Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷиронро "бо фиребу зӯрӣ" ба ҷанг мебаранд? Хулосаи ҳафтаномаҳои Тоҷикистон


"Мобилизатсия"-и муҳоҷирон, нигарониҳо аз эҳтимоли даргирии нав дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ва санҷиши бозорҳои Душанбе аз мавзуъҳои асосии нашрияҳои Тоҷикистон ҳастанд.

Шикояти муҳоҷир ва сафарбарӣ

"Фараж" азоби муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия дар матлабе баён кардааст. Ба қавли як муҳоҷири ҷавон, ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба Маскав барои кор рафт, вале се сол боз дар дохили вагон зиндагӣ мекунаду нисфи пули ёфтаашро барои таҳияи санад медиҳад. Вай нақл кардааст, ки “агар касе мехоҳад, ба Русия барои кор биёяд, бояд соҳиби касбе бошад ва ё забони русиро бидонад”.

“Азия-Плюс” мушкили иҷборӣ ва ё бо фиреб ба ҷанги Украина ҷалб шудани баъзе муҳоҷирони меҳнатиро ба баҳс гирифтааст. Нашрия куштори 11 “нерӯи эҳтиётӣ”-ро дар тамрингоҳи Белгороди Русия аз ҷониби ду шаҳрванди Тоҷикистон мисол оварда, таъкид намудааст, ки “инҳо шаҳрванди Русия набуданд ва намебоист ба ҷанг ҷалб мешуданд”. Муаллиф ҳамчунин аз мақомоти расмии Тоҷикистон хостааст, “барои пешгирӣ аз ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандон ба ҷанг кӯшишҳои лозимро ба харҷ диҳанд”.

Оё тоҷикону қирғизҳо “дӯст” мешаванд?

Дар маводи дигаре ба номи “Чӣ тавр тоҷикону қирғизҳо метавонанд ба сулҳ бирасанд?” нашрияи русзабони “Азия-Плюс” андешаҳои коршиносони тоҷикро дар мавриди суханони вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов овардааст. Бекболотов гуфта буд, “бо Тоҷикистон сулҳ намешавад... то замоне ки байни мо довари севум қарор нагирад”.

Ба андешаи аксар коршиносони тоҷик, ҳеч зарурате барои ба ҷониби сеюм ҳавола кардани ҳалли низои марзӣ бо ҳамсояҳо вуҷуд надорад, чун “довар” дар ин маврид ҳатман Русия мешавад, ки дар ин шабу рӯз барои адои ин масъулият на иқтидори кофӣ дораду на нуфузи зарурӣ.

Самак” дар маводе аз интиқоли техникаи ҳарбӣ, аслиҳаи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомии Қирғизистон ба манотиқи марзӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Нигаронӣ аз таҳдидҳо аз Афғонистон

“Тоҷикистон” мавзӯи таҳдидҳоро аз Афғонистон ба баҳс кашида, хулосаҳоро аз суханронии президенти Тоҷикистон дар нишасти байнулмилалии “Ҳамкорӣ барои амният ва мудирияти сарҳад” овардааст.

Нишаст рӯзҳои 18-19-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд. Президенти Тоҷикистон дар нишаст гуфта, ки кишвар барои таҳкими марз бо Афғонистон дар ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадӣ сохтааст, вале боз барои бунёди 300 иншооти дигар зарурат дорад.

Раҳмон аз Путин хост, “миллатҳои хурд”-ро эҳтиром кунад.

“Пайк” суханронии ғайримуқаррарии раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар нишасти “Осиёи Марказӣ + Россия” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баррасӣ карда, айни замон ин суолро дар миён гузоштааст, ки “чаро нахустин шуда маҳз расонаҳои қирғизӣ ин наворро пахш карданд?”

Ба андешаи муаллиф, “ҳамсояҳои мо бо ин кор мехостанд, президенти Тоҷикистонро хандахариш кунанд, вале тирашон хок хӯрд. Аксари кулли онҳое, ки зери ин видео шарҳ навиштаанд, аз Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтани “дарди дили мардум” изҳори сипос кардаанд.” Дар ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он ҳам андешаҳо дар бораи ин суханронӣ яксон нест. Иддае онро ҷасорат ва гуруҳе дигар гилагузорӣ номидаанд.

Гаронӣ ва афзоиши муҳоҷирати занони тоҷик

СССР” вазъи бозорҳои Душанбе, аз ҷумла тозагӣ, захираи маҳсулоти ниёзи аввал ва нарху навои маҳсулотро “санҷида”, ба хулосае расидааст, ки “тозагӣ ҳаст, инсоф не!”

Кормандони нашрия ба се бозори пойтахт – “Деҳқон” дар маҳаллаи Гипрозем, “Водонасос” (Варзоб) ва “Сафариён” дар маҳаллаи “Автовокзал” рафтаанд. Ба ақидаи “муфаттишони” нашрия, ҳарчанд дар ҳамаи бозорҳо ба тозагӣ ва вазъи санитарӣ аҳамият дода мешавад, нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар баъзеи онҳо, аз ҷумла дар бозори “Водонасос”, бисёр гарон аст.

Ҷавонони Тоҷикистон” оқибатҳои муҳоҷирати кори занони тоҷикро ба баҳс гирифтааст. Нашрия бо такя ба иттилои вазири меҳнату муҳоҷират гуфтааст, имсол шумораи занони муҳоҷир аз Тоҷикистон наздик ба 57,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи як сол пеш ду маротиба зиёд аст.

Ба андешаи коршиносон, барои кор ба Русия асосан заноне мераванд, ки аз шавҳар ҷудо шуда, бо кӯдакони хурдсол танҳо мондаанд ва дар вазъи бади иқтисодӣ ҳастанд. Нашрия аз қавли коршиносон мегӯяд, занони муҳоҷирро дар ғурбат хатарҳои гуногун интизоранд, аз ҷумла зӯроварии равонӣ, ҷисмӣ ва ҷинсӣ.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG