Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро хабарнигорони тоҷикро "пинҳонӣ" муҳокима мекунанд? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон муҳокимаи чанд хабарнигор аз ҷумла Далери Имомалӣ паси дарҳои баста идома дорад ва пештар аз ин ҳамкори ӯ Абдуллои Ғурбатӣ ҷазои сахте гирифту ба бештар аз 7 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳеч яке аз муҳокимаҳо боз сурат намегирад ва ба ғайр аз афроди ангуштумор касеро ҳам ба толор роҳ намедиҳанд. Чаро?

Чаро муҳокимаи хабарнигорони тоҷик паси дарҳои баста ва дур аз чашми ҷомеа баргузор мешавад, ҳарчанд дар парвандаҳои онҳо ҳеч сирри давлатӣ ва иттилои муҳиме дар бораи амнияти миллии Тоҷикистон нест. Мақомот бо ҷазои сахт додан ба хабарнигороне ба мисли Абдулло Ғурбатӣ, талаби ҷазои сахттар барои Далери Имомалӣ ба расонаҳо ва дигар хабарнигорон чӣ паём додан мехоҳанд?

Ин ҳафта суҳбат дар барномаи Гапи Озод дар ҳамин бора буд ва меҳмонон Нуриддин Қаршибоев раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Фарҳод Одинаев фаъоли маданӣ аз хориҷи Тоҷикистон. Дар воқеъ Радиои Озодӣ саъй кард, то мақомоти тафтишотӣ ва ё намояндаи додситонӣ дар ин барнома бошанд, вале касе аз онҳо барои ширкат дар Гапи озод розӣ нашуданд.

Гапи Озод: Чаро хабарнигорони тоҷикро "пинҳонӣ" муҳокима мекунанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:30 0:00

Чанде аз суолҳое, ки дар барнома матраҳ шуд.

Чаро касеро ба муҳокимаҳои додгоҳии Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Далери Эмомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Муҳаммади Султон ва Улфатхоним Мамадшоева роҳ надоданд ва ё намедиҳанд? Онҳо, ки мақоми давлатӣ нестанд, сирру асрори давлатро ҳам шояд намедонанд, ки шояд дар додгоҳ фош шавад?

Дар таҷриба мо бисёр дидаем, масалан як мақоми давлатиро, ки ба дуздии садҳо ҳазор доллари давлат гунаҳкор дониста шудааст ва ё ба таъбири дигар ҳаққи мардумро хӯрдааст, ҷазои сабуке медиҳанд, ё ҷарима мебанданд, ё ба ду се соли зиндон маҳкум мекунанд. Ҳоло Абдулло Ғурбатӣ аз ҷумла бо гуноҳи муқовимат ба корманди милиса, ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум шуд ва додситон мехоҳад, Далери Имомалӣ ҷазои сахттар бигираду ба бештар аз 10 соли зиндон маҳкум шавад. Додситонӣ ва ё дар умум мақомот бо ин гуна ҷазоҳо чӣ паём додан мехоҳанд?

Агар мақомоти Тоҷикистон назари шуморо мепурсиданд, ки бо хабарнигорони боздоштшуда чӣ кор кунем ва тавсияи шуморо мехостанд. Чӣ мегуфтед ва чӣ тавсия медодед?

Чанд иқтибосе аз барнома:

Нуриддин Қаршибоев: “Дар ҳақиқат парвандаи Далери Имомалӣ муҳри махфӣ дошт ва пушти дарҳои баста сурат гирифтани ҷараёни суд нақзи ҳуқуқи судшавандаҳо мебошад. Ин танҳо назари ман нест ва чанд рӯз бо назари додраси собиқ Ватан Абдураҳмонов ошно шудам, ки бо истинод ба меърёҳои ҳуқуқӣ исбот кардаанд, ки баргузор кардани ин муҳокимаҳо паси дарҳои баста ғайриқонунӣ аст.”

Фарҳод Одинаев:”Боздошти журналистон мисли Улфатхоним, Далери Имомалӣ, Пирмуҳаммадзода ва Завқибек ғайриқонунӣ буд ва ба ҳамин хотир ки ҷузъиёти парвандаҳо ошкор нашавад, судяҳо ин муҳокимаҳоро паси дарҳои баста баргузор мекунанд. Ва гузашта аз ин Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Пирмуҳаммадзода ва Завқибек чӣ сирри давлатӣ ё махфиро ошкор кардаанд ва дар кадом мақомоти амниятӣ фаъолият доштанд, ки сирри давлатиро берун меоварданд?

Нуриддин Қаршибоев: “Мо феълан гуфта наметавонем, ки ин ҳамкасбони мо ягон гуноҳ надоранд. Барои ин ҳарфро задан мо бояд пурра ба қазия ошно бошем назари коршиносонро дошта бошем ва онгоҳ хулоса карда метавонем, ки онҳо гуноҳ доранд, ё надоранд. Дар ин марҳала ман бо намояндаҳои созмонҳои байналмилалӣ ва ватанӣ суҳбат кардам ва ҳоло дар ин ҳол дар нисбати онҳо адолати судӣ риоя карда шавад. Ва чизи асосӣ ин аст, ки ин гапу калочаҳо ва мишмишҳои зиёд дар атрофи парвандаи он ба хотири ин аст, ки мурофиаҳо ва тафтишоти парвандаи онҳо пӯшида мегузарад”.

Фарҳод Одинаев: “Ман комилан ба ҳарфҳои ҷаноби Қаршибоев зид ҳастам. Ин чаҳор нафар аслан гунаҳкор нестанд. Кормандони ВКД афродеро ки даст ба ҷиноят задаанд дар назди дурбин намоиш медиҳанд ва мегӯянд банди қонунро нақз кардаанд ва ҷарима мешавад ва қазияшон ошкор аст, вале журналист ва ё сиёсатмадоре, ки як зарра гунаҳкор аст, қазияашонро ошкор намекунанд ва пушти дарҳои баста мебаранд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG