Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти кормандони "Қазфосфат" дар Қазоқистон


Кормандони ширкати "Қазфосфат" дар Тараз 23 ноябр дар пайи ҳодисае, ки мақомоти маҳаллӣ онро "нофаҳмӣ" бо раҳбарияти ширкат номиданд, таҷаммуъ карданд.

Таҷаммуъгарони назди бинои "Казфосфат" аз раиси шуъбаи табдили рақамии ширкат Олег Куликов, ки шаҳрванди Русия аст, талаб карданд, то узр пурсад. Вай қаблан дар як мулоқот кормандонро "гӯсфанд" номида буд.

Хабаргузориҳои маҳаллӣ бо такя ба Бозрасии меҳнати ҳукумати вилояти Ҷамбили Қазоқистон хабар доданд, ки дар таҷаммуъ беш аз 200 нафар иштирок карданд. Раиси шуъбаи табдили рақамии ширкат аз коргарон узр пурсидааст. Гуфта мешавад, ӯро аз кор рондаанд.

Кормандон ҳамчунин масъалаи боло бурдани маош ва пардохти ҷубронпулиро матраҳ кардаанд.

XS
SM
MD
LG