Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Онҳоро шиканҷа ва мурофиаашонро дар даҳ дақиқа ҷамъбаст мекунанд" ВИДЕО


Дар Варшава аз мушкили хабарнигорони тоҷик гуфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Дар арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар Варшава аз фишорҳои афзоянда ба хабарнигорону блогнависон дар Тоҷикистон гуфтанд. Баъзе аз рӯзноманигорон аз мушкилу фишорҳое қисса карданд, ки ба сари онҳо ва хонаводаашон омадааст. Намояндагони мақомот дар нишаст набуданд.

Баъди бозтоби ҳодисаҳои ВМКБ

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигоре, ки ҳаводиси моҳи майро дар Бадахшон бозтоб медод, ҳангоми суханронӣ дар бораи озодии баён соли равонро барои расонаҳо ва фаъолону ҳомиёни ҳуқуқ "фоҷеабор" хонд. Ӯ гуфт, пайгириву бозтоби ҳодисаҳои Бадахшон аз сӯйи ӯ ва ҳамсараш, хабарнигор Анора Саркорова, сабаб шуд, ки пайвандонашон дар Тоҷикистон зери таъқибу фишори мақомот бимонанд.

"Баъди бозтоби ҳодисаҳои Бадахшон шахсан ман ва ҳамсарам Анора Саркорова мавриди фишору таъқиб ва таҳқир қарор гирифтем. Баъд аз саркуби бераҳмонаи эътирозгарон дар Рӯшон таъқиби шадиди фаъолон шурӯъ шуд," – афзуд ӯ.

Моҳи июни имсол маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД модари 68-сола ва бародари Анора Саркороваро аз хонаашон дар Душанбе бо худ бурда, баъди бозпурсӣ раҳо карданд. Ба гуфтаи хабарнигор, мақомот аз ин роҳ хостанд, ба ӯ фишор биёранд. Мақомоти интизомии Тоҷикистон қазияро шарҳ надодаанд.

Дар панҷ моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам ҳафт рӯзноманигору блогер дастгир ва то кунун як нафари онҳо ба зиндон маҳкум шудааст. Мақомот мегӯянд, боздошти хабарнигорон ба кору мавқеи шаҳрвандии онҳо рабт надорад. Пайвандонашон ва созмонҳои журналистӣ бар инанд, ки маҳз хабарнигориашон боиси боздошти журналистон шуд.

Аз "иттиҳоми ифротгароӣ" халосӣ нест?

Ташаббускорони ҷаласаи Варшава бо намоиши наворе ба ҳомиёни ҳуқуқ ва иштирокдорон аз сарнавишти хабарнигорони боздоштшуда Далери Имомалӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Завқибек Саидаминӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хушом Ғулом нақл карданд.

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, ки барои ифшои ришваталабии як мақоми давлатӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шуда, баъд аз нӯҳ моҳ шартан озод шуда буд, аз сарнавишти хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ ёд овард. Ғурбатӣ ба ҳамла ба маъмури милиса ва узвият дар созмонҳои тундрав гумонбар аст.

Хайрулло Мисаидов мегӯяд, “9 моҳ дар боздоштгоҳ будам. Ҳамроҳи ман 400 нафар нишастанд. Аз ин теъдод 45 дарсад шахсоне буданд, ки ба ифротгароӣ айбдор мешуданд. Онҳо ҳама шиканҷа мешуданд. Ягон нафари онҳо озод нашуданд. Мурофиаҳо дар худи бодоштгоҳҳо анҷом мешаванд ва ҳамагӣ 10 дақиқа идома мекунанд.”

Мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Варшава иштирок надоштанд ва вокуниши онҳо ба ин гуфтаҳо маълум нест.

Хости фаъолон аз масъулони САҲА

Фаъолону хабарнигорони тоҷики муқими Аврупо дар ҷаласаи арзёбии вазъи ҳуқуқи башар аз гузоришгари махсуси САҲА дар умури озодии баён ва расонаҳо хостанд, ба Тоҷикистон сафар карда, вазъро аз наздик таҳқиқ кунад.

Муҳаммадҷон Кабиров, раиси бунёди ҳамгироии фарҳангӣ ва аз ташаббускорони нишасти алоҳида дар ҷаласаи Варшава гуфт: “Яке аз дархостҳои мо ин буд, ки дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон бо наздикони маҳбусони сиёсӣ ва рӯзноманигорони боздоштшуда мулоқот кунанд. Ҳамчунин фишор болои Тоҷикистону ҳукумат бештар шавад, то зиндониҳоро озод кунанд.”

Арзёбии вазъи ҳуқуқи башар дар пойтахти Лаҳистон то 7-уми октябр идома мекунад. Аз ин пештар дар ин ҷаласа мудири Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, вазъи озоди баён дар панҷ моҳи охир, баъд аз ҳодисаҳои моҳи май дар Бадахшон, “бисёр бад шудааст”.

Ба гузориши Хабарнигорони Бидуни Марз (Reporters Without Borders), Тоҷикистон дар бисту як соли охир дар миёни 180 давлат ҳаргиз ба сӯйи кишварҳои озод ҳаракат накарда, балки зиёдтар ба тарафи кишварҳои баставу худкома “давидааст”. Ин вазъ пас аз соли 2015 бадтар шуда.

Тоҷикистон дар радабандии нави озодии матбуот дар ҷаҳон ҳарчанд аз қатори давлатҳои мавриди нигаронии ҷиддӣ берун омад, дар қатори кишварҳои вазъашон душвор монд. Мақомот, баръакс, бовар доранд, ки даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио фаъоланду касе монеи сухани ҳақ нест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG