Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин шумори рекордии гирифторӣ ба COVID-19 сабт шуд


Чин

Мақомоти Чин дар як рӯз 31 ҳазору 700 мавриди нави гирифториро ба бемории COVID-19 сабт кардаанд. Ин омори рӯзона рекордӣ ба шумор меравад. Рекорди пешинаи гирифторӣ ба коронавирус дар Чин рӯзи 14-уми апрели соли ҷорӣ сабт шуда буд. Он замон рақамҳо бештар аз 29 ҳазор касро нишон медоданд.

Рӯзи 23-юми ноябр дар Чин як нафар аз коронавирус ҷон бохт.

Мақомоти Чин нисбат ба коронавирус сиёсати "ба сифр расонидан"-ро пеш гирифтаанд. Баҳори имсол дар Шанхай "локдаун" эълом карданд, ки дар ҷараёни он сокинони шаҳр иҷборан чанд ҳафта хонашин шуданд.

Вабои COVID-19 се сол пеш падид омад. Аз ибтидои вабо дар саросари дунё 650 миллион кас ба он гирифтор шуда, бештар аз 6,5 миллион нафар ҷон додаанд.

Дар Чин, ки ин вабо аз он ҷо паҳн шуд, 288,5 миллион кас ба коронавирус гирифтор шуда, бештар аз 5 ҳазор кас фавтид.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG