Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқиша дар тарабхонае дар Душанбе. Писари як мансабдор захмӣ шудааст


Яке аз кӯчаҳои Душанбе

Ба иттилои дарёфтӣ, Зафарҷон Самӣ, масъули толори VIP-и Фурудгоҳи Душанбе ва писари Шариф Самӣ, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, дар як занозанӣ захмӣ шудааст.

Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми ноябр гуфтанд, “ӯ ба сараш се зарби корд хӯрда”. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон захмӣ шудани писари мансабдори баландпояи кишварро таҳқиқ мекунад.

Ҳодиса шаби 11-уми ноябр рӯй додааст, вале тафсилоташ нав дастраси Радиои Озодӣ шуд. Манобеъ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, Зафарҷон Самии 24-сола дар тарабхонае дар маҳаллаи 112-уми ноҳияи Синои Душанбе бо гурӯҳе аз ҷавонон муноқиша карда, маҷруҳ шудааст ва пас аз муолиҷа вазъаш беҳтар гардида.

Сабаби муноқиша маълум нест ва ҳанӯз шарҳ дода нашудааст, ки бо айби кӣ сар задааст.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15-уми ноябр гуфт, «ин як авбошӣ аст» ва «нисбат ба он парвандаи ҷиноӣ боз шуд».

«Ин ҳодиса имкон дорад, нисбат ба ҳар шаҳрванд шавад. Гумонбарон муайян ҳастанд ва дастрас мешаванд. Ин ҳодисаи ногаҳонӣ аст. Ба вазифаи падару писар дахл надорад. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, тафтиш идома дорад,» -- гуфт ӯ.

Мақомот ба сабаби «халал нарасондан ба тафтишот» номи гумонбаронро нагуфтанд, вале манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, тарафи дигари ҷанҷол низ шахси наздик ба мансабдорон ҳаст.

Шариф Самӣ
Шариф Самӣ

Шариф Самӣ, падари Зафарҷон, ҳодисаи зарб хӯрдани писарашро дар як муноқиша тасдиқ ва ё рад накард. Вай 15-уми ноябр дар посухи кӯтоҳе ба суоли Радиои Озодӣ гуфт: “Ягон гап нест, ҳама тинҷ аст. Вазорати корҳои дохилӣ чизе гӯяд, ҳамон. Ман дар кор ҳастам.”

Кӯшиши тамос бо худи Зафарҷон Самӣ натиҷа надод. Се ҳамкораш дар фурудгоҳи Душанбе гуфтанд, «ӯ рӯзҳо ба кор намеояд.» Шариф Самӣ инро шарҳ надод.

Содир шудани ҷиноят бо иштироки фарзанди мансабдорон дар Тоҷикистон зуд-зуд сабт мешавад, аммо дар аксар маврид парвандаҳои онҳо ҷиддӣ таҳқиқ намешавад. Номи Диловар Гулов, писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва қудои президент, соли 2017 ва 2021 барои ширкат дар муноқиша дар Душанбе расонаӣ гардида буд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик, мегӯяд, дар аксар ҳолат фарзандони мансабдорон бо ҷарима ва ҷавобгарии маъмурӣ раҳо мешаванд.

“Нисбат ба онҳо ҷазои шартӣ муқаррар мекунанд ё тамоман ҷазо намедиҳанд. Ин аз набудани шаффофият ва беадолатӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, бахусус набудани адолати судӣ гувоҳӣ медиҳад. Бидуни шак муносибатҳои коррупсионӣ, дахолати мансабдор вобаста аз мақом сабаб мешаванд, ки дар натиҷа фарзандони мансабдорон бидуни ҷавобгарӣ мемонанд -- гуфт ӯ.

Шариф Самӣ, як чеҳраи калидӣ дар ҳукумати Тоҷикистон аст ва дар гузашта дар мансабҳои муҳиме, ба мисли раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) кор кардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG