсютина, мегӯяд, “ӯ дар даст фақат як борхалта ва ҳуҷҷат дошт. Рӯйхати чизҳое, ки барояш зарур буд, навиштанд, мо харидем.”

Хонавода барои Алексей Арсютин пояфзолу таҳпӯш ва либоси гарм гирифтаанд. Ӯ ҳамон лаҳза ба як қисми ҳарбӣ дар Наро-Фоминск бурда шуд. Ба наздиконаш нақл кардааст, ки бе ягон тамрин ба Валуйк ва баъдан ба вилояти Белгороду аз онҷо ба Украина, ба вилояти Луҳанск, рафтанд.

“Тавассути телевизион вазъро ба мо ба таври дигар тасвир мекарданд. Мегуфтанд, ба хати сеюми ҷанг, ба шаҳрҳои озодшуда сафарбар мешаванд, вале фармондеҳон бе обу ғизо гузоштаанд,” – мегӯяд Екатерина, хоҳари Алексей.

Алексей Арсютин зери тирборони низомиёни украинӣ мондааст. Нерӯҳои иловагии Русия ба наздиконашон гуфтаанд, ҷанги онҳо 3 рӯз давом кард ва «дар ин задухӯрд беш аз 500 сарбоз кушта шуданд.»

"Онҳоро барои ақибнишинӣ таҳдид карданд"

Алла Петровна, модари яке аз ҷавононе, ки бо эълони «мобилизатсия» ба ҷанг бурда шудааст, мегӯяд, писараш фирор кард. «Намедонистанд, ки онҳоро ба куҷо бурдаанд ва бояд чӣ кор кунанд,» -- афзудааст ӯ.

Андрей Марчук, корманди ширкати масолеҳи сохтмонӣ дар Тучкови вилояти Маскавро баъди берун омадан аз коргоҳаш якбора ба Наро-Фоминск бурдаанд. Ӯ ҳам мисли Арсютин, тавонист, аз тирборон наҷот ёбад. Ҳардуяшон дигар ҷангидан намехоҳанд.

Баъди огоҳ шудан аз вазъи онҳо, пайвандонашон сару садои баланд кардаву талаб карданд, баргардонида шаванд.

«Мо тавонистем, ин корро кунем. Онҳоро бо мошини борбар ба як қисми ҳарбӣ, воқеъ дар ҳудуди Русия, оварданд. Вақте боз ба қисми ҳарбии Белгород бурданд, мавриди фишори сахт қарор гирифтанд. Фармондеҳон онҳоро мурғ номида, таҳқир кардаанд. Сабаб ин буд, ки ақибнишинӣ карданд,” - нақл кард Екатерина, хоҳари Алексей Арсютин.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъдан, бино ба нақли наздикони сарбозон, низомиёни рус талош кардаанд, сарбозони саркашро бо зӯр ба ҷанг баргардонанд. Онҳоро ба зиндон таҳдид ва таҳқир мекарданд.

Ба гуфтаи пайвандон, нисбати Арсютин ва Марчук, ки зидди ҷанг бештар эътироз мекардаанд, муносибати бераҳмона раво дида мешавад. Онҳоро дигарбора ба вилояти Луҳанск бурдаанд. Хонаводаҳояшон танҳо пас аз як ҳафта огоҳ шуданд.

"Сарнавишти баъдии ҷавонон маълум нест"

“Бародарам тамос гирифт ва гуфт, ки онҳо дар таҳхонае дар Зайтсев буданд. Онҳоро як рӯз дар таҳхона нигоҳ дошта, маҷбур карданд, дар навор бигӯянд, ки дар ҷанг ширкат намекунанд. Ҳоло бо ин видео онҳоро ба саркашӣ аз амри мақомот таҳдид мекунанд. Дар Зайтсев ба гуфтаи бародарам 250 нафаре нигаҳ дошта мешаванд, ки зидди ширкат дар ҷанг ҳастанд. Онҳо дар асоратанд. Дар асорати русҳо,” – афзуд Екатерина Белова.

Ба Алла Петровна ҳам, писараш аз ноҳияи Троитскийи Луҳанск занг зада гуфтааст, онҳоро дар як чоҳе нигоҳ медоранд, ки ҳеч шароит надорад. Дар онҷо мардонеро ҷамъ овардаанд, ки ҷангидан намехоҳанд.

Ба нақли Анастасия Дутова, ҳамсари яке аз низомиёни рус, шавҳари ӯ то ҳанӯз зери тирборон қарор дорад ва интизор аст, ки кай аз он ҷо берун бароварда мешавад.

“Дар байнашон теъдоди захмиён зиёд аст. Беморон ҳам кам нестанд. Баъзе аз бачаҳаро бароварданд, онҳо дар ҷойи бехатаранд. Бояд пайвандони мо ҳам бароварда шаванд. Мо намегӯем, ки онҳоро ба хона биёранд. Ҳадди ақал онҳоеро, ки захмӣ шудаанд, ба ягон ҷойи амн бояд баранд,” – гуфт ӯ.

Дутова ба нақл аз шавҳараш мегӯяд, фармондеҳон афроди мобилизатсияшударо таҳқиру истеҳзо мекунанд. Онҳое, ки аз ҷанг саркашӣ ва ақибнишинӣ мекунанд, мавриди фишору хандахариш қарор мегиранд.

“Рӯзи 3-юм, сарбозонро ба ҷанг фиристодаанд. 7 ҷавон ақиб гаштанд. Фармондеҳ либосашонро кашида, дасту пояшонро баста, дар баданашон салиб кашидаву ба пешониашон силоҳ гузоштааст. Сарнавишти баъдии ин ҷавонон маълум нест,” – гуфт Дутова, ҳамсари яке аз сарбозоне, ки маҷбурӣ ба ҷанг бурда шудааст.

Зеленский гуфт, "Херсон аз мост", Кохи Сафед истиқбол кард

Сокинони Украина баромадани низомиёни русро аз Херсон ҷашн мегиранд.

Кохи Сафед аз хуруҷи нерӯҳои Русия аз Херсон истиқбол кард ва онро "пирӯзии фавқулода" номид.

Ҷейк Салливан, мушовири масоили амниятӣ дар ҳукумати Амрико, рӯзи 12-уми ноябр гуфт, "зоҳиран, украиниҳо ҳоло ба як пирӯзии фавқулода даст ёфтанд. Маркази минтақае, ки аз сӯйи Русия ишғол шуда буд, дубора зери парчами Украина аст ва ин як рӯйдоди бузург аст".

Ин изҳороти мушовири амнияти миллии Амрико пас аз чанд соате садо дод, ки Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, "Херсон аз мост”.

Зеленский шоми 11-уми ноябр, баъди ворид шудани низомиёни украинӣ ба Херсон, вазъро дар минтақаи озодшуда аз дасти низомиёни рус шарҳ дод.

“Ин рӯзи таърихӣ аст. Мо Херсонро бармегардонем. Муҳофизони мо дар канори шаҳр қарор доранд. Аммо нерӯҳои махсус аллакай ба шаҳр даромаданд. Херсониҳо интизори ин лаҳза буданд. Онҳо ҳеч вақт аз Украина рӯй нагардондаанд,” - гуфт Зеленский.

Президенти Украина аз низомиён барои анҷоми ин амалиёт дар ҷануб изҳори сипос кард. Ӯ гуфт, ҳанӯз шаҳр пурра “аз ҳузури душманон холӣ нашудааст, аммо худи сокинони Херсон аз кӯчаву хиёбонҳо рамзу нишонаҳои ишғолгаронро тоза мекунанд. Дар ҳамаи шаҳрҳое, ки омадани моро интизоранд, ҳамин рӯз хоҳад расид.”

Мақомоти Русия ахиран аз анҷоми сафарбарии низомиён ва таҷҳизоти ҳарбӣ ба соҳили чапи рӯдхонаи Днепр хабар додаанд. Ба иттилои Вазорати дифои ин кишвар, беш аз 30 ҳазор сарбози рус самти рости Херсонро тарк кардаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, сабаби берун бурдани артиши ин кишвар аз Херсонро шарҳ надода, аммо гуфтааст, Кремл ин амалро “шармовар” намедонад ва аз баргузории маросими ҳамроҳсозии ин шаҳр ва минтақаҳои дигари Украина ба қаламрави Русия пушаймон нест.

Ҳанӯз то ворид шудани нерӯҳои Украина ба Херсон, сокинони ин шаҳр бо парчамҳо ба берун баромада, раҳоии онро истиқбол кардаанд.

Херсон, дар рӯзҳои аввали ҳамлаи беасоси Русия ба Украина ишғол шуд. Русия моҳи гузашта иддао кард, ки ин минтақаро ҳам ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст.

Ақибнишинии Русия дар Херсон. Мушовири Зеленский гуфт, қазоват зуд аст. ВИДЕО

Херсон, Украина

Бо эълони ақибнишинии Русия дар Херсон, ҷанг дар Украина ба марҳилаи нав ворид шуд.

Вазири дифои Русия, Сергей Шойгу, амр додааст, ки низомиёни кишвараш соҳили рости рӯдхонаи Днепрро дар Херсон тарк кунанд.

Украина ин хабарро эҳтиёткорона қабул кард.

Михаил Подоляк, мушовири президенти Украина, ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст, қисме аз нерӯҳои Русия дар Херсон мондаанд ва зуд аст, ки ҳаракати Маскавро ақибнишинӣ донист.

Русия шаҳри Херсонро дар рӯзҳои аввали ҳамла ба Украина дар моҳи феврали имсол ишғол кард. Даст кашидани Русия аз он бохти ҷиддии Маскав дониста мешавад.

Ба низомиёни рус фармон шудааст, ки ба соҳили дигари Днепр бигузаранд. Маскав эълон кард, ки дигар имкони таъмини нерӯҳояшро дар Херсон надорад.

Нерӯҳои Украина дар чанд ҳафтаи гузашта ба самти ин шаҳр пешравӣ доштанд.

Русия бо шитоб талоши кӯчонидани даҳҳо ҳазор сокинро дорад. Киев мегӯяд, низомиёни рус мардумро маҷбуран берун мекунанд. Маскав исрор дорад, ки сокинонро ба ҷои амн мебарад.

Рӯзи 9-уми ноябр нерӯҳои Русия бо паҳподҳо ба шаҳри Днепр зарба заданд. Ҳафтаҳои охир Украина аз ҳамлаҳои пайиҳам ба зерсохторҳои стратегӣ, махсусан иншооти энержӣ ва анборҳо, хабар медод.

Баъзе аз сарбозони украинӣ бо силоҳу техникаҳои худсохт зидди бесарнишинҳои Русия мубориза мебаранд. Мисли дастгоҳе, ки дар он мусалсал ё пулемётро насб карда, зарба мезананд. Ин ихтирои низомиёни горди миллии Украина бо муттахасисони дигар аст.

Дмитрий Плетенчук, сухангӯи қисми ҳарбии вилояти Миколаев мегӯяд, бо ин дастгоҳ ба муваффақияти зиёд даст ёфтанд.

“Ба ҳисоби миёна 80 дарсади паҳподҳои Русияро нобуд кардем. Бояд бигӯям, ки 10 дарсад нест кардани ҳадафҳои ҳавоӣ хеле душвор аст,” – хулоса кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Русия аз шаҳри Херсони Украина ақибнишинӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

"Аз нав месозем, муборизаро идома медиҳем." Ақибнишинии Русия аз Херсон. ВИДЕО

Миколаев, Украина

Ҳамлаи Русия ба Украина бахусус барои мардуми шаҳри ҷанубии Миколаев сахт будааст. Ин минтақа пойгоҳи муҳиме барои нерӯҳои кишвар ҷиҳати бозпас гирифтани вилояти Херсон ва муҳофизати бандари шаҳри Одесса ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ҳамлаҳои зиёд ба Миколаев, мардуми зиёде инҷо мондаанд, то шаҳрашонро муҳофизат ва бозсозӣ кунанд.

Бо пешравии нерӯҳои Украина ба самти Херсон, тамаркуз дар ҷанги ҳаштмоҳа ба ҷабҳаи аввали ҷанг дар ҷануб равона шудааст. Ҳадафи асосии ҳуҷумҳои Русия ба ҷануб ишғоли бандари муҳим дар шаҳри Одесса аст, аммо нерӯҳои украинӣ дар Миколаев монеи пешравии онҳо шуданд.

Бо вуҷуди онки сарбозони Украина хати муқовиматро аз Миколаев дур бурдаанд, сокинони шаҳр ҳамарӯза ҷабри ҳамлаҳои бераҳмонаи тӯпхонаҳоро мекашанд. Ва бори сангини ҳамлаҳои тӯпхонаҳои Русияро.

Хонаи Олга чанде пеш дар натиҷаи ҳамлаи мушакии Русия аз байн рафт. Ӯ ва аъзои оилаашро аз зери харобаҳои хонаашон берун оварданд.

Олга, сокини Миколаев, дар суҳбат ба “Садои Амрико” гуфт: “Аз фарёди ҳамсояҳо бедор шудам, ки дод мезаданд, чизе ба самти хонаи мо парвоз мекунад. Тамоми хонаҳои атрофи мо тиреза надоранд. Ҳеч чиз надоранд. Як лаҳза дилам сард шуд, чун мефаҳмӣ, ҳар чизи азизе, ки дорӣ, дигар намондааст. Ин эҳсоси ваҳшатнок аст."

Видеоро дар инҷо бинед:

Украиниҳо ба ҳимоят аз бандари Одесса омода ҳастанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Инҷо замоне шаҳри пурғавғои ним миллионнафарӣ буд. Ҳоло нисфе аз онҳо ба ҷойҳои амн гурехтаанд. Сокинони дигар ба монанди Олга муборизаро идома медиҳанд ва шаҳрро зинда нигаҳ медоранд.

Ақибнишинии нерӯҳои Русия аз вилояти Херсон умедеро дар дилашон бедор кардааст. Бо ҳамин умед хонаҳои худро таъмир мекунанд ва барои зимистони сахт омода мешаванд. Олга мегӯяд, тарс аз ҳамлаву сардӣ пеши роҳашро намегирад.

Олга, сокини Миколаев, мегӯяд, "ҳамчунон ба хешовандонам дар таъмири хонаашон ёрӣ мекунам. Батамом барқарораш мекунем, чун ҷое барои рафтан надорем. Аз нав месозем ва муборизаро идома медиҳем. Умедворам, зинда мемонем. Бо ҳамин вазъ ҳам барои ман бисёр азизанд. Ман омодаам, инҷо бимонаму то охир мубориза барам."

Созмонҳои имдодӣ мегӯянд, то замоне ки заруранд, барои мардум мемонанд. Павло Бузник, намояндаи Салиби Сурхи Украина, гуфт, "мо ҳоло барои омодагӣ ба зимистон чораҳое меандешем. Хайма ва бухориҳоро омода мекунем."

Миколаев ягона шаҳре нест, ки дар миёни оташи ҷанги ду тараф мондааст. Агарчӣ вайрон шудааст, мардумаш қавӣ ва қудратманд истода, намунае барои бақияи кишвари дар ҳоли ҷанг шудаанд.

Ба Днепропетровск бо дронҳои "худкуш" ҳамла кардаанд

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия субҳи 9-уми ноябр бо дронҳои худкуши зиёде Днепропетровскро бомбаборон кардааст. 

Мақомоти Украина гуфтанд, Русия субҳи 9-уми ноябр бо дронҳои худкуши зиёде Днепропетровскро бомбаборон кардааст.

Дар натиҷа чандин нафар маҷруҳ шуда, иншооти ғайринизомӣ осеб дид. дар айни замон дар минтақаи Донетск ва дар ҷануби Украина ҷангҳои пуршиддате идома доранд.

Валентин Резниченко, волии Днепропетровск, гуфт, "ишғолгарон ба минтақа бо дронҳои зиёди худкуш ҳуҷум карданд”.

Ба гуфтаи ӯ, “нерӯҳои дифоии ҳавоии мо панҷ бастаи ин силоҳҳоро нобуд карданд. Инчунин, онҳо бо дронҳо ба шаҳри Днепро ҳамла карда, корхонаҳои таъминкунандаро ҳадаф қарор доданд. Чор нафар маҷруҳ шуда, се нафар дар ҳолати сангин дар бемористон ҳастанд."

"Нерӯҳои Русия, инчунин, ноҳияи Никополи ҳамин минтақаро бо мушакҳои навъи "Град" бомбаборон карданд. Дар ин ҳуҷумҳо хонаҳои мардум, як корхона, хати барқ осеб дида, касе маҷруҳ нашудааст," -- афзуд ӯ.

Резниченко гуфт, ки оташи ҳамла дар масоҳати 3 ҳазор километри мураббаъ мушоҳида шуд ва ҳоло хомӯш карда шудааст.

Шон Пен ҷоизаи "Оскар"-ашро ба Зеленский "қарз" дод

Шон Пен ва Владимир Зеленский

Ҳунарпеша ва коргардони филмҳои Ҳолливуд Шон Пен, ки барои мухолифаташ ба ҷанги Русия алайҳи Украина таҳрим шудааст, дар як мулоқоташ бо президенти Украина Владимир Зеленский дар Киев рӯзи 8-уми ноябр ҳайкалчаи “Оскар”-и худро қарз дод.

Оҷонси "Рейтерс" менависад, Шон Пен, ки дар канори Зеленский ва ёвари ӯ дар утоқи пазироӣ нишаста буд, гуфт, “ин кори рамзист, ҳарчанд бемаънӣ аст” ва ёвари президенти Украинаро ба ханда овард.

“Вақте ғалаба кардед, ҳайкалчаро гашта ба Малибу биёред”, -- гуфт ҳунарпешаи амрикоӣ.

Дар дафтари президенти Украина гуфтанд, ки Зеленский Пенро барои таҳияи як мустанад дар Украина ва ҳам сафари сеюмаш дар давраи ҷанг ба ин кишвар бо ордени “Нишони фахрӣ” қадрдонӣ кардааст.

Маҷлиси Амрико шояд ба дасти ҷумҳурихоҳон афтад. Ёриҳои Амрико ба Украина чӣ мешаванд?

Капитолий, Вашингтон

Аз замони ҳуҷуми бедалели Русия ба Украина дар охири моҳи феврали имсол, Амрико дар умум ба Киев 60 миллиард доллар мадад кардааст. Агар дар интихоботи ҳафтаи оянда ҷумҳурихоҳон назорати яке ё ҳарду палатаи Конгрессро ба даст гиранд, ёриҳо зери фишор хоҳанд рафт.

Моҳи сентябр нерӯҳои украинӣ бо истодагарии сахте тавонистанд, артиши Русияро дар шимолушарқи вилояти Харков торумор кунанд. Заминаи ин пешрафтро иродаи қавии худи украиниҳо, тактикаи дурусти ҷанг ва силоҳҳои ғарбӣ фароҳам оварданд. Аз шурӯи ҷанг Иёлоти Муттаҳида назар ба кишварҳои дигари НАТО ба Украина ёрии бештар расонд, ки дар маҷмуъ зиёда аз 60 миллиард долларро ташкил дод.

Ин ёриҳо дар шароите расонда шуд, ки на ҳама дар Вашингтон ба давом додани ёриҳо розиянд. Дар ин масъала байни сиёсатмадорон зиддияти ҷиддӣ вуҷуд дорад ва эҳтимол ҳамин мавзуъ ба натиҷаҳои интихоботи Конгресс дар рӯзи 8-уми ноябр таъсиргузор шавад.

Ихтилоф аз инҷост, ки шумораи афзояндаи ҷумҳурихоҳон ва теъдоде аз демократҳо аллакай аз ёриҳои беохиру доимии Амрико ба Украина изҳори нигаронӣ мекунанд.

Бар пояи пурсишҳои афкори умум, имконияти ҷумҳурихоҳон барои пирӯзӣ дар интихоботи Маҷлиси Намояндагон, ки аз 435 курсӣ иборат аст, бисёр зиёд аст. Дар Сенат аз 100 курсӣ 34 курсӣ ҳадафи сабқат хоҳанд буд ва сарнавишти он феълан маълум нест. Демократҳо аз соли 2020 ба ин сӯ дар ҳарду палатаи Конгресси Амрико аксариятро ташкил мекунанд.

Аз ҳоло раҳбарони ҷумҳурихоҳҳо гуфтаанд, ки ёриҳои Амрико ба Украина бебаркаш буда наметавонад. Кевин МакКартӣ, ки дар сурати ғалабаи ҷумҳурихоҳҳо метавонад раҳбарии Маҷлисро ба даст гирад, дар як мусоҳибааш гуфт, “мардуме, ки дар ҳолати рукуди иқтисодӣ қарор мегиранд, ба осонӣ барои Украина пул ҷудо намекунанд”.

Дар сурати сари кор омаданаш МакКартӣ метавонад, бе ҳеч мушкил дар кумитаҳои буҷаву умури хориҷӣ шахсонеро таъин кунад, ки дилгармии зиёде барои мадад ба Украина надоранд.

Дар пурсишҳои афкори умум аксар амрикоиҳо гуфтаанд, барои онҳо мавзӯи таваррум, боло рафтани нархи бензин, афзоиши ҷинояткорӣ, бадтар шудани вазъи иқтисод хеле муҳим аст ва ин нигарониҳо бо шиорҳои доимии ҷумҳурихоҳҳо ҳамоҳанг мебошанд. Ба ҳар сурат, дар барномаҳои таблиғотии номзадҳо ё дар баҳсҳои телевизионҳои амрикоӣ мавзӯи ҷанг дар Украина ва масъалаҳои дигари байнулмилалӣ хеле кам матраҳ мешаванд.

Ҷон Ҳербст, сафири пешини Амрико дар Киев, изҳори назарҳои МакКартиро “нигаронкунанда” номид, вале пешбинӣ кард, ки бартарии ҷумҳурихоҳон ё демократҳо дар Конгресс ба ёриҳо барои Украина осеб намерасонад. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) гуфт, “агар дар барномаи кумак ба Украина коҳише дида шавад, ман хеле ҳайрон мешавам”. Чун, ба гуфтаи ӯ, “ба назар мерасад, ки бисёр ҷумҳурихоҳҳо зарурати ёриҳои низомиро хеле хуб дарк мекунанд”.

Митч МакКоннелл, дар сурати пирӯзии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи Сенат, раҳбариро ба уҳда мегирад ва ин сиёсатмадор бо дастгирии ошкорояш аз ёриҳо ба Украина маъруф аст. Ӯ гуфтааст, ёрӣ ба Украина “сармоягузорӣ ба амнияти миллӣ”-и худи амрикоиҳо буда, “ҳукумати Байден ва ҳампаймонҳои мо бояд барои таъмини ниёзҳои Украина дар муқобили таҷовузи Русия” ёрии бештар расонанд.

Дар миёни демократҳо ҳам гурӯҳи хурде ҳаст, ки хостори гуфтушуниди Байден бо Кремл барои хатми ҷанг мебошад. Номае, ки ин гурӯҳ чандин моҳ пеш навишта буд, дар паи танқидҳо дар дохили демократҳо расонаӣ нашуд.

Вале ҳама гуна аломати ин ки Амрико шояд додани ёриҳои азимро ба Украина бозбинӣ кунад, президенти Русия Владимир Путинро нерӯ мебахшад. Ба бовари Роб Лӣ, як низомиву коршиноси Коллеҷи салтанатии Лондон, ҳама гуна паёмҳои Амрико дар таъсиргузорӣ ба Маскав муҳиманд ва агар “Кремлин донад, ки Амрико ба ёрии дарозмуддати Украина уҳдадор шудааст, ба эҳтимоли зиёд зудтар ба гуфтушунид омода мешавад”.

Баъзе аз қонунгузорони амрикоӣ бо ишора ба мушкили деринаи фасод дар Украина ва шеваи истифода шудани ёриҳои амрикоӣ изҳори шубҳа кардаанд. Даниел Вайдич, ки ширкаташ Yorktown Solutions дар Вашингтон аз номи украиниҳо амал мекунад, гуфт, барои аз байн бурдани чунин интиқоду нигарониҳо Киев ҳам бояд “беҳтар кор кунад” ва сарфи ёриҳоро бахусус дар бахши ғайринизомӣ гузориш диҳад.

Интихоботи Конгресс рӯзи 8-уми ноябр, дар байни муҳлати раёсатҷумҳурии Байдени демократ барпо мешавад ва ба ҳамин хотир миёндавраӣ ном гирифтааст. Дар таърихи интихоботҳо тақрибан ҳамеша чунин шудааст, ки ҳизбе, ки Кохи Сафедро назорат мекунад, дар интихоботҳои миёндавраии Конгресс мағлуб мешавад. Ҳамчунин, дар таърихи ҳама интихоботҳо мавзӯи иқтисод барои овоздиҳандагон муҳимтар аз ҳар чизи дигар будааст.

Бисёре аз иқтисоддонҳо гуфтаанд, ки агар дар моҳҳои наздик поинравии нишондодҳои иқтисодӣ идома кунад, расондани ёриҳои калонҳаҷм ба Украина мушкил мешавад. Ба бовари Уиллиам Кортнӣ, сафири собиқи Амрико ва таҳлилгари маркази таҳқиқотии RAND Corporation дар Вашингтон, пешрафти украиниҳо дар ҷанг, озод кардани қаламравҳои бештар аз дасти русҳову ошкор шудани ҷиноятҳои сангини онҳо метавонад, пуштибонии сиёсии Амрикову Аврупоро аз Украина нерӯ диҳад.

навшуда

Шойгу: "Сафарбарӣ поён ёфт." Зеленский: "Маскав ба сарбозони иловагӣ эҳтиёҷ дорад" ВИДЕО

Владимир Путин ва Сергей Шойгу

Русия рӯзи ҷумъа эълон кард, ки даъвати сарбозони эҳтиётӣ ба артиш барои ҷанг дар Украина ба поён расид. Дар муддати камтар аз ду моҳ садҳо ҳазор нафарро ба артиш ҷалб карданд ва сеяки онҳоро ҳам ба ҷанг фиристодаанд.

Сафарбарии баҳсбарангез ва нахустин пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум сабаби фирори даҳҳо ҳазор марду ҷавони рус аз кишвар шуд ва норозигиву эътирози мардумро барангехт.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин фармони сафарбариро моҳи сентябр ва баъд аз шикастҳои пайдарҳами нерӯҳои кишвараш имзо кард.

"Сафарбарии шаҳрвандон ба артишро ба поён расондем. Фиристодани даъватномаҳо тамом шуд. Фармони Шумо барои ҷалби 300 ҳазор нафар иҷро шуд. Вазифаҳои иловагии дигаре пешбинӣ нашудааст," – гуфт вазири дифои Русия Сергей Шойгу.

Раиси ҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, шубҳа дорад, сафарбарӣ ба ҷанг поён ёфтааст.

Ӯ афзуд: "Мо аз ҷабҳа тасвири комилан дигар мегирем. Русия саъй дорад, бо истифода аз навсарбозони ноомода ва дуруст таъминношуда ва бо амрҳои бераҳмонаи фармондеҳонашон ба мавзеъҳои мо фишор биёрад. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки Русия ба зудӣ ба сарбозони иловагӣ дар ҷанг эҳтиёҷ пайдо мекунад. Мо ба ин омода мешавем."

Наворро дар инҷо бинед:

Шойгу гуфт, 300 ҳазор сарбози нав ба артиш ҷалб шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Дар ҷабҳа нерӯҳои украинӣ пешравӣ мекунанд. Онҳо аз ҷумла ба самти Херсон, як шаҳри бузург дар ҷануби Украина ҳаракат доранд, ки Русия моҳи март ишғол кард. Аммо ҳаракат дар чанд рӯзи гузашта ба гуфтаи мақомоти украинӣ ба сабаби ҳавои бад ва маконҳои душворгузар суст шудааст.

Рӯзи ҷумъа байни онҳо ва нерӯҳои Русия дар шимоли Херсон набарди сахте сурат гирифт. Як сарбозе, ки худашро Вадим муаррифӣ кард, мегӯяд: “Оташборон ҳар рӯз пайваста ва шабу рӯз идома дорад. Бо тӯпхона ва ҳатто бомбҳои хӯшаӣ.”

Ҳамлаҳои Русия ба Украина ҳафтаҳои гузашта бо мушакҳову паҳподҳои сохти эрон ва ба иншооти ғайринизомӣ зиёдтар шуд. Миллионҳо нафар бе нерӯи барқ монданд.

Ба гуфтаи Киев, ҳадафи ҳамлаҳо дар сармо нигаҳ доштани украиниҳо дар зимистон ва ҷинояти ҷангӣ аст. Маскав ҷангро дар Украина “амалиёти махсуси низомӣ” номида, гуфтааст, зарбаҳо ҷавоб ба ҳамлаҳои Украина аз ҷумла таркиш дар пули иртиботӣ ба Қрим аст.

Аз дигар тараф Амрико эълон кард, ба арзиши 275 миллион доллари дигар, ба Украина аслиҳа ва таҷҳизоту абзори низомӣ мефиристад. Бо ин кумак ёриҳои Амрико ба Украина ба бештар аз 18 миллиарду 500 миллион доллар расид.

Дар интизори набарди сахт. Омодагии Украина ва Русия барои гирифтани як минтақа. ВИДЕО

Нерӯҳои Украина дар ҷабҳаи аввали ҷанг мегӯянд, интизори ҷангҳои сахте дар вилояти ҷанубии Херсон ҳастанд, ки онҷо Русия нерӯҳояшро тақвият мебахшад. Аз тарафи дигар, дар худи Русия тамринҳои пурсарусадое сурат гирифт, ки ҷараёни зарба бо мушакҳои атомиро ба рақиби эҳтимолӣ машқ карданд.

Набарди қарибулвуқуъ дар наздикии рӯдхонаи Днепр инро маълум мекунад, ки оё Украина метавонад, ки назорати Русияро дар ҷануби кишвар суст кунад ё не.

Як сарбози украинӣ мегӯяд, нерӯҳои Русия хандақ мекананд: “Русҳо мавзеъҳояшонро тағйир медиҳанд. Хадамоти мо маълум карданд, ки онҳо нерӯҳои тоза ҷалб кардаанд, камингоҳҳояшонро мустаҳкам мекунанд, хандақ мекананд. Онҳо аз неруҳои ҳавоӣ, тӯпхонаву сарбозони мо метарсанд.”

Дар як хати ҷабҳа, ба гуфтаи сарбозони украинӣ, ҳамлаҳои тӯпхонаии нерӯҳои Русия пас аз чанд ҳафтаи сукут зиёдтар шудааст. Муколамаҳои байни нерӯҳои Русия аз ирсоли сарбозони иловагӣ ба маҳал дарак медиҳанд. Бо афзоиши танишҳо, Русияву НАТО тамринҳои солонаи нерӯҳои атомиашонро баргузор мекунанд.

Русия Киевро ба омодагӣ аз истифода аз бомбаи олуда ба маводи атомӣ муттаҳам мекунад. Украинаву Ғарб ин иддаоро беасос ва баҳонае барои шиддат додани ҷанг номидаанд.

Дар ҳамин ҳол, телевизионҳои давлатии Русия киштиҳои зериобӣ, бомбандозҳои стратегӣ ва нерӯҳоеро нишон медоданд, ки посух ба ҳамлаи атомии рақибро тамрин мекунанд.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, ба Владимир Путин гуфт, нерӯҳо омодаи посух додан ҳастанд: "Рафиқ фармондеҳи олӣ, бар асоси барномаи омода кардани нерӯҳои мусаллаҳи Русия таҳти раҳбарии Шумо машқҳое сурат мегиранд, ки дар ҷараёни он зарбаи фарогири атомии нерӯҳои стратегӣ дар посух ба ҳамлаи атомии рақиб тамрин мешавад.”

Киев мегӯяд, Маскав бо баланд кардани сарусадо дар бораи ҷанги атомӣ мехоҳад, кишварҳои ғарбиро тарсонад, то аз ҳимояти Украина даст кашанд.

Баъд аз ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украина дар моҳи сентябр, Владимир Путин бо ҷалби садҳо ҳазор сарбози нав ба ҷанг, ба қаламраваш ҳамроҳ кардани минтақаҳои ишғолӣ ва таҳдид бо аслиҳаи атомӣ буҳронро шиддат бахшид.

Русия ҳамин моҳ бо истифода аз мушак ва дрон ё паҳподҳои сохти Эрон зарбаҳоро дар Украина зиёд кард, ки дар натиҷа зербунёдҳои зиёди барқӣ вайрон шуданд ва боғу хонаҳои истиқоматӣ ҳам осеб диданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Украина ба ҷанги сахт бо Русия омодагӣ мегирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Путин вазъияти ҷаҳонро "хатарнок" хонд. Амрико: "Дар ҳарфҳояш чизе нав набуд"

Владимир Путин

Раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ҷаҳон бо хатарноктарин даҳа пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ рӯбарӯ аст. Владимир Путин рӯзи 27-уми октябр дар Маҳфили таҳлилии "Валдай" кишварҳои ғарбиро дар вазъи ҳозираи ҷаҳон гунаҳкор донист.

Ӯ афзуд, Ғарб урфи байнулмилалиро нодида гирифт, то нуфузи худро ҳифз кунад ва кишварҳоеро, ки "тамаддунҳои дараҷаи ду" медонанд, зери назорати худ дароварад.

Ба иддаои раиси ҷумҳури Русия, Ғарб ба рақобатҳои одилона бо қудратҳои иқтисодӣ ва сиёсии дар ҳоло зуҳур дар Осиё қодир нест ва аз ин рӯ, ба таҳримҳои иқтисодӣ ва "инқилобҳои ранга" ба унвони силоҳе барои суст кардани рақибони худ рӯй овардааст.

Раиси ҷумҳури Русия дар идома гуфт, аз фиристодани нерӯҳои русӣ ба Украина пушаймон нест. Путин ҳамчунин гуфт, ҳар лаҳза ба сарбозони рус, ки дар Украина ҷон бохтаанд, меандешад, вале Маскав ҳеч интихоби дигаре ба ғайр аз ҳамлаи низомӣ ба Украина надошт. Кремл ин ҳамлаи низомиро "амалиёти низомии вижа" ном мебарад.

Путин ҳукумати Амрико ва муттаҳидони он кишварро муттаҳам кард, ки дар як бозии қудратталабонаи "хатарнок ва хунин" талош мекунанд шартҳои худро ба кишварҳои дигари ҷаҳон бор кунанд. Ба иддаои вай, ҷанг дар Украина бахше аз талошҳои Ғарб барои мустаҳкам кардани нуфузаш бар ҷаҳон аст.

Путин ҷангро дар Украина набарде байни Ғарб ва Русия донист ва дар айни ҳол гуфт, то ҳудуде як "ҷанги дохилӣ" аст, зеро ба гуфтаи ӯ, русҳо ва украиниҳо як миллат ҳастанд. Киев ҳар ду назарияро ба шиддат рад кардааст.

Ин изҳороти ӯ дар ҳоле аст, ки аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина беш аз ҳашт моҳ мегузарад. Ин ҳамла рӯзи 24-уми феврал оғоз шуд ва бузургтарин даргирии низомӣ дар Аврупо аз замони Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷон Карби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, мегӯяд, дар суханони Путин ҳарфи наве ироа нашуд. Вай афзуд, ба бовари ӯ, ҳадафҳои стратегии Путин тағйир наёфтааст. "Путин намехоҳад, Украина ба унвони як кишвари мустақил вуҷуд дошта бошад", -- илова кард ӯ.

Русия бо ин ҳамла робитаашро бо Ғарб ба ҳадде тира кард, ки пас аз Ҷанги Сард бесобиқа будааст.

Дар ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Украина, аз ҷумла пойтахт Киев, ҳазорон украинӣ кушта шудаанд ва бисёре аз зерсохторҳо вайрон гаштанд. Миллионҳо украинӣ беҷо шудаанд ва беш аз 6 миллион нафари онҳо дар хориҷ паноҳанда шуданд.

Пешрафтҳои Украина дар ҷабҳа ва тамоси Шойгу бо ҳамтоёнаш дар НАТО

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия.

Русия рӯзи якшанбеи 23-юми октябр аз гуфтугӯи телефонии Сергей Шойгу, вазири дифои ин кишвар бо ҳамтоёни бритониёӣ, амрикоӣ, фаронсавӣ ва турки худ хабар дод. Бар асоси гузориши Вазорати дифои Русия, меҳвари ин гуфтугуҳо, ҷанги Украина будааст.

Тибқи ин гузориш, дар гуфтугӯи вазирони дифои Русия ва Фаронса, вазъияти ҷангӣ дар Украина, ки дар ҳоли бадтар шудан аст, баррасӣ шудааст. Вазорати дифои Русия ҳамчунин аз гуфтугуҳои оқои Шойгу бо ҳамтоёни бритониёӣ ва турки худ хабар додааст.

Дар ҳама гузоришҳое, ки аз гуфтугӯҳои телефонии рӯзи якшанбе нашр шуд, иддаои "эҳтимоли истифодаи харобкоронаи Украина аз "бомбаҳои касиф" дар ҷанг матраҳ шудааст. "Бомбаи касиф" ё "Dirty bomb" навъе силоҳе аст, ки барои олудани муҳит бо маводи радиоактив истифода мешавад.

Дар ин гузориш шарҳи бештар дар бораи иддаои нави Кремл нашр нашудааст. Аммо худи мақомҳои Русия дар пайи шикастҳои пайдарпай ва ақибнишинии низомиёни ин кишвар дар баробари ҳамлаҳои ду моҳи гузаштаи нерӯҳои украинӣ, борҳо таҳдид кардаанд, ки мумкин аст аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунанд.

Русия ахиран зерсохторҳои ғайринизомӣ, ба вижаи нерӯгоҳҳои барқӣ ва минтақаҳои аҳолинишини Украинаро бо ҳавопаймоҳои бе сарнишин ва мушакаҳо ҳадаф қарор дод, то Киевро зери фишор қарор диҳад.

Вазорати дифои Бритониё рӯзи якшанбе дар ҳамин бора хабар дод, ки вазири дифои ин кишвар дар гуфтугӯи телефонии худ иддаои Шойгу дар робита ба кӯмаки кишварҳои ғарбӣ ба Украина барои доманадор шудани ҷангро рад кард.

Вазири дифои Русия рӯзи якшанбе ҳамчунин бо Ллойд Остин, ҳамтои амрикоии худ телефонӣ гуфтугӯ кард. Аз замони ҳамлаи низомии Русия ба Украина дар 24-уми феврали имсол, ин дувумин тамоси телефонии вазирони дифои Русия ва Амрико аст. Тамоси телефонии қаблӣ низ чанд руз пеш анҷом шуда буд. Оқои Остин дар гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ хостори "оташбаси фаврӣ" дар Украина шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар пайи озодсозии минтақаҳои ишғолшудаи Украина аз сӯи артиши ин кишвар, мақомоти Русия аз таъсиси хати дифоӣ барои пешгирӣ аз пешравии низомиёни украинӣ хабар доданд.

Дар ҳафтаҳои гузашта таваҷҷуҳи нерӯҳои украинӣ барои озодсозии минтақаи Херсон аз ишғоли Русия будааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Украина се рӯз қабл гуфта буд, ки артиши ин кишвар дар ҷараёни пешравии ҳафтаҳои ахир 88 шаҳрак ва деҳаро дар вилояти Херсон бозпас гирифтааст.

Херсон яке аз чаҳор минтақае аст, ки Русия моҳи гузашта иддао кард онро ба қаламрави худ ҳамроҳ кардааст. Аммо бо ин вуҷуд, нерӯҳои украинӣ бахшҳои васеъ аз ин минтақаро озод кардаанд. Ин вилоят дар рӯзҳои аввали ҳамлаи низомии Русия ба контроли нерӯҳои низомии ин кишвар даромад.

Артиши Украина рӯзи якшанбе эълон кард, ки афсарони баландпояи русӣ ҷониби ғарбии дарёи Днепрро раҳо карда, дифоъ аз ин минтақаро ба сарбозони бетаҷрибаи рус супурдаанд. Нерӯҳои украинӣ чанд ҳафта пеш бахши шимолии Херсонро озод карданд ва ҳамакнун ба тарафи ҷануб ва марзҳои Русия дар ҳоли пешравӣ ҳастанд.

Раиси минтақаи Курски Русия эълон кардааст, ки ду хатти дифоӣ эҷод шуда ва хатти севуми дифоӣ низ то ду ҳафтаи дигар такмил хоҳад шуд. Хатҳои дифоӣ ҳамчунин дар минтақаи Белгороди Русия низ эҷод шудааст. Ин минтақаҳо хоки Русия ҳастанд ва ҷузъе аз минтақаҳои ишғолшуда намебошанд. Аммо тибқи гузоришҳо, хатҳои дифоӣ дар минтақаи ишғолшудаи Лугански Украина аз сӯи низомиёни Русия эҷод шудааст.

Бебарқӣ дар Украина. Русия нерӯгоҳҳоро нишон гирифтааст

Бебарқӣ дар Киев. 19 октябр, 2022.

Вазорати энержии Украина аз рӯзи панҷшанбе барои таъмири шабакаҳои интиқоли барқи кишвар, ки дар ҳамлаҳои ахири Русия осеби сахт дидааст, маҷбур шуд барқи бисёре аз минтақаҳоро қатъ кунад. Ҳамзамон дар ҷабҳаи ҷангӣ пешравии артиши Украина ба тарафи шаҳри Херсон идома дорад.

Ҳарчанд артиши Украина дар ду моҳи ахир муваффақ шудааст бахше аз минтақаҳои ишғолшуда дар шарқ ва ҷануби ин кишварро бозпас бигирад, вале то ба ҳол натавонистааст аз зерсохторҳои энержӣ дар баробари ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишинӣ Русия, ки ба назар мерасад ҳадафи он заъиф кардани руҳияи мардум дар остонаи фасли зимистон аст, муҳофизат кунад.

Ҳукумат аз мардум хостааст масрафи барқро кам кунанд ва рӯзи панҷшанбе барои аввалин бор аз замони оғози ҳамлаи низомии Русия, интиқоли барқ аз соати ҳафти субҳ то ёздаҳи шаб қатъ шуд. Раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки Русия рӯзҳои ахир ба 30 дарсади нерӯгоҳҳои тавлиди барқи ин кишвар ҳамла кардааст.

Ҳамзамон дар минтақаҳои шимол-шарқи Украина интиқоли об қатъ шуда ва аз шаҳри Киев низ хабар мерасад, ки мардуми нигарон аз қатъи об, дар ин шаҳр об захира мекунанд.

Олаф Шолтз, нахуствазири Олмон Маскавро ба истифода аз энержӣ ва гуруснагӣ ба унвони силоҳи ҷангӣ муттаҳам кард ва гуфт, "тактикаи замини сӯхта ба пирӯзии Русия дар ҷанг кӯмак нахоҳад кард. Ин равишҳо фақат боиси тақвияти ваҳдати мардуми Украина ва пуштибонҳои ин кишвар хоҳад шуд".

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия дар вокуниш ба ин суханон гуфт, "ба назар мерасад, ки оқои Шолтз гузаштаи фашистии кишвараш ва марги 30 миллион нафар аз мардуми Иттиҳоди Шӯравиро, ки аз сӯи артиши Олмон кушта шуданд ва ё бар асари сармо ва гуруснагӣ давоми Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ҷон бохтанд, фаромуш кардааст".

Вазорати дифои Русия эълон кард, ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энержӣ дар Украина идома хоҳад ёфт. Коршиносон ба ин боваранд, ки аз замони таъйини генерал Сергей Суровикин ба унвони фармонедҳи артиши Русия дар Украина, ин ҳамлаҳо, ки ҳадафи он заъиф сохтани рӯҳияи мардум ва артиши Украина аст, бештар шудааст. Генерал Суровикин бинобар истифода аз равишҳои бераҳмона дар ҷанги Сурия, "генерали охируззамон" лақаб гирифтааст.

Вазири энержии Украина дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии ин кишвар гуфт, Русия дар даҳ рӯзи гузашта 300 ҳамлаи ҳавоӣ ба зерсохторҳои энержӣ анҷом додааст. Ӯ афзуд, маҷбур шудаанд масрафи барқро 20 дарсад коҳиш диҳанд.

Раиси шабакаи барқи Украина низ гуфт, "барои таъмири хисороти воридшуда ба истгоҳҳои барқрасонӣ маҷбурем интиқоли барқро дар бархе ҳолатҳо қатъ кунем".

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шоми чаҳоршанбе дар паёме видеоӣ хитоб ба мардум гуфт, ҳалли ин мушкил ба вақт ниёз дорад. Ӯ афзуд, "арзёбии мо ин аст, ки ҳамлаҳои Русия ба зерсохторҳои энержӣ то замоне, ки мо битавонем бо кӯмаки кишварҳои пуштибонии Украина сад дар сад мушакҳо ва дронҳои душманро сарнагун кунем, идома хоҳад ёфт".

Кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли баррасии чораҳои гуногун барои кӯмакҳои бештаре бар Украина, аз ҷумла, таҷҳизоти тавлиди барқ, саҳмгирӣ дар бозсозии зеристгоҳҳои энержӣ ва кӯмаки молӣ барои бунёди нерӯгоҳҳои нав ҳастанд.

Ҳамзамон дар ҷабҳаи ҷанг пешравии артиши Украина ба тарафи шаҳри Херсон, идома дорад. Артиши Украина субҳи панҷшанбе гуфт, ки дар охирин ҷангҳо 43 сарбози Русия кушта ва шаш тонк ва мошинҳои низомӣ аз байн бурда шуданд. Дар муқобила Вазорати дифои Русия гуфт, нерӯҳои ин кишвар дар ин набард пирӯз шудаанд.

Хабаргузории байналмилалӣ наметавонанд иддаои ду тараф дар мавриди таҳаввулот дар ҷабҳаҳои ҷангро таъйин кунанд.

Хатари наве дар фазои Украина. Ин дафъа аз Эрон. ВИДЕО

Ҳамлаи ҳавоии Русия ба Украина. 17-уми октябри 2022

Ҳукумати Амрико мегӯяд, бинобар истифодаи дрон ё паҳподҳои Эрон дар ҷанги Украина ба зидди Теҳрон таҳримҳои сахт ҷорӣ мекунад. Кохи Сафед ҳамчунин гуфт, шубҳа дорад, ки ба ин зудӣ дар масъалаи эҳёи созиши атомӣ бо Эрон ба ҷое бирасанд.

Дар фазои шаҳри Киев хатари наве зуҳур кардааст. Ин дафъа аз Эрон. Украина мегӯяд, паҳподҳои вайронгару қотиле, ки ба пойтахт ҳамла мекунанд, сохти Эрон аст. Эрон мегӯяд, чунин нест. Русия шарҳ надодааст. Карин Жан Пийер, сухангӯи Кохи Сафед, дар нишасте дар Вашингтон дар бораи истифодаи паҳподҳои эронӣ ва посухи Амрико дар робита ба он суҳбат кард.

Ӯ гуфт: "Эрониҳо воқеиятро намегӯянд ва рад мекунанд, ки ба Русия барои ҷанг дар Украина силоҳ медиҳанд. Бино ба гузоришҳо, Эрон ҳоло дар фикри фурӯши аслиҳаи бештари вайронгар барои кумак ба таҷовуз дар Украина аст. Мо корро барои таҳримот ба зидди тиҷорати аслиҳа ба зидди Русияву Эрон идома медиҳем. Мо коре мекунем, ки Эрон ба осонӣ ба Русия силоҳ фурухта натавонад."

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, Ғарб кори зиёде карда наметавонад. Ба қавли Энтони Кордсман, таҳлилгари Маркази Пажуҳишҳои Стратегӣ ва Байнулмилалӣ: “Онҳо ҳамон кореро мекунанд, ки моҳҳо анҷом додаанд. Баъзе афроду ширкату фармондеҳонро, ки силоҳу системаҳоро мефурӯшанд, интихоб ва таҳрим мекунанд. Ҳоло ин кор асари зиёде надорад."

Наворро дар инҷо бинед:

Дар ҳамлаҳо ба Украина Русия аз бесарнишинҳои эронӣ истифода мебарад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Ҳукумати Амрико ҳамчунин ба ҳимоят аз тазоҳуроте садо баланд кард, ки Эронро фаро гирифтааст. Тазоҳурот баъди марги як духтари ҷавон дар идораи пулиси ахлоқ дар моҳи сентябр сар зад.

Ҷеннифер Гавитт, ёвари вазири умури хориҷии Амрико, мегӯяд, “ҳоло чашми ҷаҳониён ба сӯи тазоҳургарони шуҷоъ дар Эрон аст, ки барои ҳуқуқи худ садо баланд мекунанд. На фақат барои ҳуқуқи занон, балки ҳамаи ҳуқуқи худ. Амрико ҳам дар канори онҳост.”

Парвози дрон дар фазои Киев
Парвози дрон дар фазои Киев

Амрико бинобар саркӯби тазоҳургарон ба зидди мақомоти баландпояи Эрон таҳрим ҷорӣ кард ва роҳҳои дастрасии эрониёнро ба расонаҳо дар Интернет ва муошират бо ҳамдигар осонтар сохт. Айни замон Кохи Сафед нигарон аст, ки музокирот дар бораи созиши атомӣ бо Эрон ба бунбаст ворид шудааст. “Мо интизор надорем, созише ба ин зудӣ ба даст биёяд,” – гуфт Карин Жан Пийер, сухангӯи Кохи Сафед.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, шанси эҳёи созиши атомии Эрон бо кишварҳои ғарбӣ аз замони омадани раиси ҷумҳури нави муҳофизакор ба қудрат дар соли 2021 кам шудааст.

Энтони Кордсман, таҳлилгари Маркази Пажуҳишҳои Стратегӣ ва Байнулмилалӣ, гуфт: "Баъди интихоботи Эрон созиши атомӣ ба мушкили бисёр ҷиддӣ гирифтор шуд. Эрон ба ҳадде демократия ва мухолифон дорад. Ҳукумат нисбат ба рӯҳониён то як андоза таҳаммулгаро аст. Раиси ҷумҳури кунунӣ дар нияту ҳадаф як руҳонии фавқуллода муҳофизакор аст."

Ҳоло чӣ? Амрико мегӯяд, раҳбарони Эрон бояд ба ҳаққи мардум эҳтиром гузоранд. Чизе, ки мардум дар саросари шаҳрҳои Эрон ва берун аз он ҳафтаҳост бо баргузории тазоҳурот талаб доранд.

11 кушта ва 15 захмӣ. Ишора ба даст доштани ду тоҷик дар ҳодисаи Белгороди Русия

Афроде, ки тариқи "мобилизатсия" ба артиш даъват шудаанд, дар тамрингоҳҳои вижаи низомӣ барои ҷанг омода мешаванд.

Як мақомдори баландпояи Украина гуфтааст, ки ду ҳамлагар дар тамрингоҳи низомӣ дар Белгороди Русия аз Тоҷикистон будаанд.

Вазорати дифои Русия шоми 15-уми октябр эълон кард, ки дар як “ҳамлаи террористӣ” дар тамрингоҳи низомии вилояти Белгород 11 нафар кушта ва 15 нафар захмӣ шудааст. Ба гуфтаи мақомоти рус, ду зодаи як кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳангоми машқи тирпаронӣ ба сӯи ҳамхидматони худ тир парронданд ва худашон ҳангоми оташи ҷавобӣ кушта шудаанд. Дар ин тамрингоҳ афроде, ки тариқи "мобилизатсия" ё сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артиш даъват шуда буданд, барои ҷанг ба Украина омодагӣ медиданд.

Алексей Арестович, мушовири Владимир Зеленский, президенти Украина, дар як мусоҳиба дар YouTube гуфтааст, ки ҳамлагарон аз Тоҷикистон будаанд ва пас аз баҳс бар сари дин ба сӯи ҳамхидматони худ оташ кушодаанд.

Хабаргузории Ройтерз бо иқтибос аз суҳбати Алексей Арестович гуфтааст, ки аксари сокинони Тоҷикистон мусалмон ва аҳолии Русия аксаран масеҳӣ ҳастанд.

Маълум нест, ки мушовири президенти Украина ба асоси чӣ далеле ҳамлагаронро тоҷикистонӣ номидааст. Дар хабарномаи Вазорати мудофиаи Русия ҳамлагаронро зодаи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) гуфтаанд, вале аз кишвари мушаххасе ном бурда нашудааст.

Дар бархе аз расонаҳои мустақили Русия ва сафҳаҳои телеграмӣ, ки ҳамлаи Русия ба Украинаро пайгирӣ мекунанд, ин ду нафар “шаҳрванди Тоҷикистон” номида шудаанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳамлаварон аслан 3 нафар буда, яке аз онҳо зинда мондааст ва аз ҷойи воқеа фирор кардааст. Чанде аз манбаъҳо гуфтаанд, ки 22 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ гаштаанд.

Мақомоти тоҷик ба ин ҳодиса ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вазорати мудофиаи Русия низ сабаби сар задани ин ҳодисаро шарҳ надодааст.

Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки ҳодиса дар тамрингоҳи Солотии вилояти Белгород, дар наздикии марзи Русия бо Украина, рух додааст. Дар ҳудуди ин вилоят борҳо мушак афтода, таркиш рух додааст.

Дар ин тамрингоҳ садҳо нафар, ки тариқи маъракаи сафарбарии ҷузъӣ ба артиш ҷалб шудаанд, барои рафтан ба ҷанги Украина омода мешаванд.

Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 21-уми сентябр қарори "мобилизатсия" ё сафарбаркунии нерӯҳои эҳтиётӣ ба артишро имзо кард. Ҳазорон нафар пас аз ин қарор аз Русия фирор карданд, вале дида мешавад, ки ҳазорон нафари дигар ба артиш ҷалб шудаанд.

Гузоришҳо дар бораи сафарбар шудани тоҷикон ва зодагони дигари Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия низ дида мешавад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шуда буд, ки нишон медиҳанд, чӣ гуна занони тоҷик писар ва ё наздикони дигарашонро ба ҷанги Украина гусел мекунанд.

Русия беасос рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард ва ин ҷанг, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафару овора шудани миллионҳо нафар шуд, ҳанӯз идома дорад.

Сафири Украина дар Душанбе аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҷанги Русия гуфт. ВИДЕО

Валерий Евдокимов
  • Чӣ қадар аз нерӯҳои пойгоҳи 201 ба ҷанг дар Украина рафтаанд?
  • Оё шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар сафи нерӯҳои Русия меҷанганд?
  • Вазъи ҳозира ва ояндаи ҳамкориҳои Душанбе ва Киев чӣ гуна аст?

Ба ин ва суолҳои дигар сафири нави Украина дар Тоҷикистон, Валерий Евдокимов, рӯзи 13-уми октябр посух дод.

Радиои Озодӣ: Дар мавриди ҷанги Русия алайҳи Украина чӣ хабари нав доред?

Валерий Евдокимов: “Беш аз 230 рӯз аст, ки ҷанг идома дорад. Мехоҳам, аз мушакборони шаҳрҳои Украина бигӯям, ки рӯзи 10-уми октябр сурат гирифт. Русия алайҳи сокинони осоишта ҷинояти даҳшатноке анҷом дод ва ман ин амалро наслкушӣ меномам. Мушакборони шадид субҳи рӯзи душанбе сурат гирифт. Замоне ки ҳазорҳо сокини шаҳрҳои бузурги Украина аз пайи кори худ буданд. Теъдоде аз сокинон кушта ва майдончаҳои бозии кӯдакон, осорхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ зарар диданд. Зербиноҳое мавриди ҳамла қарор гирифтанд, ки барои сокинон обу нерӯи барқ ва алоқа фароҳам мекарданд. Дар натиҷа, муассисаҳое ба мисли бемористонҳову кӯдакистонҳо ва муассисаҳои дигари наҷоти инсон бе обу нерӯи барқ монданд.

Вақте субҳи даҳуми октябр шаҳри Киев мушакборон шуд, Ахмадет Оксана Леонтевна, пизишки бемористон, ҷон бохт. Ин зан писари панҷсолаашро ба кӯдакистон бурда, ба ҷойи кор ба назди беморон бармегашт. Дар ин лаҳза мошинаш ба маркази таркиши мушак афтод ва дигар имкони наҷот надошт. Мутаассифона, фавтид. Як сол пеш шавҳару як фарзанди дигараш дар пайи ҳамлаи низомии Русия кушта шуда буданд. Акнун писараш ятим монд. Ин андӯҳи бузург аст.

Ҳоло тамоми мардум сарҷамъ шуда, зербиноҳои муассисаҳои шаҳриро барқарор карданд, нерӯи барқ дастрас ва хадамоти алоқа дубора имконпазир шуд. Мо бори дигар собит кардем, ки мардуми Украина шуҷоъ ҳастанд ва метавонанд, зидди ҳар як хатару мушкилот ва душмани худ истодагарӣ кунад.”

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, дар бораи раъйпурсӣ ва ҳамроҳкунии чанд минтақаи Украина ба қаламрави Русия чӣ назар доред?

Валерий Евдокимов: “Посух ба ин суол содда ва қобили дарк аст. Дар Ню-Йорк таҳаввулоти ҷолибе рӯй дод. Дар ҷаласаи 11-уми ғайринавбатӣ ва махсуси Ассамблеяи генералии Созмони Милал ғайриқонунӣ будани баргузории раъйпурсиро дар қаламравҳои ғасбшудаи Украина аз сӯи Русия пуштибонӣ карданд. Ҳамзамон, тамоми амалҳои баъдии Русия дар мавриди илҳоқи сарзаминҳои Украина ба қаламрави Русия ғайриқонунӣ дониста шуданд. Гузашта аз ин, СММ аз ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ даъват кард, ки ғасби қаламрави Украинаро аз сӯи Русия эътироф накунанд. Ҳамчунин, аз Федератсияи Русия талаб карда шуд, ки тасмимҳои ғайриқонунии худро аз эътибор соқит сохта, тамоми нерӯҳояшро аз қаламрави Украина берун кунад. Муҳим ин нукта аст, ки ба ҷонибдории ин тасмим 143 кишвари узв раъй доданд. Мухолифи ин тасмим мисли ҳамеша панҷ кишвари ғасбгар ва шариконаш буданд – Русия, Беларус, Кореяи Шимолӣ, Сурия ва Никарагуа.

Видеоро дар инҷо бинед:

Гуфтугӯ бо сафири Украина дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:12:51 0:00

Агар содда карда гӯем, ғасби қаламрав дуздӣ аст, онҳо талош доранд, қисмате аз сарзамини моро бидузданд. Тамоми ҷаҳониён мебинанд, ки Русия талош дорад, ҳар чизеро, ки дасташ ба он мерасад, бидуздад. Сарбозонаш чойнику мошинҳои ҷомашӯӣ медузданд, сардоронашон тавлидоти корхонаҳо, гандумро медузданд, пешвояшон бошад, тасмим гирифтааст, қаламрави моро бидуздад. Мутмаинам, ки дузд бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Вагарна, Путин боз дуздидани чизи дигареро орзу мекунад ва ин даъфа на танҳо хоки Украина, балки қаламрави кишварҳои дигар метавонанд, мавриди сирқаташ қарор бигиранд.”

Радиои Озодӣ: Валерий Владимирович, иттилоъ дорем, ки теъдоде аз нерӯҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба ҷанг ба Украина фиристода шудаанд. Метавонед, омори дақиқеро дар бораи теъдоду дар кадом вилоятҳои Украина ҷангидани ин нерӯҳо бигӯед?

Валерий Евдокимов: “Воқеан, сарбозони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон дар ҷанг ба зидди Украина нақши фаъоле доранд. Фикр мекунам, ҷузъу томҳои асосии ин пойгоҳ дар моҳи марти имсол ба Украина фиристода шуда буданд. Нерӯҳо ва техникаи низомии пойгоҳ пайваста ба Украина фиристода мешаванд. Дар мавриди теъдоди нерӯҳо бо баровардаи таҳқиқоти журналистии Радиои Озодӣ розӣ ҳастам. Мо ба ин назарем, ки аз 1500 то 1700 нерӯи ин пойгоҳ ба Украина фиристода шудааст. Иттилое дар даст ҳаст, ки онҳо дар ҳайати ду баталйони гуруҳҳои тактикӣ ҷангида истодаанд. Омори дақиқеро гуфтан душвор аст, зеро ин ҷанг аст ва ҳар рӯз метавонад, талафоте шавад. Ин сарбозон асосан дар ду самт – дар маҳалли Донетск ва Купинск мушоҳида шудаанд. Ҳамчунин, онҳо дар ҷангҳои атрофи Леман ва минтақаҳои дигар дида шудаанд. Албатта, шуморе аз онҳо куштаву захмӣ шуда, баъзе асир уфтодаанд. Дар Ютуб, дар саҳифаи Владимир Золкин, мусоҳиба бо ду низомии асир нашр шуд. Ин низомиён дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон хидмати низомӣ карда ва моҳи сентябр асир уфтодаанд. Онҳо мегӯянд, ки якуми август ба Украина рафтанд ва тақрибан баъд аз як моҳ дар гуруҳи 80-нафарӣ асир афтоданд. Гуфтаниам, бале онҳо дар ин ҷанг ширкат мекунанд, дар ин ҳамлаи ғасбкорона ҳамроҳ ҳастанд, дар қатли шаҳрвандони мо ширкат мекунанду дар тахриби шаҳрҳову муассисаҳои мо даст доранд. Ҳарчӣ бештар онҳо дар ин ҷанг ширкат кунанд, ҳамон қадар куштаву захмиҳояшон бештару теъдоди зиёдашон асир гирифта мешаванд.”

Радиои Озодӣ: Ҳама медонанд, ки дар Русия басеҷ (басиҷ, сафарбарии нерӯҳои эҳтиётӣ) эълон шудааст. Шумо ба ин кор чӣ назар доред?

Валерий Евдокимов: “Хашми беасоси Путин, сустии артишаш ва сохторҳои низомӣ ӯро водор месозанд, тасмимҳое бигирад, ки кӯшиши хомӯш кардани аланга бо бензин аст. Басеҷ ба Русия дар тағйири вазъ дар ҷабҳа ҳеч ёрӣ карда наметавонад. Путин ҳатман дарк мекунад, ки бо чунин кор наметавонад моро тарс ё шикаст диҳад, пас, суоле ба миён меояд, ки чаро чунин рафтор мекунад? Бадии кор дар он аст, ки Путин тасмим гирифтааст, дар ин кор на танҳо мардуми кишвари худ, балки пойи сокинони кишварҳои шарикашро низ бикашад. Иттилое дар даст дорем, ки Русия мехоҳад, душаҳрвандиҳо ё муҳоҷирони хоҳони шаҳрвандии Русияро низ ба ҷанг дар Украина бифристад. Ҳарчанд мақомоти расмии Русия ин корро рад мекунанд, раванд аллакай шуруъ шудааст. Дар ин зимн мехостам, он идда аз шаҳрвандони кишвари ба мо дӯсти Тоҷикистонро ҳушдор диҳам, ки фикри ширкат дар ҷангро аз сар дур кунанд. Ин кор боиси ғаму андуҳ ва фалокат мешавад.”

Радиои Озодӣ: Оё дар сафи нерӯҳои Русия ва дар ҷанг ба зидди Украина шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд? Чӣ қадаранд?

Валерий Евдокимов: “Дар ин ҷанг дар сафи Русия намояндаҳои миллатҳои Қафқоз ё Бурятияву Удмуртия ва миллатҳои дигар меҷанганд. Русия мехоҳад, мардуми кишварҳои дигарро низ ба ин ҷанг ҷалб кунад. Дар ин масъалаҳо бояд бисёр эҳтиёткор буд ва ҳар иттилоъро дақиқ санҷид. Ҳоло наметавонам, иддао кунам, ки тоҷикон дар Украина дар сафи артиши Русия меҷанганд. Барои ин кор бояд иттилои дақиқ дар бораи ҳар як тоҷики ҷангида дар Украинаро дар даст дошта бошам. Чунин иттилоъ надорам.

Дар ин маврид мехостам, ин нуктаро низ таъкид кунам, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Русия муқаррароти душаҳрвандӣ дорад. Ба ин назарам, ки дар даҳаи 90-ум муқаррароти душаҳрвандӣ ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум роҳандозӣ шуда буд. Ҳоло шаҳрвандии Русия ба доми маргбор табдил шудааст.”

Радиои Озодӣ: Вазъи ҳозира ва ояндаи робитаҳои Тоҷикистону Украинаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Валерий Евдокимов: “Ман мавқеъгирии Тоҷикистонро дар мавриди эътироф накардани минтақаҳои ғасбшудаи Украина аз сӯи нерӯҳои Русия истиқбол мекунам. Ин ба мавзӯи ғасби нимҷазираи Қрим, вилоятҳои Донетск ва Луҳанск рабт дорад. Ҷониби Тоҷикистон дар ин мавзеъгирии худ устувор аст. Дар бораи дурнамои робитаҳо чизе гуфтан душвор аст, зеро ҷанг идома дорад. То ҳол Украина сӣ дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ё 30 дарсади иқтисоди худро аз даст додааст. Русия бузургтарин корхонаҳои оҳангудозии Украина, бандарҳову фурудгоҳҳо ва дигар корхонаҳои бузурги кишварро тахриб карданд. Мо гардиши маҳсулотро миёни кишварҳоямон баррасӣ кардем ва аз 25-уми феврали соли ҷорӣ то 25-уми сентябр гардиши маҳсулот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 56 дарсад кам шудааст. То моҳи феврали соли ҷорӣ мо ба Тоҷикистон дору ва ширинӣ содирот мекардем. Бо оғози таҷовузи низомии Русия ба зидди кишвари мо роҳҳои интиқоли бор баста ва бештаре аз корхонаҳои саноатӣ дар минтақаҳои ҷангзада қарор гирифтанд. Баъзе аз онҳо комилан тахриб шудаанд. Мо дар бахши энержӣ ҳамкориҳои густурда доштем, корхонаҳои украинӣ дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон мушорикати барҷаста доштанд ва мехостанд, ҳоло низ дар сохтмони неругоҳҳо ширкат дошта бошанд. Аммо, ин ҷанг дар ин ниятҳо тағйироте ворид кард. Пешбинӣ кардани дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии миёни Украина ва Тоҷикистон хеле душвор аст.”

"Рақс накардам, ба поям тир заданд." Шиканҷагоҳҳои Русия дар Украина. ВИДЕО

Ҷасади сарбозони украинӣ дар наздикии Изюм. Моҳи сентябри 2022

Мақомоти Украина мегӯянд, дар 10 маҳаллаи шаҳри озодшудаи Изюм утоқҳоеро пайдо кардаанд, ки нерӯҳои Русия дар онҳо сокинони оддӣ ва сарбозони украиниро азобу шиканҷа медоданд. Асирони собиқе, ки дар ин шиканҷагоҳҳо будаанд, аз латукӯбҳои бераҳмона, азият бо нерӯи барқу сигорҳои нимсӯхта нақл карданд.

Микола Масякин яке аз сарбозонест, ки моҳи апрели имсол ҳангоми ишғоли шаҳр ба дасти нерӯҳои Русия афтодааст. Ӯ мегӯяд, “ба сарам халта кашиданд. Ба нерӯи барқ мемонданд. Мезаданд.”

Масякин афзуд, ӯро дар шифохонаи матруки нимавайрона азоб додаанд. “Аз дастонам бо завлона овехтанд ва бо чӯб заданд. Бо мушту лагад, бо чӯб мезаданд, бо сигору гӯгирд баданамро месӯзонданд. Осораш ҳаст. Тир меандохтанд, фармон медоданд, бирақсем. Рақс накардам, ба поям тир заданд.

Моҳи сентябри имсол, вақте Изюмро озод карданд, аз як гӯри дастҷамъӣ 440 ҷасад ёфтанд. Дастони баъзе дар пушт баста ва устухонҳояшон шикаста буд. Мақомоти Украина мегӯянд, дар шаҳри Изюм 10 шиканҷагоҳ пайдо карданд.

Олександр Филчаков, додситони вилояти Харков, гуфт: “Ҳар рӯз хешовандони яке пеши мо меоянду мегӯянд, ки ё рафиқашон ё аъзои оилаашонро сарбозони рус шиканҷа кардаанд.”

Сарбози украинӣ Андрий Котсарро нерӯҳои Русия вақти ишғоли шаҳри Изюм асир гирифтанд: “Ҳеч гоҳ ба рӯям намезаданд. Ба гурдаву ҷигар мезаданд. Ба сутунмуҳраам бисёр сахт мезаданд. Саъй мекарданд, ки доғу осори зарба намонад, намедонам чаро.”

Котсар мегӯяд, ки ӯро раҳо карданд, вале батакрор боздошт мекарданду азобу шиканҷа медоданд. Ӯ дар ниҳоят, ба калисо паноҳ бурд.

“Дар ин макон оромиш ёфтам. Роҳибон ба ман имкон доданд, зинда бимонам. Агар онҳо набуданд, шояд ман зинда набудам. Онҳо маро наҷот доданд,” – нақл кард ӯ.

Андрий Котсар ҳоло бо роҳибон кору зиндагӣ ва аз ин роҳ доғҳои ҷисму равонашро муолиҷа мекунад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Гуфтанд, рақс кун, накардам. Ба поям тир холӣ карданд". Қиссаи асири собиқи украинӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

143 кишвар дар Созмони Милал алайҳи Русия раъй доданд. Тоҷикистон худдорӣ кард

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми октябр бо аксарияти орои кишварҳои узв, ҳамроҳкунии ғайриқонунии қаламравҳои Украина аз сӯи Русияро маҳкум кард.

Аз 193 кишвари узв, 143-тои он зидди ин иқдоми Русия раъй доданд. Панҷ кишвар, аз ҷумла, Сурия, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Белорус ва худи Русия мухолифи ин қатънома раъй доданд. 35 кишвари дигар аз ҷумла, Чин, Ҳинд, Покистон ва Тоҷикистон аз раъй додан худдорӣ кардаанд.

Бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла, Эрон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Венесуэла аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки дар ҷаласаи раъйдиҳӣ иштирок накарданд.

Ҷозеп Боррел, мусъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба қабули ин қатънома дар "Твиттер" навишт, "Созмони Милали Муттаҳид ба таври ошкор ҳамроҳкунии ғайриқонунии сарзаминҳои Украина ба Русияро рад кард".

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар идома гуфт, "143 раъйи мувофиқ барои қабули ин қатънома, далели дар инзивои байналмилалӣ қарор гирифтани Русия аст". Ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, "Иттиҳоди Аврупо дар паҳлӯи Украина хоҳад буд".

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ду ҳафта пеш дар пайи назарсанҷие, ки кишварҳои ғарбӣ ва Украина онро сохта ва ғайриқонунӣ хонданд, расман дастури ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Донетск, Луганс, Херсон ва Запороже ба хоки Русияро имзо кард. Ин минтақаҳо ҳудуди 15 дарсади хоки Украинаро ташкил медиҳанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто бисёре аз муттаҳидони наздики Русия ин амалкарди Маскавро ба шиддат маҳкум кардаанд.

Маскав ҳудуди ду ҳафта пеш қатъномаи пешниҳодии Амрико ва Албания ба Шӯрои Амнияти СММ барои маҳкумияти ҳамроҳкунии бахшҳое аз хоки Украина ба Русияро "вето" кард.

Таҳти таъсири ҳодисаҳои ахир ва таҳдиди Путин ба истифода аз аслиҳаи вайронгар, бӯҳрони Украина вориди марҳилаи нав шудааст. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина низ ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба ин таҳаввулот, хостори пайвастани ҳарчи зудтари Украина ба НАТО шуд.

Рӯзи 24-феврали соли ҷорӣ Русия ҳамлаи низомии худро ба Украина оғоз кард. Нерӯҳои русӣ дар ҳафтаҳои ахир бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои украинӣ маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.

Дар Украина қариб ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон мондаанд

Таркиш. Киев, Украина

Мақомот аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина хостаанд, ки талаботи вазъи ҳарбиро дар он кишвар риоя кунанд ва агар имкон ҳаст, "қаламрави Украинаро тарк кунанд". Дар айни замон аз шаҳрвандони дигар талаб шудааст, аз рафтан ба Украина худдорӣ варзанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Киев рӯзи 11-уми октябр тасмимро "ба шиддат гирифтани ҳамлаҳо ба инфрасохторҳои муҳим дар саросари Украина ва таҳдид ба амнияти шахсӣ" номид. Як рӯз пеш аз он, Русия ба Киев ва минтақаҳои дигари Украина зарбаҳои сахти ҳавоӣ зад ва камаш 19 кас кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шуданд.

Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина, мегӯяд, ду рӯз зарбаҳои ҳавоӣ ба Киев зиёд буд, аммо "ҳоло вазъ ором аст". Ӯ рӯзи 12-уми октябр дар суҳбати телефонӣ афзуд:

Давлаталӣ Назризода
Давлаталӣ Назризода

"Албатта, чунин тасаввурот ҳаст, ки дар ҳама ҷой ҷанг ҷараён дорад. Бисёре аз минтақаҳо, бахусус бахшҳои ғарбии Украина, нисбатан ороманд. Қисме аз шаҳрвандони мо дар минтақаҳои ҷангӣ буданд ва баромада рафтанд. Як қисми дигарашон ба минтақаҳои ғарбӣ кӯчиданд, яъне маконҳои амнтар. Ҳоло ҳам шаҳрвандони мо дар Украина ҳастанд ва дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Соҳибкорон ҳастанд. Баъзе аз шаҳрвандони мо дар бахши кишоварзӣ низ кор мекунанд."

Радиои Озодӣ: Донишҷӯёни тоҷик низ ҳастанд?

Давлаталӣ Назризода: "Вақте амалиёт сар шуд, қариб сад донишҷӯйро ба Тоҷикистон баргардондем. Ҳоло ягон донишҷӯ намондааст. Ҳамроҳи масъулони Вазорати маориф ва ректорони донишгоҳҳои Украина суҳбат доштем. Онҳо гуфтанд, ба хотири инки донишҷӯён дипломи ҳамин донишгоҳҳоро бигиранд, онлайн ба таҳсил идома диҳанд. Агар вазъ оромтар мешуд, баргашта меомаданд ва таҳсилро дубора идома медоданд. Ин беҳтар буд."

Радиои Озодӣ: Кори сафорат чӣ гуна пеш меравад?

Давлаталӣ Назризода: "Мушкил аст, ин вазъ ба кори мо бисёр таъсир гузошт. Масалан, дар мавриди додугирифти мол ҳеч коре пеш бурда наметавонем, чунки ҳамаи роҳҳо бастаанд. Аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамин вазъро доранд. Албатта, новобаста ба вазъият, сафорат кор мекунад. Як самти асосии кори мо ҳифзи манфиати шаҳрвандон аст. Бо онҳо кор мекунем, ки дар ҳолати ногувор науфтанд."

Радиои Озодӣ: Дақиқан чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар онҷо мондаанд?

Давлаталӣ Назризода: "Шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан чоруним ҳазор буданд. Тибқи маълумоти дақиқе, ки аз сарҳадбонҳо гирифтем, қариб се ҳазор нафар аз ин кишвар баромада, як қисмашон баъди беҳтар шудани вазъ ба Киев баргаштанд. Ҳоло тақрибан ду ҳазор шаҳрванди мо инҷо ҳастанд."

Радиои Озодӣ: Баъзе аз кишварҳо сафоратҳояшонро дар Украина бастаанд...

Давлаталӣ Назризода: "Сафорати кишварҳои хориҷӣ инҷо ҳастанд. Муддате аз Киев берун рафта буданд, боз баргаштанд. Аз ҷумла, сафорати ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият доранд. Мо дар инҷо қариб ду ҳазор шаҳрванд дорем. Албатта, будани сафорат зарур аст."

навшуда

17 кушта ва захмӣ. Ҳамлаи нерӯҳои Русия ба пойтахти Украина

Киев, 10 октябр, 2022.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, бар асари ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Русия дар рӯзи 10-уми октябр ба шаҳрҳои гуногуни ин кишвар чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд. Ҳамлаҳои Русия ду рӯз баъд аз таркиш дар пули муҳими Керч рух дод. Ин пул Русияро бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мепайвандад.

Мақомоти украинӣ гуфтанд, дар ҳамлаҳои мушакӣ ба шаҳри Киев панҷ кас ҷон бохта, 12 нафари дигар захмӣ шудаанд. "То ин лаҳзаҳо ҳалокати панҷ нафар ва захмӣ шудани 12 сокини Киев тасдиқ шудааст," -- гуфт мушовири Вазорати корҳои дохилии Украина Антон Герашченко дар "Телеграм".

Ба навиштаи расонаҳои украинӣ, ба шаҳрҳои дигари ин кишвар, аз ҷумла Днепр, Лвов ва Тернопил низ ҳамлаҳои ҳавоӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомоти Украина, ин ҳамлаҳо талафоти ҷонӣ дар пай доштааст, аммо мақомот омори дақиқе надоданд.

Мақомоти Украина субҳи душанбе аз рух додани чанд таркиш дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Киев, хабар доданд. Шаҳрдор Виталий Кличко дар "Телеграм" навишт, ки "чанд таркиш дар маркази Киев рух дод. Ҳама ниҳодҳо дар маҳал ҳузур доранд. Тафсилот дертар нашр хоҳад шуд."

Таркишҳо дар пойтахти Киев дар ҳоле рух медиҳанд, ки рӯзи гузашта президенти Русия Владимир Путин Хадамоти махсуси Украинаро ба созмондиҳии таркиш дар пули Керч, ки ин кишварро бо нимҷазираи ишғолии Қрим мепайвандад, гунаҳкор кард.

Шабакаҳои телевизионии Русия шоми якшанбе мулоқоти Путинро бо раиси Кумитаи тафтишотии он кишвар Александр Бастрикин намоиш доданд. Бастрикин гуфт, дар ҳамла на танҳо Хадамоти махсуси Украина, балки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигар низ даст доранд.

Президенти Русия таркишро дар пули Керч "ҳамлаи террористӣ" номид. "Тарроҳ, иҷрогар ва фармоишгар Хадамоти махсуси Украина аст", - илова кард ӯ.

Мақомоти Русия гуфтанд, таркиши мошини бомбгузоришуда дар рӯзи 8-уми октябр сабаби қатъи ҳаракат шуд ва мақомоти Украина ишора кардаанд, ки таркиш кори дасти онҳост. Дар як видеое, ки дар гӯшаҳои украинии шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, қатори оташгирифта ва як қисмати фурӯрафтаи роҳи мошингарди пул дида мешавад.

Вайрон шудани пулро зарбаи сахте ба талошҳои Русия ба ҷанг дар Украина медонанд, чун пул яке аз роҳҳои асосии таъминоти сарбозони Русия аст.

Ҳамлаи густурдаи низомии Русия ба Украина аз 24-уми феврали имсол то ба ҳол идома дорад. Нерӯҳои Русия ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи зерсохторҳои низомӣ ва ғайринизомӣ анҷом медиҳанд. Русия ҷанги таҷовузкоронаро алайҳи Украина рад карда ва онро "амалиёти вижа" меномад.

Тибқи омори Созмони Милал аз 2-юми октябр, бар асари таҷовузи Русия ба хоки Украина, 6114 нафар ҷон бохта ва 9132 ғайринизомии дигар захмӣ шудаанд. Ҳудуди 12 миллион украинӣ бар асари ин ҷанг ҷойи зисти худро тарк кардаанд. Беш аз панҷ миллиони онҳо ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд.

Украина шаҳри стратегии Лиманро пурра озод кардааст

Мақомоти Украина гуфтанд, ки шаҳри Лиманро дар минтақаи Донетск пурра озод карданд. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, ҳавопаймоҳои бесарнишини русӣ зодгоҳи раиси ҷумҳури Украинаро нишон гирифтааст.

Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 2-юми октябр гузориш дод, ки озодсозии Лиман, ки як минтақаи стратегӣ барои нерӯҳои Русия ба шумор мерафт, зарбаи дигаре ба Кремл аст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи якшанбе бо нашри видео аз "поксозии комил"-и Лиман аз дасти нерӯҳои Русия хабар дод ва аз низомиёни украинӣ қадрдонӣ кард.

Русия ҳанӯз озодсозии Лиманро тасдиқ накардааст, аммо Вазорати дифои ин кишвар рӯзи гузашта эълон кард, ки низомиёни рус "аз Лиман ба минтақаҳои муносибтаре ақибнишинӣ кардаанд".

Лиман моҳи майи имсол зери назорати нерӯҳои Русия қарор гирифта буд. Истихбороти низомии Бритониё аз даст додани шаҳри Лиманро барои Русия "шикасти ҷиддии сиёсӣ" тавсиф кард.

Чанд соат пас аз озодсозии пурраи ин шаҳр, расонаҳои украинӣ аксҳои вуруди низомиёни ин кишварро бо парчами Украина ба як деҳа дар 15-километрии шаҳри Лиман нашр карданд. Як сарбози украинӣ низ дар наворе аз ҳадаф қарор додани як шаҳр дар марзи вилояти Луганск, ки дар ишғоли Русия аст, хабар дод.

Дар аксҳои дигар як сарбози украинӣ дар ҳоли барафроштани парчами ин кишвар дар як деҳа дар марзи минтақаи Херсон дида мешавад, ки дар ишғоли нерӯҳои Русия аст.

Манбаъҳои наздик ба нерӯҳои Русия аз ҳамлаҳои нави нерӯҳои украинӣ ба минтақаи Херсон хабар додаанд.

Дар ин миён, Украина рӯзи якшанбе аз ҳамлаҳои Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишини сохти Эрон ба ду мактаб дар шаҳри Кривой Рог, зодгоҳи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хабар дод.

Нерӯҳои украинӣ мегӯянд, шаби гузашта муваффақ шуданд, ки панҷ ҳавопаймои бесарнишини сохти Эронро сарнагун кунанд, аммо ду ҳавопаймо ду мактабро ҳадаф қарор доданд.

Украина ахиран дар вокуниш ба интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ ба Русия барои истифода дар ҷанг бо Украина, сафири Эрон дар Киевро ихроҷ кард.

Ҳукумати Украина инчунин рӯзи якшанбе эълон кард, ки Русия шаҳри Запорожйеро мавриди ҳадаф қарор додааст ва низомиёни украинӣ низ ба чандин постгоҳи низомии Русия ҳамла карда ва таҳҷизоти онҳо, аз ҷумла, ду системаи дифои мушакии S-300-ро нобуд кардаанд.

Нерӯҳои украинӣ дар ҳафтаҳои ахир бо шитоб дар ҳоли озодсозии бахшҳои ишғолшудаи ин кишвар дар шарқ ва ҷануби Украина аз дасти нерӯҳои Русия ҳастанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG