Дар чанд ҷумла
Далери Имомалӣ: "Бовар накунед, бо дашном аз модару зан сабт шуд"
Рӯзноманигори зиндонӣ, Далери Имомалӣ (Далер Бобоиев), дар номае ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.
Нома дастӣ ва 18-уми ноябр навишта шудааст. Нусхаи онро хабаргузории "Азия-Плюс" 23-юми ноябр нашр кард.
Далери Имомалӣ моҳи октябри имсол бо қарори Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, расондани хабари дурӯғ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" ба даҳ сол зиндон маҳкум шуд.
Ӯ дар нома гуфтааст, ҳеч вақт узви "Гурӯҳи 24" набуд. "Далели Суд барои узви гуруҳи мамнӯи "24" будани ман ягон ҳуҷҷат, аснод, факте нест. Танҳо ҳамагӣ як суҳбати 10 (даҳ)-ҷумлаӣ. Ман ҳеч гоҳ ҷонибдори ин ва чунин гурӯҳҳои сиёсӣ нестам," – афзудааст хабарнигор.
Далери Имомалӣ, инчунин, ба он эътироз карда, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон даромади ӯро аз барномаҳояш дар Ютуб 900 000 сомонӣ ҳисоб кардааст. Худаш мегӯяд, ин рақам бештар аз 8600 доллар (тақрибан 90 ҳазор сомонӣ) нест.
"Агар ин 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомониро аз Ютуб кор карда бошам, тавассути кадом бонк дастрас кардаам? Ё аз дасти кӣ гирифтаам? Ба куҷо сарф кардам? Хона, мошин, сарват - чизе надорам!" – нигоштааст ӯ.
Дар айни замон иттиҳоми расондани хабари дурӯғро сохта номидааст: "Матни ҳукми судӣ пурра аз парвандаи тафтишотӣ нусха шудааст. Чаро ҷараёни суди мо дар ҳузури ВАО нагузашт? Чаро қариб 3 моҳ нагузоштанд, наздиконро бубинем? Чаро далелҳои пешовардаи мо ба инобат гирифта нашуд? Магар ману дигар ҳамкасбонам аз узви ДОИШ, Парвиз Саидраҳмонов, хавфноктарем, ки муҳокимаи ӯ дар толори суд гузашту аз мо дар дохили тавқифгоҳ? Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!"
Далери Имомалӣ дар охири нома хостааст, ба ҳар гуна навор бо иштироки ӯ ва ҳамкоронаш Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бовар накунанд. "Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) сабт шуд," – навиштааст ӯ.
Дар охири нома аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ба қазияи ӯ ва ҳамкасбони дигараш бетаваҷҷуҳ набошад. Пештар ҳамсараш низ аз Эмомалӣ Раҳмон мадад хоста буд, вале то ин дам посухе нагирифтааст.
Дар ним сол дар Тоҷикистон ҳафт хабарнигору блогер дастгир ва то ин дам чаҳор нафар аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд. Мақомот ҳукмҳоро шарҳ намедиҳанд. Созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, ҳукмҳоро зарба ба озодии баён дар Тоҷикистон номида, хоҳони раҳоии хабарнигорон шуданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Об гилолуд аст". Ҷустуҷӯи духтари Алишер Мирзонабот
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ҷустуҷӯи пайкар ё ҷасади Орифа Мирзонаботзода, духтари раиси пешини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар дарёи Панҷ идома дорад.
Мақомот гуфтанд, беш аз 200 наҷотдиҳанда дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддини Шоҳин ва минтақаи Кӯлоб ҷасади Орифаи 2-соларо ҷустуҷӯ доранд.
Ориф Нозимиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, гилолуд будани об ва ҳам ҷараёни тези дарё корҳои ҷустуҷӯиро мушкил кардааст.
"Мо аз дрон (паҳпод)-ҳои зериобӣ истифода мекунем, вале мутаассифона об гилолуд аст, лойи зиёд дорад, мавзеъҳои душворгузар дорад, қаъри об ноаён аст", - афзуд сухангӯи Кумита.
Ба гуфтаи Ориф Нозимиён, баландшавии сатҳи дарё дар мавзеъҳое, ки дарахту буттаҳо дорад мушоҳида мешавад ва барои ҳамин дар ҳамоҳангӣ бо кормандони идораи ҷангал ҷустуҷӯро давом медиҳанд.
Орифа Мирзонаботзода, духтари дусолаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар канори волидону ду ҳамкори падараш рӯзи 17 июн ба об афтид. То имрӯз ҷасади Алишер Мирзонабот, ҳамсараш Амина Амонуллоева, инчунин ронандаи раиси вилоят Сино Муборакшоев ва ёвараш Садоншо Ҷанобилшо пайдо шудаанд.
Озодии тақрибан 3 ҳазор кас аз зиндонҳои Тоҷикистон
Бар асоси қонуни нави афв, 2 ҳазору 979 тан, аз ҷумла тақрибан сесад занро аз зиндонҳои Тоҷикистон озод кардаанд.
Идораи зиндонҳо дар эъломияе ба расонаҳои давлатӣ гуфтааст, ин афрод рӯзи 6-уми июл аз маҳбасҳои Норак, Ваҳдат ва Ёвону Дӯстӣ раҳо шуданд.
Мақомот баръакси дафъаҳои гузашта маросими озодии зиндониёнро бе эълони пешакӣ ва асосан бо ҳузури хабарнигорони давлатӣ гузаронданд.
Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, рӯзи душанбе аз зиндони низомаш умумии рақами 3/6 дар ноҳияи Ёвон 1120 нафар раҳо шудаанд.
Бино ба аксу наворҳое, ки Радиои Озодӣ дастрас кард, мардуми зиёде ба пешвози наздикони раҳошудаи худ ба зиндони Ёвон рафта буданд.
Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ниҳоди нозир бар зиндонҳо, ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи раҳоии маҳбусон посух надоданд.
Навор дар Инстаграм:
Қонун дар бораи афв рӯзи 16-уми июн аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо шуд. Бар асоси он, бояд 18 ҳазор кас аз боздоштгоҳу зиндон ё аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шаванд.
Аз замони қабули қонун, ин аввалин раҳоии дастаҷамъии маҳкумшудагон аз як зиндони Тоҷикистон аст.
Аммо қонуни афв нисбат ба баъзе аз сиёсатмадорону мухолифон ва фаъолони зиндонӣ татбиқ нахоҳад шуд. Касоне, ки ҳабси абад шудаанд ё бо айбномаи хиёнат ба давлат ва ҷиноятҳои дигари вазнин, ки худашон ва наздиконашон беасос медонанд, дар зиндон ҳастанд.
Вазорати фарҳанг гуфт, чаро Бахтиёр Раҳимов унвони давлатӣ надошт
Намояндагони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтанд, Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохта аз гурӯҳи "Ғарибшо", ки рӯзи 30-юми июн даргузашт, ҳеч гоҳ барои гирифтани унвони давлатӣ муроҷиат накардааст.
Баъзе аз ҳамкасбонаш дар рӯзи видоъ бо ӯ гуфтанд, Бахтиёр Раҳимов бисёр мехост, ки бар ивази хидматҳояш ба вай ягон унвони давлатӣ диҳанд. Ин мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.
Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг, 6-уми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, Бахтиёр Раҳимов се дафъа унвони Аълочии фарҳангро гирифт, аммо барои дарёфти унвони давлатӣ муроҷиат накард.
Намояндагони Вазорати фарҳанг иддао карданд, ки як сол пеш худи онҳо аз Бахтиёр Раҳимов хоста буданд, ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани унвони давлатӣ пешниҳод кунад, аммо ӯ бо сабаби беморӣ ин корро накард. Тасдиқи мустақилонаи ин ҳарфҳо мушкил аст.
Як сабаби дигари унвони давлатӣ надоштани Бахтиёр Раҳимов, ба гуфтаи намояндагони Вазорати фарҳанг, ин будааст, ки ҳаҷвнигор дар ягон идораи тобеи вазорат кор намекард. Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, номи ҳунармандон барои гирифтани унвонҳои давлатӣ аз сӯи муассисаҳои фарҳангӣ ё ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод мешавад.
Тақдими унвонҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ва то куҷо сазовор будани номзадҳо дар гузашта ҳам баҳсбарангез шуда буд.
Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигор ва яке аз бунёдгузорони гурӯҳи ҳунарии "Ғарибшо", рӯзи 30-юми июн дар 57-солагӣ даргузашт.
Вай дар саҳнаҳои ҳаҷвияш масъалаҳои доғи иҷтимоӣ, аз ҷумла хидмати сарбозӣ, кор дар идораҳои давлатӣ ва ҷаримаҳои ҳангуфтро бо забони танз баён мекард. Дар чанд филм ҳам нақш бозидааст.
Навор дар Инстаграм:
Кушта шудани 11 украинӣ дар ҳамлаҳои артиши Русия
Субҳи 6-уми июл дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии артиши Русия ба шаҳрҳои Украина, дастикам 11 кас кушта шуда, 46 тани дигар захмӣ гардиданд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфт, 15 манзили маскунӣ дар ин ҳамла зарар диданд.
Аз ҷумла дар ноҳияи Подолскийи Киев як баландошёна ҳадаф қарор гирифт ва аз ошёнаи 5 то 9 пурра хароб шуд. Ҳамлаи паҳпод ва мушакҳо сабаби сӯхтори бузург дар ин минтақа шудааст.
Ба гузориши Неруҳои ҳавоии Украина, артиши Русия субҳи душанбеи 6-уми июл бо 68 мушак ва 351 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ба Украина ҳамла кардааст. Ҳадафи асосии ҳамла шаҳри Киев будааст.
Неруҳои украинӣ мегӯянд, 37 мушак ва 326 паҳподро нобуд кардаанд.
Тасдиқи дурустиин ин омор феълан ғайриимкон аст.
Нархи парвонаи букмейкерӣ чанд баробар зиёд шуд
Ҳукумати Тоҷикистон пули парвона ё иҷозатномаро барои нуқтаҳои шартбандӣ ё букмейкерӣ чанд баробар зиёд кардааст. Радиои Озодӣ 5-уми июл бо матни тағйирот ба қонун дар бораи иҷозатномадиҳӣ шинос шуд, ки ахиран аз сӯи порлумон ҳам тасвиб гардид.
Бар асоси ин санад, хироҷи яккарата барои додани парвонаи кор ба нуқтаҳои букмекерӣ аз 3 ҳазор сомонӣ ба 130 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
Ҳамчунин нуқтаҳои букмекерӣ вазифадор шудаанд, ки ҳар сол барои дароз кардани муҳлати ин санад 130 ҳазор сомонӣ пардозанд. То ин вақт ин гуна марказҳо барои тамдиди парвонаи кор 3 ҳазор сомонӣ медоданд.
Мақомот ҳанӯз нагуфтаанд, ки ҳадаф аз боло бурдани нархи иҷозатнома барои нуқтаҳои букмейкерӣ чист. Аммо дар гузашта мақомот ва ҳам ҷомеа аз кори нуқтаҳои шартбандӣ ва бахусус ҳузури ноболиғон дар ин марказҳо нигаронӣ карда буданд.
Дар гузашта мавридҳои худкушии ҷавонон баъди аз даст додани пули зиёд дар нуқтаҳои букмекерӣ расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла моҳи декабри соли гузашта як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хобгоҳ худкушӣ кард. Як фарзияи марги ин донишҷӯ ин буд, ки ӯ бозии букмейкерӣ ё шартбандии варзиширо бохта, қарздор шудааст.
Тибқи омори панҷ сол пеш, дар Тоҷикистон наздики 50 ширкати букмекерӣ ё худ шартбандиҳо фаъолият мекунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон чанд сол пеш вуруди шахсони то 18-20-соларо ба маконҳои шартбандӣ манъ карда буд. Аммо ҳар чанд вақт мақомот аз гузарондани рейд ва ҳузури ноболиғон дар ин марказҳо гузориш медиҳанд.
Суҳбати телефонии Трамп бо роҳбарони Украина ва Русия
Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 4-уми июл бо роҳбарони Украина ва Русия телефонӣ гап задааст.
Пас аз ин суҳбат Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина барои пуштибонӣ аз кишвараш ба ИМА изҳори сипос кард. Зеленский дар шабакаи телеграми худ навишт, пуштибонии Амрико аз истиқлолияти Украинаро "ниҳоят қадрдонӣ мекунем".
Ба гуфтаи Зеленский, ӯ ва Трамп масъалаи поён додан ба ҷангро баррасӣ карда, ба тавофуқ расиданд, ки дар нишасти НАТО дар Анқара вохӯранд.
"Имкони воқеии хотима бахшидан ба ин ҷанг вуҷуд дорад ва азми Амрико дар ин раванд аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт", - гуфт раиси ҷумҳури Украина.
Дар ҳамин ҳол Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар дод, ки Владимир Путин ҳам дар гуфтугӯи телефонӣ бо Трамп, ҷанг дар Украинаро баҳс кардааст. Ба иддаои ёвари президенти Русия, Трамп омодагии худро барои мусоидат ба ҳарчи зудтар тамом шудани ҷанг баён доштааст.
Ба гуфтаи Ушаков, Путин ба Трамп гуфтааст, неруҳои Русия ҳамлаҳои худро бар зидди Украина идома медиҳанд.
Муҷтабо Хоманаӣ дар ҷанозаи падараш ширкат накард
Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар маросими ҷанозаи падараш Алии Хоманаӣ ширкат накард.
Намози ҷанозаи Алии Хоманаиро субҳи якшанбеи 5-уми июл Оятуллоҳ Ҷаъфар Субҳонӣ хонд. Хоманаӣ рӯзи 28 феврали имсол дар пайи ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон, дар Теҳрон кушта шуда буд.
Бо ин ҳол се писари дигари Алӣ Хоманаӣ, Мустафо, Масъуд ва Майсам, ки аз оғози ҷанг пинҳон буданд, рӯзи якшанбе бар сари тобути падари худ ҳозир шуданд.
Муҷтабо Хоманаӣ моҳи марти имсол ва баъди даҳ рӯзи кушта шудани падараш, роҳбари нави Ҷумҳурии исломии Эрон шуд. Аммо дар ин муддати тӯлонӣ Муҷтабо Хоманаӣ боре дар миёни мардум дида нашуд ва ҳеч паёми садоӣ, видеоӣ ё аксе ҳам аз ӯ нашр нагардид.
Дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ, аъзои баландпояи Эрон, аз ҷумла фармондеҳони Сипоҳ ширкат доштанд.
"7 кас ҳалок шуд". Тасодуфи маргбор дар Фархор
Дар пайи як сонеҳа ё садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Фархор 7 кас ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса баъд аз зуҳри 4-уми июл рух додааст.
Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон 5-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ду нақлиёти сабукрав "дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" бо ҳам бархӯрданд.
"Аз як мошин панҷ кас ва аз мошини дигарӣ ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Захмиён ҳам ҳастанд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаро расман шарҳ надодааст. Дар наворҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт дида мешавад, ки ду мошини ба садама дучоршуда пурра хароб шудаанд. Муаллифони видео мегӯянд, дар миёни фавтидагон занон низ ҳастанд.
Ин дуввумин садамаи пурқурбонӣ дар ҳафтаи равон дар роҳҳои Тоҷикистон аст. Рӯзи 2-юми июл дар тасодуфи роҳ дар шаҳри Ваҳдат 11 кас ҷон бохта буд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ҳодиса дар ҳудуди деҳаи Элок ва дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ рӯй додааст.
Ба иттилои манбаъ, Фирдавс Абдуллоев, ронандаи мошини борбари “Дулан”, бо сабаби кор накардани тормоз ё фишанги исти мошинаш аввал ба як “Опел Зефира” ва сипас ба “Тойота Прадо” бархӯрд.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон тақрибан ҳазору чорсад тасодуфи роҳ ё садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он 643 нафар ҷон бохта ва беш аз якуним ҳазор кас маҷруҳ шудаанд.
Суръати баланд ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракатро сабаби тасодуфи нақлиётӣ ва маргумири зиёд дар роҳҳои Тоҷикистон медонанд.
Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвор ва беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ аз сабабҳои дигари ин мусибатҳо номбар мешаванд.
Поёни маросими "адои эҳтиром"-и ҳайатҳои хориҷӣ ба пайкари Алии Хоманаӣ
Телевизиони давлатии Эрон эълон кардааст, ки маросими адои эҳтироми ҳайатҳои хориҷӣ ба пайкари Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломӣ, шомгоҳи ҷумъа дар Мусаллои Теҳрон, ба поён расид.
Телевизиони ҳукуматии Эрон ба нақл аз масъулин аз ҳузури "50 ҳайати олирутба"-и хориҷӣ дар ин маросим хабар дод.
Ин дар ҳоле аст, ки ҳузур наёфтани мақомҳои баландрутба аз кишварҳое монанди Чин, Русия ва Туркия ба унвони пуштибонҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин маросим қобили таваҷҷуҳ буд.
Вазорати корҳои хориҷии Эрон пештар эълон кард буд, "ҳашт раиси ҳукумат, шомлии раисҷумҳур ё нахуствазир, ва раисони порлумонҳои 12 кишвар дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ ширкат мекунанд.
Мақомҳои кишварҳои аврупоӣ дар ин маросим ҳузур наоштанд ва аз кишварҳои минтақа низ Арабистони Саудӣ дар сатҳи муовини вазири корҳои хориҷӣ иштирок кард. Умон, Қатар ва Ироқ раисони порлумонҳои худро ба ин маросим фиристоданд. Аз сӯи Ироқ, раисҷумҳури ин кишвар низ ҳузур дошт.
Аз миёни дигар кишварҳои Ховари Миёна, аз Имороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт ва Баҳрайн, ки дар ҷараёни ҷанги 40-рӯза ва баъд аз он ҳадаф ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳбодии Эрон қарор гирифтанд, ҳайате ширкат накардааст.
Дар пайи нашри таҳлилҳо ва вокунишҳо аз поин будани сатҳи ҳузури мақомҳои кишварҳои хориҷӣ дар маросими адои эҳтиром ба Алии Хоманаӣ, хабаргузории "Тасним" наздик ба Сипоҳи посдорон, ба нақл аз як манбаи огоҳ навишт, Амрико монеи ҳузури мақомҳои кишварҳои дигар дар ин маросим шудааст.
Мақомҳои Эрон барномаи якҳафтаӣ барои видоъ ва дафни Алии Хоманаӣ дар назар гирифтаанд ва умедворанд, "миллионҳо нафар" дар ин барномаҳо иштирок кунанд. Алии Хоманаӣ рӯзи 28 феврали имсол дар пайи ҳамлаҳои муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон, дар Теҳрон кушта шуд.
Исроил мегӯяд, Нетаняҳу ва Трамп ба зудӣ мулоқот мекунанд
Дафтари Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, эълон кард, ки ӯ рӯзи 3 июл бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфтугӯ кардааст ва ду тараф тавофуқ кардаанд, ки ба зудӣ дар Вашингтон дидор кунанд.
Ин тамос дар пайи нашри гузоришҳое дар бораи таниш байни онҳо бар сари талошҳо барои поён додан ба ҷанг сурат гирифт. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ва Исроил дар ҷараёни ҷанги 40-рӯза ба таври муштарак ба Эрон ҳамла карданд.
Дар баёнияи дафтари Нетаняҳу омадааст, "нахуствазир дар ин гуфтугӯ гуфт, ки ИМА тазминкунандаи озодӣ дар ҷаҳон аст ва Исроил аз робитаҳои наздик миёни ду кишвар бисёр қадрдонӣ мекунад".
Дар идомаи ин баёния омадааст, "нахуствазир Нетаняҳу ва раисҷумҳур Трапм тавофуқ карданд, ки ба зудӣ дар ИМА дидор кунанд".
Амрико муттаҳиди наздики Исроил ба шумор меравад, аммо Трамп дар ҳафтаҳои ахир дар пайи идомаи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Лубнон, ки оташбаси ИМА ва Эронро ба хатар андохта буд, чанд бор аз Нетаняҳу интиқод кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъ бо Хоманаӣ ширкат кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар сафараш ба Эрон, ки мақомот онро "боздиди корӣ" номиданд, дар қатори чанде аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ, раҳбари собиқи Ҷумҳурии Исломӣ, иштирок кард.
Ин маросим, ки як ҳафта идома хоҳад дошт, рӯзи севуми июл дар Теҳрон оғоз шуд.
Алии Хоманаӣ, чанде аз аъзои оилаи ӯ ва як идда мансабдорони баландпояи Эрон 28-уми феврали имсол, дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба ҳалокат расиданд.
Ҷанге, ки бо кушта шудани Хоманаӣ шуруъ шуд, 40 рӯз давом кард. Амрико ва Эрон аввали моҳи апрел оташбас карданд ва дар моҳи июн тафоҳумномаи сулҳро имзо намуданд.
Тоҷикистон аз имзои ин тафоҳумнома истиқбол кард ва гуфт, ки имзои ин санад ба амният дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми июн ба раҳбарони Эрону Амрико Масъуди Пизишкиён ва Доналд Трамп барқияои алоҳида фиристод ва имзои тафоҳумномаи сулҳро ба онҳо табрик гуфт.
Тӯли даҳсолаҳои ҳукмронии Алии Хоманаӣ бисёре аз эронинён бо саркӯбу таъқиби сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таҳдид, боздошт ва ҳабс рӯ ба рӯ буданд. Баъзеҳо хабари марги ӯро бо шодмонӣ дар мазҳари ом пазируфта, бо ҳукмҳои вазнин ва ҳатто таҳдиди эъдом мувоҷеҳ шудаанд.
Як мард, ки дар пайи саркӯбҳои давлатӣ дар Эрон фарзандашро аз даст додааст, ба Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, гуфт, вақте хабари марги Хоманаиро шунид, эҳсос кард, "адолат бар ситамкорӣ пирӯз шуд".
Нерӯҳои амниятии Эрон дар аввали имсол таҷаммӯи зиёди норозиёнро башиддат саркӯб карданд. Баъзе аз гурӯҳҳо иддао доранд, ки дар ин рӯйдод аз 35 то 40 ҳазор кас кушта шудаанд. Радиои Озодӣ ин оморро мустақилона тасдиқ кард ё инкор карда наметавонад.
Мардуми норозӣ ба зидди бадшавии сатҳи зиндагӣ дар Эрон, ки ҳосили сиёсатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ буд, ба кӯчаву хиёбонҳо баромада буданд.
Ҷасади ҳамсари Алишер Мирзонаботро дар ҳудуди Афғонистон ёфтаанд
Ҷасади Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро баъди беш аз ду ҳафтаи ҷустуҷӯ пайдо кардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, пайкари ӯ рӯзи 3-юми июл дар дарёи Панҷ дар ҳудуди Афғонистон ёфт шуд.
Ба иттилои манбаъ, "марзбонони Афғонистон ҷасади як занро пайдо карда, ба марзбонони тоҷик супурданд" ва ташхис нишон додааст, ки ӯ ҳамсари Алишер Мирзонабот аст. Афғонистон аз соли 2021 зери итоати гурӯҳи “Толибон” аст.
Навор дар Инстаграм:
Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.
Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн ва ёвару ронандаашро рӯзҳои 25-26-уми июн пайдо карда, ба хок супурданд.
Ҷасади Орифа, духтари дусолаи Алишер Мирзонабот, ҳанӯз пайдо нашудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтааст, гурӯҳе аз наҷотбахшон ҳанӯз ҷасади тифлро ҷустуҷӯ доранд.
Дар Бритониё ба зидди як филми тасвирии русӣ баромадаанд
Панҷоҳ вакили порлумони Бритониё хостаанд, филми тасвирии “Маша ва Хирс” (Маша и Медвед), сохтаи Русия, ки дар Тоҷикистон ҳам зиёд мебинанд, аз пойгоҳҳои пахши онлайн бардошта шавад.
Нашрияи The Guardian навишт, намояндагони мардумии Бритониё дар ин бора ба вазири фарҳанг Лиза Нэнди нома фиристоданд.
Мавзуъ пас аз он доғ шуд, ки ширкати Netflix тасмим гирифт ду мавсими нави ин филми тасвириро харида, намоиши онро дар беш аз 100 кишвар, аз ҷумла дар пойгоҳи бритониёии ITVX, тавсеа диҳад.
Вакилони норозии Бритониё гуфтаанд, баъзе аз рафторҳои Маша “муҳтавои ошкорои таблиғотӣ” доранд. Муаллифони нома дар ин маврид ба изҳороти Маркази мубориза бо иттилооти нодуруст дар Украина такя кардаанд.
Дар изҳороти ин марказ гуфта мешавад, ки “Маша ва Хирс” на танҳо филми тасвирӣ, “балки як нерӯи нарми Русия аст”, ки дар он “анъанаҳои мардуми дигар хандахариш шуда, рамзҳои шӯравӣ ва мавзуъҳои низомӣ одӣ ҷилва дода мешаванд”.
Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Эстония низ ин филми тасвириро "бахше аз нерӯи нарми Кремл" номида буд.
Студияи русии Animaccord, ки тавлидгари ин филми тасвирӣ мебошад, ҳамаи иттиҳомҳоро рад мекунад. Намояндаи ин ширкат Мелани Бонвичино гуфтааст, ширкат ҳеч гоҳ аз ҳукумат пул нагирифтааст.
Шурӯи маросими видоъ бо Алии Хоманаӣ дар Эрон
Дар Эрон маросими видоъ бо раҳбари пешини ҷумҳурии исломӣ Алии Хоманаӣ оғоз шуд. Ӯ, чанде аз аъзои оилааш ва як идда мансабдорони баландпояи Эрон 28-уми феврал, дар рӯзи аввали ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба ҳалокат расида буданд.
Ҷасад ё пайкари Хоманаиро субҳи 3-юми июл ба Мусаллои Теҳрон, бузургтарин макони намозгузории сокинони пойтахти Эрон, оварданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар ин маросим рӯзи ҷумъа ба Теҳрон рафт.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва шахсони дигари расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Масъулони ҷумҳурии исломӣ барномаи якҳафтаинаи видоъ ва хоксупории Хоманаиро таҳия намуда, умедворанд, ки дар он миллионҳо нафар иштирок мекунанд.
Тӯли даҳсолаҳои ҳукмронии Алии Хоманаӣ бисёре аз эронинён бо саркӯб, таъқиби сиёсиву иҷтимоӣ, таҳдид, боздошт ва ҳабс рӯ ба рӯ буданд.
Баъзеҳо хабари марги ӯро бо шодмонӣ дар мазҳари ом пазируфта, бо ҳукмҳои вазнин ва ҳатто таҳдиди эъдом мувоҷеҳ шудаанд.
Ҷустуҷӯи ҷасади ҳамсар ва духтари Алишер Мирзонабот
Кумитаи ҳолати фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳамроҳ бо сокинон ҷасади ҳамсар ва духтари Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар дарёи Панҷ ҷустуҷӯ доранд.
Дар гузориши дафтари матбуоти Кумита аз 3-юми июл омадааст, то 30-40 сантиметр баланд шудани сатҳи оби Панҷ ва ҳамчунин дарахту буттаҳои канори дарё кофтукобро мушкил гардондааст.
Мақомот мегӯянд, намояндагони идораи ҷангалро низ ба корҳои ҷустуҷӯӣ ҷалб карданд.
Мошини хидматии Алишер Мирзонабот рӯзи 17-уми июни имсол ҳангоми бозгашт ба аз Душанбе ба шаҳри Хоруғ, дар ноҳияи Дарвоз ба рӯди Панҷ сарозер шуд.
То кунун ҷасад ё пайкари Алишер Мирзонабот ва ҳамчунин ёвар ва ронандаашро пайдо карда, ба хок супориданд.
Пайкари Амина Амонуллоева, ҳамсари Алишер Мирзонабот ва духтари дусолааш Орифа то ҳол пайдо нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҷустуҷӯ дар рӯй ва зери об идома дорад.
Гуфтугӯ