Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Путин барои истифодаи бомби атомӣ то куҷо ҷиддист? ВИДЕО


Владимир Путин
Владимир Путин

Оё Русия метавонад, дар ҷанг бо Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад? Ва силоҳи ҳастаии тактикӣ аз стратегӣ чӣ фарқ дорад? Давоми як ҳафтаи охир баҳсу суҳбатҳо дар ин бора дар расонаҳои ҷаҳонӣ зиёд аст. Расонаҳои Украина ҳамчунин машварати коршиносонро нашр мекунанд, ки дар сурати зарбаи ҳастаӣ бояд чӣ кор кард.

Истифодаи бомбаи ҳастаиро бисёриҳо чунин тасаввур мекунанд: Кӯлоҳаки харобиоваре бо мушакандози гаронвазне партоб мешавад. Дар асл ин як силоҳи стратегӣ аст, ки баъди таркиши он замин мисли хокистар ва беҳосил мешавад.

Силоҳи ҳастаии тактикӣ ба мушакандоз ниёз надорад. Ин кӯлоҳакҳоро тавассути ҳавопаймоҳои бомбандоз ё мушак партоб кардан мумкин аст. Русия беш аз шаш моҳ боз Украинаро бо ин васила мушакборон мекунад.

Ин навъи силоҳро барои нобуд кардани истеҳкоми рақиб сохтаанд. Ба воситаи як кӯлоҳак мешавад ба масоҳати чандин километр ва ба минтақаҳое, ки таҷҳизоти дигари низомӣ ба он пурра роҳ ёфта наметавонанд, зарба зад.

Иқтидори силоҳи тактикӣ аз як то 100 киллотон аст. Қуввати силоҳи ҳастаии стратегӣ ба 1000 килотон мерасад.

Юрий Федоров, коршиноси низомӣ, мегӯяд, “панҷ омил ё панҷ зарари он ба инсоният маълум аст. Мавҷи зарба, радиатсия, олудагии радиоактивӣ. Муттахасиссон ва равоншиносон ба он ду омили дигар илова мекунанд. Ваҳшату фишор ё афсурдагии баъд аз таркиш.”

Бо чанд намунаи чунин таркишҳо мардум аз таърихи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ огоҳанд. Соли 1945 артиши Амрико ба шаҳрҳои Ҷопон ду бомби атомӣ, яке хурду яке азим партофт. Дар натиҷа, бино ба ҳисобҳои тахминӣ, беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуд.

Русия метавонад, чунин таркишҳоро зиёд ташкил кунад. Бино ба оморе, ки бахши русии Би-би-сӣ бо истинод ба Анҷумани Донишмандони Амрикоӣ овардааст, захираи кӯлоҳаки ҳастаии Русия баробар ба тамоми захираҳои кишварҳои НАТО аст.

Маскав шумори нерӯҳои ҳастаии тактикии худро эълон намекунад. Барои ҷанг дар хушкӣ, ба иттилои коршиноси низомӣ, Юрий Федоров, тақрибан 600 кӯлоҳак лозим аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Оё Путин бомби атомӣ ба кор мебарад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG